Каҳонати шоҳона бар тамоми инсоният баракат меорад
«Шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед» (1 ПЕТ. 2:9).
1. Барои чӣ «таоми шоми Худованд» ҳамчунин Шоми ёдбуд номида шудааст ва мақсади ин маросим чист?
ШОМИ 14–уми нисони соли 33 эраи мо Исои Масеҳ ҳамроҳи 12 ҳаввориёнаш иди Фисҳи яҳудиёнро бори охир қайд кард. Баъд аз рафтани Яҳудои хиёнаткор, Исо қайд кардани маросими дигареро оғоз бахшид, ки баъдтар он «таоми шоми Худованд» номида шуд (1 Қӯр. 11:20). Исо ду маротиба гуфт: «Инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред». Ин маросим ҳамчунин чун Шоми ёдбуд, ёдбуди марги Масеҳ, маълум аст (1 Қӯр. 11:24, 25). Ба ин амр итоат карда Шоҳидони Яҳува дар тамоми дунё Шоми ёдбудро ҳар сол қайд мекунанд. Соли 2012, 14–уми нисон аз рӯи тақвими қадимаи яҳудиён ба рӯзи панҷшанбе, 5–уми апрел (баъди ғуруби офтоб), мувофиқ меояд.
2. Исо дар бораи нон ва шароб чӣ гуфт?
2 Он чиро ки Исо дар он лаҳза кард ва гуфт, Луқои шогирд дар ду оят баён мекунад: «Нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: “Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред”. Ҳамчунин косаро баъд аз таоми шом гирифта, гуфт: “Ин коса аҳди ҷадид [нав] аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад”» (Луқ. 22:19, 20). Ҳаввориён ин суханонро чӣ тавр фаҳмиданд?
3. Ҳаввориён суханони Исоро дар бораи нону шароб чӣ тавр фаҳмиданд?
3 Чун яҳудиён ҳаввориёни Исо бо қурбониҳои ҳайвонот, ки коҳинон дар маъбади Ерусалим ба Худо пешкаш мекарданд, нағз шинос буданд. Чунин ҳадияҳо барои ба даст овардани илтифоти Яҳува ва бисёриашон барои рӯпӯш кардани гуноҳҳо оварда мешуданд (Ибд. 1:4; 22:17–29). Пас, вақте Исо ба ҳаввориён гуфт, ки бадани вай барои онҳо «таслим карда мешавад» ва хуни ӯ барои онҳо «рехта мешавад», онҳо метавонистанд инро чунин фаҳманд, ки ӯ ҳаёти комили худро чун қурбонӣ пешкаш мекунад. Ин ҳамон қурбоние мебуд, ки аз арзиши қурбониҳои ҳайвонот арзиши хеле бештаре медошт.
4. Ба кадом маъно Исо гуфт, ки «ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман»?
4 Дар бораи суханони Исо оиди «ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман», чӣ гуфтан мумкин аст? Ҳаввориён пешгӯӣ оиди аҳди навро, ки дар Ирмиё 31:31–33 навишта шудааст, медонистанд. (Оятҳоро бихонед.) Суханони Исо нишон медоданд, ки ӯ ҳоло он аҳди навро ба амал дароварда истодааст. Ин аҳд бояд аҳди Қонунро, ки Яҳува бо халқи Исроил тавассути Мусо баста буд, иваз мекард. Оё байни ин ду аҳд алоқамандӣ вуҷуд дошт?
5. Аҳди Қонун ба исроилиён чӣ гуна имкониятро пешкаш мекард?
5 Бале, мақсади ин ду аҳд бо ҳам зич алоқаманд буд. Дар вақти бастани аҳди Қонун Яҳува ба исроилиён гуфт: «Агар шумо ба овози Ман ба яқин [«пурра», ТДН] гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоят кунед, шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд; зеро тамоми замин аз они Ман аст. Ва шумо барои Ман мамлакати коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд» (Хур. 19:5, 6). Ин суханон барои исроилиён чӣ маъно дошт?
ВАЪДА ОИДИ «КАҲОНАТИ ШОҲОНА»
6. Барои иҷрошавии кадом ваъда аҳди Қонун мусоидат мекард?
6 Исроилиён медонистанд, ки «аҳд» ин шартномаи ҷиддӣ аст, зеро пештар Яҳува бо аҷдодони онҳо Нӯҳу Иброҳим чунин аҳдҳои ҷиддӣ баста буд (Ҳас. 6:18; 9:8–17; 15:18; 17:1–9). Дар вақти бо Иброҳим аҳд бастанаш Яҳува ваъда дод: «Ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост» (Ҳас. 22:18). Аҳди Қонун барои иҷрошавии ин ваъда мусоидат мекард. Дар асоси он халқи Исроил метавонист «аз миёни ҳамаи қавмҳо» «ганҷи» баргузидаи Яҳува шавад. Бо кадом мақсад? То ки барои Яҳува «мамлакати коҳинон» гардад.
7. Ибораи «мамлакати коҳинон» чӣ маъно дорад?
7 Исроилиён подшоҳон ва коҳинонро медонистанд. Вале дар замони қадим танҳо як шахс — Малкисодақ бо розигии Яҳува дар як вақт ҳам вазифаи подшоҳро иҷро мекард, ҳам коҳинро (Ҳас. 14:18). Ҳоло бошад, Яҳува ба исроилиён пешкаш кард, ки аз байни худашон «мамлакати [салтанати] коҳинон»–ро ба вуҷуд оранд. Навиштаҳо баъдтар дар бораи ин интихобшудагон ҳамчун дар бораи «каҳонати шоҳона», яъне подшоҳоне, ки ҳамчунин коҳинанд, сухан меронанд (1 Пет. 2:9).
8. Коҳинони аз тарафи Худо таъиншуда чӣ кор мекунанд?
8 Кори подшоҳ албатта роҳбарӣ кардан аст. Лекин кори коҳин аз чӣ иборат аст? Ояти Ибриён 5:1 мефаҳмонад: «Ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то ки барои гуноҳҳо ҳадия ва қурбониҳо тақдим кунад». Пас, коҳине, ки аз тарафи Яҳува таъин мешавад, халқи гунаҳкорро назди Худо намояндагӣ мекунад. Ӯ бо овардани қурбониҳо аз Яҳува бахшиши гуноҳҳои халқро илтимос мекунад. Аз тарафи дигар, коҳин бо он ки қонуни илоҳиро ба халқ таълим медиҳад, Яҳуваро дар назди онҳо намояндагӣ мекунад (Ибд. 10:8–11; Мал. 2:7). Бо ин роҳҳо коҳин ба одамони гунаҳкор кӯмак мекунад, ки бо Худо дар сулҳ бошанд.
9. а) Ба кадом шарт исроилиён метавонистанд «[салтанати] коҳинон»–ро ба вуҷуд оранд? б) Барои чӣ Яҳува аз байни исроилиён баъзеҳоро чун коҳин таъин мекард? в) Чаро зери аҳди Қонун исроилиён «[салтанати] коҳинон» шуда наметавонистанд?
9 Ҳамин тавр, аҳди Қонун ба халқи Исроил имконияти ба вуҷуд овардани каҳонати шоҳонаро пешкаш мекард, ки он бар манфиати «ҳамаи қавмҳо» мебуд. Лекин Яҳува ба онҳо гуфт, ки ин имконияти олиҷанобро онҳо танҳо ба шарте дошта метавонанд, ки агар онҳо ба овози Ӯ пурра гӯш диҳанд ва аҳди Ӯро риоят кунанд. Оё исроилиён метавонистанд ба овози Яҳува пурра гӯш диҳанд? Ҳа, лекин онҳо инро ба таври комил карда наметавонистанд (Рум. 3:19, 20). Барои ҳамин Яҳува баъзе шахсонро аз байни исроилиён коҳин таъин менамуд. Ин коҳинон чун подшоҳон хизмат намекарданд. Онҳо барои гуноҳҳои халқ қурбониҳои ҳайвонотро меоварданд (Ибд. 4:1–6:7). Ба ин гуноҳҳо гуноҳҳои худи коҳинон низ дохил мешуданд (Ибр. 5:1–3; 8:3). Ҳарчанд Яҳува чунин қурбониҳоро қабул мекард, онҳо гуноҳи исроилиёнро пурра бартараф карда наметавонистанд. Онҳо ҳанӯз пир мешуданд ва мемурданд. Каҳонате, ки зери аҳди Қонун буд, ҳатто исроилиёни самимиро бо Худо пурра оштӣ кунонда наметавонист. Павлуси ҳавворӣ инро чунин қайд кард: «Аз имкон берун аст, ки хуни говҳо ва бузҳо гуноҳҳоро нест кунад» (Ибр. 10:1–4). Азбаски исроилиён Қонунро пурра риоя карда наметавонистанд, онҳо зери лаънат қарор доштанд (Ғал. 3:10). Дар чунин ҳолат онҳо албатта наметавонистанд ба тамоми одамон чун каҳонати шоҳона хизмат кунанд.
10. Аҳди Қонун бо кадом мақсад хизмат мекард?
10 Оё ваъдаи Яҳува оиди он ки исроилиён «[салтанати] коҳинон»–ро ба вуҷуд оварда метавонанд, ваъдаи хушку холӣ буд? Не, албатта. Агар онҳо аз таҳти дил кӯшиш мекарданд, ки ба Яҳува итоат кунанд, онҳо ин имкониятро дошта метавонистанд, вале на дар зери Қонун. Чаро? (Ғалотиён 3:19–25-ро бихонед.) Барои фаҳмидани ин мо бояд фаҳмем, ки мақсади Қонун дар чӣ буд. Қонун исроилиёни итоаткорро аз ибодати бардурӯғ муҳофизат мекард. Ҳамчунин ба туфайли Қонун онҳо мефаҳмиданд, ки гунаҳкоранд ва ба қурбоние мӯҳтоҷанд, ки аз қурбоние, ки саркоҳин пешкаш мекунад, бузургтар аст. Қонун «роҳнамо»–е буд, ки онҳоро барои қабул кардани Масеҳ, яъне Тадҳиншудаи Худо тайёр мекард. Лекин, вақте ки Масеҳ дар замин буд, ӯ бояд аҳди наверо ба амал медаровард, ки дар бораи он Ирмиё пешгӯӣ карда буд. Касоне, ки Масеҳро қабул карданд, қисми аҳди нав гаштанд ва акнун онҳо бояд «[салтанати] коҳинон»–ро ташкил менамуданд. Биёед бубинем, ки чӣ тавр.
АЪЗОЁНИ АҲДИ НАВ КАҲОНАТИ ШОҲОНА МЕГАРДАНД
11. Чӣ тавр Исо таҳкурсии каҳонати шоҳона гашт?
11 Соли 29–и эраи мо Исои носирӣ Масеҳ гашт. Ӯ дар синни 30 солагиаш таъмид гирифта бо ин худро ба иҷрои иродаи махсуси Яҳува пешкаш кард. Яҳува ӯро «Писари Маҳбуб»–и худ номид ва ӯро тадҳин кард — на бо равған, балки бо рӯҳи муқаддас (Мат.3:13–17, Аъм. 10:38). Худо Исоро тадҳин намуда вайро барои ҳамаи онҳое, ки ба ӯ имон меоранд, Саркоҳин ва Подшоҳи оянда таъин кард (Ибр. 1:8, 9; 5:5, 6). Ӯ бояд таҳкурсии каҳонати шоҳона мегашт.
12. Қурбонии Исо чиро имконпазир сохт?
12 Чун Саркоҳин Исо чӣ гуна қурбониро барои пурра рӯпӯш кардани гуноҳҳои шахсони имондор пешкаш карда метавонист? Чизе ки ӯ ҳангоми ба амал даровардани маросими Ёдбуди марги худ гуфт, ба мо барои фаҳмидани он кӯмак мекунад, ки қурбонӣ ин ҳаёти комили ӯ буд. (Ибриён 9:11, 12–ро бихонед.) Баъди таъмид гирифтанаш, Исо чун Саркоҳин то дами маргаш ба озмоишу душвориҳо тоб овард (Ибр. 4:15; 5:7–10). Баъди эҳёшавиаш, ӯ ба осмон рафт ва худаш арзиши қурбониашро ба Яҳува пешкаш кард (Ибр. 9:24). Баъд, Исо аз Яҳува барои касоне, ки ба қурбонии вай имон меоранд «шафоат», яъне илтимос кард. Ба туфайли ин, онҳо метавонистанд ба Худо хизмат кунанд ва ба ҳаёти ҷовидона умед дошта бошанд (Ибр. 7:25). Қурбонии ӯ ҳамчунин чун тасдиқи аҳди нав хизмат мекунад (Ибр. 8:6; 9:15).
13. Онҳоеро, ки ба аҳди нав медаромаданд, чӣ интизор буд?
13 Онҳое, ки ба аҳди нав дохил мешаванд, ҳамчунин бояд бо рӯҳулқудс тадҳин шаванд (2 Қӯр. 1:21). Ба он аҳд яҳудиёни содиқ ва сипас ғайрияҳудиён дохил шуданд (Эфс. 3:5, 6). Онҳоеро, ки ба аҳди нав медаромаданд, чӣ интизор буд? Гуноҳҳои онҳо пурра бахшида мешуданд. Яҳува ваъда дода буд: «Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард» (Ирм. 31:34). Сипас, азбаски Яҳува гуноҳҳои онҳоро бахшидааст, онҳо метавонанд, чун «[салтанати] коҳинон» хизмат кунанд. Петрус ба масеҳиёни тадҳиншуда навишт: «Шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ [аз хусусиятҳои олии Ӯ], ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед» (1 Пет. 2:9). Петрус ин ҷо суханони Яҳуваро, ки ҳангоми бастани аҳди Қонун ба Исроил гуфт, иқтибос оварда онҳоро нисбати масеҳиёне, ки ба аҳди нав дохил мешаванд, ба кор бурд (Хур. 19:5, 6).
КАҲОНАТИ ШОҲОНА БА ТАМОМИ ИНСОНИЯТ БАРАКАТ МЕОРАД
14. Каҳонати шоҳона дар куҷо хизмат мекунанд?
14 Онҳое, ки ба аҳди нав дохил мешаванд, дар куҷо хизмат мекунанд? Дар замин, онҳо чун гурӯҳи коҳинон хизмат карда Яҳуваро намояндагӣ мекунанд. Чӣ тавр? Бо он ки хусусиятҳои олии Ӯро ба одамон нақл мекунанд ва онҳоро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекунанд (Мат. 24:45; 1 Пет. 2:4, 5). Баъди марг ва эҳёшавиашон, онҳо ҳамроҳи Масеҳ дар осмон чун подшоҳон ва коҳинон хизмат карда, пурра аз ӯҳдаи ин ду вазифаашон мебароянд (Луқ. 22:29; 1 Пет. 1:3–5; Ваҳй 1:6). Инро рӯъёи Юҳаннои ҳавворӣ тасдиқ мекунад — ӯ дар осмон, дар назди тахти Яҳува чанде аз офаридаҳои рӯҳиро дид, ки ба «Барра... суруди наве» месароиданд: «Бо хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ, ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд» (Ваҳй 5:8–10). Дар рӯъёи дигар Юҳанно дар бораи ин подшоҳон мегӯяд: «Онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд шуд ва бо Ӯ ҳазор сол салтанат хоҳанд ронд» (Ваҳй 20:6). Ҳамроҳи Масеҳ онҳо каҳонати шоҳонаро ташкил медиҳанд, ки бар тамоми инсоният баракат меорад.
15, 16. Каҳонати шоҳона бар инсоният чӣ баракатҳо хоҳад овард?
15 144 000 нафар бар сокинони замин чӣ гуна баракатҳо меоранд? Боби 21–уми китоби Ваҳй онҳоро чун шаҳри осмонӣ, Ерусалими нав, ки «завҷаи Барра» номида шудааст, тасвир мекунад (Ваҳй 21:9). Дар оятҳои 2–4 гуфта мешавад: «Ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас — Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст. Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: “Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд. Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт”». Чӣ баракатҳои олиҷанобе! Дигар гиря, фиғон, нола ва дард нахоҳад буд, зеро марг дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Он гоҳ инсонияти итоаткор ба комилият расида пурра бо Худо оштӣ хоҳад шуд.
16 Баракатҳои дигаре, ки ин каҳонати шоҳона меорад, дар Ваҳй 22:1, 2 тасвир шудаанд: «Дарёи покизаи оби ҳаётро ба ман нишон дод, ки мисли булӯр дурахшон буда, аз ҷониби тахти Худо ва Барра ҷорӣ мешуд. Дар миёнаи кӯчаи шаҳр[-и Ерусалими нав], дар ҳар ду канори дарё, дарахти ҳаёт аст, ки дувоздаҳ мева меоварад, яъне ҳар моҳ меваи худро медиҳад; ва баргҳои дарахт барои муолиҷаи халқҳост». Ин рӯъё нишон медиҳад, ки чӣ тавр «халқҳо», яъне оилаи инсоният аз нокомилии аз Одам меросгирифтааш пурра шифо хоҳад ёфт. Дар ҳақиқат, «он чӣ пештар буд», мегузарад!
КАҲОНАТИ ШОҲОНА КОРИ ХУДРО БА ИҶРО МЕРАСОНАД
17. То ба охир расидани 1000 сол каҳонати шоҳона чӣ кор мекунад?
17 То ба охир расидани 1000 соли хизмати худ аъзоёни каҳонати шоҳона ба инсоният кӯмак мекунанд, ки ба комилият расад. Саркоҳин ва Подшоҳ, Исои Масеҳ, он гоҳ инсонияти комилро ба Яҳува бармегардонад. (1 Қӯринтиён 15:22–26-ро бихонед.) Ҳамин тавр, кори каҳонати шоҳона пурра ба анҷом мерасад.
18. Баъд аз он ки аъзоёни каҳонати шоҳона корашонро пурра ба анҷом мерасонанд, Яҳува онҳоро чӣ тавр истифода мебарад?
18 Баъди ин, чӣ тавр Яҳува каҳонати шоҳонаро истифода мебарад? Мувофиқи Ваҳй 22:5 онҳо «то абад салтанат хоҳанд ронд». Бар кӣ? Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд. Лекин азбаски онҳо ҳаёти нестнашаванда доранд ва ба одамони нокомил кӯмак карда таҷрибаи бой ба даст овардаанд, онҳо дар иҷрошавии иродаи Яҳува чун подшоҳон хизматашонро то абад давом хоҳанд дод.
19. Ташрифорӣ ба Шоми ёдбуд ба ҳамаи мо чиро хотиррасон мекунад?
19 Вақте ки рӯзи панҷшанбе, 5–уми апрели соли 2012, Шоми ёдбуди марги Масеҳро ҷашн мегирем, ин таълимотҳои Китоби Муқаддас ба мо хотиррасон карда мешаванд. Чӣ тавр масеҳиёни тадҳиншуда, ки ҳоло дар замин ҳастанд, қисми аҳди нав буданашонро нишон медиҳанд? Онҳо дар хӯрдани рамзҳои Шоми ёдбуд иштирок мекунанд. Ин рамзҳои қурбонии Масеҳ ба онҳо имкониятҳои олиҷанобашон ва масъулиятҳои дар нияти абадии Худо доштаашонро хотиррасон мекунанд. Биёед ҳамаи мо бо миннатдории чуқур ба каҳонати шоҳона, ки Яҳува онро бар манфиати тамоми инсоният интихоб кардааст, ба он маърака ташриф орем.
[Тасвир дар саҳифаи 29]
Каҳонати шоҳона бар инсоният баракатҳои абадӣ хоҳад овард