Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»
7–13 МАЙ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАРҚӮС 7, 8
«Сутуни азобу шиканҷаатонро бардошта, доимо маро пайравӣ кунед»
(Марқӯс 8:34) Баъд аз он мардум ва шогирдонашро назди худ ҷеғ зад ва гуфт: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобу шиканҷаашро бардошта, доимо маро пайравӣ кунад.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 8:34
бигзор аз баҳри худ барояд: Ин нишон медиҳад, ки шахс бо омодагӣ худро инкор мекунад ё худро ба ихтиёри Худо месупорад. Ин ибораро «ӯ бояд ба худ “не” гӯяд» низ тарҷума кардан мумкин аст, зеро дар назар дошта мешавад, ки шахс аз хоҳишу ҳавас ва роҳату ҳаловати худ даст мекашад (2Қр 5:14, 15). Вақте Марқӯс дар бораи Исоро инкор кардани Петрус навишт, ин феъли юнониро, ки «аз баҳри худ баромадан» тарҷума шудааст, истифода бурд (Мқ 14:30, 31, 72).
w92 1.8 саҳ. 17, сарх. 14
Барои ба даст овардани ҳаёт чӣ гуна медавӣ?
14 Исои Масеҳ ба шогирдон ва дигар одамоне, ки дар наздаш ҷамъ омада буданд, гуфт: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд [«бояд ба нафси худ “не” гӯяд», Чарлз Уилямс] ва сутуни азобу шиканҷаашро бардошта, доимо маро пайравӣ кунад» (Марқӯс 8:34). Агар мо аз пайи Исо рафтан хоҳем, бояд донем, ки инро «доимо» кардан лозим аст. Мо ин корро на барои он мекунем, ки фидокорӣ як чизи махсус аст, балки, барои он ки як лаҳзаи сустӣ ё як қадами хато метавонад ҳама кӯшишҳои моро барбод диҳад ва ҳатто аз ҳаёти ҷовидона маҳрум созад. Барои рӯҳан пешравӣ кардан одатан вақти зиёд даркор аст, лекин, агар мо ҳамеша ҳушёру бедор набошем, дар як дам комёбиҳоямонро аз даст медиҳем.
(Марқӯс 8:35–37) Ҳар кӣ ҷони худро наҷот додан хоҳад, онро аз даст медиҳад, лекин ҳар кӣ ҷони худро ба хотири ман ва хушхабар аз даст диҳад, онро наҷот хоҳад дод. 36 Агар одам тамоми ҷаҳонро соҳиб гардад, вале ҷони худро аз даст диҳад, аз ин ба ӯ чӣ фоидае хоҳад буд? 37 Ва чӣ чизе ҳаст, ки одам дар ивази ҷони худ дода тавонад?
w08 15.10 саҳ. 9, сарх. 3, 4
Баҳри ҳаёти ҷовидона шумо ба чӣ тайёред?
3 Баъд аз ин Исо ду саволи мулоҳизаталабе дод: «Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?» ва «одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?» (Марқ. 8:36, 37). Ҷавоб ба саволи аввал ба одамон равшан аст: ба инсон ҳеҷ фоидае нест, агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад, яъне онро аз даст диҳад, зеро аз чизу чора танҳо одами зинда баҳра бурда метавонад. Саволи дуюми Исо «одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?», ба шунавандагонаш, эҳтимол, даъвоеро, ки Шайтон дар замони Айюб карда буд, хотиррасон намуд: «Ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод» (Айюб 2:4). Нисбати касоне, ки ба Яҳува хидмат намекунанд, шояд ин даъвои Шайтон ҳақ бошад. Аксари одамон барои зинда мондан ба ҳар кор тайёранд ва ҳатто меъёрҳои ахлоқиро зери по мекунанд. Лекин нуқтаи назари масеҳиён дигар аст.
4 Мо медонем, ки Исо ба замин на барои он омад, ки дар ин ҷаҳон ба одамон саломатӣ, сарват ва умри дароз диҳад. Ӯ барои он омад, ки мо дар дунёи нав имконияти ҷовидона зистан дошта бошем ва ин умед бароямон хеле азиз аст (Юҳ. 3:16). Саволи якуми Исоро масеҳиён чунин хоҳанд фаҳмид: «Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва умеди ҳаёти ҷовидонаро аз даст диҳад?» Равшан аст, ки ҳеҷ фоидае нест (1 Юҳ. 2:15–17). Лекин барои ҷавоб додан ба саволи дуюми Исо аз худ бипурсед: «Ман ба чӣ тайёрам, то умедамро ба ҳаёти ҷовидонӣ қавӣ гардонам?» Ҷавоб ба ин савол — тарзи ҳаёти мо аст, ки то чӣ андоза дар диламон қавӣ будани он умедро нишон медиҳад. (Бо Юҳанно 12:25 қиёс кунед.)
(Марқӯс 8:38) Ҳар кӣ дар пеши ин насли ба Худо бевафо ва гунаҳкор аз ман ва аз суханонам шарм дорад, Писари одам ҳам, вақте ки ҳамроҳи фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари худ меояд, аз вай шарм хоҳад дошт».
Писари одам кист?
Барои шогирди ҳақиқии Исо шудан шахс бояд далеру фидокор бошад. Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ дар пеши ин насли ба Худо бевафо ва гунаҳкор аз ман ва аз суханонам шарм дорад, Писари одам ҳам, вақте ки ҳамроҳи фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари худ меояд, аз вай шарм хоҳад дошт» (Марқӯс 8:38). Бале, вақте Исо меояд, ӯ «ба ҳар кас мувофиқи рафтораш подош хоҳад дод» (Матто 16:27).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Марқӯс 7:5–8) Аз ин рӯ фарисиён ва шариатдонон аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони ту урфу одатҳои аҷдодонро риоя намекунанд ва бо дастони нопок хӯрок мехӯранд?» 6 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Эй дурӯяҳо, ҳақ буд пайғамбар Ишаъё, вақте ки дар бораи шумо чунин пешгӯйӣ кард: “Ин мардум Маро дар сухан эҳтиром мекунанд, лекин дилҳояшон аз Ман дур аст. 7 Онҳо беҳуда Маро ибодат мекунанд, зеро таълимоташон бар гуфтаҳои одамон асос меёбад”. 8 Шумо амрҳои Худоро як сӯ гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ часпидаед».
Саволҳои хонандагон
Чаро барои душманони Исо масъалаи дастшӯйӣ муҳим буд?
▪ Ин яке аз масъалаҳое мебошад, ки барои айбдор кардани Исо ва шогирдонаш душманони ӯ истифода бурданд. Дар Қонуни Мусо фаҳмонида шуда буд, ки чӣ одамро нопок месозад. Масалан, вақте ки аз ҷисм чизи нопок мебарояд, касалии пӯст (махав) ва ба ҷасади одам ё ҳайвони мурда расидан одамро нопок мегардонад. Ҳамчунин дар Қонун дастурот дода шуда буд, ки чӣ тавр шахс пок шуда метавонад. Одам барои пок шудан қурбонӣ меовард. Ҳамчунин бо шустани бадану либос ё пошидани об пок шуда метавонист (Ибд. 11–15; Ад. 19).
Китобдонону фарисиён ба ҳар як талаботи Қонун қоидаҳои худро ҷорӣ карданд. Дар як сарчашма гуфта шудааст, ки китобдонону фарисиён дар бораи чӣ одамро метавонад нопок созад ва чӣ тавр ӯ дигаронро нопок карда метавонад, қоидаҳои бисёр бароварда буданд. Ҳамчунин онҳо ба воситаи қоидаҳо муайян мекарданд, ки кадом зарф ё чиз пок ва ё нопок буда метавонад. Барои поксозӣ бошад, оини махсус бароварда буданд.
Душманони Исо аз ӯ пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намекунанд, балки бо дастҳои ношуста нон мехӯранд?» (Марқ. 7:5). Китобдонону фарисиён ин ҷо иҷро кардани қоидаҳои санитариро дар назар надоштанд. Аз рӯйи оинашон пеш аз хӯрокхӯрӣ ба дастони онҳо бояд об рехта мешуд. Дар сарчашмае, ки дар боло қайд шуда буд, боз гуфта шудааст: «Ҳамчунин баҳсҳои зиёд дар бораи он мерафт, ки барои ба даст об рехтан бояд кадом зарф истифода шавад, об чӣ гуна бошад, кӣ бояд об резад ва то куҷои дасти одам резад».
Исо ба ин қонуну қоидаҳои сарварони дини яҳудӣ чӣ гуна муносибат кард? Ӯ ба онҳо чунин гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст: “Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман [Яҳува] дур аст; пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд”. Зеро шумо ҳукми Худоро як сӯ гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред» (Марқ. 7:6–8).
(Марқӯс 7:32–35) Он вақт ба назди ӯ мардеро оварданд, ки кар буд ва забонаш мегирифт, ва аз ӯ илтиҷо карданд, ки дасташро бар вай гузорад. 33 Исо мардро аз байни мардум гирифта, ба як тараф бурд. Баъд ангуштонашро ба гӯши вай андохт ва туф карда, дасташро ба забони вай расонд. 34 Ва ба осмон нигоҳ карда, оҳи сарде кашид ва гуфт: «Ифатаҳ», ки маънояш чунин аст: «Кушода шав». 35 Ҳамон дам он мард шунаво гашт ва нуқсони дар гапзанӣ доштааш бартараф гардид — акнун вай бурро гап мезад.
w00 15.2 саҳ. 17, 18, сарх. 9–11
Оё шумо «фикрронии Масеҳро» доред?
9 Мард ношунаво буд ва базӯр гап мезад. Исо шояд пай бурд, ки вай дар изтиробу ҳаяҷон аст, ва кореро кард, ки ба назар аҷоиб тофт. Ӯ мардро дуртар аз мардум, ба ҷойи хилват, бурд. Баъд аз ин ӯ бо якчанд амалаш ба мард нишон дод, ки чӣ кор карданӣ аст. Исо «ангуштонашро ба гӯши вай андохт ва туф карда, дасташро ба забони вай расонд» (Марқӯс 7:33). Сипас ӯ ба осмон нигоҳ кард ва ба Худо рӯ оварда оҳ кашид. Исо гӯё ба он мард гуфт: «Он чӣ ман барои ту карданиам, бо қудрати Худо мекунам». Пас аз ин Исо гуфт: «Кушода шав» (Марқӯс 7:34). Он гоҳ мард шунаво шуд ва акнун метавонист бе ягон душворӣ гап занад.
10 То чӣ андоза Исо меҳрубон буд! Ӯ ҳиссиёти дигаронро ба назар мегирифт ва барои ҳамин бо онҳо бо мулоимӣ муносибат мекард. Мо низ мехоҳем ба Масеҳ пайравӣ карда, тарзи фикрронии ӯро аз худ кунем ва инро дар амал нишон диҳем. Дар Китоби Муқаддас насиҳати зерин навишта шудааст: «Ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, дилсӯз ва фурӯтан бошед» (1 Петрус 3:8). Ин оят моро водор мекунад, ки дар гуфтор ва рафтор ҳиссиёти дигаронро ба назар гирем.
11 Агар мо ҳиссиёти бародару хоҳаронро ба назар гирем, онҳоро ҳурмату иззат мекунем ва тавре рафтор менамоем, ки мехостем бо мо рафтор кунанд (Матто 7:12). Ин маънои онро дорад, ки мо ба чӣ гуфтан ва чӣ хел гуфтанамон аҳамият медиҳем (Қӯлассиён 4:6). Фаромӯш накунед, ки фикр накарда гап задан «мисли зарби шамшер аст» (Масалҳо 12:18). Дар оила низ бодиққат будан зарур аст. Зану шавҳаре, ки якдигарро дӯст медоранд, ба якдигар меҳрубонанд (Эфсӯсиён 5:33). Онҳо ҳамдигарро бо гапи сахт намеранҷонанд, доимо ба камбудиҳои ҳамсари худ ишора намекунанд ва бо пичингу киноя гап намезананд — ҳамаи ин суханҳо дилро захмдор мекунанд ва ин захмҳо дарҳол шифо намеёбанд. Фарзандон ҳам аз санг нестанд ва, албатта, падару модари меҳрубон ҳиссиёти онҳоро поймол намекунанд. Вақте ки кӯдакро ислоҳ кардан лозим аст, онҳо инро тавре мекунанд, ки шаъни кӯдакашонро паст назананд ва аз ҳад зиёд шарм надоронанд (Қӯлассиён 3:21). Ҳамин тавр, ҳиссиёти дигаронро ба назар гирифта, мо нишон медиҳем, ки фикрронии Масеҳро дорем.
14–20 МАЙ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАРҚӮС 9, 10
«Рӯъёе, ки имонро қавӣ мегардонад»
(Марқӯс 9:1) Сипас Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе аз онҳое, ки дар ин ҷо истодаанд, то даме ки бо қудрат ҳукмронӣ кардани Подшоҳии Худоро набинанд, нахоҳанд мурд».
w05 15.1 саҳ. 12, сарх. 9, 10
Пешгӯйиҳо ба Масеҳ ишора мекунанд
9 Аз вақте ки Исо дар бораи Масеҳ буданаш далел меовард, аз як сол гузашт. Баъд аз он, иди Раҳоӣ ҳам, ки соли 32-юми милодӣ буд, сипарӣ шуд. Акнун бисёри онҳое, ки ба Исо имон оварда буданд, эҳтимол, аз сабаби таъқибот, чизпарастӣ ва ташвишҳои зиндагӣ дигар вайро пайравӣ намекунанд. Дигарон мумкин дар ҳайрат буданд, ки чаро Исо подшоҳи яҳудиён шудан нахост, ва шояд пас аз ин дили баъзеҳо аз вай монд. Вақте ки пешвоёни дини яҳудӣ бо Исо баҳс карда, ба ӯ «аломате аз осмон нишон деҳ» гуфтанд, ӯ барои онҳо мӯъҷиза нишон дода худнамоӣ накард (Матто 12:38, 39). Шояд баъзеҳо намефаҳмиданд, ки барои чӣ Исо аломат нишон надод. Беш аз ин, аз он вақт сар карда Исо ба шогирдонаш чизеро мегуфт, ки фаҳмиданаш барои онҳо душвор буд. Ӯ мегуфт, ки «бояд ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, коҳинони калон ва шариатдонон бисёр азоб кашида, кушта шавад» (Матто 16:21–23).
10 Пас аз нӯҳ ё даҳ моҳ вақти он мерасад, ки ӯ «ин ҷаҳонро тарк карда, ба назди Падар равад» (Юҳанно 13:1). Исо барои шогирдони содиқаш ғам хӯрда, ба баъзеашон ваъда медиҳад, ки онҳо аломатеро аз осмон мебинанд, яъне ҳамон чизеро, ки ӯ ба яҳудиёни беимон нишон надод. Исо мегӯяд: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе аз онҳое, ки дар ин ҷо истодаанд, то даме ки дар Подшоҳии худ омадани Писари одамро набинанд, нахоҳанд мурд» (Матто 16:28). Исо, албатта, дар назар надорад, ки баъзе шогирдонаш то соли 1914, то вақти муқаррар шудани Подшоҳиаш, зинда мемонанд. Ӯ гуфтанӣ аст, ки ба се шогирди наздикаш пешакӣ худро дар ҷалоли Подшоҳӣ зоҳир месозад. Исо дар пеши шогирдонаш ба таври мӯъҷизавӣ дигаргун шуданӣ аст.
(Марқӯс 9:2–6) Шаш рӯз пас ӯ Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳи худ гирифта, ба кӯҳи баланде баромад. Он ҷо ӯ дар назди онҳо дигаргун шуд; 3 либосаш чун барф сап-сафед шуда ҷило дод, ба тавре ки ҳеҷ кас дар рӯйи замин либосро шуста ин тавр сафед карда наметавонист. 4 Ва шогирдон Илёс ва Мӯсоро, ки бо Исо сӯҳбат мекарданд, диданд. 5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Устод, дар ин ҷо будани мо хуб аст. Иҷозат деҳ се хайма занем — якеаш барои ту, дигараш барои Мӯсо ва сеюмаш барои Илёс». 6 Дар асл бошад, вай намедонист, ки чӣ гӯяд, зеро онҳо ба тарсу ҳарос афтода буданд.
w05 15.1 саҳ. 12, сарх. 11
Пешгӯйиҳо ба Масеҳ ишора мекунанд
11 Баъд аз шаш рӯз Исо бо Петрус, Яъқуб ва Юҳанно ба кӯҳи баланде, эҳтимол, ба яке аз баландиҳои кӯҳи Ҳермӯн мебарояд. Дар он ҷо Исо «дар назди онҳо дигаргун шуд: рӯяш мисли офтоб дурахшон ва либосаш чун нур сап-сафед гардид». Инчунин дар пеши Исо пайғамбарон — Мӯсо ва Илёс, пайдо мешаванд ва бо вай гап мезананд. Ин воқеаи аҷиб, эҳтимол, шабона рӯй дод ва барои ҳамин баръало намоён буд. Ин рӯйдод чунон воқеӣ буд, ки Петрус пешниҳод мекунад, ки се хайма зананд — ҳам барои Исо ва ҳам барои Мӯсову Илёс. Петрус гапашро тамом накарда, абри сафеде онҳоро мепӯшонад ва аз он овозе мебарояд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям. Ӯро гӯш кунед» (Матто 17:1–6).
(Марқӯс 9:7) Он гоҳ бар болои сарашон абре пайдо шуд ва овозе аз даруни абр баромад: «Ин Писари азизи Ман аст. Ӯро гӯш кунед».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 9:7
овозе: Дар Хушхабарҳо ин дуюм мавридест, ки худи Худо бо одамон гап зада буд. Худо боз ду бори дигар бо одамон бевосита гап зад (Юҳ 12:28; ба mwbr18.04, ба маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 1:11, нигаред).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Марқӯс 10:6–9) Лекин дар аввали офариниш “Худо онҳоро марду зан офарид. 7 Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк мекунад 8 ва бо занаш як тан мешавад”, бинобар ин онҳо акнун ду тан неву як тан мебошанд. 9 Пас, он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».
w08 15.2 саҳ. 30, сарх. 8
Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Марқӯс 10:6–9
Нияти Худо ин аст, ки ҳамсарон якҷоя бошанд. Аз ин рӯ зану шавҳар ба ҷойи саросемавор ҷудо шудан бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда, душвориҳоро паси сар кунанд (Мт 19:4–6).
(Марқӯс 10:17, 18) Вақте ки боз ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омад ва ба зону афтода, гуфт: «Эй Устоди некӯ, чӣ кор кунам, то ҳаёти ҷовидониро соҳиб шавам?» 18 Исо ба вай гуфт: «Барои чӣ ту маро некӯ мегӯӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас некӯ нест.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 10:17, 18
Устоди некӯ: Аз афташ, марде, ки ба Исо «Устоди некӯ» гуфта муроҷиат кард, унвони расмии бодабдабаеро истифода бурд, зеро аксар вақт пешвоёни дин чунин иззату болобардор карданро талаб мекарданд. Исо зид набуд, ки ӯро «Устод» ё «Ҳазрат» номанд (Юҳ 13:13), лекин ӯ танҳо Падарашро сазовори ҷалолу ситоиш меҳисобид.
Ғайр аз Худо ҳеҷ кас некӯ нест: Исо дар ин ҷо эътироф кард, ки танҳо Яҳува олитарин намунаи некӣ аст, Ӯ чун Ҳоким ҳақ дорад, ки чӣ неку чӣ бад буданро муайян созад. Одаму Ҳавво бар хилофи амри Худо аз дарахти маърифати неку бад хӯрда, ин ҳуқуқро ба даст овардан хостанд. Исо бошад, фурӯтанона ба Падараш вогузор кард, ки меъёрҳои некию бадиро муайян кунад. Худо чӣ будани некиро ба воситаи қонуну принсипҳое, ки дар Каломаш навишта шудаанд, нишон дод (Мқ 10:19).
БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
(Марқӯс 10:4) Онҳо гуфтанд: «Мӯсо-пайғамбар иҷозат дода буд, ки мард ба занаш хати талоқ дода, аз вай ҷудо шавад».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 10:4
хати талоқ: Ё «талоқнома». Дар Шариат аз марде, ки ҷудо шудан мехост, талаб карда мешуд, ки ҳуҷҷати ҳуқуқӣ тайёр кунад ва, эҳтимол, бо пирон маслиҳат намояд. Ин ба ӯ вақт медод, ки оиди ин қарори ҷиддӣ боз як бор мулоҳиза кунад. Ин талабот барои он дода шуд, ки пеши роҳи саросема ҷудо шуданро гирад ва ҳуқуқҳои занонро то андозае муҳофизат кунад (ТкШ 24:1). Лекин дар замонҳои Исо пешвоёни дин ҷудошавиро осон карданд. Таърихшиноси асри як Юсуф Флавиюс, ки худаш фарисии аз занаш ҷудошуда буд, ақида дошт, ки «бо ҳар сабаб (дар зиндагӣ бошад, чунин сабабҳо кам нестанд) ҷудо шудан мумкин аст».
(Марқӯс 10:11) Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 10:11
аз зани худ ҷудо шуда: Ё «занашро ҷавоб дода». Ба ин суханон ояти Мт 19:9, ки ибораи «ғайр аз сабаби бадахлоқии ҷинсӣ»-ро дорад, равшанӣ меандозад (Мт 5:32). Мувофиқи суханони Исо, ки Марқӯс иқтибос овардааст, шахс он вақте хиёнат мекунад, ки ӯ на бо сабаби «бадахлоқии ҷинсӣ» (юн. «порнейа») ё зино, балки бо сабабҳои дигар аз ҳамсараш ҷудо шавад.
ба ҳамсараш хиёнат мекунад: Исо дар ин оят таълимоти паҳншудани дини яҳудиро маҳкум кард. Мувофиқи он таълимот «бо ҳар сабаб» аз зани худ ҷудо шудани мард раво буд (Мт 19:3, 9). Яҳудиён чунин ақида доштанд, мард, чӣ коре накунад, хиёнаткор ҳисоб намеёбад. Устодони дини яҳудӣ таълим медоданд, ки мард ба занаш хиёнат намекунад — танҳо зан бевафою хиёнаткор буда метавонад. Исо ҳам аз зану ҳам аз шавҳар як чизро талаб карда, ба занон эҳтиром нишон дод ва мавқеи онҳоро дар ҷомеа боло бардошт.
21–27 МАЙ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАРҚӮС 11, 12
«Ӯ аз ҳамаи онҳое, ки ба зарфҳои хайриякунӣ пул меандохтанд, зиёдтар хайрия кард»
(Марқӯс 12:41, 42) Сипас ӯ дар рӯ ба рӯйи зарфҳои хайриякунӣ нишаста мушоҳида мекард, ки чӣ тавр одамон хайрия мекунанд. Бисёри сарватмандон ба зарфҳо тангаҳои зиёд мепартофтанд. 42 Он вақт бевазани камбағале омада, ду тангаи хурдеро, ки арзиши хеле кам доштанд, хайрия кард.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 12:41, 42
зарфҳои хайриякунӣ: Мувофиқи манбаъҳои қадимаи яҳудӣ ин зарфҳо, ё қуттиҳо, карнаймонанд буданд ва, аз афташ, дар болояшон сӯрохии танг доштанду поёнашон васеъ буд. Одамон ба ин зарфҳо хайрияҳое меандохтанд, ки ба мақсадҳои гуногун истифода мешуд. Калимаи юноние, ки «зарфҳои хайриякунӣ» тарҷума шудааст, дар Юҳ 8:20 низ вомехӯрад. Эҳтимоли зиёд аст, ки ин калимаи юнонӣ, ки «хазина» низ тарҷума шуда метавонад, ба ҷое ишора мекунад, ки дар маъбад, дар саҳни занон, буд (Мт 27:6; ба sgd замимаи 15, «Кӯҳи хонаи Худованд дар асри як», нигаред). Чуноне ки дар асари қадимаи устодони дини яҳудӣ гуфта шудааст, давродаври он саҳн, дар назди деворҳо, 13 зарфи хайрияро мегузоштанд. Ҳамчунин ақидае вуҷуд дорад, ки дар маъбад хазинаи асосӣ, ё ганҷхона, низ буд ва дар он ҷо пулҳоеро, ки аз зарфҳо мегирифтанд, нигоҳ медоштанд.
ду тангаи хурд: Дар матни аслӣ «ду лепта». Лепта шакли ҷамъи калимаи юнонии «лепто́н» аст, ки маънояш чизи майдаю тунук мебошад. Лептон тангаи арзишаш ба 1/128 динор баробаре буд (1 динор = 128 лептон) ва, аз афташ, дар Исроил тангаи хурдтарини мисин ё биринҷӣ ҳисоб меёфт. (Ба луғат, ба калимаи «лепта», ва ба sgd замимаи 18, «Андоза ва воҳидҳои вазну пул», нигаред.)
арзиши хеле кам доштанд: Дар матни аслӣ «ба як квадранс баробар аст». Зери калимаи юнонии «кодра́нтес», ки аз калимаи лотинии «квадранс» гирифта шудааст, тангаи румии мисин ё биринҷӣ дар назар дошта шудааст, ки 1/64 динор арзиш дошт (1 динор = 64 квандранс). Дар ин оят Марқӯс арзиши тангаҳоеро, ки яҳудиён истифода мебурданд, бо тангаи румӣ ифода кард. (Ба sgd замимаи 18, «Андоза ва воҳидҳои вазну пул», нигаред.)
(Марқӯс 12:43) Инро дида Исо шогирдонашро ба назди худ ҷеғ зад ва ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи онҳое, ки ба зарфҳои хайриякунӣ пул меандохтанд, зиёдтар хайрия кард.
w97 15.10 саҳ. 16, 17, сарх. 16, 17
Яҳува хизмати фидокоронаи шуморо қадр мекунад
16 Пас аз якчанд рӯз, 11-уми нисон, Исо рӯзи дароз дар маъбад буд. Он рӯз душманонаш ҳокимияти ӯро зери шубҳа гузоштанд ва дар бораи андоз, зиндашавӣ ва дигар чизҳо савол дода, ӯро забонкӯтоҳ карданӣ буданд, лекин Исо тавре ҷавоб дод, ки онҳо дигар ҳеҷ чиз гуфта натавонистанд. Ӯ шариатдонон ва фарисиёнро, ки ғайр аз дигар корҳои бадашон, «пулу моли бевазанонро хӯрда» онҳоро ғорат мекарданд, маҳкум кард (Марқӯс 12:40). Баъд Исо, эҳтимол, дар саҳни занон нишаст, дар ҷое, ки мувофиқи навиштаҳои дини яҳудӣ, 13 зарфи хайрия ҷойгир буд. Ӯ ба одамоне, ки хайрия мекарданд, бодиққат назар дӯхт. Ба он ҷо бисёр сарватдорон омада буданд ва шояд баъзеашон худро росткор метарошиданду худнамоӣ мекарданд. (Бо Матто 6:2 муқоиса кунед.) Диққати Исоро як зан ба худ ҷалб кард. Дар назари аввал он зан ва ҳадияаш ҳеҷ чизи сазовори диққат надошт. Вале Исо, ки дили одамонро дида метавонист, фаҳмид, ки вай «бевазани камбағале» аст ва ҳамчунин аниқ донист, ки ӯ «ду тангаи хурдеро, ки арзиши хеле кам доштанд», хайрия кард (Марқӯс 12:41, 42).
17 Исо шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зад, чунки мехост онҳо занро бо чашми худ бинанд ва аз ин дарсе гиранд. Ӯ гуфт, ки он зан «аз ҳамаи онҳое, ки ба зарфҳои хайриякунӣ пул меандохтанд, зиёдтар хайрия кард». Дар назари ӯ ҳадияи ин зан аз ҳамаи хайрияҳое, ки дигарон карданд, пурарзиштар буд. Он бевазан «ҳар чизи доштааш»-ро, яъне пули охиринашро, дод ва боварӣ дошт, ки Яҳува ба ӯ ғамхорӣ мекунад. Ҳадияи ин зан, ки чун намуна оварда шуд, кироӣ набуд, лекин дар назари Худо қадру қимати баланд дошт (Марқӯс 12:43, 44; Яъқуб 1:27).
(Марқӯс 12:44) Зеро онҳо аз зиёдатии худ хайрия мекарданд, вай бошад, нигоҳ накарда ба камбағалиаш, ҳар чизи доштааш — тамоми ризқу рӯзиашро, дод».
w97 15.10 саҳ. 17, сарх. 17
Яҳува хизмати фидокоронаи шуморо қадр мекунад
17 Исо шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зад, чунки мехост онҳо занро бо чашми худ бинанд ва аз ин дарсе гиранд. Ӯ гуфт, ки он зан «аз ҳамаи онҳое, ки ба зарфҳои хайриякунӣ пул меандохтанд, зиёдтар хайрия кард». Дар назари ӯ ҳадияи ин зан аз ҳамаи хайрияҳое, ки дигарон карданд, пурарзиштар буд. Он бевазан «ҳар чизи доштааш»-ро, яъне пули охиринашро, дод ва боварӣ дошт, ки Яҳува ба ӯ ғамхорӣ мекунад. Ҳадияи ин зан, ки чун намуна оварда шуд, кироӣ набуд, лекин дар назари Худо бебаҳо буд (Марқӯс 12:43, 44; Яъқуб 1:27).
w89 1.12 саҳ. 23, сарх. 2
Оё ҳадияи шумо, дар ҳақиқат, қурбонӣ аст?
Мо аз ин нақл якчанд дарси пурарзиш гирифта метавонем. Масалан, мо мефаҳмем, ки чӣ дар назари Худо ҳақиқатан ҳам қадру қимати баланд дорад. Ҳамаи мо бо хайрияҳои худ ибодати покро дастгирӣ карда метавонем, лекин, вақте ки мо на аз зиёдатии худ, балки чизҳои бароям азизро ҳадия мекунем, он дар пеши Яҳува арзиши бештар пайдо мекунад. Оё мо чизи аз дил берунро медиҳем? Ё ҳадияи мо, дар ҳақиқат, қурбонӣ аст?
cl саҳ. 185, сарх. 15
Хираде, ки дар «Каломи Худо» аст
15 Ҷолиби диққат аст, ки аз ҳамаи одамоне, ки он рӯз ба маъбад омада буданд, танҳо дар бораи ин бевазан дар Китоби Муқаддас навишта шудааст. Ӯро мисол оварда, Яҳува ба мо фаҳмонд, ки хайрияҳои моро қадр мекунад. Ҳадияҳое, ки мо аз таҳти дил мекунем, ба Худо писанданд ва Ӯ онҳоро бо ҳадияи дигарон муқоиса намекунад. Яҳува ин чизро ба мо хеле моҳирона, бо мисоли аён нишон дод. Магар инро беҳтар фаҳмондан мумкин буд?!
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Марқӯс 11:17) Ҳамчунин ӯ таълим дода мегуфт: «Магар навишта нашудааст: “Хонаи Ман ҷойи дуогӯйии тамоми халқҳо номида хоҳад шуд”? Шумо бошед, онро ба хонаи ғоратгарон табдил додаед».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 11:17
ҷойи дуогӯйии тамоми халқҳо: Аз се нависандаи Хушхабар, ки Иш 56:7-ро иқтибос овардаанд, танҳо Марқӯс ибораи «тамоми халқҳо [қавмҳо]»-ро дохил кардааст (Мт 21:13; Лқ 19:46). Маъбади Ерусалим ҷое буд, ки дар он ҳам исроилиён ва ҳам халқҳои бегона бояд Яҳуваро тоату ибодат мекарданд (3Пш 8:41–43). Исо яҳудиёнеро, ки маъбадро ба бозор ё ба хонаи ғоратгарон табдил доданд, танқид кард. Аз пушти онҳо одамони дигар халқҳо, ки метавонистанд ба хонаи Худо омада Ӯро шиносанду ба Ӯ наздик шаванд, аз Яҳува дур мешуданд.
(Марқӯс 11:27, 28) Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки ӯ дар саҳни маъбад гаштугузор мекард, коҳинони калон, шариатдонон ва пирон ба назди ӯ омада, 28 гуфтанд: «Ту ба кардани ин корҳо чӣ ҳақ дорӣ? Ва кӣ ба кардани ин корҳо ба ту ҳуқуқ додааст?»
Исо дарахти анҷири хушкшударо мисол меорад
Каме пас Исо ва шогирдонаш ба Ерусалим дохил мешаванд. Исо аз рӯйи одат ба маъбад медарояд ва ба таълимдиҳӣ сар мекунад. Коҳинони калон ва пирон, шояд, дар хотир доранд, ки рӯзи гузашта Исо бо касоне, ки пул иваз мекунанд, чӣ гуна рафтор карда буд. Барои ҳамин онҳо аз Исо мепурсанд: «Ту ба кардани ин корҳо чӣ ҳақ дорӣ? Ва кӣ ба кардани ин корҳо ба ту ҳуқуқ додааст?» (Марқӯс 11:28).
28 МАЙ — 3 ИЮН
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАРҚӮС 13, 14
«Ба одамтарсӣ дода нашавед»
(Марқӯс 14:29) Аммо Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳатто ҳама аз ту рӯй гардонанд ҳам, ман аз ту рӯй намегардонам».
(Марқӯс 14:31) Лекин ӯ бо қатъият мегуфт: «Ҳатто мурам ҳам, ҳеҷ гоҳ туро инкор намекунам». Дигарон ҳам айнан ҳамин хел мегуфтанд.
(Марқӯс 14:50) Ҳамаи шогирдонаш ӯро тарк карданд ва гурехта рафтанд.
(Марқӯс 14:47) Лекин яке аз одамоне, ки дар наздаш буданд, шамшерашро аз ғилоф баровард ва бо он ғуломи саркоҳинро зарба зада, гӯшашро бурид.
(Марқӯс 14:54) Петрус бошад, аз дур то даруни ҳавлии саркоҳин аз қафои Исо омад. Дар он ҷо Петрус ҳамроҳи хизматгорон нишаста, худро дар назди оташ гарм мекард.
(Марқӯс 14:66–72) Дар ин вақт Петрус дар поён, дар рӯйи ҳавлӣ, буд ва ба он ҷо яке аз канизони саркоҳин омад. 67 Вақте вай дид, ки Петрус дар назди оташ худро гарм карда истодааст, ба рӯяш нигоҳ кард ва гуфт: «Ту ҳам бо Исои носирӣ будӣ». 68 Вале ӯ инро инкор карда гуфт: «Ман вайро намешиносам ва намефаҳмам, ки ту дар бораи чӣ гап зада истодаӣ». Ва ба сӯйи дарвоза рафт. 69 Дар он ҷо ҳам каниз ӯро дид ва бори дигар ба одамони дар наздаш буда гуфт: «Ин мард яке аз онҳост». 70 Петрус ин дафъа ҳам инро инкор кард. Чанде пас касоне, ки дар он ҷо буданд, боз ба Петрус гуфтанд: «Ҳақиқатан ҳам ту яке аз онҳо ҳастӣ, зеро ту ҷалилиӣ». 71 Вале вай ба қасам хӯрдан сар карда гуфт: «Ман ин мардеро, ки шумо дар борааш гап мезанед, намешиносам!» 72 Ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва Петрус суханонеро, ки Исо ба вай гуфта буд, ба хотир овард: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се бор маро инкор мекунӣ». Ва Петрус худро дошта натавониста гиря кард.
ia саҳ. 200, сарх. 14
Ӯ аз Устодаш бахшиданро омӯхт
14 Петрус эҳтиёткорона қадам монда, ба яке аз ҳавлиҳои боҳашамати Ерусалим наздик мешавад. Ин ҳавлӣ аз они саркоҳини бою бадавлат ва обрӯманде буд, ки Қаёфо ном дошт. Гирдогирди ин хел ҳавлиҳо одатан девор дошт ва дарвозааш дар рӯ ба рӯйи хона буд. Петрус ба назди дарвоза расид, вале ба дарун даромада натавонист. Он гоҳ Юҳанно, ки саркоҳинро мешинохту аллакай дар ҳавлӣ буд, ба назди канизаки дарвозабон омада, вайро ба гап медарорад ва канизак мемонад, ки Петрус ба ҳавлӣ дарояд. Аз афташ, Петрус на ҳамроҳи Юҳанно мемонаду на ба даруни хона даромада, дар бари Устодаш меистад. Ӯ дар саҳни ҳавлӣ, ки дар он ғуломону канизон шаби хунукро дар пеши гулхани баланд саҳар мекарданд, мемонад. Петрус мебинад, ки чӣ тавр одамон ба хона даромада мебароянд. Ин одамон шоҳидоне мебошанд, ки Исоро бардурӯғ айбдор мекунанд (Мқ. 14:54–57; Юҳ. 18:15, 16, 18).
it «Петр», сарх. 13
Петрус
Петрус бо ёрдами шогирди дигар, ки, эҳтимол, ҳамроҳ ё аз паси вай омада буд, ба ҳавлии саркоҳин даромад (Юҳ 18:15, 16). Вале ӯ дар як кунҷи торик, дур аз чашми дигарон наистод, балки ба назди гулхан омада, худро гарм кард. Касоне, ки дар он ҷо буданд, дар рӯшноии оташ ӯро шинохтанд ва аз лаҳҷааш фаҳмиданд, ки ӯ ҷалилӣ аст. Ин шубҳаи онҳоро боз ҳам зиёд кард. Азбаски онҳо Петрусро айбдор мекарданд, ӯ се бор гуфт, ки Исоро тамоман намешиносад ва ҳатто қасам хӯрд, то дигарон ба вай бовар кунанд. Он вақт дар куҷое хурӯс дуюм бор ҷеғ зад ва Исо «рӯяшро гардонда, рост ба Петрус нигоҳ кард». Он гоҳ Петрус аз ҳавлӣ баромад ва худро қапида натавониста зор-зор гиря кард (Мт 26:69–75; Мқ 14:66–72; Лқ 22:54–62; Юҳ 18:17, 18; ба «Клятва» ва «Крик петухов» нигаред). Вале илтиҷои Исо, ки дар ҳаққи Петрус карда буд, беҷавоб намонд ва барои ҳамин имони вай аз нав устувор шуд (Лқ 22:31, 32).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Марқӯс 14:51, 52) Вале як ҷавонмард, ки дар тан либосе аз катони тоза дошт, аз ақиби вай равона шуд ва мардум ӯро дастгир карданӣ шуданд. 52 Лекин вай либосашро дар дасти онҳо монда, худаш нимбараҳна давида рафт.
w08 15.2 саҳ. 30, сарх. 6
Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Марқӯс
14:51, 52 — Ҷавонмарде, ки «нимбараҳна давида рафт», кӣ буд? Азбаски дар ин бора танҳо Марқӯс навиштааст, хулоса кардан мумкин аст, ки ӯ ин суханонро дар бораи худаш гуфт.
(Марқӯс 14:60–62) Он вақт саркоҳин аз ҷояш хеста, ба Исо гуфт: «Чаро чизе ҷавоб намедиҳӣ? Ту ба ин айбдоркуниҳо чӣ мегӯӣ?» 61 Лекин ӯ хомӯш меистод ва чизе ҷавоб намедод. Саркоҳин боз ӯро пурсуҷӯ карда гуфт: «Оё ту Масеҳ, Писари Худои муқаддас ҳастӣ?» 62 Исо гуфт: «Ҳа, ва шумо Писари одамро хоҳед дид, ки дар тарафи рости Худои қодир нишастааст ва бо абрҳои осмон меояд».
Исоро аввал пеши Ҳонон ва баъд пеши Қаёфо мебаранд
Қаёфо нағз медонад, ки агар касе худро Писари Худо хонад, ин ба яҳудиён сахт мерасад. Чанде пеш, вақте Исо Худоро Падар номид, яҳудиён қасди куштани ӯро карданд, зеро мегуфтанд, ки «худро бо Ӯ баробар» месозад (Юҳанно 5:17, 18; 10:31–39). Қаёфо инро медонад, барои ҳамин ба Исо мегӯяд: «Бо Худои зинда қасам хӯрда ба мо бигӯ, ки оё ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?» (Матто 26:63). Дар ҳақиқат, Исо худро Писари Худо меномид (Юҳанно 3:18; 5:25; 11:4). Агар ҳоло Исо инро тасдиқ накунад, ҳама гумон карда метавонад, ки ӯ Писари Худо ва Масеҳ буданашро инкор карда истодааст. Барои ҳамин Исо мегӯяд: «Ҳа, ва шумо Писари одамро хоҳед дид, ки дар тарафи рости Худои қодир нишастааст ва бо абрҳои осмон меояд» (Марқӯс 14:62).