МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 39
СУРУДИ 54 «Роҳ ин аст»
Кумак ба касоне, ки ба «ҳаёти ҷовидонӣ» моиланд
«Ҳамаи онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ моил буданд, имон оварданд» (КОР. 13:48).
МАҚСАД
Аз ин мақола мефаҳмем, ки кай ба одамон омӯзиш пешкаш кунем ва кай онҳоро ба вохӯриҳо даъват намоем.
1. Одамони маҳалламон аз якдигар чӣ фарқ мекунанд? (Корнома 13:47, 48; 16:14, 15).
БИСЁР одамон дар асри як баробари шунидани хушхабар онро қабул карданд. (Корнома 13:47, 48; 16:14, 15-ро хонед.) Имрӯз ҳам баъзе одамон хабари ростиро шунида, дарҳол онро қабул мекунанд. Баъзеи дигар бошанд, ҳарчанд дар аввал безавқ метобанд, бо гузашти вақт дари дилашонро барои хабари Подшоҳӣ калон мекушоянд. Вақте мо дар хизмат одамонеро мебинем, ки ба «ҳаёти ҷовидонӣ» моиланд, чӣ кор бояд кунем?
2. Аз кадом ҷиҳат шогирдсозии мо мисли кори боғбон аст?
2 Шогирдсозии мо ба кори боғбон монанд аст. Баъзан дар боғ меваи баъзе дарахтон пухта расидаасту баъзеи дигараш не. Боғбон меваҳои пухта расидаро ҳар чӣ зудтар ҷамъ меораду дарахтонеро, ки меваашон ҳоло напухтааст, об дода нигоҳубин мекунад. Мо ҳам дар хизмат одамони гуногунро вомехӯрем. Баъзеяшон пухта расидаанд, яъне барои қабул кардани хушхабар тайёранд, баъзеи дигарашон ҳоло не. Мо ба онҳое, ки тайёранд, ёрдам мекунем, ки ҳар чӣ зудтар шогирди Масеҳ шаванд. Онҳоеро, ки ҳоло тайёр нестанд, мо завқашонро об додан мегирем, то арзиши чизи шунидаашонро пай баранд (Юҳ. 4:35, 36). Аз рӯйи фаҳму фаросат амал карда, мо пай мебарем, ки дар ҳар хел маврид, кадом роҳу равишро ба кор барем. Чӣ тавр ба шавқманд дар суҳбати аввал ёрӣ расонем? Чӣ хел ӯро дастгирӣ кунем, то пешравияшро давом диҳад? Дар ин мақола ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.
ВАҚТЕ ОДАМОН ТАЙЁРАНД
3. Вақте шавқмандонро дар хизмат вомехӯрем, чӣ тавр амал мекунем? (1 Қӯринтиён 9:26).
3 Вақте мо дар хизмат одамони шавқмандро вомехӯрем, мехоҳем онҳо ҳар чӣ зудтар ба роҳи ростӣ қадам гузоранд, аз ин рӯ ҳангоми суҳбати аввал мо ба онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас пешкаш мекунем ва онҳоро ба вохӯрӣ даъват мекунем. (1 Қӯринтиён 9:26-ро хонед.)
4. Аз саргузашти ин сархат чӣ омӯхтед?
4 Пешкаш кардани омӯзиш. Бо баъзе одамон дар хизмат мешавад дарҳол омӯзиш сар кунем. Масалан, як рӯзи панҷшанбе ҷавонзане дар Канада аробачаи адабиётдорро дида, наздаш рафт ва китобчаи «То абад зинда бошед!»-ро гирифт. Хоҳарамон, ки назди аробача меистод, ба ӯ гуфт, ки бо гирифтани ин китобча вай омӯзиши бепули Китоби Муқаддасро сар карда метавонад. Он ҷавонзан рақамҳои хоҳарамонро гирифт ва ҳамон рӯз дертар ба хоҳарамон паёмак навишта, дар бораи омӯзиш пурсид. Хоҳарамон рӯзҳои истироҳатро пешниҳод кард, вале зан чунин ҷавоб дод: «Пагоҳ кунем намешавад? Ман бекорам». Онҳо пагоҳаш, рӯзи ҷумъа, вохӯрда, омӯзиш карданд. Он ҷавонзан худи ҳамон ҳафта аввалин бор ба вохӯрӣ рафт ва босуръат пешравӣ кардан гирифт.
5. Агар шахс барои омӯзиш тайёр набошад, мо чӣ кор карда метавонем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
5 Албатта, мо медонем, ки на ҳама одамон барои дарҳол омӯзиш сар кардан мисли он ҷавонзан тайёранд. Завқи баъзе одамонро бисёр об додан даркор аст. Масалан, мо бояд дар мавзуе суҳбатро кушоем, ки ба он одам шавқовар аст. Агар некандеш бошему ба шавқманд таваҷҷуҳ кардан гирем, шояд, дере нагузашта ӯ барои омӯзиш кардан тайёр шавад. Мо чӣ тавр ба одам омӯзишро пешниҳод карда метавонем? Мо ин саволро ба бисёр бародару хоҳароне, ки дар сар кардани омӯзиш моҳиранд, додем. Биёед бинем, ки онҳо чӣ гуфтанд.
Агар хоҳед, ки ин одамон ба омӯзиш розӣ шаванд, шумо гапро аз чӣ сар мекардед? (Ба сархати 5 ва 6 нигаред.)a
6. Барои давом додани суҳбатамон бо шавқманд мо чӣ гуфта метавонем?
6 Воизон ва пешравоне, ки дар сар кардани омӯзиш ҳунари хуб доштанд, чунин маслиҳат доданд: «Дар баъзе маҳалҳо хубаш аз калимаву ибораҳои “омӯзиш”, “дарс мегузарем”, “ёд медиҳем” худдорӣ кунед». Аз таҷрибаи худ онҳо фаҳмиданд, ки истифодаи калимаю ибораҳои зерин беҳтар аст: «Суҳбат», «якҷоя дида мебароем» ва «Китоби Муқаддасро нағзтар мефаҳмем». Шумо суҳбататонро бо ёрии чунин суханон давом дода метавонед: «Вақте ба саволҳои муҳими ҳаёт аз Каломи Худо ҷавоб меёбед, қоил мешавед» ё «Китоби Муқаддас фақат китоби динӣ нест, дар он бисёр маслиҳатҳои ҳаётӣ оварда шудаанд». Боз илова карда метавонед: «Барои фаҳмидани ягон панди фоидабахш бисёр не, фақат 10–15 дақиқа даркор аст». Калимаву ибораҳои «ҳар ҳафта» ё «вохӯрем»-ро истифода бурда, одамро натарсонед. Ин гапҳоро шунида, шояд, ӯ чунин гӯяд: «Ин масъулияти вазнин будаст-ку!»
7. Кай баъзеҳо дарк мекунанд, ки ростиро ёфтаанд? (1 Қӯринтиён 14:23–25).
7 Онҳоро ба вохӯрӣ даъват кунед. Дар замонҳои Павлуси расул бисёриҳо, аз афташ, маҳз вақти ба вохӯрӣ омадан дарк мекарданд, ки ростиро ёфтаанд. (1 Қӯринтиён 14:23–25-ро хонед.) Имрӯз ҳам, агар омӯзандагон ҷамъомадравак шаванд, тезтар пешравӣ мекунанд. Онҳоро кай даъват кардан мумкин? Дар китоби «То абад зинда бошед!» дар дарси 10 чунин даъват оварда шудааст. Вале барои онҳоро ба вохӯрӣ таклиф кардан шарт нест, шумо то дарси 10 расед. Шумо метавонед дар суҳбати аввал шахсро ба вохӯрии охири ҳафта даъват кунед. Барои бедор кардани завқи ҳамсуҳбататон метавонед номи суханронии оммавӣ ё мавзуи мақолаи «Бурҷи дидбонӣ»-ро ба ӯ гӯед.
8. Вақте шавқмандро бори аввал ба вохӯрӣ даъват мекунем, чиро ба ӯ фаҳмонда метавонем? (Ишаъё 54:13).
8 Вақте шавқмандро ба вохӯриҳо даъват мекунед, фаҳмонед, ки ҷамъомадҳои мо аз дигар вохӯриҳои динӣ чӣ фарқ доранд. Вақте омӯзандае бори аввал ба баррасии «Бурҷи дидбонӣ» омада буд, ӯ аз омӯзгораш пурсид: «Оё баранда номи ҳар як касро медонад?» Хоҳарамон мефаҳмонад, ки чи хеле дар оила ҳама якдигарро мешиносад, мо ҳам кӯшиш мекунем номи ҳар як аъзои ҷамоатро донем. Ин аз он чӣ омӯзанда пеш дар калисояш дида буд, фарқ мекард. Боз мумкин бисёриҳо мақсади вохӯриҳои моро надонанд. (Ишаъё 54:13-ро хонед.) Мо якҷоя ҷамъ мешавем, то Яҳуваро парастиш кунем, аз ӯ омӯзем ва якдигарро қувват бахшем (Ибр. 2:12; 10:24, 25). Барои ҳамин вохӯриҳои мо фоидабахшанд ва аз рӯйи назму тартиб мегузаранд, на ба хотири иҷрои ягон маросим (1 Қӯр. 14:40). Бинои Ибодатгоҳ равшан аст, чунки мо барои омӯхтан ба он ҷо меравем. Азбаски мо дар сиёсат бетарафем, ягон ҳизби сиёсиро таблиғ намекунем. Мо ҳамчунин дар бораи масъалаҳои иҷтимоӣ ё назарҳои шахсиямон баҳс намекунем. Барои омӯзандаро ба вохӯрӣ тайёр кардан мо метавонем видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?»-ро нишон диҳем.
9, 10. Вақти даъват кардани шавқманде ба вохӯрӣ чӣ тавр мо хотири ӯро ҷамъ карда метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
9 Баъзе одамон хавотиранд, ки, агар ба вохӯрӣ биёянд, ба онҳо фишор меоранд, ки ба ягон дин ё мазҳаб ҳамроҳ шаванд. Шавқмандатонро дилпур созед, ки ба вохӯриҳои мо меҳмонони бисёр меоянд ва мо касеро маҷбур намекунем, ки дар вохӯрӣ иштирок кунад ё ки ба динамон ҳамроҳ шавад. Ба вохӯриҳои мо шахс метавонад оилаву фарзандонашро биёрад. Кӯдакон дар ҷамъомадҳо таълими алоҳида намегиранд. Онҳо ҳамроҳи падару модарон мешинанд. Ин тавр волидон мебинанд, ки фарзандонашон бо кӣ ҳастанду чиро таълим мегиранд (5 Мӯсо 31:12). Мо дар вохӯриҳоямон аз одамон хайрия намечинем. Ин мувофиқи суханони Исо аст: «Муфт ёфтаед, муфт бидиҳед» (Мат. 10:8). Шумо ҳамчунин ба шахс гуфта метавонед, ки барои омадан ба вохӯрӣ ягон хел либоси қимат пӯшидан даркор нест. Худо ба зоҳир неву ба ботини одам нигоҳ мекунад (1 Подш. 16:7).
10 Агар шавқманд ба вохӯрӣ биёяд, ба ӯ таваҷҷуҳу меҳрубонӣ кунед, то худро бегона ҳис накунад. Ӯро бо дигар воизон ва пирон шинос кунед. Агар ӯ муҳаббату хушмуомилагии аҳли ҷамоатро бинад, мумкин дилаш гарм шаваду дафъаи дигар ҳам биёяд. Вақти вохӯрӣ, агар ӯ Китоби Муқаддас надошта бошад, оятҳоро ба ӯ нишон диҳед. Ба вай фаҳмонед, ки чӣ тавр вақти баромади нотиқ ё дида баромадани мақола мо хат мебарем.
Агар омӯзанда ҳар чӣ тезтар ба вохӯриҳо ояд, тезтар пешравӣ мекунад (Ба сархатҳои 9, 10 нигаред.)
ВАҚТЕ ОМӮЗИШ САР МЕКУНЕМ
11. Чӣ тавр шумо вақти шавқмандатонро қадр карда метавонед?
11 Вақте мо ба хонаи омӯзанда барои гузарондани омӯзиш меравем, чиро бояд дар ёд дорем? Вақти омӯзандаро қадр кунед. Новобаста ба одати маҳалатон бо омӯзанда вақте вохӯред, ки маслиҳат карда будед. Омӯзишро беҳуда кашол надиҳед. Баъзе воизони пуртаҷриба чунин маслиҳат медиҳанд: ҳатто агар омӯзанда савол дошта бошад, омӯзиши аввалро барвақт тамом кунед, аз ҳад зиёд гап назанед, ба соҳибхона фурсат диҳед, ки гапи дилашро гӯяд (Пнм. 10:19).
12. Аз аввали омӯзиш мақсади мо бояд чӣ бошад?
12 Аз аввал мақсади шумо бояд шиносондани Яҳува Худо ва Писараш Исо ба омӯзандаатон ва сабзондани меҳри онҳо дар дили ӯ шавад. Чӣ кор кунем, ки ба ин мақсад расем? Агар диққатро ба Каломи Худо равона кунем, на ба донишу ҳикмати худ (Кор. 10:25, 26). Яҳува Исои Масеҳро барои он фиристода буд, то мо ӯро шиносему дӯст дорем. Аз ин рӯ Павлуси расул вақти таълим диққатро ба Исои Масеҳ равона мекард (1 Қӯр. 2:1, 2). Павлус ҳамчунин фаҳмонд, ки ба навшогирдон боз аз кадом ҷиҳат ёрдам даркор: ба онҳо лозим аст, ки сифатҳои зеборо инкишоф диҳанд, ки ба тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо монанданд (1 Қӯр. 3:11–15). Имон, хирад, фаросат ва тарс аз Яҳува аз ҷумлаи чунин сифатҳо мебошанд (Заб. 19:9, 10; Пнм. 3:13–15; 1 Пет. 1:7). Роҳҳои таълимии Павлусро аз худ карда, ба омӯзандаатон ёрӣ расонед, ки имонашро об диҳад ва дӯстияшро бо Падари осмонии меҳрубонаш қавӣ созад (2 Қӯр. 1:24).
13. Чӣ хел вақти таълими шавқмандон мо сабру фаросатро пеша карда метавонем? (2 Қӯринтиён 10:4, 5). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Аз ҳад сахтгир набошед. Аз Исо дарс гирифта, пурсабру бофаросат бошед. Саволҳое надиҳед, ки одамро нороҳат месозанд. Агар ягон мавзуъро зӯр зада фаҳмонед, вале омӯзанда нафаҳмад, омӯзишатонро давом дода, ба он мавзуъ бадтар баргардед. Одамро маҷбур накунед, ки ягон таълимотро қабул кунад, шояд, ӯ ҳоло тайёр нест. Баъзан бояд вақт гузарад, ки тухми ростӣ дар дили одам реша давонад (Юҳ. 16:12; Қӯл. 2:6, 7). Дар Китоби Муқаддас таълимоти дурӯғ ба қалъа монанд карда шудааст. (2 Қӯринтиён 10:4, 5-ро хонед.) Ба одам фишор наоред, ки қалъаи барояш азизро чаппа карда, онро тарк кунад. Ба ӯ ёрӣ расонед, ки бинои имонашро сохтан гирад. Меҳри Яҳува ки дар дилаш ҷо шуд, ӯ худаш он қалъаро тарк карда, Яҳуваро паноҳгоҳи худ месозад (Заб. 91:9).
Барои он ки ростӣ дар дили одам реша давонад, вақт даркор аст (Ба сархати 13 нигаред.)
ВАҚТЕ ШАВҚМАНДОН БА ВОХӮРИҲО МЕОЯНД
14. Бо меҳмонони ҷамъомадҳоямон мо бояд чӣ тавр рафтор кунем?
14 Яҳува мехоҳад, ки мо ба ҳама шавқмандон бо як чашм нигарем, новобаста ба маданият, нажод ё мартабаашон дар ҷомеа (Яъқ. 2:1–4, 9). Чӣ тавр мо бо меҳмонони ҷамъомадҳоямон меҳрубон бошем?
15, 16. Муҳаббати мо ба меҳмонон дар вохӯриҳо боз дар чӣ дида мешавад?
15 Ягон кас мумкин аз кунҷкобӣ ба вохӯрии мо биёяд. Каси дигарро бошад, шояд, шахсе аз маҳалли дигар ташвиқ кардааст, ки ба ҷамъомад равад. Чунин касонро гарму ҷӯшон пешвоз гиред. Бо онҳо ботаваҷҷуҳу меҳрубон бошед. Вале эҳтиёт шавед, ки ба завқу ҳаяҷон омада, ба онҳо начаспед ва онҳоро нороҳат насозед. Онҳоро даъват кунед, ки ҳамроҳатон шинанд. Барояшон нусхаи Китоби Муқаддас ё адабиёт ёбед. Ё ки нусхаи худатонро ба онҳо нишон диҳед. Кӯшиш кунед ҳиссиёти онҳоро пай баред. Боре марде ба Ибодатгоҳ омада дид, ки ҳама либоси расмӣ пӯшидаанду ӯ ғайрирасмӣ. Ӯ аз либоспӯшии худаш каме нороҳат шуд, вале бародаре бо ӯ суҳбат карда, фаҳмонд, ки Шоҳидони Яҳува мисли дигарон одамони одиянд. Ин сухан ба дили он мард сабукӣ бахшид. Ӯ пешравӣ карда, таъмид гирифт ва то ҳол суханони он бародарро дар ёд дорад. Вақте пеш аз вохӯрию баъд аз он ба одам таваҷҷуҳ мекунем, аз як чиз бояд эҳтиёт шавем: набояд кунҷкобӣ карда, аз масъалаҳои шахсии одам пурсон шавем (1 Пет. 4:15).
16 Муҳаббати мо ба шавқмандон боз дар чӣ дида мешавад? Агар дар суҳбатҳо, шарҳҳо ва баромадҳоямон онҳоеро, ки Шоҳиди Яҳува нестанд ва боварҳояшонро танқид накунем (Тит. 2:8; 3:2). Мо набояд эътиқоди касонеро, ки бо мо ҳамдин нестанд, паст занем ва шавқмандонро нороҳат созем (2 Қӯр. 6:3). Аз ин ҷиҳат бародароне, ки суханронӣ доранд, бояд дучанд эҳтиёт шаванд. Онҳо ҳамчунин дар суханрониҳояшон кӯшиш мекунанд калимаву ибораҳоеро, ки барои омма нофаҳмост, равшан созанд.
17. Баъди пайдо кардани онҳое, ки ба «ҳаёти ҷовидонӣ» моиланд, мо чӣ мақсад дорем?
17 Бо гузашти ҳар як рӯз кори шогирдсозии мо фавритар мешавад ва мо барои ёфтани «онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ» моиланд, миён мебандем (Кор. 13:48). Вақте мо чунин касонро пайдо мекунем, ҳар чӣ зудтар ба онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро пешниҳод мекунем ва онҳоро ба вохӯриҳоямон даъват мекунем. Ҳамин тавр бо ёрии мо онҳо дар «роҳе, ки сӯйи ҳаёт мебарад», қадамгузор мешаванд (Мат. 7:14).
СУРУДИ 64 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем
a ШАРҲИ РАСМ: Ду бародар бо марди нафақахӯри ҳарбӣ гап мезананд, ки дар айвонаш дам гирифта истодааст; ду хоҳар ба ҷавонзани серкоре кӯтоҳак шаҳодат медиҳанд.