ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • hf қисми 9 саҳ. 29-31
  • Чун оила Яҳуваро ибодат кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чун оила Яҳуваро ибодат кунед
  • Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • 1 МУНОСИБАТАТОНРО БО ЯҲУВА МУСТАҲКАМ СОЗЕД
  • 2 АЗ ИБОДАТИ ОИЛАВӢ ХУРСАНДӢ ГИРЕД
  • Кӯмак ба оилаҳо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Ибодати оилавӣ чист?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
  • Ибодати оилавӣ. Чӣ метавон кард, то он хурсандии бештар орад?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Ибодати ҳақиқӣ ба шумо хурсандии бештар мебахшад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Маълумоти бештар
Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
hf қисми 9 саҳ. 29-31
Ҳамсарон якҷоя Китоби Муқаддасро меомӯзанд

ҚИСМИ 9

Чун оила Яҳуваро ибодат кунед

«Худованд Худои худро ибодат намоед» (Хуруҷ 23:25).

Чӣ хеле ки шумо аз ин брошура фаҳмидед, дар Китоби Муқаддас принсипҳои бисёре ҳастанд, ки ба шумо ва оилаатон кӯмак мекунанд. Яҳува мехоҳад, ки шумо хушбахт бошед. Худо ваъда медиҳад, ки агар шумо ибодати Ӯро дар ҷои аввал гузоред, ҳамаи дигар «чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Матто 6:33). Яҳува дар ҳақиқат мехоҳад, ки шумо дӯсти Ӯ бошед. Аз ин рӯ, ҳар имкониятро истифода бурда, муносибати худро бо Худо инкишоф диҳед. Муносибат бо Худо ин шарафи бузургест, ки шахс дошта метавонад (Матто 22:37, 38).

1 МУНОСИБАТАТОНРО БО ЯҲУВА МУСТАҲКАМ СОЗЕД

Зану шавҳар якҷоя дар мавъиза иштирок доранд

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегӯяд Худованд» (2 Қӯринтиён 6:18). Худо мехоҳад, ки шумо дӯсти наздики Ӯ гардед. Яке аз роҳҳои дӯстӣ кардан бо Худо, ин дуо гуфтан мебошад. Яҳува шуморо даъват мекунад: «Пайваста дуо гӯед» (1 Таслӯникиён 5:17). Ӯ сахт мехоҳад, ки дарди дил ва ташвишҳои шуморо шунавад (Филиппиён 4:6). Вақте ки шумо бо аҳли оилаатон дуо мегӯед, онҳо мебинанд, ки то чӣ андоза Худо бароятон шахсияти воқеӣ аст.

Ғайр аз бо Яҳува сӯҳбат кардан, шумо бояд Ӯро низ гӯш кунед. Инро шумо ба воситаи омӯзиши Каломи Ӯ ва адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта карда метавонед (Забур 1:1, 2). Оиди чизҳои омӯхтаатон мулоҳиза ронед (Забур 76:11, 12). Худоро гӯш кардан, ҳамчунин доимо дар вохӯриҳои масеҳӣ иштирок карданатонро талаб мекунад (Забур 121:1–4).

Боз як роҳи муҳиме, ки муносибататонро бо Яҳува мустаҳкам мегардонад, ин бо дигарон дар бораи Ӯ сӯҳбат кардан мебошад. Ҳар қадаре, ки бисёртар ин корро кунед, ҳамон қадар худро ба Яҳува наздиктар ҳис мекунед (Матто 28:19, 20).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Барои ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас ва дуо гуфтан, вақт ҷудо кунед

  • Чун оила корҳои рӯҳониро назар ба вақтхушиву дамгирӣ дар ҷои аввал гузоред

2 АЗ ИБОДАТИ ОИЛАВӢ ХУРСАНДӢ ГИРЕД

Падаре барои бо оилааш омӯзиш гузаронидан тайёрӣ дида истодааст ва онҳо аз ибодати оилавӣ лаззат мебаранд

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8). Ба шумо лозим аст, ки барои мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣa, нақша тартиб дода аз рӯи он амал кунед (Ҳастӣ 18:19). Лекин ин кофӣ нест. Худо бояд қисми ҳаёти ҳаррӯзаи шумо бошад. Барои муносибати оилаатонро бо Худо мустаҳкам кардан дар бораи Ӯ ҳангоми дар хона будан, роҳ рафтан, хобидан ва аз хоб хестанатон гап занед (Такрори Шариат 6:6, 7). Ба худ мисли Еҳушаъ буданро мақсад гузоред, ки ӯ чунин гуфта буд: «Ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард» (Еҳушаъ ибни Нун 24:15).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Эҳтиёҷоти ҳар як аъзои оилаатонро ба назар гирифта барномаи хуб тартиб диҳед

Модаре ба писарчааш китоб хонда истодааст; оилае воқеаи Китоби Муқаддасро намоиш медиҳанд; падаре ҳамроҳи духтараш омӯзиш гузаронида истодааст

ХОДИМОНИ ХУШБАХТИ ЯҲУВА

Аз ибодати Яҳува дида ягон чизи беҳтаре нест. Яҳува аз дидани он ки шумо ва аҳли оилаатон самимона хизмати Ӯро ба ҷо меоред, хурсанд мегардад. Агар шумо ин тавр кунед, дар натиҷа Яҳуваро сахттар дӯст хоҳед дошт ва ба Ӯ бештар пайравӣ хоҳед кард (Марқӯс 12:30; Эфсӯсиён 5:1). Дар издивоҷи худ бо Яҳува будан, риштаи шуморо бо ҳамсаратон мустаҳкамтар мегардонад (Воиз 4:12; Ишаъё 48:17). Шумо ва оилаатон аз донистани он ки «Худованд Худои шумо... шуморо баракат додааст», то абад хушбахт гашта метавонед (Такрори Шариат 12:7).

a Шоҳидони Яҳува ҳар ҳафта барои бо оилаашон муҳокима кардани маводҳои рӯҳонӣ вақт ҷудо мекунанд.

АЗ ХУД БИПУРСЕД...

  • Кай бори охир мо якҷоя чун ҳамсарон ба Худо дуо гуфта будем?

  • Ман бо оилаам чиро омӯхта метавонам, то ки имонамон ба Яҳува мустаҳкам гардад?

МУРОҶИАТ БА САРДОРОНИ ОИЛА

  • Ба ҳеҷ чиз роҳ надиҳед, ки ба ибодати оилавиатон монеъ шавад

  • Пешакӣ ба оилаатон дар бораи чизи муҳокимашаванда хабар диҳед, то онҳо тайёрӣ дида тавонанд

  • Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳар як аъзои оилаатон дар ибодати оилавӣ ҳузур доранд

  • Фазои орому осоишта фароҳам оваред, то ҳама хурсандӣ гиранд

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан