2 Воқеанома
24 Еҳуош дар ҳафтсолагиаш подшоҳ шуд+ ва 40 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Сивё ном дошта, аз Баир-Шобаъ буд.+ 2 Еҳуош тамоми рӯзҳои Еҳуёдои коҳин он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард.+ 3 Еҳуёдоъ барои ӯ ду зан гирифт ва ӯ писарону духтарон ба дунё овард.
4 Пас аз ин дар дили Еҳуош хоҳиш пайдо шуд, ки хонаи Яҳуваро таъмир кунад.+ 5 Ӯ коҳинону левизодагонро ҷамъ оварда, гуфт: «Ба шаҳрҳои Яҳудо рафта, барои таъмири хонаи Худоятон аз тамоми Исроил пул ҷамъ намоед.+ Шитоб кунед ва ин корро сол ба сол ба ҷо оред». Аммо левизодагон корро кашол доданд.+ 6 Он гоҳ подшоҳ Еҳуёдои сардорро даъват намуда, гуфт:+ «Барои чӣ аз левизодагон талаб намекунӣ, ки аз Яҳудо ва Ерусалим, чуноне ки Мӯсои бандаи Яҳува фармуда буд, барои хаймаи шаҳодат+ андози муқаддас, андози муқаддаси ҷамоати Исроилро, ҷамъ кунанд?+ 7 Худат медонӣ, ки писарони Аталёи+ бадкор ба хонаи Худо+ зада даромаданд ва тамоми ашёи муқаддаси хонаи Яҳуваро барои Баалҳо истифода бурданд». 8 Он гоҳ бо фармони подшоҳ сандуқ+ сохта, онро аз берун, назди дарвозаи хонаи Яҳува, гузоштанд.+ 9 Пас аз он дар саросари Яҳудо ва Ерусалим эълон карданд, ки андози муқаддасеро, ки Мӯсои бандаи Худо дар биёбон барои Исроил муқаррар карда буд, ба Яҳува биёранд.+ 10 Ҳамаи мирон ва тамоми мардум хурсанд шуданд+ ва то пур шудани сандуқ* хайрия оварда, ба он мепартофтанд.
11 Ҳар боре левизодагон сандуқро назди подшоҳ меоварданд ва медиданд, ки дар он пули зиёде ҷамъ шудааст, котиби подшоҳ ҳамроҳи ходими саркоҳин омада, сандуқро холӣ мекард+ ва онҳо боз сандуқро ба ҷояш мемонданд. Онҳо рӯз аз рӯз чунин мекарданд ва пули бисёре ҷамъ оварданд. 12 Подшоҳ ва Еҳуёдоъ пулро ба касоне медоданд, ки кори хонаи Яҳуваро назорат мекарданд, онҳо бошанд, барои таъмири хонаи Яҳува+ сангбурону ҳунармандон, оҳангарону мисгаронро киро мекарданд, то хонаи Яҳуваро соз кунанд. 13 Он нозирон корро сар карданд ва таъмир зери назорати онҳо карда мешуд. Онҳо хонаи Худоро ба шакли аввалааш дароварданд ва мустаҳкам карданд. 14 Ҳамин ки онҳо корро ба охир расонданд, бақияи пулро ба подшоҳ ва Еҳуёдоъ доданд, ки онро барои сохтани ашёи хонаи Яҳува, аз он ҷумла ашё барои хизмат ва овардани қурбониҳо, пиёлаҳо ва ашёи тиллоиву нуқрагӣ, сарф карданд.+ Тамоми айёми Еҳуёдоъ дар хонаи Яҳува рӯз аз рӯз қурбониҳои сӯхтанӣ меоварданд.+
15 Еҳуёдоъ пир шуд ва аз ҳаёти худ қаноатманд дар 130-солагӣ аз олам чашм пӯшид. 16 Ӯро дар Шаҳри Довуд бо шоҳон гӯронданд,+ зеро дар Исроил барои Худо ва хонаи ӯ корҳои нек карда буд.+
17 Пас аз марги Еҳуёдоъ мирони Яҳудо омада, ба подшоҳ таъзим карданд ва подшоҳ ба гапи онҳо гӯш дод. 18 Онҳо хонаи Яҳува, Худои бобоёнашонро, тарк карда, Ашераҳо* ва бутҳоро парастиш карданд ва ғазаби Худо бар Яҳудо ва Ерусалим барои гуноҳашон аланга гирифт. 19 Ӯ ба назди онҳо пайғамбаронро мефиристод, то сӯйи Яҳува баргарданд, ва пайғамбарон онҳоро огоҳ мекарданд*, лекин онҳо гӯш надоданд.+
20 Рӯҳи Худо Закарёи писари Еҳуёдои+ коҳинро фаро гирифт ва ӯ бар баландие пеши мардум истода, гуфт: «Худо чунин мегӯяд: “Чаро амрҳои Яҳуваро поймол мекунед? Шумо ҳаргиз комёб намешавед! Шумо ки Яҳуваро тарк кардед, ӯ низ шуморо тарк мекунад”».+ 21 Вале онҳо қасди ҷони ӯро карданд+ ва бо амри подшоҳ дар саҳни хонаи Яҳува ӯро сангсор карда куштанд.+ 22 Ҳамин тавр, шоҳ Еҳуош меҳру вафоеро, ки Еҳуёдои падари Закарё ба ӯ карда буд, ба хотир наовард ва писарашро кушт. Закарё дар дами марг чунин гуфт: «Бигзор Яҳува инро бубинад ва бозхост намояд».+
23 Дар сари сол арамиён бар зидди Еҳуош лашкар кашида, ба Яҳудо ва Ерусалим даромаданд.+ Онҳо ҳамаи мирони халқро куштанд+ ва тамоми ғаниматро ба подшоҳи Димишқ фиристоданд. 24 Ҳарчанд лашкари арамиён камшумор буд, Яҳува лашкари хеле сершуморро ба дасти онҳо супурд,+ чунки яҳудиён Яҳува, Худои бобоёнашонро, тарк карданд, ва онҳо* сазои Еҳуошро доданд. 25 Ҳангоме ки онҳо ӯро сахт захмдор карда*, рафтанд, ходимонаш ба ҷони ӯ суиқасд намуданд ва дар ҷогаҳаш куштанд,+ зеро ӯ хуни писарони* Еҳуёдои+ коҳинро рехта буд. Еҳуош мурд ва ӯро дар Шаҳри Довуд, вале на дар қабри шоҳон,+ гӯронданд.+
26 Касоне, ки ба ҷони ӯ суиқасд карданд,+ инҳо буданд: Зободи писари Шимъоти зани аммӯнӣ ва Юзободи писари Шимрити зани мӯобӣ. 27 Дар бораи писарони ӯ, огоҳиҳои зиёде, ки ӯ гирифт,+ ва таъмири хонаи Худо+ — ҳамаи ин чизҳо, дар навиштаҳои* Китоби шоҳон оварда шудааст. Ба ҷойи ӯ писараш Амасё подшоҳ шуд.