Тарзҳои самараноки расондани хушхабар
1. Мо аз тарзи мавъизакунии масеҳиёни пешин чӣ дарс гирифта метавонем?
1 Масеҳиёни пешин хушхабарро ба одамоне мавъиза мекарданд, ки дину маданияти гуногун доштанд (Қӯл. 1:23). Гарчанд ҳамон як хабар, яъне хушхабари Салтанати Худо мавъиза мешуд, лекин вобаста аз шунавандагон тарзҳои мавъиза гуногун буд. Масалан, вақте Петрус ба яҳудиён, ки ба Навиштаҳо эҳтироми зиёд доштанд, гап мезад, ӯ дар аввали нутқаш суханони пайғамбар Юилро иқтибос овард (Аъм. 2:14–17). Аз тарафи дигар аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Павлус бо юнониён мулоҳиза меронд (Аъм. 17:22–31). Имрӯз дар баъзе минтақаҳо одамон ба Навиштаҳо эҳтиром доранд, бинобар ин мо метавонем ҳангоми мавъизаи хона ба хона озодона аз Китоби Муқаддас истифода барем. Вале ҳангоми сӯҳбат кардан бо онҳое, ки ба Китоби Муқаддас ё дин шавқ надоранд ё ғайримасеҳианд, бомулоҳизаву эҳтиёткор будан лозим аст.
2. Чӣ тавр мо ба онҳое ки нисбати Китоби Муқаддас назари гуногун доранд, пешниҳодамонро мутобиқ карда метавонем?
2 Тарзи пешниҳодатонро мутобиқ созед. Ҳатто агар дар маҳалламон аксари одамон ба Китоби Муқаддас шавқ надошта бошанд ҳам, ба ҳар ҳол мо бояд ба онҳо оиди чизи дигаре, ки диққаташонро ҷалб мекунад, гап занем. Масалан, барои бо мусулмонон сӯҳбат кардан, брошураи «Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст» ёрдам карда метавонад. Агар мо дар хона ин брошураро нағз аз худ кунем, шояд тарзи мавъизаамонро ба одамони маҳалламон мувофиқ карда метавонем. Мо шояд ҳангоми ташрифи аввал ояти Китоби Муқаддасро нахонем ё ба он ишора накунем, лекин мо метавонем ба онҳое ки шавқ зоҳир мекунанд, ҳангоми боздид кӯмак расонем, то ба Офаридгор ва Каломи илҳомбахшидаи Ӯ имон пайдо кунанд. Агар мо ба онҳое мавъиза кунем, ки Китоби Муқаддасро рад намекунанд, метавонем инро ба назар гирифта, пешниҳодамонро ба онҳо мутобиқ гардонем. Ҳангоми ба хизмат тайёрӣ дидан мо метавонем аз китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», брошураҳои «Худоро гӯш кунед» ё «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» истифода барем. Хулоса, тарзеро истифода бурдан муҳим аст, ки самаранок бошад.
3. Аз кадом ҷиҳат дили одамонро ба замин монанд кардан мумкин аст?
3 Нарм кардани замин. Дили одамонро ба замин монанд кардан мумкин аст (Луқ. 8:15). Барои он ки дар баъзе навъҳои замин тухми ҳақиқат реша давонаду сабзад, онро бисёртар нарм кардан лозим аст. Воизони асри як дар ҳама навъҳои замин бомуваффақият кишт мекарданд ва ин ба онҳо қаноатмандиву хурсандӣ мебахшид (Аъм. 13:48, 52). Мо низ ба тарзи мавъизакуниамон аҳамият дода, чунин муваффақиятро ба даст оварда метавонем.