ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp18 № 1 саҳ. 4-7
  • Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас кӯҳна намешаванд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас кӯҳна намешаванд
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2018
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ПРИНСИПҲОИ МУҲИМ
  • МАНФИАТИ МАСЛИҲАТҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС
  • 3 Чӣ тавр ба душвориҳо тоб орем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2018
  • 1 Чӣ тавр худро аз душвориҳо эмин дорем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2018
  • Роҳнамои боваринок сӯйи ояндаи дурахшон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2018
wp18 № 1 саҳ. 4-7
Одамони гуногуннажод

Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас кӯҳна намешаванд

ТАСАВВУР КУНЕД: Шумо ба осорхонае медароед, ки дар он кӯзаҳои қадима ҳастанд. Ва шумо ин кӯзаҳоро тамошо карда пай мебаред, ки бисёри онҳо фарсудаву аз таъсири шамолу борон осеб дидаанд. Баъзеи дигараш нопурра, чунки қисми зиёдашон гум шудаанд. Аммо дар байни онҳо кӯзаеро мебинед, ки тамоман тағйир наёфтааст ва сохти мураккабу қисмҳои алоҳидаи онро равшан дидан мумкин аст. Шумо аз роҳбалад мепурсед: «Оё ин кӯза назар ба дигар кӯзаҳо навтар аст?» Роҳбалад ҷавоб медиҳад: «Не, он яке аз кӯзаҳои қадимтарин асту ҳеҷ гоҳ таъмир нашудааст». Шумо мепурсед: «Шояд онро нағз эҳтиёт карданд?» «Не» — мегӯяд ӯ — «дар асл, он зери барфу борони сахт монда буд ва бисёриҳо онро вайрон кардан мехостанд». Мумкин шумо ба ҳайрат омада мепурсед: «Он аз чӣ сохта шудааст?»

Китоби Муқаддас низ мисли ин кӯза мебошад. Ин яке аз китобҳои қадимтарин аст. Албатта дигар китобҳои қадима низ то замони мо омада расиданд, лекин чун кӯзаи фарсуда, аксар дастнависҳои қадима бо гузашти вақт сахт зарар диданд. Гуфтаҳои онҳо оиди илм бо илми ҳозира мувофиқ намеоянд. Маслиҳатҳояшон оиди тибб бисёр вақт зарар меоранд. Аз китобҳои қадим танҳо порчаҳои майда боқӣ монданд; баъзе порчаҳояш гум шуданд, баъзеаш аз ҳад фарсуда шудааст.

Китоби Муқаддас бошад, тамоман аз ин китобҳо фарқ мекунад. Ҳарчанд навиштани Китоби Муқаддасро зиёда аз 3500 сол пеш сар карда бошанд ҳам, он то ҳол осеб надидааст. Нигоҳ накарда ба он ки одамон гаштаву баргашта онро нест карданӣ буданд, яъне, месӯзониданд, манъ мекарданд ва гуфтаҳояшро зери шубҳа мегузоштанд, суханони он пурра нигоҳ дошта шуд. Ҳатто маълумоти нав исбот накард, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас кӯҳна шудааст, зеро онҳо солҳо пеш навишта шуда бошанд ҳам, аз маълумоти нав қафо намемонанд. (Ба чорчӯбаи «Китоби Муқаддас китоби қадимаву ҳозиразамон» нигаред.)

ПРИНСИПҲОИ МУҲИМ

Шояд шумо фикр кунед: «Оё дар ҳақиқат маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро дар рӯзҳои мо истифода бурдан мумкин аст?» Барои ҷавоб, аз худ пурсед: «Одамизод имрӯз бо кадом проблемаҳои вазнин рӯ ба рӯ мешавад? Кадоми онҳо аз ҳама даҳшатоваранд?» Шояд ба саратон ҷанг, ифлосшавии муҳити атроф, ҷинояткорӣ ё коррупсия ояд. Биёед якчанд принсипҳои Китоби Муқаддасро дида бароем. Ҳангоми дида баромадани ин принсипҳо ба худ савол диҳед: «Агар одамон аз рӯйи ин гуфтаҳо зиндагӣ мекарданд, оё олам гулистон намешуд?»

ОСОИШТАГӢ

«Хушбахтанд сулҳҷӯён, зеро онҳо писарони Худо номида мешаванд» (Матто 5:9). «Ба қадри имкон, то ҳадде ки аз шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон муросо кунед» (Румиён 12:18).

РАҲМДИЛӢ, БАХШИДАН

«Хушбахтанд раҳмдилон, зеро ба онҳо раҳм зоҳир карда мешавад» (Матто 5:7). «Ҳатто агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад, нисбати якдигар пурсабр бошед ва якдигарро бо омодагӣ бахшед. Чи тавре ки Яҳуваa шуморо бо омодагӣ бахшид, шумо низ ҳамин тавр кунед» (Қӯлассиён 3:13).

ЯГОНАГӢ БАЙНИ ҲАМАИ ХАЛҚҲО

Худо ҳамаи халқҳоро «аз як одам ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми замин сокин шаванд» (Аъмол 17:26). «Худо ба ҳама бо як чашм менигарад, ва ҳар кӣ аз Ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба Ӯ маъқул аст» (Аъмол 10:34, 35).

МУҲОФИЗАТИ ТАБИАТ

«Худованд Худо одамро гирифт, ва ӯро дар боғи Адан гузошт, то ки кори онро бикунад ва онро нигаҳдорӣ намояд» (Ҳастӣ 2:15). Худо «нобудкунандагони замин»-ро нобуд мекунад (Ваҳй 11:18).

НАФРАТ АЗ ЧАШМГУРУСНАГӢ ВА БАДАХЛОҚӢ

«Аз ҳар гуна чашмгуруснагӣ дурӣ ҷӯед, зеро, ҳатто агар одам чизу чораи бисёр дошта бошад ҳам, ин ба ӯ ҳаёт намедиҳад» (Луқо 12:15). «Гапҳоеро, ки бо бадахлоқии ҷинсӣ ва ҳар гуна нопокӣ ё чашмгуруснагӣ алоқаманданд, ҳатто ба забон наоред, чуноне ки ба халқи муқаддас муносиб аст» (Эфсӯсиён 5:3).

РОСТҚАВЛӢ, МЕҲНАТИ ҲАЛОЛ

«Мехоҳем дар ҳар маврид ростқавлу ҳалолкор бошем» (Ибриён 13:18). «Касе, ки дуздӣ мекунад, дигар дуздӣ накунад, балки бисёр меҳнат карда, бо дастони худ некӣ кунад» (Эфсӯсиён 4:28).

ДАСТГИРӢ КАРДАНИ МӮҲТОҶОН

«Рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ кунед ва нисбати ҳама пуртоқат бошед» (1 Таслӯникиён 5:14). «Ба ятимон ва бевазаноне, ки азоб мекашанд, ғамхорӣ кунем» (Яъқуб 1:27).

Китоби Муқаддас на танҳо рӯйхати ин маслиҳатҳоро медиҳад, ҳамчунин он моро таълим медиҳад, ки ин гуна принсипҳои муҳимро қадр кунем ва дар ҳаёти ҳаррӯзаамон истифода барем. Агар одамон аз рӯйи гуфтаҳое, ки дар боло оварда шудаанд, амал мекарданд, оё мушкилиҳои инсон камтар намешуданд? Дар ҳақиқат, маслиҳатҳои Китоби Муқаддас кӯҳна нашудаанд ва саривақтианд! Онҳо ба шумо чӣ фоида оварда метавонанд?

МАНФИАТИ МАСЛИҲАТҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС

Боре марди аз ҳама хирадманд чунин гуфт: «Бохирад будани одам аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад» (Матто 11:19). Магар шумо бо ин розӣ нестед? Хиради ҳақиқӣ ҳамон вақт маълум мешавад, агар натиҷаи ба кор бурдани он хуб бошад. Шояд шумо мегӯед: «Агар маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар ҳақиқат фоиданок бошанд, оё ман натиҷаи хуби онро дида метавонам? Чӣ тавр ин дар ҳалли душвориҳои ҳозираам кӯмак карда метавонад?» Биёед як мисолро дида бароем.

Сафияb ҳаёти хеле хушбахту пурмазмун дошт. Вале ногаҳон ба сараш бисёр бадбахтиҳо омаданд. Духтари навраси ӯ вафот кард. Оилааш вайрон шуд. Ғайр аз ин, ӯ аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашид. Ӯ мегӯяд: «Ман намедонистам, ки чаро зиндагӣ карда истодаам, чунки на духтар доштам, на шавҳар ва на хона. Ман худро одам ҳис намекардам, на қувват доштаму на умед ба оянда».

Сафия пештар ҳеҷ гоҳ ҳақ будани суханони зеринро дар худ ҳис накарда буд: «Рӯзҳои умри мо ҳафтод сол аст, ва агар бақувваттар бошем — ҳаштод сол; вале ифтихори онҳо аз заҳмат ва ҷафо иборат аст, зеро ки зуд гузашта меравад, ва мо низ парвоз мекунем» (Забур 89:10).

Сафия дар замони тангӣ барои ҷустани маслиҳат ба Китоби Муқаддас рӯ овард. Ва ин натиҷаҳои хуб дод. Се мақолаи навбатӣ нишон медиҳанд, ки чӣ тавр бисёриҳо дар вақти душворӣ маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурданд ва ҳаёташон дигаргун шуд. Онҳо фаҳмиданд, ки Китоби Муқаддас чун кӯзаи дар боло овардашуда мебошад. Он ба китобҳои бешуморе, ки кӯҳна шудаанд, монанд нест. Оё сабаб дар он аст, ки Китоби Муқаддас аз чизи дигаре сохта шудааст? Оё дар он суханони Худо оварда шудаанд ё суханони одамон? (1 Таслӯникиён 2:13).

Шояд шумо низ пай бурдед, ки ҳаёт кӯтоҳ асту пур аз душвориҳо. Вақте ба саратон душвориҳо меояд, шумо аз куҷо тасаллӣ, дастгирӣ ва маслиҳат ёфта метавонед?

Биёед се роҳеро дида мебароем, ки Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак карда метавонад. Он таълим медиҳад, ки чӣ тавр...

  1. худро аз душвориҳо ба қадри имкон эмин дорем.

  2. душвориҳоеро, ки бо он рӯ ба рӯ мешавем, ҳал кунем.

  3. ба душвориҳое, ки дигар карда наметавонем, тоб орем.

Дар мақолаҳои навбатӣ ин мавзӯъҳо муҳокима карда мешаванд.

a Китоби Муқаддас мегӯяд, ки номи Худо Яҳува аст (Забур 83:18, Тарҷумаи форсии дарӣ).

b Дар ин ва се мақолаи оянда баъзе номҳо иваз шудаанд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан