Ирмиё
37 Подшоҳ Сидқиёҳу,+ писари Юшиё, ба ҷойи Кониёи*+ писари Еҳуёқим ҳукмронӣ кардан гирифт, зеро Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ӯро бар замини Яҳудо подшоҳ таъйин карда буд.+ 2 Аммо ӯву хизматгоронаш ва мардуми он замин ба суханони Яҳува, ки ба воситаи пайғамбар Ирмиё мегуфт, гӯш надоданд.
3 Боре подшоҳ Сидқиёҳу Еҳукали+ писари Шаламёҳуро ҳамроҳи Сафанё,+ писари Маасиёҳуи коҳин, назди пайғамбар Ирмиё фиристода, гуфт: «Хоҳиш мекунам, дар ҳаққи мо ба Худоямон Яҳува дуо бигӯ». 4 Он вақт Ирмиё озодона дар миёни халқ мегашт, зеро ӯро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.+ 5 Дар он вақт фиръавн бо лашкараш аз Миср берун омад+ ва калдониён ин хабарро шунида аз муҳосираи Ерусалим даст кашиданду аз он ҷо рафтанд.+ 6 Он гоҳ паёми Яҳува ба Ирмиё омад: 7 «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ба подшоҳи Яҳудо, ки шуморо барои маро пурсидан фиристодааст, чунин бигӯед: “Лашкари фиръавн, ки ба ёрии ту меояд, ба замини худ, ба Миср, бармегардад.+ 8 Калдониён бошанд, баргашта, бар зидди ин замин меҷанганд ва онро забт карда, оташ мезананд”.+ 9 Яҳува чунин мегӯяд: “Худатонро фиреб дода нагӯед: “Калдониён аз пеши мо ҳатман хоҳанд рафт”. Не, онҳо нахоҳанд рафт. 10 Ҳатто агар шумо тамоми лашкари калдониёнро, ки бар зиддатон меҷанганд, торумор кунед ва аз онҳо фақат захмдоронашон боқӣ монанд, онҳо аз хаймаҳояшон бархеста, ин шаҳрро оташ хоҳанд зад”».+
11 Вақте ки лашкари калдониён аз боиси сипоҳи фиръавн Ерусалимро монда рафтанд,+ 12 Ирмиё аз Ерусалим ба замини Бинёмин+ равона шуд, то дар қатори мардуми дигар ҳиссаи худро бигирад. 13 Аммо, ҳангоме ки ӯ ба дарвозаи Бинёмин расид, сардори посбонон — Иръиё, писари Шаламёҳу, писари Ҳананё, пайғамбар Ирмиёро дастгир карда, гуфт: «Ту сӯйи калдониён гурехта истодаӣ!» 14 Ирмиё дар ҷавоб гуфт: «Не, ман сӯйи калдониён нагурехта истодаам». Вале Иръиё ба гапи Ирмиё гӯш надода, ӯро дастгир карду назди мирон овард. 15 Мирон бар Ирмиё хашмгин шуда,+ ӯро латукӯб карданд ва дар хонаи Еҳунотони котиб, ки ба ҳабсхона табдил дода буданд, зиндонӣ карданд.+ 16 Ирмиёро ба яке аз ҳуҷраҳои зиндони зеризаминӣ партофтанд ва ӯ рӯзҳои зиёд он ҷо буд.
17 Сипас подшоҳ Сидқиёҳу назди вай одам фиристода, ӯро овард ва пинҳонӣ бо ӯ дар ҳуҷрае саволу ҷавоб кард.+ Ӯ аз Ирмиё пурсид: «Оё паёме аз ҷониби Яҳува ҳаст?» Ирмиё гуфт: «Бале, ҳаст». Ирмиё суханашро давом дода гуфт: «Ту ба дасти подшоҳи Бобил дода мешавӣ!»+
18 Ирмиё боз ба подшоҳ Сидқиёҳу чунин гуфт: «Ман бар зидди ту ё хизматгоронат ё ин халқ чӣ гуноҳ кардаам, ки маро дар зиндон андохтед? 19 Куҷоянд ҳама пайғамбароне, ки пешгӯйӣ карда ба ту мегуфтанд: “Подшоҳи Бобил бар зидди ту ва ин замин намеояд”?+ 20 Эй хоҷаам подшоҳ, хоҳиш дорам, ба гапам гӯш деҳ ва ба ман раҳм кун. Маро ба хонаи Еҳунотони+ котиб барнагардон, ки дар он ҷо мемирам».+ 21 Он гоҳ подшоҳ Сидқиёҳу фармон дод, ки Ирмиёро дар Саҳни Посгоҳ бандӣ кунанд.+ Ба Ирмиё ҳар рӯз аз кӯчаи нонвоён як гирда нон медоданд,+ то даме ки нон дар шаҳр тамом шуд.+ Ҳамин тавр, Ирмиё дар Саҳни Посгоҳ монд.