МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 27
Барои чӣ аз Яҳува тарсем?
«Яҳува бо тарсгорони худ ҳамроз аст» (ЗАБ. 25:14).
СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост
ПЕШГУФТОРa
1, 2. Мувофиқи Забур 25:14, агар хоҳем дӯсти наздики Яҳува бошем, бояд чӣ кор кунем?
БА ФИКРАТОН, пояҳои асосии дӯстӣ кадоманд? Эҳтимол, шумо муҳаббату дастгириро ном баред, вале, шояд, тарс аз гӯшаи хаёлатон ҳам нагузарад. Аммо, чуноне ки ояти асосии ин мақола мегӯяд, агар мо дӯсти ҳамрози Яҳува будан хоҳем, бояд аз ӯ тарсем. (Забур 25:14-ро хонед.)
2 Чанд соле дар хизмати Яҳува набошем, бояд тарси солимро ба ӯ нигоҳ дорем. Дар ин мақола мо мефаҳмем, ки аз Худо тарсидан чӣ маъно дорад. Чӣ тавр инро омӯхта метавонем ва аз мисоли ходими дарбор Убадё, саркоҳин Еҳуёдоъ ва шоҳ Еҳуош дар бораи тарси Худо чиро мефаҳмем?
АЗ ХУДО ТАРСИДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
3. Бо мисол фаҳмонед, ки тарс чӣ хубӣ дорад.
3 Баъзан тарс ба фоидаи мост. Масалан, агар мо аз баландӣ тарси солим дошта бошем, ба лаби ҷар наздик намешавем. Агар аз захмдор шудан тарсем, аз вазъияти хатарнок дур мешавем. Агар тарсем, ки дӯстиямон бо касе зарар мебинад, ӯро бо сухану рафтори номеҳрубонона хафа намекунем.
4. Шайтон мехоҳад, одамон чӣ гуна тарс дошта бошанд?
4 Шайтон мехоҳад, одамон аз Худо тарси носолим дошта бошанд. Ӯ фикри хатоеро, ки Алифоз ба забон оварда буд, паҳн мекунад, ки гӯё Яҳува бадхашму бераҳм ва аз ҳад сахтгир асту дилашро ёфта намешавад (Айюб 4:18, 19). Шайтон мехоҳад одамон аз Худо чунон ба даҳшат оянд, ки аз ӯ дур шаванд. Мо низ барои ба ин дом наафтодан бояд ба худотарсӣ назари дуруст дошта бошем.
5. Худотарсии ҳақиқӣ чист?
5 Одами ҳақиқатан худотарс Яҳуваро дӯст медорад ва эҳтиёт мешавад, ки дили ӯро наранҷонад. Исо маҳз чунин худотарсии солим дошт (Ибр. 5:7). Ӯ аз ҳайбату бузургии Яҳува ба даҳшат намеомад, балки ӯро хеле дӯст медошт ва бо дилу ҷон мехост ба ӯ итоат кунад (Иш. 11:2, 3; Юҳ. 14:21, 31). Мо низ ба Яҳува иззату ҳурмати беандоза нишон додан мехоҳем, чунки ӯро барои Худои пурмуҳаббат, боадолат, хирадманд ва пурқувват буданаш хеле дӯст медорем. Мо медонем, ки Худо сангдил нест — вақте мо ба роҳнамоии ӯ гӯш диҳем, дилашро шод мегардонем, вақте беитоатӣ кунем, дилашро ғамгин месозем (Заб. 78:41; Пнм. 27:11).
ХУДОТАРСИРО ОМӮЗЕД
6. Як роҳи омӯхтани худотарсӣ кадом аст? (Забур 34:11).
6 Мо бо худотарсӣ таваллуд намешавем, балки онро бояд ёд гирем. (Забур 34:11-ро хонед.) Як роҳи омӯхтани он мушоҳидаи офаридаҳои Яҳува аст. Дар онҳо муҳаббат, хирад ва қуввати ӯро дида эҳтирому меҳри мо ба Худоямон зиёд мешавад (Рум. 1:20). Хоҳаре бо номи Адриэн мегӯяд: «Ба офаридаҳои Яҳува диққат карда, ман аз умқи хиради ӯ ба ҳайрат меоям ва дилпур мешавам, ки ӯ медонад чӣ барои ман хуб аст». Бисёр андеша ронда, хоҳарамон ба чунин хулоса омад: «Ман намехоҳам, бо ягон рафторам миёни худаму Сарчашмаи ҳаётам девори ҷудоӣ гузорам». Мо низ ин ҳафта мақсад гузошта метавонем, ки дар бораи ягон офарида, ягон маҳсули дасти Яҳува, андеша кунем. Агар чунин кунем, эҳтирому муҳаббатамон ба ӯ зиёд мешавад (Заб. 111:2, 3).
7. Чӣ хел дуо худотарсии солимро дар диламон инкишоф медиҳад?
7 Роҳи дигаре, ки худотарсиямонро зиёд карда метавонем, пайваста ба Яҳува дуо гуфтан аст. Ҳар қадаре бештар дуо гӯем, ӯ бароямон воқеитар мешавад. Ҳар боре ки дар озмоиш аз Яҳува қувват мепурсем, қудрати ҳайратангезашро ба худ ёдрас мекунем. Ҳар боре барои атои ҷони Писараш ба ӯ раҳмат мегӯем, муҳаббати бемислу монандашро ба ёд меорем. Ҳар боре дар сахтӣ аз ӯ раҳнамоӣ мепурсем, аз хиради беандозааш ёдовар мешавем. Доимо дуо гуфта эҳтирому муҳаббатамон ба Худо меафзояду аз кардани коре, ки дӯстиямонро рахна созад, эҳтиёт мешавем.
8. Барои нигоҳ доштани худотарсӣ бояд чӣ кор кунем?
8 Мисолҳои хубу бади Каломи Худоро омӯхта, мо худотарсиро нигоҳ дошта метавонем. Дар аввал мо намунаҳои ибратомӯзи саркоҳин Еҳуёдоъ ва ходими дарбори шоҳ Аҳъоб — Убадёро, мебинем. Сипас бо зиндагии подшоҳи Яҳудо, Еҳуош, шинос мешавем, ки дар аввал дуруст рафтор мекарду баъдтар аз Яҳува дур шуд.
МИСЛИ УБАДЁИ ХУДОТАРС ДАЛЕР БОШЕД
9. Худотарсии Убадё дар чӣ дида мешуд? (3 Подшоҳон 18:3, 12).
9 Китоби Муқаддас бори аввал дар бораи Убадёb чунин суханон мегӯяд: «Убадё аз Яҳува сахт метарсид». (3 Подшоҳон 18:3, 12-ро хонед.) Ин худотарсияш дар чӣ маълум мешуд? Ӯ шахси ростқавл, ҳалолкор ва боваринок буд. Эҳтимол, барои ҳамин шоҳ Аҳъоб ӯро нозири дарбори худ таъйин намуда буд. (Бо Наҳемё 7:2 муқоиса кунед.) Ғайр аз ин, худотарсии Убадё дар далерии бемислаш дида мешуд, хислате, ки ба ӯ хеле даркор буд. Охир, ӯ дар замони шоҳи бадкор Аҳъоб мезист, ки «дар назари Яҳува аз ҳамаи онҳое [подшоҳоне], ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор» мекард (3 Подш. 16:30). Зани баалпарасти Аҳъоб, Изобал, Яҳуваро чашми дидан надошт ва мехост парастиши покро аз подшоҳии шимолии Исроил несту нобуд кунад. Ӯ ҳатто баъзе пайғамбаронро ба қатл расонд (3 Подш. 18:4). Чи хеле мебинем, Убадё Яҳуваро дар замони хеле носозгор парастиш мекард.
10. Далерии бемисли Убадё дар чӣ маълум шуд?
10 Далерии бемисли Убадё дар чӣ маълум шуд? Вақте малика Изобал пайғамбарони Яҳуваро шикор мекарду мекушт, Убадё 100 нафари онҳоро гирифта, «50-нафарӣ дар ғорҳо пинҳон» карду «ба онҳо нону об» медод (3 Подш. 18:13, 14). Агар Убадёи далер ба даст меафтид, ҷон ба саломат намебурд. Ҳарчанд барои Убадё ҷонаш ширин буд, ӯ Яҳува ва хизматгорони содиқашро аз ҷони худаш бештар дӯст медошт.
Бародаре дар мамлакате, ки фаъолиятамон манъ шудааст, далерона хӯроки рӯҳониро ба воизон тақсим мекунад (Ба сархати 11 нигаред.)d
11. Хизматгорони имрӯзаи Яҳува аз кадом ҷиҳат ба Убадё монанданд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
11 Имрӯз бисёр бародару хоҳаронамон дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки фаъолияти мо манъ аст. Онҳо ба ҳокимиятдорон иззату ҳурмати лозима нишон медиҳанд, аммо дар масъалаҳое, ки вафодории бекамукост металабанд, мисли Убадёи худотарс ба Худо итоат мекунанд, на ба одамизод (Мат. 22:21; Кор. 5:29). Бародару хоҳарони худотарсамон дар чунин мамлакатҳо бо эҳтиёт ба вохӯриҳо меоянд ва дар паҳн кардани хушхабар иштирок мекунанд (Мат. 10:16, 28). Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ин вақтҳо бародару хоҳарон бе ғизои рӯҳонӣ намонанд. Анрӣ ном бародаре дар як мамлакати Африқо зиндагӣ мекунад, ки дар он ҷо як замоне фаъолияти мо манъ шуда буд. Анрӣ бо ихтиёри худ дар тақсим кардани хӯроки рӯҳонӣ иштирок мекард. Ӯ мегӯяд: «Ман табиатан одами шармгинам. Аз ин рӯ бовар дорам, ки маҳз эҳтироми амиқ ба Яҳува ба ман ёрӣ расонд, ки далерона амал кунам». Оё шумо низ мисли Анрӣ метавонед далер бошед? Бале, агар худотарсиро инкишоф диҳед.
МИСЛИ ЕҲУЁДОИ ХУДОТАРС ВАФОДОР БОШЕД
12. Чӣ хел саркоҳин Еҳуёдоъ ва занаш ба Яҳува вафодории зиёд нишон доданд?
12 Малика Аталё, духтари Изобал, шахси мансабпарасту хунхор буд. Ӯ наберагони худро ба қатл расонда, тахти Яҳудоро ба чанг даровард (2 Воқ. 22:10, 11). Вале ба туфайли далерии саркоҳин Еҳуёдоъ яке аз наберагони малика, Еҳуош, зинда монд. Еҳушобаи зани саркоҳин Еҳуёдоъ Еҳуошро аз бибии қотилаш пинҳон намуд. Дар замоне, ки аз тарси Аталё ҳама ба ларза омада буданд, саркоҳини худотарс Еҳуёдоъ ва занаш Еҳушобаъ далерона амал намуда, Еҳуоши хурдакакро зери қаноти худ гирифтанд ва насли Довудро аз нестшавӣ нигоҳ доштанд. Еҳуёдоъ аз маликаи бераҳм натарсида, парастиши покро ҳимоя намуд (Пнм. 29:25).
13. Вақте Еҳуош ҳафтсола буд, чӣ тавр Еҳуёдоъ вафодорияшро ба Яҳува бори дигар исбот намуд?
13 Вақте Еҳуош ҳафтсола буд, Еҳуёдоъ бори дигар вафодорияшро ба Яҳува исбот намуд. Ӯ нақша кашид, ки Еҳуошро ба тахти бобояш Довуд шинонад. Агар нақшааш барор мегирифт, Еҳуош подшоҳ мешуд, агар не, Еҳуёдоъ ҷонашро аз даст медод. Бо баракати Яҳува ва кумаку дастгирии левизодагону сарварони қавм ҳақ ба ҳақдор расид: Еҳуёдоъ Еҳуоши хурдакакро подшоҳ таъйин намуду маликаи бадкор Аталёро ба қатл расонд (2 Воқ. 23:1–5, 11, 12, 15; 24:1). Баъдтар «Еҳуёдоъ байни Яҳува ва подшоҳу халқ аҳд баст, ки онҳо халқи Яҳува бимонанд» (4 Подш. 11:17). «Ӯ инчунин дар назди дарвозаҳои хонаи Яҳува дарбононро гузошт, то касе, ки аз ягон ҷиҳат нопок аст, ба он ҷо надарояд» (2 Воқ. 23:19).
14. Чӣ тавр Еҳуёдоъ барои эҳтиром кардани Яҳува сазовори эҳтиром шуд?
14 Солҳо пеш аз ин воқеаҳо Яҳува чунин гуфта буд: «Онҳоеро, ки маро эҳтиром мекунанд, эҳтиром хоҳам кард» (1 Подш. 2:30). Яҳува Еҳуёдоъро, ки ӯро эҳтиром менамуд, иззат кард — саргузашти ӯро дар Навиштаҳо ҷо дод, то мо онро хонда, фоида гирем (Рум. 15:4). Баъд аз маргаш бошад, Яҳува ӯро сазовори шарафи бузурге кард. Еҳуёдоъро «дар Шаҳри Довуд бо шоҳон гӯронданд, зеро дар Исроил барои Худо ва хонаи ӯ корҳои нек карда буд» (2 Воқ. 24:15, 16).
Бигзор мо низ мисли саркоҳин Еҳуёдоъ аз худотарсиву вафодорӣ ба бародару хоҳарон ёрӣ расонем (Ба сархати 15 нигаред.)e
15. Аз саргузашти Еҳуёдоъ чӣ дарс мегирем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
15 Ҳар яки мо дар масъалаи худотарсӣ аз Еҳуёдоъ дарс гирифта метавонем. Пирони ҷамоат, аз Еҳуёдоъ ибрат гирифта, ҳушёр бошеду рамаи Худоро ҳимоя кунед (Кор. 20:28). Пиронсолони азиз, бо солхӯрда шуданатон шумо дар назари Яҳува беарзиш намешавед. Агар аз Худо тарсед ва содиқона ба ӯ хизмат кунед, Яҳува минбаъд низ дар иҷрои хосташ шуморо истифода мебарад. Ҷавонони азиз, дар ёд доред, ки Яҳува ба Еҳуёдоъ чӣ тавр муносибат мекард. Шумо низ иззати пиронсолонро ба ҷо оред, хусусан онҳоеро, ки солҳои дароз содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд (Пнм. 16:31). Ниҳоят, ҳар яки мо аз роҳбарону левизодагоне, ки Еҳуёдоъро дастгирӣ карданд, дарс мегирем. Биёед бо азми қавӣ бародаронеро, ки дар ҷамоат «роҳбариро ба уҳда доранд», дастгирӣ кунему ба онҳо итоаткор бошем (Ибр. 13:17).
МИСЛИ ПОДШОҲ ЕҲУОШ РАФТОР НАКУНЕД
16. Шоҳ Еҳуош чӣ сустӣ кард?
16 Еҳуёдоъ ба шоҳи ҷавон Еҳуош таъсири хуб расонд (4 Подш. 12:2). То даме ки ӯ зинда буд, Еҳуош аз пайи шод кардани дили Яҳува буд, аммо, ҳамин ки Еҳуёдоъ аз дунё гузашт, Еҳуош ба мирони осӣ гӯш дода аз Яҳува дур шуд. Ӯву тобеонаш бо гузашти вақт «Ашераҳо ва бутҳоро парастиш» кардан гирифтанд (2 Воқ. 24:4, 17, 18). Аз рафтори онҳо сахт ранҷида, Худо «ба назди онҳо пайғамбаронро мефиристод, то сӯйи Яҳува баргарданд... лекин онҳо гӯш надоданд». Онҳо ҳатто ба суханони Закарёи писари Еҳуёдоъc, ки на танҳо коҳину пайғамбар, балки аммабачаи Еҳуош буд, гӯш надоданд. Еҳуоши кӯрнамак хизматҳоеро, ки Еҳуёдоъ ва хонадонаш дар ҳаққи ӯ карда буданд, аз ёд бурда, писари ӯро ба қатл расонд (2 Воқ. 22:11; 24:19–22).
17. Оқибати Еҳуош чӣ шуд?
17 Шоҳ Еҳуош тарси солимро ба Худо нигоҳ надошт ва оқибати ин кораш фалокатовар буд. Яҳува дар Каломаш гуфта буд: «Онҳое, ки маро хор медоранд, беобрӯ мешаванд» (1 Подш. 2:30). Ин суханон дар ҳаққи Еҳуош иҷро шуданд. Лашкари камшумори арамиён ба «лашкари хеле сершумор»-и Еҳуош ҳамла оварда, онро шикаст доданд ва худи «ӯро сахт захмдор» намуданд. Баъд аз рафтани арамиён ходимони Еҳуош ба ҷони ӯ суиқасд намуда, барои куштани Закарё ӯро ба қатл расонданд. Баъд аз маргаш ин шоҳи бадкорро ҳатто шоиста надонистанд, ки «дар қабри шоҳон» гӯронанд (2 Воқ. 24:23–25).
18. Мувофиқи Ирмиё 17:7, 8 чӣ кор кунем, ки мисли Еҳуош нашавем?
18 Мо аз саргузашти Еҳуош чӣ меомӯзем? Ӯ мисли дарахте буд, ки решаҳояш сусту ковок асту бар чӯби қавие — бар Еҳуёдоъ, такя мекард. Бо гирифта шудани ин чӯби қавӣ, яъне бо мурдани Еҳуёдоъ, Еҳуош ба бодҳои осият тоб наоварда, чаппагардон шуд. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Худотарсии мо набояд фақат ба таъсири хуби бародару хоҳарон ё наздиконамон вобаста бошад. Мо бояд вақт ҷудо карда бо дуо, хониши Калом ва андешаронӣ решаҳои дарахти худотарсию вафодориямонро қавӣ гардонем (Ирмиё 17:7, 8-ро хонед; Қӯл. 2:6, 7).
19. Яҳува аз мо чӣ талаб дорад?
19 Яҳува аз мо чизи бисёр талаб намекунад. Дар Пандгӯ 12:13 омадааст: «Аз Худо битарс ва амрҳои ӯро риоя намо, зеро вазифаи асосии инсон ҳамин аст». Агар мо аз Яҳува тарсем, ба озмоишҳои оянда мисли Еҳуёдоъ ва Убадё оҳанвор тоб меорем ва чизе риштаи дӯстиямонро бо Яҳува канда наметавонад.
СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо
a Дар Китоби Муқаддас калимаи «тарс» ба маъноҳои гуногун гуфта шудааст. Вобаста ба ҷою маврид он маънои ваҳм, эҳтиром ва аз бузургии касе ба ҳайрат омаданро дорад. Дар ин мақола мо мебинем, ки чӣ тавр тарси солим аз Падари осмониямон ба мо ёрӣ мерасонад, ки бо далериву вафодорӣ хизматашро ба ҷо орем.
b Ин ҷо гап дар бораи Убадёе намеравад, ки асрҳо пас зиндагӣ кардаасту китобе навиштааст, ки номи худашро дорад.
c Дар Матто 23:35 Закарё писари Баракё номида шудааст. Эҳтимол, Баракё номи дигари Еҳуёдоъ бошад, чунки баъзе касоне, ки дар Китоби Муқаддас зикр шудаанд, дунома буданд. (Мат. 9:9-ро бо Марқ. 2:14 муқоиса кунед.) Тахмини дигар ин аст, ки Баракё бобои Закарё ё ягон аҷдодаш буд.
d ШАРҲИ РАСМҲО: Бародаре дар ҷое, ки фаъолиятамон манъ шудааст, хӯроки рӯҳониро тақсим карда истодааст.
e ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳари ҷавоне аз хоҳари калонсол хизмати телефониро ёд мегирад. Бародари калонсоле далерона дар кӯча хизмат карда, намунаи хуб мегузорад. Бародари ботаҷрибае ба дигарон таъмири Ибодатгоҳро ёд медиҳад.