ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 8 саҳ. 70-79
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ХУДО САБАБГОРИ РАНҶУ АЗОБҲО НЕСТ
  • ИБТИДОИ КОМИЛ
  • МУБОРИЗАТАЛАБИИ ГУСТОХОНА
  • САВОЛҲОИ БАҲСТАЛАБРО ЧӢ ТАВР ҲАЛ БОЯД КАРД
  • ЧӢ ИСБОТ ШУД?
  • ШУМО ЧӢ ТАВР РАФТОР ХОҲЕД КАРД?
  • Барои чӣ дунё пур аз ранҷу азоб аст?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Тарзе зиндагӣ кунед, ки писанди Худо бошад
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Чаро дунё пур аз бадӣ ва ранҷу азоб аст?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр мо дӯсти Худо шуда метавонем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
Маълумоти бештар
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 8 саҳ. 70-79

Боби 8

Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?

1, 2. Аксаран ранҷу азобҳои инсоният ба мардум чӣ асаре мегузорад?

ВАҚТЕ КИ офатҳои табиӣ рӯй дода, боиси талафёбии одамон ва моли онҳо мегарданд, бисёриҳо сабаби ин даҳшатҳоро фаҳмида наметавонанд. Шахсони дигар аз авҷи ҷиноятҳо, золимиву зӯроварӣ азоб мекашанд. Шумо низ шояд аз худ бипурсед: барои чӣ Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?

2 Азбаски шахсони зиёд ба ин савол ҷавоби қаноатбахш намеёбанд, имони худро ба Худо гум мекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки Худо ба инсоният аҳамият намедиҳад. Одамони дигар, ки ранҷу азобҳоро муқаррароти ногузир меҳисобанд, дилсахт гашта, ба ҳама бадбахтиҳои ҷомеаи инсонӣ Худоро айбдор мекунанд. Агар шумо низ чунин эҳсосот доред, пас бешубҳа бароятон гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар ин бора шавқовар хоҳад буд.

ХУДО САБАБГОРИ РАНҶУ АЗОБҲО НЕСТ

3, 4. Барои чӣ метавонем итминон дошта бошем, ки бадӣ ва ранҷу азобҳо аз ҷониби Йеҳӯва нестанд?

3 Китоби Муқаддас моро бовар мекунонад, ки Йеҳӯва Худо ба ранҷу азобҳое ки дар атрофи худ мебинем, сабабгор нест. Чунончӣ, Яъқуб, шогирди Масеҳ навиштааст: «Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигӯяд: “Маро Худо меозмояд”; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд» (Яъқуб 1:13). Ин маънои онро дорад, ки Худо ба бадбахтиҳои сершумори ба сари инсоният омада масъул нест. Ӯ одамонро бо мақсади ба ҳаёти осмонӣ тайёр намудан намеозмояд ва онҳоро барои корҳои бадашон, ки гӯё дар ҳаёти гузаштаашон ба амал овардаанд, ҷазо намедиҳад (Румиён 6:7).

4 Ғайр аз он, гарчанде ки бо номи Худо ва Масеҳ бисёр фоҷиаҳо ба амал овардаанд, дар Китоби Муқаддас ҳатто ишорае бар он ки Худо ва Масеҳ ин корҳоро раво медонистанд, нест. Худо ва Масеҳ бо шахсоне ки худро ходими онҳо меҳисобиданд, аммо ба фиреб, куштор, ғорат ва бисёр аъмоли дигар, ки боиси ранҷу азоби одамон мегарданд, машғуланд, ҳеҷ гуна алоқамандие надоранд. Дар ҳақиқат, «тариқи шарир назди Худованд зишт аст». Худо «аз шарирон дур аст» (Масалҳо 15:9, 29).

5. Баъзе хусусиятҳои Йеҳӯва кадоманд ва Ӯ ба офаридаҳои худ чӣ тавр муносибат мекунад?

5 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Йеҳӯва «раҳмон ва бахшанда аст» (Яъқуб 5:11). Он хабар медиҳад, ки «Худованд инсофро дӯст медорад» (Забур 36:28; Ишаъё 61:8). Худо интиқомҷӯй нест. Ӯ бо дилсӯзиву ғамхорӣ чизе ки барои ҳаёт лозим аст, медиҳад (Аъмол 14:16, 17). Йеҳӯва аз худи замони саршавии зиндагӣ дар рӯи Замин чунин мекунад.

ИБТИДОИ КОМИЛ

6. Баъзе ривоятҳо дар бораи ибтидои ҳаёти инсоният чӣ мегӯянд?

6 Мо ба дард ва азобҳо одат кардаем. Бинобар ин, ҳаётро бе дарду азоб тасаввур кардан душвор аст, аммо дар ибтидои таърихи инсоният ҳаёт чунин буд. Дар ин бора ҳатто дар ривоятҳои баъзе халқҳо низ гуфта шудааст. Масалан, дар қиссаҳои юнонӣ, панҷ асри аввали инсоният «асри тиллоӣ» номида шуда буд. Он вақт одамон хушбахтона зиндагӣ мекарданд ва аз машаққат, дард ва бетобиҳои кӯҳансолӣ ранҷ намекашиданд. Хитоиҳо мегӯянд, ки дар вақти ҳукмронии императори зарди афсонавӣ (Хуан-ди) одамон осоишта зиндагӣ мекарданд ва аз зебоӣ ва мувофиқати олами атроф ҳаловат мебурданд. Форсҳо, мисриён, тибетҳо, перуаниҳо ва мексикагиҳо низ дар бораи хушбахтӣ ва комилии ибтидои инсоният достонҳо доранд.

7. Барои чӣ Худо Замин ва инсониятро офарид?

7 Ривоятҳои халқҳо фақат такроре ҳастанд, аз он чизе ки дар куҳантарин китоби таърихи инсоният — Китоби Муқаддас мавҷуд аст. Он ба мо хабар медиҳад, ки Худо якумин ҷуфти инсонӣ — Одам ва Ҳавворо дар биҳишт, ки боғи Адан ном дошт, сокин карда, ба онҳо амр дод: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед» (Ҳастӣ 1:28). Нахустволидайни мо аз комилият баҳравар буданд ва имкон доштанд, то бубинанд, ки чӣ гуна замин ба биҳишт мубаддал хоҳад гашт ва сокинони он — инсонҳои комил чун оилае дар осоиштагиву хушбахтӣ умр ба сар хоҳанд бурд. Ин буд мақсади Худо, ҳангоме ки Ӯ Замин ва одамонро офарид (Ишаъё 45:18).

МУБОРИЗАТАЛАБИИ ГУСТОХОНА

8. Одам ва Ҳавво кадом амрро бояд ба ҷо меоварданд, аммо чӣ рӯй дод?

8 Барои он ки илтифоти Худоро нисбати худ нигоҳ доранд, Одаму Ҳавво аз хӯрдани меваи «дарахти маърифати неку бад» бояд худдорӣ мекарданд (Ҳастӣ 2:16, 17). Агар онҳо ин қонуни Йеҳӯваро риоя мекарданд, дар зиндагии инсоният ранҷу азобҳо намебуд. Бо итоат ба амри Худо онҳо метавонистанд ба Йеҳӯва муҳаббат зоҳир сохта, ҳамчунин содиқии худро ба Ӯ исбот намоянд (1 Юҳанно 5:3). Аммо чӣ тавре ки аз боби шашуми ин китоб омӯхтем, воқеаҳо ба таври дигар сурат гирифтанд. Ҳавво бо иғвои Шайтон меваи дарахти маърифати неку бадро хӯрд. Пас аз он Одам низ меваи мамнӯъро хӯрд.

9. Шайтон кадом саволи баҳсталабро нисбати Йеҳӯва ба миён овард?

9 Оё аз ҷиддияти ин ҳама воқеаҳо бохабаред? Шайтон ба мақоми Ҳаққи Таоло будани Йеҳӯва ҳамла овард. Иблис бо исрори худ: «не, нахоҳед мурд», суханони Худо — «ҳатман хоҳӣ мурд»-ро, зери шубҳа гузошт. Суханони баъдии Шайтон аз он иборат буданд, ки Йеҳӯва Одам ва Ҳавворо дар ноогоҳӣ аз он нигоҳ медорад, ки гӯё онҳо метавонистанд монанди Худо шаванд ва бар Ӯ ниёз надошта бошанд ва худ мустақилона қарор кунанд, ки чӣ хуб асту чӣ бад. Бинобар ин, муборизаталабии Шайтон ҳаққоният ва мавқеи қонунии Йеҳӯваро ҳамчун Молики даҳр мавзӯи мубоҳиса қарор дод (Ҳастӣ 2:17; 3:1–6).

10. Шайтон чиро нисбати одамон ба шубҳа гузошт?

10 Ҳамчунин Шайтон Иблис ишора бар он намуд, ки инсон фақат то даме ба Худо итоат мекунад, ки барояш судманд аст. Ба ибораи дигар, ӯ содиқии одамонро зери шубҳа гузошт. Шайтон исрор мекард, ки ягон инсон бо иродаи худ ба Худо содиқ нахоҳад монд. Ин даъвоҳои густохонаи Шайтон аз навиштаҳо дар бораи Айюб — ходими содиқи Йеҳӯва Худо маълум аст, ки тақрибан соли 1600-уми қ. д. мо озмоишҳои бузургро аз сар гузаронида буд. Агар ду боби аввали китоби Айюбро бихонем, аз сабабҳои азобҳои одамӣ хабардор шуда, хоҳем фаҳмид, ки чаро Худо ба онҳо роҳ медиҳад.

11. Айюб чӣ гуна шахс буд, аммо Шайтон ӯро ба чӣ гунаҳкор сохт?

11 Айюб, «марди беайб ва росткор», ба ҳамлаи Шайтон гирифтор шуд. Аввал Шайтон ба Айюб ангезаҳои бадро нисбат дода, чунин саволро ба миён гузошт: «Оё Айюб бесабаб аз Худо метарсад?» Баъд Иблис Худо ва Айюбро бадном карда гуфт, ки Йеҳӯва бо муҳофизат ва баракат додани Айюб вафодории вайро харидааст. «Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан,— Туро дар ҳузурат дашном хоҳад дод»,— талаб кард Шайтон аз Йеҳӯва (Айюб 1:8–11).

12. a) Ба туфайли он ки Худо ба Шайтон иҷозат дод, то Айюбро мавриди озмоиш қарор диҳад, чӣ гуна саволҳо ҷавоби худро ёфтанд? б) Озмоиши Айюб бо чӣ анҷом ёфт?

12 Оё Айюб ба Йеҳӯва фақат ба хотири неъматҳое, ки аз Ӯ мегирифт, хидмат мекард? Оё ӯ дар озмоишҳо исмати худро нигоҳ дошта метавонад? Аз тарафи дигар, оё Йеҳӯва ба ходими худ эътимоди кофӣ дошт, ки ба озмудани ӯ иҷозат диҳад? Барои ҷавоби ин саволҳо, Йеҳӯва бояд рухсат медод, ки Шайтон Айюбро озмояд. Чуноне ки дар китоби Айюб нақл шудааст, ӯ қатъи назар аз озмоишҳои Худо роҳдода, садоқати худро нигоҳ дошт ва ин боиси исботи адолати Йеҳӯва ва боисматии инсонҳо гардид (Айюб 42:1, 2, 12).

13. Он чӣ дар боғи Адан рӯй дод ва бар сари Айюб омад, чӣ хел ба мо дахл дорад?

13 Воқеаи боғи Адан ва рӯйдодҳо бо Айюб аҳамияти муҳимтаре доранд. Шайтон саволҳои баҳсталабе бардошт, ки ба тамоми инсоният — аз он ҷумла имрӯз ба мо низ дахл доранд. Ӯ Худоро бадном карда, ҳамчунин ба салтанати Ӯ дастдарозӣ кард. Самимияти офаридаи Худо — инсон зери шубҳа гузошта шуд. Ин саволҳои баҳсталаб ҳалли худро металабиданд.

САВОЛҲОИ БАҲСТАЛАБРО ЧӢ ТАВР ҲАЛ БОЯД КАРД

14. Агар шахсеро бардурӯғ айбдор кунанд, ӯ чӣ кор карда метавонад?

14 Барои шарҳи ин мавзӯъ, биёед тасаввур намоем, ки шумо соҳиби оилаи хушбахт ва чанд фарзанд ҳастед. Фарз мекунем, ки яке аз ҳамсоягон овозаи бардурӯғ паҳн мекунад, ки шумо падар ё модари хуб нестед. Ӯ мегӯяд, ки фарзандонатон шуморо дӯст намедоранд ва аз ноилоҷӣ бо шумо зиндагӣ мекунанд ва дар фурсати муносиб хонаро тарк хоҳанд кард. “Дурӯғи бешармона!”,— яқинан хоҳед гуфт шумо. Бале, дурӯғ, аммо чӣ гуна инро исбот метавон кард? Шояд ин ғазаби баъзе волидонро меовард. Лекин алангаи ғазаб ба ҷои ҳалли душворӣ, баръакс ин тӯҳматро қувват медод. Беҳтарин воситаи ҳалли мушкилӣ чунин аст, ки ба он озордиҳандаи худ имкон диҳед, то ҳақ будани худро исбот кунад ва ба фарзандон фурсате фароҳам оваред, то аз муҳаббати самимии худ нисбати шумо шаҳодат диҳанд.

15. Йеҳӯва чӣ роҳеро барои ҷавоб ба даъвои Шайтон интихоб кард?

15 Йеҳӯва ба чунин падари дӯстдор монанд аст. Одам ва Ҳавворо ба фарзандони ӯ ташбеҳ метавон кард. Шайтон бошад ба нақши ҳамсояи тӯҳматгар мувофиқ меояд. Худо далелҳои асосноке бар он дошт, ки Шайтон, Одам ва Ҳавворо фавран нест накунад ва ба онҳо иҷозат диҳад, ки муддате зиндагӣ кунанд. Ин амр ба нахустволидайни мо имконият дод, ки онҳо фарзанд ба дунё оваранд, Иблис бошад, имконият пайдо кард, ки ҳақ будани изҳороти худро исбот кунад, то ба ҳамин васила мушкилот ҳал гардад. Воқеан, Худо аз ибтидо медонист, ки баъзе одамон ба Ӯ содиқ мемонанд ва исбот мекунанд, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. Мо аз Йеҳӯва чӣ қадар миннатдорем, ки Ӯ чун пешина ба касоне ки Ӯро дӯст медоранд, баракат медиҳад ва кӯмак мекунад (2 Вақоеънома 16:9; Масалҳо 15:3).

ЧӢ ИСБОТ ШУД?

16. Чӣ тавр ҷаҳон зери ҳукумати Шайтон қарор гирифт?

16 Қариб дар муддати тамоми таърихи инсоният Шайтон озодии пурраи амалиётро дошт ва бинобар ин ӯ метавонист бе мамоният нақшаи маккоронаи ҳукмрониро бар одамон амалӣ гардонад. Илова бар он, ӯ ба қувваҳои сиёсӣ таъсири худро мерасонд ва ба пайдошавии динҳо мусоидат мекард ва одамон худ бехабар аз он на ба Йеҳӯва, балки ба ӯ ибодат мекунанд. Ба ин тартиб, Иблис «худои ин дунё» гашта, «амири ҷаҳон» номида шуд (2 Қӯринтиён 4:4; Юҳанно 12:31). Акнун «тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати Иблис аст» (1 Юҳанно 5:19). Магар ин маънои онро дорад, ки Шайтон даъвои худро, ки гӯё ӯ тамоми одамонро аз Худо дур карда метавонад, исбот кард? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Ба идомаи мавҷудияти Шайтон иҷозат дода, Йеҳӯва худ машғули иҷрои ниятҳояш буд. Пас, Китоби Муқаддас дар бораи он ки барои чӣ Худо ба азобҳо роҳ дода истодааст, чӣ мегӯяд?

17. Дар бораи сабаби бадӣ ва азобҳо мо бояд чиро дар ёд дошта бошем?

17 Йеҳӯва ба бадӣ ва ранҷу азоб сабабгор нест. Азбаски Шайтон ҳукмрони ин ҷаҳон ва худои ин дунё мебошад, ӯ ва онҳое ки ӯро дастгирӣ мекунанд, ба вазъияти кунунии ҷомеаи инсонӣ ва барои сиёҳрӯзиҳое ки инсон бар он мубталост, ҷавобгар ҳастанд. Ҳеҷ кас наметавонад Худоро сабаби чунин сахтиҳо шуморад (Румиён 9:14).

18. Ба туфайли он ки Худо ба бадиву азобҳо роҳ дод, дар бобати ақидаи мустақил будан аз Ӯ чӣ исбот гашт?

18 Ба туфайли он ки Йеҳӯва ба бадӣ ва азобҳо роҳ дод, исбот шуд, ки мустақилият аз Худо ҷаҳони беҳтареро намеорад. Таърих гувоҳ аст, ки бадбахтиҳо паи ҳамдигар меоянд. Ва сабаб дар он аст, ки одамон роҳи мустақилият, яъне ҷудоӣ аз Худоро пеш гирифтанд. Онҳо ба Калом ва хости Худо эҳтиром надоранд. Вақте ки халқи қадими Йеҳӯва ва роҳбарони он бо «роҳи худ» мерафтанд ва каломи Вайро рад мекарданд, оқибати фоҷиаангез ба бор омад. Худо ба воситаи пайғамбари худ Ирмиё ба онҳо гуфт: «Хирадмандон шармсор ва ошуфтахотир гардида, ба дом афтоданд; инак онҳо аз каломи Худованд нафрат карданд; пас хирадмандии онҳо аз чӣ иборат аст?» (Ирмиё 8:5, 6, 9). Меъёрҳои Йеҳӯваро пайравӣ накарда, инсоният ба киштии бесукконе монанд гашт, ки дар баҳри пурталотум аз як сӯ ба сӯи дигар афканда мешавад.

19. Чӣ гуна далелҳо бар он ки Шайтон наметавонад ҳамаи одамонро бар зидди Худо барангезонад, вуҷуд доранд?

19 Ба туфайли он ки Худо ба бадӣ ва азобҳо роҳ дод, собит гашт, ки Шайтон қодир нест, ки тамоми инсониятро аз Йеҳӯва дур кунад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳамеша шахсоне вуҷуд доштанд, ки қатъи назар аз озмоишҳо ва бадбахтиҳо ба Худо вафодор боқӣ мемонданд. Дар таи чандин садсолаҳо Йеҳӯва ходимони худро дастгирӣ мекунад ва исми Ӯ дар тамоми замин эълон мегардад (Хуруҷ 9:16; 1 Подшоҳон 12:22). Дар нома ба Ибриён, боби 11 дар бораи ходимони вафодори Худо аз шомили Ҳобил, Ҳанӯҳ, Нӯҳ, Иброҳим, Мусо нақл шудааст ва бисёр ходимони дигари содиқи Худо номбар карда шудаанд. Дар Ибриён 12:1 онҳо «абри шоҳидон» номида шудаанд. Онҳо намунаи имони қавӣ бар Йеҳӯва ҳастанд. Имрӯзҳо низ бисёр мардону занон барои нигоҳ доштани садоқати худ дар назди Худо, ҳаёташонро доданд. Бо имон ва муҳаббати худ онҳо қатъиян собит карданд, ки Шайтон қудрати ба муқобили Худо барангехтани тамоми одамонро надорад.

20. Ба туфайли он ки Йеҳӯва ба бадӣ ва азобҳо роҳ дода истодааст, дар мавриди Худо ва инсоният чӣ исбот шуд?

20 Ва саранҷом, ба туфайли он ки Худо ба бадӣ ва азобҳо роҳ дод, собит гашт, ки барои баракат ва хушбахтии ҷовидонаи инсонҳо, танҳо Йеҳӯва Офаридгор тавоноӣ ва ҳуқуқи ҳукмронӣ бар онҳоро дорад. Дар тӯли садсолаҳо одамон шаклҳои гуногуни ҳукмрониро озмуданд. Аммо бо чӣ натиҷае! Мушкилот ва бӯҳронҳое, ки имрӯз халқҳо бо онҳо дучор мешаванд, аз ҳақ будани суханони Калом шаҳодат медиҳанд: «Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9). Танҳо Йеҳӯва метавонад ба кӯмаки мо ояд ва мақсади аввалаи худро ба анҷом расонад. Аммо чӣ гуна чунин хоҳад кард ва кай?

21. Бо Шайтон чӣ рӯй хоҳад дод ва кӣ ин корро анҷом медиҳад?

21 Ҳамон замоне ки Одам ва Ҳавво қурбони макри Шайтон шуданд, Худо нияти худро дар бораи наҷоти инсоният эълон кард. Чунин гуфт Йеҳӯва дар мавриди Шайтон: «Дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам; вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт» (Ҳастӣ 3:15). Ин гуфта кафолат бар он аст, ки ба Иблис иҷозат дода нахоҳад шуд, ки то абад аъмоли бади худро идома диҳад. Чун Подшоҳи Салтанати масеҳӣ, Насли ваъдашуда — Исои Масеҳ «сари Шайтонро хоҳад кӯфт». Оре, «ба зудӣ» Исо ин исёнгарро несту нобуд хоҳад кард! (Румиён 16:20).

ШУМО ЧӢ ТАВР РАФТОР ХОҲЕД КАРД?

22. a) Ба чӣ қароре бояд биёед? б) Ходимони содиқи Худо ба чӣ итминон дошта метавонанд, ҳарчанд ки Шайтон ғазаби худро ба онҳо фурӯ мерезад?

22 Акнун ки шумо аз саволҳои баҳсталаб огоҳ гаштед, тарафдори кӣ хоҳед шуд? Оё бо аъмолатон собит хоҳед кард, ки ходими содиқи Йеҳӯва ҳастед? Азбаски Шайтон медонад, ки барояш вақти кам мондааст, ӯ тамоми қувваташро ба он сафарбар мекунад, ки хашми худро бар сари онҳое, ки кӯшиши ҳифзи боисматии худро дар назди Худо доранд, фурӯ резад (Ваҳй 12:12). Аммо шумо метавонед ба ёрии Худо умед бандед, зеро «Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад» (2 Петрус 2:9). Ӯ намегузорад, ки беш аз тоқати худ озмуда шавед ва кӯмак мерасонад, ки ба онҳо тоб оред (1 Қӯринтиён 10:13).

23. Чиро мо бесаброна интизорем?

23 Биёед он рӯзеро, ки Исои Масеҳи Подшоҳ бар зидди Шайтон ва пайравони ӯ чораҳо мебинад, интизор бошем (Ваҳй 20:1–3). Исо ҳамаи касонеро, ки ба мусибат ва изтироби инсоният ҷавобгар ҳастанд, нест мекунад. То фаро расидани он замон, яке аз ранҷҳои бисёр дардовар — аз даст додани наздикон аст. Бо мутолиаи боби оянда шумо хоҳед фаҳмид, ки бо онҳо чӣ рӯй медиҳад.

ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД

Аз куҷо медонем, ки Йеҳӯва боиси ранҷу азоби инсонҳо нест?

Шайтон чӣ гуна саволҳои баҳсталабро, ки дар рӯзҳои Айюб аён гаштанд, дар боғи Адан бардошт?

Ба туфайли он ки Худо ба азобҳо роҳ дод, чӣ исбот шуд?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан