Мактуби Ҳайати Роҳбарикунанда
Бародарону хоҳарони азиз!
Мо ба шумо аз навиштани ин нома хеле хурсандем! Ва бо суханони Юҳаннои расул розием, зеро ӯ гуфта буд, ки бародарону хоҳарони масеҳии худро дар ҳақиқат дӯст медорад ва хурсанд аст, ки онҳо «дар ростӣ рафтор мекунанд» (2 Юҳ. 1, 4). Ҳақиқати Худо чӣ баракати бузургест, барои мо! Ин ҳақиқат моро аз ғуломии Бобили Бузург, таълимот ва урфу одатҳои он, ки ба номи Худо нанг меоваранд, озод кард. Итоат ба Худо ба мо кӯмак расонд, ки шахси пурмуҳаббат, меҳрубон ва раҳмдил шавем. Ва айнан ҳақиқати Худо ба мо кӯмак расонд, ки дар назди Ӯ номи нек пайдо кунем ва умеди абадан зиндагӣ карданро дошта бошем.
Ҳамчунин то чӣ дараҷа мо барои рӯҳи Яҳува, ки моро ҳар рӯз ҳидоят мекунад ва қавӣ мегардонад, миннатдорем! Мо боварии комил дорем, ки шумо дар анҷуманҳои вилоятии «Моро рӯҳи Худо ҳидоят мекунад», ки ба наздикӣ гузашта буд, ғамхории Яҳуваро аз ҳар ҷиҳат эҳсос кардед. Азбаски вазъияти ҷаҳон бадтар шуда истодааст, муҳим аст, ки мо ба рӯҳи пурқудрати Яҳува таваккал намоем, то ки он моро дар рӯзҳои вазнини дар пешистода ҳидоят намояд.
Мо боварӣ дорем, ки аз «Солнома» (рус.) хондани саргузаштҳои ҳаяҷоновари бародаронамон, ки баҳри имонашон дучори ранҷу азобҳо гардидаанд, ба дилҳои шумо таъсир расонданд. Ва хеле ҳайратовар аст, ки бисёре аз ин одамони вафодор нав таъмид гирифта буданд, ё баъзеашон ҳатто таъмид нагирифта буданд, ки ба чунин таъқибот тоб оварданд. То чӣ дараҷа мо онҳоро барои садоқат ба Худо ва ҷонибдори ҳақиқат буданашон дӯст медорем! Дар ҳақиқат, намунаи бисёр хуби онҳо кӯшиши моро мустаҳкам мегардонад, то ки ба ҳар душворие, ки дучор нагардем, содиқона ба Салтанати Худо хидмат кунем (1 Тас. 1:6–8).
Бародарону хоҳарони азиз, мо медонем, ки шумо баҳри нигоҳ доштани муҳаббат ва ягонагӣ дар оилаатон, кадом душвориҳои зиндагӣ аз ҷумла мушкилиҳои иқтисодиро аз сар гузаронда истодаед. Барои баъзеи шумо, ҳатто дар мавъиза оиди Салтанат ва дигар корҳое, ки бо ҷамъомад алоқаманданд, мунтазам ва содиқона иштирок кардан душвор аст. Мо маҳз аз ҳамин сабаб, бо дуову муҳокимаҳои зиёд, ба вохӯриҳои ҷамъомад баъзе дигаргуниҳо даровардем, ки он аз 1-уми январи соли 2009 амал хоҳад кард. Боварии комил дорем, ки шумо аз ин дигаргунӣ пурра истифода бурда, барои омӯзиши шахсӣ ва оилавиатон вақти зиёдтар ҷудо хоҳед кард.
Имсол дар анҷуманҳои гуногун дидани воизони зиёде, ки таъмид гирифтанд хеле хурсандиовар буд. Дар қатори онҳо наврасон низ буданд. Шумо волидон сазовори таърифу таҳсинед, чунки дар фарзандонатон нисбати ҳақиқат ҳисси миннатдориро тарбия намудед ва онҳоро барангехтед, ки аз синни ҷавонӣ ба Яҳува хидмат кунанд. Онҳо нигоҳ накарда ба душвориҳои зиёде, ки дар мактаб дучор мегарданд, тавонистанд барои таъмид гирифтан тайёрӣ бинанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо дар хона тарбияи хуб гирифтаанд (Заб. 127:1–6).
Ҳамчунин афзоиши хуби омӯзишҳои Китоби Муқаддасро бояд зикр намуд, ки дар ин кор саҳми миссионерону пешравони махсуси меҳнатдӯсти мо хеле калон аст. Ҳамаи мо, аъзоёни Ҳайати Роҳбарикунанда, меҳнати бародарону хоҳарони тамоми дунёро қадр менамоем. Ҳамаи онҳо ба одамони самимӣ «Биё!» мегӯянд ва одамони ташнаро даъват менамоянд, ки омада «оби ҳаётро муфт» бигиранд (Ваҳй 22:17). Мо 289 678 нафарро, ки соли гузашта, ба рамзи ба Худо бахшида шуданашон, дар об таъмид гирифтанд, аз самимӣ дил онҳоро барои ба бародарияти умумиҷаҳониамон ҳамроҳ шудан, хушомадед мегӯем!
Хеле хуб мебуд, ки ҳамеша суханони Юҳаннои расулро дар хотир нигоҳ дорем, ки гуфта буд: «Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳ. 2:17). Мо бояд мулоҳиза ронем, ки дар замоне зиндагӣ дорем, ки нобудшавии он хеле наздик аст! Барои ҳамин аз рӯи хирад мебуд, ки мо ҳаёти худро ба иҷро намудани иродаи Худо бахшем ва бедор бимонем (Мат. 24:42). Агар мо чунин амал кунем, ҳаргиз афсӯс нахоҳем хӯрд, балки аз рӯи эҳсони Яҳува соҳиби баракатҳои фаровон хоҳем гашт (Иш. 63:7).
Умедворем, ки воқеаҳои таъсирбахше, ки аз давлатҳои зиёд дар ин «Солнома» оварда шудаанд, шуморо бармеангезанд, ки кори Салтанатро дар ҳаётатон дар ҷои аввал гузоред. Мехоҳем шуморо бовар кунонем, ки ҳамеша дар бораи шумо фикр мекунем ва дар ҳаққатон дуо мегӯем. Мо шуморо хеле дӯст медорем. Бигзор Яҳува шуморо бо фаровонӣ баракат диҳад!
Бародарони шумо
Ҳайати Роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува
[Саҳифаи холӣ дар саҳифҳоаи 5-ум ва 6-ум]