ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g23 № 1 саҳ. 9-11
  • Ҷангалҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҷангалҳо
  • Бедор шавед!—2023
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Буридани ҷангалҳо
  • Сайёраи «ҷонсахт»
  • Кадом чораҳо андешида мешаванд?
  • Китоби Муқаддас умед мебахшад
  • Мундариҷа
    Бедор шавед!—2023
Бедор шавед!—2023
g23 № 1 саҳ. 9-11
Зане дар ҷангали боронӣ аз кӯпруки овезон гузашта истодааст.

САЙЁРАИ МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?

ҶАНГАЛҲО

ҶАНГАЛҲОРО «шуши» сайёраи мо меноманд. Чаро? Зеро дарахтон мисли шуши мо ҳаворо тоза мекунанд. Онҳо гази карбонатро, ки барои мо зараровар аст, фурӯ мебаранд. Илова бар ин, дарахтон оксигенро хориҷ мекунанд, ки барои нафаскашиямон хеле муҳим аст. Тақрибан 80 фоизи растаниҳо ва ҳайвоноти рӯйи замин дар ҷангалҳо зиндагӣ мекунанд. Бале, бе ҷангал ҳаёт вуҷуд надорад.

Буридани ҷангалҳо

Ҳар сол миллиардҳо дарахтон барои васеъ кардани заминҳои корам бурида мешаванд. Тӯли 75 соли охир дар саросари ҷаҳон нисфи ҷангалҳои боронӣ аз байн рафтанд.

Ҳангоми буридани ҷангалҳо тамоми наботот ва ҳайвоноти он низ нобуд мешаванд.

Сайёраи «ҷонсахт»

Агар ҷангалҳоро буранд ҳам, онҳо дубора сабзида, ҳатто зиёд шуда метавонанд. Вақтҳои охир табиатшиносон мушоҳида карданд, ки ҷойҳое, ки бисёр дарахтонаш бурида шуда буданд, хеле тез барқарор гаштанд. Дар поён баъзе мисолҳо оварда шудаанд:

  • Муҳаққиқон ҳолати ҷангалҳои барои киштукор буридаро, ки баъдтар тарк гаштанд, мушоҳида мекунанд. Онҳо 2200 ҷангали таркшударо дар Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ ва Африқои Ғарбӣ мушоҳида карда, диданд, ки дар давоми 10 сол ҷангали пешина боз нашъунамо ёфт.

  • Чи хеле ки дар маҷаллаи «Сайенс» гуфта шудааст, тақрибан пас аз 100 сол дар ин минтақаҳо ба таври табиӣ намуди гуногуни дарахтону наботот аз нав рӯйида метавонанд.

  • Ба наздикӣ олимони Бразилия муқоиса карданд, ки ҷангалҳои бурида кай зудтар барқарор мешаванд: вақте худашон мерӯянд ё вақте дар он одамон дарахтони нав мешинонанд.

  • Як манбаъ дар бораи ин олимон чунин гуфтааст: «Онҳо дар ҳайрат монданд, ки дубора шинондани дарахтон лозим набудааст». Танҳо дар муддати 5 сол минтақаҳое, ки дар он дарахт шинонда нашуда буд, «худ ба худ аз дарахтоне пур шуданд, ки пеш дар он ҷо мерӯйиданд» («National Geographic»).

    ОЁ ШУМО МЕДОНЕД?

    Ҷангалҳо қобилияти барқарор шуданро доранд

    Дар расм минтақае нишон дода шудааст, ки дарахтонаш барои васеътар кардани заминҳои корам бурида шуданду баъдтар тарк гаштанд. Замини он баъди 10 сол барқарор мешавад. Баъди 100 сол ё зиёда аз он дарахтонаш барқарор шуда метавонад.

    Ҷангалҳое, ки дарахтонаш барои васеътар кардани заминҳои корам бурида шуданду баъдтар тарк гаштанд, ба таври табиӣ барқарор мешаванд. Эҳтимоли зиёд аст, ки ҷангалҳое, ки бо сабабҳои дигар нобуд шудаанд, айнан чунин қобилият доранд.

Кадом чораҳо андешида мешаванд?

Дар саросари ҷаҳон барои ҳифзи ҷангалҳои мавҷуд ва барқарор намудани ҷангалҳои нестшуда, кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Дар натиҷа, ба гуфти як манбаи Созмони Милали Муттаҳид, дар 25 соли охир «буридани ҷангал дар рӯйи замин тақрибан 50 фоиз камтар шуд».

Аммо ин кӯшишҳо барои нобуд нашудани ҷангалҳо кифоя нестанд. Мутаассифона, мувофиқи гузориши Созмони ҷаҳонии назорати ҷангал, «тайи чанд соли охир шумораи ҷангалҳои тропикие, ки нобуд шудаанд, тағйир наёфтааст».

Ширкатҳое, ки бе иҷозати ҳукумат дарахтҳоро барои чӯб мебуранд, миллиардҳо доллар фоида ба даст меоранд. Ин чашмгуруснагии онҳо сабаби асосии аз байн рафтани ҷангалҳои тропикӣ мебошад.

Ҷангалбон ҳолати дарахтонро дар ҷангал баҳо медиҳад.

Назоратгарони ҷангал якчанд дарахти куҳнаро мебуранд ва дарахти нав мешинонад. Ҳамин тавр онҳо ҷангалро муҳофизат мекунанд

Китоби Муқаддас умед мебахшад

«Яҳуваa Худо дар замин ҳар гуна дарахти зебо ва хушхӯрро рӯёнид» (1 Мӯсо 2:9).

Худо ҷангалҳоро тавре офаридааст, ки онҳо барқарор шуда метавонанд. Ин хусусияти ҷангалҳо ба мо фоидаи бардавом меорад. Офаридгори мо мехоҳад ҷангалҳо ва тамоми мавҷудоти аҷиби онҳоро муҳофизат кунад.

Мо аз Китоби Муқаддас мефаҳмем, ки Худо намемонад, то одамони худхоҳ сайёраи мо ва тамоми мавҷудоти зиндаи онро нобуд созанд. Ба мақолаи «Худо ваъда медиҳад, ки Замин нест намешавад» нигаред, ки дар саҳифаи 15 омадааст.

a Яҳува номи Худо мебошад (Забур 83:18).

БЕШТАР ФАҲМЕД

Ҳамсарон аз биҳишти рӯйи замин лаззат мебаранд.

Чаро мо бовар дошта метавонем, ки Худо роҳ намедиҳад, ки одамон аз сарватҳои табиӣ бехирадона истифода бурда, сайёраи моро нобуд созанд. Видеонавори «Чаро Худо заминро офарид?»-ро дар сомонаи jw.org тамошо кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан