ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bt боби 23 саҳ. 206-215
  • «Ба он чизе, ки ҳоло барои муҳофизати худ мегӯям, гӯш диҳед»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Ба он чизе, ки ҳоло барои муҳофизати худ мегӯям, гӯш диҳед»
  • Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • «Онҳо Худоро ҷалол доданд» (Корнома 21:18–20а)
  • «Онҳо бо ҷидду ҷаҳд Шариатро риоя мекунанд» (Корнома 21:20б, 21)
  • «Овозаҳо дар бораи ту дурӯғанд» (Корнома 21:22–26)
  • «Мурдани ин одам беҳ!» (Корнома 21:27–22:30)
  • «Ман фарисӣ... ҳастам» (Корнома 23:1–10)
  • Ҳимоя кардани хушхабар дар назди ҳокимиятдорон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Натарсед, Яҳува мададгори шумо аст!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • «Як ба як шаҳодат дод»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • «Хуни ягон кас бар гардани ман нест»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
Маълумоти бештар
Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
bt боби 23 саҳ. 206-215

БОБИ 23

«Ба он чизе, ки ҳоло барои муҳофизати худ мегӯям, гӯш диҳед»

Павлус дар назди мардуми пурхашму ғазаб ва Шӯрои олии яҳудиён ба муҳофизати ростӣ сухан мегӯяд

Бар Корнома 21:18–23:10 асос ёфтааст

1, 2. Барои чӣ Павлус ба Ерусалим рафт ва ӯ дар он ҷо бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуд?

ПАВЛУС боз дар Ерусалим аст. Ӯ дар тангкӯчаҳои серодами ин шаҳр қадам мезанад. Ерусалим тӯли садсолаҳо маркази парастиши Яҳува буд ва мардуми ин ҷо аз таърихи гузаштаи худ фахр мекард. Павлус медонист, ки барои бисёр масеҳиёни ин шаҳр Шариати Мӯсо аҳамияти калон дорад, барои ҳамин ба онҳо талаботи нави Яҳуваро қабул кардан осон нест. Инро ба назар гирифта Павлус ҳангоми дар Эфсӯс буданаш қарор кард, ки ба масеҳиёни Ерусалим ҳам хайрияҳоро мерасонаду ҳам ёрӣ медиҳад, ки ақидаи нодурусташонро ислоҳ кунанд (Кор. 19:21). Ҳарчанд Павлус мефаҳмид, ки ба Ерусалим рафтанаш хатарнок аст, ӯ аз нияташ нагашт.

2 Дар Ерусалим Павлус бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуд? Яке аз душвориҳояш он буд, ки баъзе масеҳиён ба овозаҳои бардурӯғ дар ҳаққи Павлус бовар мекарданд. Лекин душвориҳои сахттар аз ҷониби душманони Масеҳ сар заданд. Ин бадхоҳон Павлусро ноҳақ туҳмат мекунанд, мезананд ва таҳдид мекунанд, ки мекушанд. Дар чунин ҳолатҳо Павлус имкон дошт, ки худро муҳофизат кунад. Ӯ хоксориву далерӣ ва имон зоҳир карда ба мо намуна гузошт, ки дар ин гуна озмоишҳо чӣ хел амал кунем.

«Онҳо Худоро ҷалол доданд» (Корнома 21:18–20а)

3–5. а) Павлус дар Ерусалим бо кӣ вохӯрд ва онҳо дар бораи чӣ гап заданд? б) Мо аз вохӯрии Павлус бо пирон чӣ меомӯзем?

3 Павлусу ҳамроҳонаш баъди як рӯзи ба Ерусалим омадан бо пирони ҷамоат вомехӯранд. Ин ҷо ягон расул ёдовар нашудааст: шояд, он вақт расулон дар ҷойҳои дигар аз пайи хизмат буданд. Лекин Яъқуби бародари Исо дар он ҷо буд (Ғал. 2:9). Аз афташ, вохӯриеро, ки дар он Павлус ва «тамоми пирон ҷамъ омада буданд», Яъқуб мегузаронд (Кор. 21:18).

4 Павлус баъди бо пирон салому алейк кардан «дар бораи корҳое, ки Худо ба воситаи хизматаш дар байни халқҳои дигар карда буд, аз як сар нақл кард» (Кор. 21:19). Танҳо тасаввур кунед, ки бародарон нақли Павлусро шунида чӣ қадар рӯҳбаланд шуданд! Мо низ имрӯз дар бораи пешрафти кори мавъизаи дигар давлатҳо фаҳмида беҳад хушнуд мегардем (Пнм. 25:25).

5 Аз афташ, дар ин вохӯрӣ Павлус инчунин дар бораи хайрияе, ки аз Аврупо оварда буд, гуфта гузашт. Пирон аз ин хеле хушҳол буданд ва миннатдор шуданд, ки бародарони раҳдурашон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ карданд. Онҳо нақли Павлусро шунида «Худоро ҷалол доданд» (Кор. 21:20а). Имрӯз низ бисёр бародару хоҳароне, ки аз офатҳо ё ягон бемории вазнин азоб мекашанд, аз ёрии саривақтӣ ва суханони таскинбахши ҳамимонон сарашон ба осмон мерасад.

«Онҳо бо ҷидду ҷаҳд Шариатро риоя мекунанд» (Корнома 21:20б, 21)

6. Ба Павлус дар бораи кадом мушкилӣ хабар доданд?

6 Пирон ба Павлус хабар доданд, ки бародарони Яҳудия дар бораи ӯ баъзе чизҳоро шунида ба ташвиш омадаанд. Пирон чунин гуфтанд: «Эй бародар, ту медонӣ, ки чандин ҳазор яҳудиён имон овардаанд ва ҳамаи онҳо бо ҷидду ҷаҳд Шариатро риоя мекунанд. Аммо ба гӯши онҳо овозае расидааст, ки ту ба тамоми яҳудиёне, ки дар байни халқҳои дигар умр ба сар мебаранд, мегӯӣ, ки фарзандонашонро хатна накунанд ва расму оинро ба ҷо наоранд, ва ҳамин тавр онҳоро таълим медиҳӣ, ки аз Шариати Мӯсо рӯй гардонанд»a (Кор. 21:20б, 21).

7, 8. а) Бисёр масеҳиёни Яҳудия чӣ фикри хатое доштанд? б) Чаро ақидаи хато доштани баъзе бародарони яҳудӣ маънои онро надошт, ки онҳо масеҳиёни бевафоянд?

7 Чаро чандин ҳазор масеҳӣ Шариати Мӯсоро бо ҷидду ҷаҳд риоя мекарданд? Чаро бисёри онҳо намефаҳмиданд, ки ин Шариат зиёда аз 20 сол пеш бекор гашт? (Қӯл. 2:14). Аллакай соли 49-уми милодӣ расулону пирон ба ҷамоатҳо нома навишта фаҳмонда буданд, ки ба масеҳиёни ғайрияҳудӣ хатна кардан ва Шариатро ба ҷо овардан шарт нест (Кор. 15:23–29). Лекин дар он нома дар бораи масеҳиёне, ки яҳудӣ буданд, чизе гуфта нашуда буд.

8 Магар бародарони яҳудӣ аз пушти фикру ақидаи хатояшон дигар масеҳӣ буда наметавонистанд? Ин тавр нест. Охир, онҳо пеш худоёни дурӯғро парастиш намекарданд, барои ҳамин баъди масеҳӣ шудан низ урфу одатҳои дини дурӯғро ба ҷо намеоварданд. Ғайр аз ин, Шариатро, ки барои масеҳиёни яҳудӣ пураҳамият буд, Яҳува дода буд. Ин Шариат бо таълими девҳо омехта набуд ва нодурустие надошт. Гап сари он буд, ки Шариат аҳди куҳнаро дар бар дошт, масеҳиён бошанд, аллакай зери аҳди нав қарор доштанд. Аз ин рӯ барои розигии Яҳуваро ба даст овардан минбаъд риояи Шариат дар талаб набуд. Он яҳудиён, ки баъд аз масеҳӣ шудан ҳам бо ҷидду ҷаҳд Шариатро риоя мекарданд, ба талаботи нав пурра сарфаҳм намерафтанд ва иҷрои аҳди навро басанда намеҳисобиданд. Онҳо бояд фикрронияшонро ба ҳақиқатҳое, ки оҳиста-оҳиста кушода мешуданд, мувофиқ мекардандb (Ирм. 31:31–34; Луқ. 22:20).

«Овозаҳо дар бораи ту дурӯғанд» (Корнома 21:22–26)

9. Павлус дар бораи Шариати Мӯсо чиро таълим медод?

9 Дар бораи овозае, ки дар ҳаққи Павлус паҳн шуда буд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ӯ таълим медод, ки яҳудиёни дигар ҷойҳо «фарзандонашонро хатна накунанд ва расму оинро ба ҷо наоранд»? Павлус, дар ҳақиқат, расули дигар халқҳо буд ва бо қарори пирон розӣ буд, ки ба ғайрияҳудиён Шариатро риоя кардан ҳатмӣ нест. Ӯ ҳамчунин ошкоро гуфт, ки онҳое, ки якравона масеҳиёни ғайрияҳудиро ба риояи Шариат ва хатна маҷбур месозанд, хато мекунанд (Ғал. 5:1–7). Павлус дар сафарҳояш хушхабарро ба яҳудиён низ мерасонд. Ӯ, бешубҳа, ба яҳудиёни ростдил мефаҳмонд, ки бо марги Масеҳ Шариат бекор шудааст ва акнун росткорӣ бо имон ба даст меояд, на бо риояи Шариат (Рум. 2:28, 29; 3:21–26).

10. Аз чӣ маълум аст, ки Павлус дар масъалаи риояи Шариат ва хатна бомулоҳиза буд?

10 Аммо Павлус касонеро, ки барои оромии виҷдонашон баъзе расму оини яҳудиро иҷро мекарданд, танқид намекард. Масалан, ӯ намегуфт, ки рӯзи шанберо риоя накунанд ё аз баъзе хӯрокҳо парҳез кардан нодуруст аст (Рум. 14:1–6). Ӯ касеро аз хатна кардан низ бознамедошт. Павлус ҳатто ба хотири он ки дили яҳудиён дур наравад, Тимотиюсро, ки падараш юнонӣ буд, хатна кард (Кор. 16:3). Павлус хатна кардан ё накарданро ба худи шахс ҳавола мекард. Барои ҳамин ба ғалотиён гуфта буд: «На хатна арзиш дораду на бехатнагӣ, балки имон, ки ба воситаи муҳаббат амал мекунад» (Ғал. 5:6). Ба ҳар ҳол, агар шахс ба хотири Шариат хатна мекард ё исрор менамуд, ки одами бехатна розигии Яҳуваро ба даст оварда наметавонад, ин аз фаҳму имони сусти ӯ дарак медод.

11. Пирон ба Павлус чӣ маслиҳат доданд ва ӯ чӣ кор карду чӣ кор не? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)

11 Овозаҳо дар бораи Павлус дурӯғ бошанд ҳам, яҳудиёни масеҳӣ хавотир буданд. Барои ҳамин пирон ба Павлус чунин маслиҳат доданд: «Дар байни мо чор нафаре ҳаст, ки назр кардаанд. Ин мардонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон маросими покшавиро ба ҷо ор ва хароҷоти онҳоро рӯпӯш кун, то онҳо мӯяшонро бигиранд. Он гоҳ ҳама мефаҳманд, ки овозаҳо дар бораи ту дурӯғанд ва ту дуруст рафтор мекуниву худат низ Шариатро ба ҷо меорӣ»c (Кор. 21:23, 24).

12. Чӣ тавр Павлус нишон дод, ки тайёр аст бо пирон ҳамкорӣ кунад?

12 Павлус эрод гирифта метавонист, ки айб дар ӯ нест, балки дар масеҳиёни қонунпарастест, ки ба Шариат часпидаанд. Лекин ӯ, то ҷое ки қоидаву меъёрҳои Худо имкон медод, тайёр буд гузашт кунад. Каме пештар ӯ навишта буд: «Барои касоне, ки тобеи шариатанд, чун касе шудам, ки тобеи шариат аст, то онҳоро ба Масеҳ ҷалб намоям, ҳарчанд худам тобеи шариат нестам» (1 Қӯр. 9:20). Дар ин маврид Павлус аз рӯйи маслиҳати пирони Ерусалим амал карда, чун касе шуд, ки «тобеи шариат аст». Мо низ имрӯз ба Павлус пайравӣ намуда ба ҷойи якравона гапи худро гузарондан аз рӯйи гуфти пирон амал мекунем (Ибр. 13:17).

Силсиларасм: 1. Павлус дастури пирони Ерусалимро гӯш карда истодааст. 2. Дар замони мо дар вохӯрии пирон як пири ҷамоат бодиққат нигоҳ мекунад, ки чӣ хел дигар пирон даст бардошта ба қароре розигӣ дода истодаанд.

Оё, вақте шарту меъёрҳои Каломи Худо поймол намешаванд, мисли Павлус гузашт мекунед?

ҚОНУНИ РУМ ВА ШАҲРВАНДОНИ ОН

Ҳукумати Рум одатан ба кору бори ҳукуматҳои маҳаллӣ кордор намешуд. Аз ин рӯ яҳудиён асосан аз рӯйи қонуну қоидаҳои худ зиндагӣ мекарданд. Вале румиён ба кори Павлус барои он дахолат карданд, ки мардум ӯро дар ибодатгоҳ дида шӯру ошӯб бардошт ва ин оромии шаҳрро дар хатар гузошт.

Касоне, ки шаҳрвандии Румро надоштанд, ҳуқуқҳояшон маҳдуд буд. Ба шаҳрвандони Рум бошад, муносибати ҳокимият тамоман дигар будf. Онҳо имтиёзҳое доштанд, ки дар саросари давлат эътироф карда мешуданд. Масалан, шаҳрванди Румро, бе он ки маҳкум шуда бошад, занҷирбанд ё қамчинкорӣ кардан ғайриқонунӣ буд. Чунин рафтор танҳо нисбати ғуломон раво дониста мешуд. Шаҳрвандони Рум инчунин ҳақ доштанд, ки ба императори Рум аз қарори ҳокими вилояташон арзу шикоят кунанд.

Шаҳрвандии Румро бо роҳҳои гуногун ба даст овардан мумкин буд. Баъзеҳо ин шаҳрвандиро аз волидонашон мерос мегирифтанд. Баъзан императори Рум ба шахсони алоҳида ё ба тамоми аҳолии озоди шаҳр ё вилоят барои қадрдонии хизматашон шаҳрвандӣ медод. Ҳамчунин ғуломе, ки худро аз шаҳрванди Рум бозмехарид, ё ғуломе, ки шаҳрванди Рум ӯро озод мекард, ва ё аскаре, ки румӣ набуду хизматашро то охир адо менамуд, шаҳрванди Рум мешуд. Аз афташ, дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандиро харидан ҳам мумкин буд. Барои ҳамин мириҳазор Клавдиюс Лисиёс ба Павлус гуфт: «Ман ин шаҳрвандиро бо пули калон харидам». Павлус ҷавоб дод: «Ман бошам, бо он ба дунё омадаам» (Кор. 22:28). Аз ин бармеояд, ки шаҳрвандии Румро падар ё яке аз бобоёни Павлус ба даст оварда буд, вале маълум нест, ки чӣ тавр.

f Дар асри яки милодӣ дар Яҳудия шаҳрвандони Рум кам буданд. Танҳо дар асри се шаҳрвандии Рум ба тамоми сокинони вилоятҳои ин империя дода шуд.

«Мурдани ин одам беҳ!» (Корнома 21:27–22:30)

13. а) Барои чӣ баъзе яҳудиён дар ибодатгоҳ шӯру мағал бардоштанд? б) Чӣ тавр Павлус аз дасти душманонаш халос хӯрд?

13 Павлус ҳамроҳи чор нафаре, ки рӯзҳои назрашон ба охир мерасид, ба ибодатгоҳ омад. Вақте яҳудиёни Осиё Павлусро диданд, шӯру мағал бардошта мардумро ба по хезонданд. Онҳо Павлусро туҳмат зада гуфтанд, ки ӯ ба ибодатгоҳ ғайрияҳудиёнро овардааст. Баъди ин мардум ба Павлус дарафтиданд. Агар он вақт мириҳазори румӣ ба миён намедаромад, ӯро мурданивор мезаданд. Мириҳазор Павлусро дастгир мекунад ва аз ҳамон вақт сар карда, Павлус зиёда аз чор сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Аскарони румӣ Павлусро аз дасти мардум халос карда бошанд ҳам, ҷони ӯ ҳоло ҳам дар хатар буд. Вақте мириҳазор аз яҳудиён мепурсад, ки барои чӣ ба Павлус ҳуҷум мекунанд, онҳо дод зада дар ҳаққи Павлус ҳар гуна туҳматҳо мекунанд. Охиру оқибат сарбозон Павлусро аз он ҷо мебаранд. Вақте Павлусро ба сарбозхона дароварданӣ мешаванд, ӯ ба мириҳазор мегӯяд: «Илтимос, иҷозат деҳ, ки ба халқ сухане гӯям» (Кор. 21:39). Мириҳазор розӣ мешавад ва Павлус далерона дар бораи имонаш гап мезанад.

14, 15. а) Павлус ба яҳудиён чиро фаҳмонд? б) Мириҳазор барои аниқ кардани масъалаи Павлус чӣ кор кард?

14 Павлус суханонашро чунин сар кард: «Ба он чизе, ки ҳоло барои муҳофизати худ мегӯям, гӯш диҳед» (Кор. 22:1). Ӯ бо мардум ба забони ибронӣ гап зад ва онҳо хомӯш шуданд. Ӯ гапро дароз накарда ба онҳо фаҳмонд, ки барои чӣ пайрави Масеҳ гашт. Павлус моҳирона аз зиндагияш чизҳоеро нақл кард, ки шунавандагонаш дурустияшро санҷида метавонистанд. Масалан, Павлус гуфт, ки дар вақташ аз устоди номдор — Ҷамлиил, сабақ гирифта буд, баъдтар бошад, муддате пайравони Масеҳро озор медод ва, аз афташ, баъзе аз ҳозирон инро медонистанд. Сипас Павлус нақл кард, ки ҳангоми сафар ба Димишқ ба ӯ дар рӯъё Масеҳ намудор шуда сухан гуфт. Касоне, ки ҳамроҳи Павлус буданд, нурро диданду садоро шуниданд, лекин суханонеро, ки гуфта шуданд, нафаҳмиданд (Кор. 9:7; 22:9). Он мардон Павлусро аз дасташ гирифта ба Димишқ бурданд, чунки чашмони ӯ аз нури он рӯъё нобино шуданд. Дар он ҷо Ҳанониё ном марде, ки ӯро яҳудиёни он минтақа мешинохтанд, муъҷиза карда чашмони Павлусро бино кард.

15 Вақте Павлус гуфт, ки пас аз ба Ерусалим баргаштанаш дар ибодатгоҳ Исоро дар рӯъё дид, яҳудиён ба ғазаб омада фарёд заданд: «Ӯро аз рӯйи замин нест кунед, ки ному нишонаш намонад! Мурдани ин одам беҳ!» (Кор. 22:22). Барои ҷони Павлусро халос кардан мириҳазор фармуд, ки ӯро ба сарбозхона баранд. Мириҳазор аниқ карданӣ буд, ки барои чӣ мардум ин қадар ташнаи марги Павлусанд. Барои ҳамин ӯ амр дод, ки Павлусро қамчинкорӣ карда пурсуков кунанд. Лекин Павлус гуфт, ки ӯ шаҳрванди Рум аст ва ӯро қамчинкорӣ кардан аз рӯйи қонун нест. Имрӯз низ парастандагони Яҳува барои муҳофизати ҳақиқат аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ истифода мебаранд. (Нигаред ба чорчӯбаҳои «Қонуни Рум ва шаҳрвандони он» ва «Муборизаҳои ҳуқуқӣ дар рӯзҳои мо».) Баъди суханони Павлус мириҳазор қарор кард, ки бо дигар роҳ ба ин кор равшанӣ андозад. Барои ҳамин рӯзи навбатӣ ӯ аҳли Шӯрои олии яҳудиёнро ҷамъ оварда, Павлусро назди онҳо бурд.

МУБОРИЗАҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР РӮЗҲОИ МО

Имрӯз Шоҳидони Яҳува мисли Павлуси расул ба қонунҳои давлаташон рӯ оварда барои озодии мавъиза мубориза мебаранд. Онҳо саъю талош мекунанд, ки «аз хушхабар пуштибонӣ» намоянду «ҳуқуқи паҳн кардани онро ба даст» оранд (Флп. 1:7).

Солҳои 1920 то 1940 садҳо ҳамимонамон барои паҳн намудани адабиётамон ҳабс шуда буданд. Масалан, соли 1926 дар Олмон бар зидди 897 бародар парванда тартиб дода шуд ва ин парвандаҳо бояд дар мақомоти судии Олмон баррасӣ мегаштанд. Он вақт суду судбозӣ чунон зиёд шуд, ки дар филиали Олмон шуъбаи ҳуқуқӣ кушоданд. Солҳои 1930 танҳо дар Иёлоти Муттаҳида ҳар сол садҳо бародару хоҳарро барои хона ба хона хизмат карданашон дастгир мекарданд. Соли 1936 шумораи онҳо ба 1149 нафар расид. Аз ин рӯ барои ба онҳо кумак кардан дар ИМА низ шуъбаи ҳуқуқӣ таъсис дода шуд. Солҳои 1933 то 1939 дар Руминия 530 Шоҳиди Яҳува ба суд кашида шуда, маҳкум гаштанд. Вале Шоҳидон барои аз нав дида баромадани қарорҳои судӣ ба Суди олии Руминия муроҷиат намуда, маротибаҳои зиёд дастболо гаштанд. Ин гуна вазъият дар бисёр давлатҳои дигар низ дида мешуд.

Масъалаҳои ҳуқуқӣ боз вақте ба миён меомаданд, ки Шоҳидон аз корҳое, ки виҷдонашон намебардошт, сар печида бетарафиро нигоҳ медоштанд (Иш. 2:2–4; Юҳ. 17:14). Мухолифон онҳоро дар иғвогарӣ бар зидди давлат ноҳақ айбдор менамуданд ва ин баъзан боиси пурра манъ гаштани фаъолиятамон мешуд. Аммо бо гузашти солҳо бисёри ҳукуматдорон дарк карданд, ки Шоҳидони Яҳува ба давлат хавфу хатар надорандg.

g Дар бораи ғалабаҳои судии Шоҳидони Яҳува аз китобҳои «Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунад!» (рус.), боби 15, ва «Шоҳидони Яҳува — воизони Подшоҳии Худо» (рус.), боби 30, маълумот гирифта метавонед.

«Ман фарисӣ... ҳастам» (Корнома 23:1–10)

16, 17. а) Вақте Павлус ба Шӯрои олии яҳудиён муроҷиат кард, чӣ рӯй дод? б) Кадом рафтори Павлус нишон медиҳад, ки ӯ фурӯтан буд?

16 Павлуси расул дар назди Шӯрои олии яҳудиён худро муҳофизат карда, суханашро чунин оғоз кард: «Эй бародарон, ман то ба имрӯз дар пеши Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам» (Кор. 23:1). Вале ӯ гапашро давом дода натавонист, чунки «саркоҳин Ҳанониё ба касоне, ки дар назди Павлус меистоданд, фармон дод, ки ба даҳонаш як шапалоқ зананд» (Кор. 23:2). Пастзаниро бинед! Саркоҳин бо ин фармонаш Павлусро бе ягон пурсишу далел дурӯғгӯй баровард. Ӯ Павлусро аз пеши худ доварӣ карда нафрату бадгумонияшро нишон дод. Аз ин рӯ Павлус дар ҷавоб гуфт: «Худо туро занад, эй девори сафедшуда! О наход ту маро аз рӯйи Шариат доварӣ куниву боз Шариатро вайрон карда, фармон диҳӣ, ки маро зананд?» (Кор. 23:3).

17 Ин суханонро шунида ҳуш аз сари баъзеҳо парид. Онҳо таҳдидомез ба Павлус гуфтанд: «Ту саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?!» Ҷавоби Павлус нишон дод, ки ӯ фурӯтан буд ва Шариатро эҳтиром мекард. Ӯ гуфт: «Эй бародарон, ман намедонистам, ки ӯ саркоҳин аст, зеро навишта шудааст: “Роҳбари халқро дашном надеҳ”»d (Кор. 23:4, 5; 2 Мӯсо 22:28). Пас аз ин Павлус вазъиятро ба назар гирифта дигар хел амал кард. Ӯ медонист, ки як қисми Шӯрои олӣ саддуқиёнанду қисми дигараш фарисиён, барои ҳамин бо овози баланд гуфт: «Эй бародарон, ман фарисӣ ва фарзанди фарисӣ ҳастам. Маро барои умеде, ки ба зиндашавӣ дорам, доварӣ карда истодаанд» (Кор. 23:6).

Бародаре ба ходими калисо шаҳодат дода истодааст ва он ходим дар Китоби Муқаддаси худ ба ояте аҳамият медиҳад.

Мо мисли Павлус бо касоне, ки динашон дигар аст, дар мавзуе гап мезанем, ки бо онҳо ҳамақидаем

18. Чаро Павлус худро фарисӣ номид ва чӣ тавр мо дар баъзе вазъият мисли ӯ амал карда метавонем?

18 Барои чӣ Павлус худашро фарисӣ номид? Чунки ӯ «фарзанди фарисӣ» буд, яъне аз оилае буд, ки пайрави мазҳаби фарисиён буданд. Барои ҳамин бисёр касон ҳоло ҳам ӯро фарисӣ меҳисобидандe. Чӣ тавр Павлус худро фарисӣ номида метавонист, дар ҳоле ки фарисиён дар бораи зиндашавӣ ақидаи ғалат доштанд? Фарисиён бовар доштанд, ки баъди марг рӯҳи одам намемирад ва рӯҳи росткорон дубора дар ҷисми одамӣ зиндагӣ мекунад. Павлус бошад, ин тавр фикр намекард: ӯ ба зиндашавие, ки Исо таълим медод, бовар дошт (Юҳ. 5:25–29). Лекин Павлус бо фарисиён розӣ буд, ки баъди марг умед ҳаст, саддуқиён бошанд, ба ин бовар надоштанд. Мо низ, вақте бо шахсони динашон дигар ҳамсуҳбат мешавем, кӯшиш мекунем мисли Павлус дар мавзуе гап занем, ки бо онҳо ҳамақидаем. Албатта, онҳо ба худои худ бовар доранду мо ба Худое, ки дар Китоби Муқаддас омадааст. Ба ҳар ҳол ҳам мову ҳам онҳо ба вуҷуд доштани Офаридгор бовар дорем.

19. Барои чӣ байни аъзои Шӯрои олӣ баҳсу мунозира сар зад?

19 Аз пушти суханони Павлус дар байни аъзои Шӯрои олии яҳудиён баҳсу мунозира сар зад. Дар ин бора мехонем: «Шӯру ғавғое бархост ва баъзе шариатдононе, ки фарисӣ буданд, аз ҷой хеста, бо хашму ғазаб ҷанҷол бардоштанду гуфтанд: “Мо дар ин одам ҳеҷ айбе намебинем, вале, агар бо ӯ офаридаи рӯҳӣ ё фариштае сухан гуфта бошад...”» (Кор. 23:9). Фикри он ки бо Павлус фариштае сухан гуфт, аллакай барои саддуқиён, ки ба вуҷуд доштани фариштагон бовар надоштанд, нофорам буд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Саддуқиён ва фарисиён».) Муноқишаи онҳо чунон аланга гирифт, ки ба мириҳазори румӣ боз лозим омад, ки Павлусро халос кунад (Кор. 23:10). Вале ҷони Павлус ҳоло ҳам дар хатар буд. Биёед аз боби навбатӣ фаҳмем, ки бо ин расул оқибат чӣ мешавад.

САДДУҚИЁН ВА ФАРИСИЁН

Шӯрои олии яҳудиён, ки роҳбарият ва суди олии онҳо ба шумор мерафт, асосан аз намояндагони ду мазҳаби муқобил — саддуқиён ва фарисиён, иборат буд. Бинобар маълумоти таърихнигори асри як Юсуф Флавиюс, фарқи асосии ин ду гурӯҳ дар он буд, ки фарисиён мардумро ба риояи расму оини сершуморашон маҷбур мекарданд, саддуқиён бошанд, ба ҷо овардани танҳо фармудаҳои Тавроти Мӯсоро ҳатмӣ меҳисобиданд. Ин ду мазҳаб қувваи худро як карда бар зидди Исо баромада буданд.

Аз афташ, саддуқиён, ки Шариати Мӯсоро сахттар риоя менамуданд, бо коҳинон робита доштанд ва саркоҳинон Ҳонону Қаёфо низ дар ин мазҳаби боэътибор буданд (Кор. 5:17). Юсуф Флавиюс гуфтааст, ки таълимоти саддуқиён «писанди танҳо сарватмандон буд».

Фарисиён бошанд, ба мардуми одӣ таъсири пурзӯр доштанд, ҳарчанд таълимоти онҳо риояи Шариатро ба халқ душвор мекард. Масалан, фарисиён дар масъалаи таҳорату шустушӯ як олам қонуну қоида бофта буданд, ки ба ҷо оварданашон хеле гарон буд. Баръакси саддуқиён фарисиён ба тақдир бовар доштанд. Онҳо боз ба он эътиқод доштанд, ки одам ҷони намиранда дорад ва он пас аз марги инсон тибқи аъмоли ӯ ҷазо ё мукофот мегирад.

a Азбаски шумораи яҳудиёни масеҳӣ «чандин ҳазор» буд, тахмин кардан баҷост, ки дар Яҳудия ҷамоатҳо бисёр буданд ва вохӯриҳо дар хонаи бародару хоҳарон мегузаштанд.

b Якчанд сол пас Павлуси расул ба ибриён нома навишта фаҳмонд, ки аҳди нав чӣ бартарӣ дорад. Дар номааш ӯ рӯирост гуфт, ки аҳди нав аҳди куҳнаро иваз кардааст. Павлус далелҳои боварибахше овард, ки яҳудиёни масеҳӣ бо ёрии он ба яҳудимазҳабони ашаддӣ ҷавоб дода метавонистанд. Андешаронии Павлус дар он нома, бешубҳа, фаҳмиши баъзе масеҳиёнро, ки ба Шариати Мӯсо аз ҳад зиёд такя мекарданд, ислоҳ карда имонашонро қавӣ гардонд (Ибр. 8:7–13).

c Ба ақидаи баъзе олимон, он «чор нафар» қавл дода назрӣ шуда буданд (4 Мӯсо 6:1–21). Назр кардани онҳо дар асоси Шариати Мӯсо буд. Ҳарчанд Шариат аллакай бекор шуда буд, Павлус, шояд, фикр кард, ки, агар он мардон назрашонро иҷро намоянд, ягон кори хато намешавад. Барои ҳамин ӯ розӣ буд бо онҳо рафта, хароҷоташонро рӯпӯш кунад. Маълум нест, ки он мардон чӣ гуна назр карда буданд. Чизе набошад, Павлус бовар надошт, ки қурбон кардани ҳайвонҳо (чуноне ки назриён мекарданд) шахсро аз гуноҳ пок месозад. Аз ин рӯ ба гумон аст, ки Павлус ба чунин кор шарик шуда бошад. Охир, баъди он ки Исои Масеҳ ҷисми комилашро қурбон кард, қурбонии ҳайвонҳо гуноҳҳоро рӯпӯш карда наметавонист. Чӣ хел амал кардани Павлус ба мо пурра маълум нест, лекин мо дилпурем, ки ӯ ба корҳое, ки виҷдонаш намебардошт, даст назад.

d Ба ақидаи баъзеҳо, чашмони Павлус хира буд ва ӯ саркоҳинро нашинохт. Тахмини дигар ин аст, ки ӯ муддати тӯлонӣ дар Ерусалим набуду намедонист, ки он вақт кӣ саркоҳин аст. Ё, шояд, Павлус аз пушти тӯдаи мардум дида натавонист, ки бо амри кӣ ӯро заданд.

e Соли 49-уми милодӣ расулону пирон муҳокима карда буданд, ки ба ғайрияҳудиён риояи Шариат ҳатмист ё не. Дар он маҷлис баъзе масеҳиёне ҳузур доштанд, ки пеш фарисӣ буданд, вале он вақт ҳам онҳоро пайравони пешинаи мазҳаби фарисиён гуфта муаррифӣ мекарданд (Кор. 15:5).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан