Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар ҳафтаи аз 27-уми августи с. 2012 саршаванда муҳокима хоҳанд шуд. Дар барномаи такрори мавзӯъҳо санае илова карда шудааст, ки дар он фикри манфиатбахш дида баромада мешавад.
1. Рӯъёи Ҳизқиёл оиди хиёнати яҳудиён ба чӣ ишора мекунад ва мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем? (Ҳиз. 8:15–17) [2 июл, w07-U 1.7 саҳ. 13, сарх. 6; w93-U 15.1 саҳ. 27, 28, сарх. 7, 12]
2. Чӣ тавр аксарияти роҳбарони динии имрӯза ба пайғамбарони бардурӯғи замони Ҳизқиёл пайравӣ мекунанд? (Ҳиз. 13:3, 7) [9 июл, w99-U 1.10 саҳ. 13, сарх. 14, 15]
3. Дар Ҳизқиёл 17:22–24 «навдаи тару тоза» кист, «кӯҳи баланди ростбаромада» чист ва чӣ тавр он навда «арзи боҳашамате хоҳад шуд»? [16 июл, w07-U 1.7 саҳ. 12, 13, сарх. 6]
4. Мувофиқи Ҳизқиёл 18:2 асироне, ки ҳамроҳи Ҳизқиёл буданд, барои азоби кашидаашон киро айбдор мекарданд ва аз ин мо кадом дарси муҳимро гирифта метавонем? [23 июл, w89-U 15.2 саҳ. 15, сарх. 10]
5. Чӣ тавр воқеаи дар Ҳизқиёл 21:18–22 навишташуда нишон медиҳад, ки ба иҷрои нияти Яҳува на одамон халал расонда метавонанд на девҳо? [30 июл, w07-U 1.7 саҳ. 14, сарх. 4]
6. Мувофиқи Ҳизқиёл 24:6, 11, 12 занги дег чиро тасвир мекунад ва дар ояти 14 кадом принсип вуҷуд дорад? [6 авг., w07-U 1.7 саҳ. 14, сарх. 2]
7. Пешгӯӣ оиди шаҳри Сӯр чӣ гуна иҷро шуд? [6 авг., it-1-E саҳ. 70, чорчӯба; si-U саҳ. 147, сарх. 4]
8. Кадом ибораҳо аз Ҳизқиёл 28:2, 12–17, ҳам ба «подшоҳи Сӯр» ва ҳам ба хиёнаткори аввалин — Шайтон мувофиқанд? [13 авг., w05-U 15.10 саҳ. 23, 24, сарх. 10–14; it-2-E саҳ. 604, сарх. 4, 5]
9. Миср кай 40 сол дар ҳолати харобазор қарор дошт ва барои ба ин бовар кардан чӣ асос дорем? (Ҳиз. 29:8–12) [13 авг., w07-U 1.8 саҳ. 8, сарх. 5]
10. Ҳизқиёл ба бепарвоӣ, тамасхур ва ба он ки ягон кас ӯро гӯш намекард, чӣ гуна муносибат менамуд ва Яҳува ӯро дар чӣ бовар кунонд? (Ҳиз. 33:31–33) [20 авг., w91-U 15.3 саҳ. 17, сарх. 16, 17]