ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 72
  • Худо ба Ҳизқиёи подшоҳ мадад мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Худо ба Ҳизқиёи подшоҳ мадад мекунад
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Нақши «ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким» дар рӯзҳои мо
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • «Ӯ ба Худованд часпид»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • «Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам»
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 72
With letters from the king of Assyria spread out in front of Jehovah’s altar, King Hezekiah prays

ҲИКОЯИ 72

Худо ба Ҳизқиёи подшоҳ мадад мекунад

ОЁ МЕДОНӢ, ки чаро ин мард ба Яҳува дуо мекунад? Барои чӣ ӯ дар назди қурбонгоҳи Яҳува ин номаҳоро гузоштааст? Ин мард Ҳизқиё аст. Ӯ подшоҳи салтанати дусибтаи Исроил мебошад. Ва ӯ хеле ошуфтахотир аст. Аз чӣ сабаб?

Барои он ки қӯшуни ашшуриён аллакай салтанати шимолии 10–сибтаро нобуд кард. Яҳува ба ин роҳ дод, чунки сокинони он кишвар одамони хеле бад буданд. Ва ҳоло лашкари ашшуриён ба муқобили салтанати дусибта ба ҷанг омадааст.

Навакак Ҳизқиё аз подшоҳи ашшуриён нома гирифт. Ин ҳамон номаҳое ҳастанд, ки Ҳизқиё дар ин ҷо, бар ҳузури Яҳува гузоштааст. Дар номаҳо Яҳуваро масхара гирифтаанд ва ба Ҳизқиё гуфта шудааст, ки таслим шавад. Бинобар ин, Ҳизқиё дуо мегӯяд: «Оҳ, Яҳува, моро аз подшоҳи ашшуриён наҷот бидеҳ, то ҳама халқҳо бифаҳманд, ки танҳо Ту Худо ҳастӣ». Оё Яҳува ба Ҳизқиё гӯш хоҳад дод?

Ҳизқиё подшоҳи некӯкор аст. Ӯ мисли подшоҳони баде, ки дар салтанати 10–сибтаи Исроил ҳукмронӣ мекарданд, ё монанди падараш шоҳ — Оҳоз шарир нест. Ҳизқиё бо итоаткории тамом ҳамаи қонунҳои Яҳуваро иҷро мекунад. Аз ин сабаб, ҳамин ки Ҳизқиё дуои худро анҷом дод, Ишаъё–пайғамбар бар ӯ аз Яҳува хабар овард: «Подшоҳи Ашшур ба Ерусалим намедарояд. Ягон сарбози ӯ ба шаҳр ҳатто наздик намеояд ва ягон тир ба шаҳр андохта нахоҳад шуд».

Dead soldiers lie on the ground in the Assyrian army camp

Ба расми дар ин саҳифа кашидашуда нигар. Ту медонӣ, ки ин ҷанговарони мурда кистанд? Онҳо ашшуриёнанд. Яҳува фариштаи худро фиристод ва ӯ дар як шаб 185 000 ҷанговарони ашшуриро кушт. Ҳамин тавр, подшоҳи ашшурӣ мағлуб шуда, ба ватанаш баргашт.

Салтанати дусибта наҷот дода шуд ва мардуми он муддате дар осоиштагӣ зиндагӣ мекунанд. Вале баъд аз мурдани Ҳизқиё, писари ӯ Менашше ба тахти шоҳӣ менишинад. Менашше ва баъд аз ӯ писараш Омӯн, ҳар ду подшоҳони шарир буданд. Аз ин рӯ, мамлакат боз аз ҷинояту зӯровариҳо пур мешавад. Вақте ки шоҳ Омӯн аз дасти хидматгорони худ кушта мешавад, писари вай — Йӯшиёҳу подшоҳи салтанати дусибта мегардад.

4 Подшоҳон 18:1–36; 19:1–37; 21:1–25.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан