ДАРСИ 3
Оё хабарҳои нағз оиди оянда ҳақиқатан аз ҷониби Худоянд?
1. Муаллифи Китоби Муқаддас кист?
Хабари нағз дар бораи он ки одамон абадӣ дар рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард, дар Китоби Муқаддас навишта шудааст (Забур 36:29). Китоби Муқаддас аз 66 китоб иборат аст. Худо тахминан 40 нафар шахсони содиқро барои навиштани онҳо истифода бурда буд. Панҷ китоби аввал тақрибан 3 500 сол пеш, аз тарафи Мусо-пайғамбар навишта шуда буданд. Ва китоби охиринро бошад, Юҳаннои расул 1 900 сол пеш навишта буд. Нависандагони Китоби Муқаддас фикрҳои киро менавиштанд? Онҳоро Худо роҳнамоӣ мекард. Ӯ фикрҳои худро ба майнаи онҳо ҷойгир менамуд. Бо баъзеи онҳо Худо тавассути фариштагон гап мезад ё дар рӯъёву хобҳо бо онҳо сухан мегуфт (Ваҳй 1:1). Баъзан он чиро, ки навиштан лозим буд, Ӯ ба онҳо баён мекард. Барои ҳамин, муаллифи Китоби Муқаддас Яҳува мебошад. (Хуруҷ 34:27; 2 Тимотиюс 3:16-ро хонед).
Видеонавори «Муаллифи Китоби Муқаддас кист?»-ро тамошо кунед.
2. Аз куҷо мо медонем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо аст ва дигар нашудааст?
Китоби Муқаддас аз ҷониби Худо аст, чунки он ояндаро аниқ ва бехато пешгӯӣ мекунад. Ягон одам инро карда наметавонад (Еҳушаъ ибни Нун 23:14). Танҳо Худои Қодир метавонад ояндаи инсониятро ба таври равшан бинад. (Ишаъё 42:9; 46:10-ро хонед).
Албатта китобе, ки аз тарафи Худо аст, бояд аз ҳамаи дигар китобҳо фарқ кунад ва Китоби Муқаддас маҳз чунин китоб мебошад. Миллиардҳо нусхаи ин китоб бо садҳо забон паҳн шудаанд. Ҳарчанд Китоби Муқаддас китоби хеле қадима аст, он бо чизҳое, ки аз ҷиҳати илмӣ исбот шудаанд, мувофиқ меояд. Ҳамчунин, суханони 40 нафар нависандагони он бо якдигар муқобилат намекунанд. Беш аз ин, аз суханони Китоби Муқаддас муҳаббати Худо дида мешавад ва ин китоб то ҳол қудрат дорад, ки ҳаёти одамонро беҳтар созад. Ҳамаи ин далелҳо миллионҳо одамонро боварӣ бахшиданд, ки Китоби Муқаддас Каломи Худо аст.
Оё ба Китоби Муқаддас дигаргунӣ дароварда шудааст? Дастнависҳои қадимаи ёфтшуда, ки таърихи беш аз 2 000 сола доранд исбот мекунанд, ки навиштаҳои аз тарафи Худо илҳом бахшидашуда бе дигаргунӣ то рӯзҳои мо расида омадаанд (Ишаъё 40:8). Худо ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки касе ба Каломаш дигаргунӣ дарорад. (Забур 11:7, 8 ва 1 Петрус 1:24, 25-ро хонед).
Видеонавори «Мо аз куҷо медонем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо аст?»
3. Китоби Муқаддас дар бораи чист?
Яке аз мавзӯҳои асосии Китоби Муқаддас он аст, ки Худо нисбати одамизод нияти пурмуҳаббате дорад. Навиштаҳо мефаҳмонанд, ки чӣ тавр одамизод дар аввали таърихи инсоният имконияти дар биҳишти заминӣ зиндагӣ карданро аз даст дода буд ва чӣ тавр биҳишт оқибат аз нав барқарор мешавад. (Ваҳй 21:4, 5-ро хонед).
Каломи Худо ҳамчунин қонунҳо, принсипҳо ва маслиҳатҳоро дар бар мегирад. Илова бар ин, дар Китоби Муқаддас дар бораи он навишта шудааст, ки Худо бо одамон чӣ гуна муносибат мекунад ва аз ин мо мефаҳмем, ки Худо чӣ гуна шахс аст. Ҳамин тавр, ин китоб ба шумо барои дар бораи Худо дониш гирифтан, ёрдам карда метавонад. Он мефаҳмонад, ки чӣ тавр шумо дӯсти Ӯ шавед. (Забур 18:8, 12 ва Яъқуб 2:23; 4:8-ро хонед).
4. Чӣ тавр шумо Китоби Муқаддасро фаҳмида метавонед?
Ин брошура ба шумо барои фаҳмидани Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳад. Дар он ҳамон тарз истифода шудааст, ки пайғамбарон барои фаҳмондани Каломи Худо истифода мебурданд. Онҳо он чиро аз Каломи Худо мехонданд, шарҳ медоданд, то ки одамон бифаҳманд. (Наҳемё 8:8-ро хонед).
Ҳеҷ чиз ба монанди хабарҳои нағзи Каломи Худо шавқовар буда наметавонад. Вале баъзе одамон ба онҳо бепарвоянд, дигарон бошанд, ҳатто аз онҳо ба ғазаб меоянд. Шумо аз ин рӯҳафтода нашавед. Умеди шумо ба ҳаёти ҷовидона аз донише, ки шумо дар бораи Худо мегиред, вобаста аст. (Юҳанно 17:3-ро хонед).