Ба кӯдакони худ мавъиза карданро ёд диҳед
1 Ба дӯши волидони масеҳӣ масъулияти ҷиддие гузошта шудааст, то ба фарзандонашон аз хурдӣ мавъиза карданро ёд диҳанд. Инро бо тарзҳои гуногун кардан мумкин аст. Баъзе кӯдакон ҳатто хонда натавонанд ҳам, оятҳои Китоби Муқаддасро аз ёд гуфта медиҳанд. Ва ин амали онҳо дар навбати худ ба дили шунавандагон таъсири калон мерасонад. Ҳамчунин вақте ки кӯдакон ба воя мерасанд, дар хизмат саҳми бештари худро гузошта метавонанд. Чӣ тавр шумо, волидон, ба кӯдакони худ ёрӣ расонда метавонед, то онҳо дар хизмат иштирок кунанд? Дар поён баъзе пешниҳодҳои манфиатнок оварда шудаанд.
2 Баъди салому алейк кардан, чунин гӯед:
◼ «Писари ман [номашро гиред] мехоҳад ба шумо аз Китоби Муқаддас як фикри муҳимро расонад». Кӯдакатон чунин гуфта метавонад: «Ман аз ин оят фаҳмидам, ки Худо чӣ гуна шахсият аст. [Ӯ ояти 1 Юҳанно 4:8-ро мехонад ё аз ёд мегӯяд]. Сипас, шумо сӯҳбатро давом дода метавонед.
3 Ё тарзи зеринро истифода баред:
◼ «Ассалом. Ман ба духтарчаам [номашро гиред] чӣ тавр ба дигарон ғамхорӣ карданро ёд дода истодаам. Вай мехоҳад, ба шумо хабари кӯтоҳеро аз Китоби Муқаддас нақл кунад». Кӯдак чунин гуфта метавонад: «Ман ба одамон ёрдам кардан мехоҳам, барои ҳамин ба дигарон дар бораи умеди ояндаи Китоби Муқаддас нақл мекунам». [Кӯдак, ояти Ваҳй 21:4-ро мехонад ё аз ёд мегӯяд]. Сипас, шумо сӯҳбатро давом дода метавонед.
4 Агар кӯдакон тез–тез чунин пешниҳоди оддиро истифода бурда истанд, бо гузашти вақт онҳо хушхабари Салтанатро бо боварии зиёдтар нақл мекардагӣ мешаванд. Ба кӯдак дуруст талаффуз кардану бо овози мувофиқ гап заданро ёд дода, шумо ба онҳо таълим медиҳед, ки дар ҳар гуна ҳолатҳо хабари Салтанатро мавъиза кунанд. Пешакӣ тайёрии хуб дидан ва таърифу таҳсини шумо ба кӯдакон кӯмак мерасонанд, то имонашонро дар амал нишон диҳанд.
5 Чунин таълимдиҳӣ ва рӯҳбаландкунӣ ба бисёр кӯдакон барои воизи таъмиднаёфта шудан, кӯмак расонд. То чӣ андоза хурсандиовар аст, дидани он ки кӯдакони мо дар хизмат пешравӣ мекунанд! (Заб. 148:12, 13).