Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Мавъиза дар маҳалли корӣ
Чаро ин муҳим аст. Азбаски одамони бисёр рӯзи дароз кор мекунанд, аз ин рӯ роҳи беҳтарини расонидани хушхабар, ин ба ҷои кори онҳо рафтан аст. Мавъиза кардан дар маҳалли корӣ шавқовар ва самаранок буда метавонад, чунки ҳама одамон дар ҷои корашон мебошанд. Ҳамчунин коргарон одатан нисбати одамоне ки мизоҷони худ меҳисобанд, хушмуомила мебошанд. Барои он ки мавъиза натиҷаи хуб орад, мо бояд оқилу хушмуомила бошем ва ба сарулибоси худ аҳамият диҳем (2 Қӯр. 6:3). Нозири хизматӣ бояд назорат кунад, ки маҳаллҳои корӣ то чӣ андоза зуд-зуд мавъиза карда мешаванд ва аз тарафи кӣ.
Дар давоми моҳ инро санҷида бинед:
Агар шумо дар маҳалли корӣ мавъиза кунед, пас дар ибодати оилавии навбатиатон пешниҳоди кӯтоҳеро машқ кунед.