ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • nwt Нолаҳо 1:1-5:22
  • Нолаҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Нолаҳо
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Нолаҳо

НОЛАҲОИ ИРМИЁ

א [Алиф]*

1 Чӣ тавр он шаҳре, ки пур аз одам буд,+ яккаву танҳо нишастааст!

Шаҳре, ки як замон дар байни халқҳо серодам буд,+ мисли бевазане шудааст!

Чӣ тавр шоҳдухтари вилоятҳоро ба меҳнат маҷбур кардаанд!+

ב [Бет]

 2 Тамоми шаб аз чашмонаш ашк меборад,+ рухсораҳояш аз оби дида тап-тар шудаанд.

Ҳеҷ яке аз хушдоронаш он ҷо нест, ки ӯро дилбардорӣ кунад.+

Ҳама дӯстонаш ба ӯ хиёнат карда,+ душманаш шудаанд.

ג [Гимел]

 3 Яҳудо ба асирӣ рафта,+ азоби зулму ғуломиро мекашад.+

Ӯ маҷбур аст дар миёни халқҳо зиндагӣ кунад,+ барои худ ҷойи тинҷу ором намеёбад.

Тамоми бадхоҳонаш ҳангоми ғаму андуҳаш ба ӯ даррасиданд.

ד [Далет]

 4 Роҳҳои сӯйи Сион мотам гирифтаанд, зеро касе ба ид намеравад.+

Ҳамаи дарвозаҳояш вайрон шудаанд,+ коҳинонаш* оҳ мекашанд.

Бокирагонаш ғамзадаанд ва худаш ғарқи ғусса шудааст.

ה [Ҳе]

 5 Бадхоҳонаш хӯҷаини ӯ гаштаанд ва душманонаш ғаме надоранд,+

Зеро Яҳува барои гуноҳҳои зиёдаш бар сари ӯ азоб овардааст.+

Фарзандони вай пешопеши душманонаш ба асирӣ рафтаанд.+

ו [Вов]

 6 Духтари Сионро тамоми шукӯҳаш тарк кардааст.+

Миронаш мисли гавазнҳоеанд, ки чарогоҳ наёфтаанд,

Онҳо пешопеши дунболагиронашон беҳолу бемадор қадам мегузоранд.

ז [Зайин]

 7 Дар рӯзҳои ғамзада ва бехонаву дар буданаш

Ерусалим тамоми чизҳои пурарзишеро, ки пеш дошт, ба хотир овард.+

Вақте халқаш ба дасти душманон афтод, ӯ халосгаре надошт.+

Душманонаш шикасти ӯро дида, ба ҳолаш хандиданд.+

ח [Хет]

 8 Ерусалим гуноҳи азиме кардааст,+

Аз ин рӯ нафратангез гаштааст.

Онҳое, ки иззаташ мекарданд, бараҳнагияшро дида аз ӯ нафрат карданд.+

Ӯ оҳ кашида,+ аз шармандагӣ рӯяшро мегардонад.

ט [Тет]

 9 Нопокияш бар доманаш аст,

Ӯ аз ояндааш наандешид.+

Шикасташ ҳайратангез буд; ғамгусоре надорад.

Эй Яҳува, ранҷи маро бубин, душманам ҳавобаландӣ мекунад.+

י [Йод]

10 Душманонаш ба тамоми ганҷҳояш дастдарозӣ карданд.+

Ӯ халқҳоеро дид, ки ба муқаддасгоҳаш даромаданд,+

Халқҳоеро, ки ту аз ҳамроҳ шудан ба ҷамоатат манъ карда будӣ.

כ [Каф]

11 Тамоми халқаш оҳ мекашанд, онҳо нон меҷӯянд.+

Чизҳои қиматбаҳояшонро ба ивази хӯрок медиҳанд, то зинда монанд.

Бингар, эй Яҳува, ва бубин, ки чӣ гуна мисли зани хору зоре* гаштаам.

ל [Ламед]

12 Наход шумо, эй ҳамаи роҳгузарон, ба ин бепарво бошед?

Нигаред ва бубинед!

Оё дарди касе мисли дарди ман аст,

Мисли ранҷе, ки Яҳува дар рӯзи ғазаби сӯзонаш ба ман расонда буд?+

מ [Мим]

13 Ӯ аз боло ба устухонҳоям оташ афкандааст,+ то якояки онҳоро бисӯзонад.

Пеши поям дом партофтааст; маро ба қафо баргардондааст.

Маро мисли зани яккаву танҳое гардондааст.

Рӯзи дароз беморам.

נ [Нун]

14 Ӯ гуноҳҳоямро мисли юғе* бар гарданам гузоштааст,

Онҳо бар гарданам гузошта шудаанд ва ман беҳол гаштаам.

Яҳува маро ба дасти касоне супурдааст, ки зӯрам ба онҳо намерасад.+

ס [Самех]

15 Яҳува тамоми мардони пурзӯрамро пароканда кардааст.+

Ӯ лашкареро ба зидди ман ҷамъ овардааст, то ҷавонмардонамро зарба занад.+

Яҳува бокираи Яҳудоро дар чархушт поймол кардааст.+

ע [Айин]

16 Барои ҳамаи ин ман мегирям,+ ашкам шашқатор аст.

Ғамгусорону ҷонбахшонам аз ман дуранд.

Писаронам хонавайронанд, зеро душман дастболо гаштааст.

פ [Пе]

17 Сион дастонашро дароз мекунад,+ вале касе нест, ки ӯро дилбардорӣ кунад.

Яҳува ба ҳамсоягони Яъқуб фармудааст, ки бо вай душманӣ кунанд.+

Ерусалим барояшон нафратангез гаштааст.+

צ [Тсаде]

18 Яҳува росткор аст,+ ман бар зидди фармудаҳояш баромадаам.+

Эй ҳамаи халқҳо, бишнавед ва дарди маро бубинед.

Ҷавондухтарон ва ҷавонписаронам ба асирӣ рафтаанд.+

ק [Коф]

19 Хушдоронамро хондам, вале онҳо ба ман хиёнат карданд.+

Коҳинону пиронам дар шаҳр нобуд шуданд,

Дар ҳоле ки хӯрок меҷустанд, то зинда бимонанд.+

ר [Реш]

20 Бингар, эй Яҳува, зеро дардам бузург аст.

Дарунам дар сӯзу гудоз аст,

Дилам садпора аст, зеро саркашу исёнкор будам.+

Дар берун шамшер нобуд месозад,+ дар даруни хона марг ҳукмфармост.

ש [Шин]

21 Мардум оҳу фиғони маро шуниданд.

Касе нест, ки маро дилбардорӣ кунад.

Ҳама душманонам аз фалокатам огоҳ гаштанд

Ва шод шуданд, ки ту онро бар сарам овардӣ.+

Аммо рӯзе, ки ту эълон карда будӣ,+ меояд ва ҳолашон мисли ман мешавад.+

ת [Тав]

22 Бигзор тамоми бадиҳояшон пеши назарат ошкор шавад.

Онҳоро ҷазо бидеҳ,+

Чуноне ки маро барои ҳама ҷиноятҳоям ҷазо додӣ.

Оҳу фиғонам бисёр асту дилам дардманд.

א [Алиф]

2 Яҳува духтари Сионро бо абри ғазабаш пӯшонидааст.

Ӯ зебоии Исроилро аз осмон ба замин афкандааст.+

Ӯ қадамгоҳи* худро+ дар рӯзи ғазабаш фаромӯш кардааст.

ב [Бет]

 2 Яҳува бераҳмона тамоми хонаҳои Яъқубро фурӯ бурдааст.

Дар хашмаш ҳисорҳои духтари Яҳудоро хароб намудааст.+

Ӯ подшоҳӣ+ ва миронашро+ ба замин яксон карда хор кардааст.

ג [Гимел]

 3 Дар оташи ғазабаш тамоми қуввати Исроилро барҳам додааст.

Ҳангоми ҳамлаи душман дасти ёрӣ дароз накардааст.+

Ғазабаш мисли оташе, ки чизҳои гирду атрофро фурӯ мебарад,

Яъқубро сӯзонидааст.+

ד [Далет]

 4 Ӯ камонашро мисли душман зеҳ* кардааст ва дасти росташро мисли бадхоҳ барои зарба задан бардоштааст.+

Онҳоеро, ки ба чашм азиз буданд, нобуд сохтааст.+

Оташи ғазабашро ба хаймаи духтари Сион+ фурӯ рехтааст.+

ה [Ҳе]

 5 Яҳува душмани мо гаштааст,+

Ӯ Исроилро фурӯ бурдааст.

Тамоми бурҷҳои* онро вайрон кардааст.

Ҳамаи ҳисорҳояшро хароб намудааст.

Мотаму нолаи духтари Яҳудоро зиёд кардааст.

ו [Вов]

 6 Ӯ хаймаи худро мисли каппаи боғе вайрон кардааст.+

Ба иди худ хотима бахшидааст.+

Яҳува тавре кардааст, ки рӯзҳои ид ва шанбе дар Сион фаромӯш шаванд,

Дар оташи ғазабаш подшоҳу коҳинро хор кардааст.+

ז [Зайин]

 7 Яҳува қурбонгоҳашро рад намудааст,

Ӯ аз муқаддасгоҳаш ҳазар кардааст.+

Деворҳои қалъаҳои мустаҳкамашро ба дасти душманон супурдааст.+

Онҳо дар хонаи Яҳува мисли рӯзи ид овозашонро баланд мекунанд.+

ח [Хет]

 8 Яҳува ният кардааст, ки деворҳои духтари Сионро хароб созад,+

Ӯ деворҳои онро бо таноб чен кардааст.+

Дасташро аз хароб кардан бознадоштааст.

Хокрезу* деворҳоро ба мотам гирифтор кардааст,

Ҳамаашон беқувват гардидаанд.

ט [Тет]

 9 Дарвозаҳояш ба замин фурӯ ғалтидаанд.+

Ӯ ғалақаҳояшро вайрон карда, шикастааст.

Подшоҳу миронаш дар байни халқҳо пароканда шудаанд.+

Касе шариатро* риоя намекунад ва ҳатто пайғамбаронашон аз Яҳува рӯъёе намегиранд.+

י [Йод]

10 Пирони духтари Сион дар замин хомӯш нишастаанд.+

Онҳо хок бар сар карда, палос* пӯшидаанд.+

Бокирагони Ерусалим рӯ ба замин ниҳодаанд.

כ [Каф]

11 Чашмонам аз ашк камнур гаштаанд.+

Дарунам дар сӯзу гудоз аст.

Ҷигарам рехтааст, зеро духтарам — халқам, шикаст хӯрдааст,+

Кӯдакону ширмаконаш дар майдонҳои шаҳр аз ҳуш рафтаанд.+

ל [Ламед]

12 Онҳо аз модаронашон мепурсанд: «Ку нону шароб?»,+

Дар ҳоле ки мисли захмдорон дар майдонҳои шаҳр беҳуш шудаанд

Ва дар дасти модаронашон нимҷон гардидаанд.

מ [Мим]

13 Чиро ба ту шоҳид биёрам

Ё чиро ба ту монанд кунам, эй духтари Ерусалим?

Туро ба чӣ баробар кунам, то тасаллият диҳам, эй духтари бокираи Сион?

Шикасти ту мисли баҳр бузург аст.+ Кист, ки туро шифо диҳад?+

נ [Нун]

14 Рӯъёҳои пайғамбаронат дурӯғ ва ҳеҷ буданд,+

Онҳо хатоятро ба ту маълум накарданд, то аз асирӣ наҷотат диҳанд,+

Балки рӯъёҳои дурӯғ ва хабарҳои гумроҳкунанда мерасонданд.+

ס [Самех]

15 Ҳамаи раҳгузаронат масхараомез қарсак мезананд.+

Онҳо аҳволи духтари Ерусалимро дида бо ҳайрат ҳуштак мекашанд+ ва сар ҷунбонда мегӯянд:

«Оё ин ҳамон шаҳре нест, ки онро “камоли зебоӣ ва шодии тамоми замин” мегуфтанд?»+

פ [Пе]

16 Ҳамаи душманонат бар ту даҳон кушодаанд.

Онҳо ҳуштак мекашанд ва дандонҳояшонро ғиҷиррос зада мегӯянд:

«Мо ӯро фурӯ бурдем.+

Ана рӯзе, ки интизораш будем!+ Омадани ин рӯзро бо чашмонамон дидем!»+

ע [Айин]

17 Яҳува нияташро ба ҷо овардааст,+ ӯ суханашро иҷро намудааст,+

Он чизеро, ки аз қадим фармуда буд.+

Ӯ бераҳмона хароб кардааст,+

Гузоштааст, ки душман бар ту тантана кунад ва бадхоҳонат бар ту дастболо шаванд.

צ [Тсаде]

18 Мардумат сӯйи Яҳува фарёд мезананд, эй девори духтари Сион.

Бигзор аз чашмонат шабу рӯз ҷӯйбори ашк бирезад.

Ба худат осоиш надеҳ, бигзор чашмонат дам нагиранд.

ק [Коф]

19 Бархез! Шабонгаҳ дар аввали поси шаб фиғон бардор.

Дилатро пеши Яҳува мисли об холӣ бикун,

Даст ба дуо бардошта, барои ҷони фарзандонат илтиҷо кун,

Барои онҳое, ки дар сари ҳар кӯча аз гушнагӣ беҳуш мешаванд.+

ר [Реш]

20 Бубин, эй Яҳува! Ба халқат, ки нисбаташ бераҳмона амал намудӣ, назар андоз.

Оё дуруст аст, ки занон фарзандони худ, тифлони солими худро, бихӯранд?+

Оё равост, ки коҳинону пайғамбарон дар муқаддасгоҳи Яҳува кушта шаванд?+

ש [Шин]

21 Писарбачаву пирамард дар кӯчаҳо мурда хоб рафтаанд,+

Духтарон ва ҷавонмардонам аз шамшер афтодаанд.+

Ту онҳоро дар рӯзи ғазабат куштаӣ ва бераҳмона ба қатл расондаӣ.+

ת [Тав]

22 Ту даҳшатҳоро аз ҳар тараф ҷамъ овардаӣ, мисли он ки мардумро ба ид даъват карда бошӣ.+

Дар рӯзи ғазаби Яҳува ҳеҷ кас гурехта ё наҷот ёфта натавонист.+

Душманам онҳоеро, ки зодаву* парвариш кардаам, нобуд сохтааст.+

א [Алиф]

3 Ман марде ҳастам, ки аз чӯби ғазабаш азоб кашидаам.

 2 Ӯ маро ронда, дар торикӣ қадамгузор кардааст, на дар рӯшноӣ.+

 3 Ӯ тамоми рӯз такрору батакрор бар ман даст мебардорад.+

ב [Бет]

 4 Гӯшту пӯстамро лах-лах карда,

Устухонҳоямро шикастааст.

 5 Маро муҳосира намудааст, бо заҳри талху бало гирд кардааст.+

 6 Маро мисли касе, ки кайҳо боз мурдааст, дар зулмот сокин гардондааст.

ג [Гимел]

 7 Гирдогирдам девор сохтааст, то гурехта натавонам.

Маро бо завлонаҳои вазнини мисин бандубаст кардааст.+

 8 Вақте доду фиғон карда кумак пурсам, дуоямро рад мекунад.+

 9 Пеши роҳамро бо сангҳои тарошида гирифтааст,

Пайраҳаҳоямро каҷ кардааст.+

ד [Далет]

10 Мисли хирс барои ман камин мегирад ва мисли шер пинҳон мешавад.+

11 Маро аз роҳ берун бурда, пора-пора кардааст,

Маро хору зор намудааст.+

12 Камонашро зеҳ карда, маро ба нишон гирифтааст.

ה [Ҳе]

13 Гурдаҳоямро бо тирҳои тирдонаш сӯрох кардааст.

14 Хандахариши тамоми халқҳо шудаам,

Дар сурудҳояшон маро рӯзи дароз масхара мекунанд.

15 Маро аз талхиҳо пур ва аз тахач сер кардааст.+

ו [Вов]

16 Дандонҳоямро бо сангреза шикастааст,

Маро дар хокистар поймол намудааст.+

17 Ту маро аз осоиштагӣ маҳрум намудаӣ,

Некрӯзиро фаромӯш кардаам.

18 Ба худ мегӯям: «Ҷалолам ва умедам аз Яҳува барбод рафтааст».

ז [Зайин]

19 Ба ёд ор, ки ман ғамзада ва бехонаву дар ҳастам,+

Тахач ва заҳри талх нӯшидаам.+

20 Ту ҳатман инро ба ёд оварда, бар ман хам мешавӣ.+

21 Инро ба хотир меораму туро пурсаброна интизор мешавам.+

ח [Хет]

22 Ҳамин меҳру вафои Яҳува аст, ки мо нобуд нашудаем,+

Раҳмати ӯ поён надорад.+

23 Ӯ ҳар саҳар бар мо раҳматашро меборонад.+

Вафои ту фаровон аст.+

24 «Яҳува насибаи ман аст,+— мегӯям ман,— аз ин рӯ ӯро пурсаброна интизор мешавам».+

ט [Тет]

25 Яҳува ба касе, ки ба ӯ умед мебандад+ ва ӯро ҷустуҷӯ мекунад,+ некуст.

26 Наҷоти Яҳуваро+ оромона интизор шудан некуст.+

27 Барои инсон юғро* дар ҷавонии худ бардоштан некуст.+

י [Йод]

28 Бигзор танҳо нишаста, хомӯш бимонад, вақте Худо он юғро бар гардани ӯ гузорад.+

29 Бигзор ӯ даҳонашро бар хок гузорад,+ шояд ки, ҳанӯз умеде бошад.+

30 Бигзор рухсораашро ба касе, ки ӯро мезанад, гардонад,

Бигзор аз таҳқир сер шавад.

כ [Каф]

31 Яҳува моро ба таври доимӣ намепартояд.+

32 Ӯ ғамгин ҳам кунад, аз рӯйи меҳру вафои фаровонаш раҳм мекунад,+

33 Зеро ҷазо додан ва ғамгин кардани одамизод ба ӯ шодӣ намебахшад.+

ל [Ламед]

34 Бандиёни заминро поймол кардан,+

35 Дар ҳузури Худои Таоло одамро ноҳақ доварӣ кардан,+

36 Дар муҳокимаи даъво касро фиреб додан

— Яҳува ин чизҳоро чашми дидан надорад.

מ [Мим]

37 Пас, агар Яҳува нафармояд, кӣ метавонад сухан гӯяду онро ба амал орад?

38 Аз даҳони Худои Таоло ҳам некӣ ва ҳам бадӣ намебарояд.

39 Чаро одами зинда аз оқибати гуноҳаш гила кунад?+

נ [Нун]

40 Биёед роҳҳоямонро як ба як бубинему тафтиш кунем+ ва сӯйи Яҳува баргардем.+

41 Биёед дасту диламонро сӯйи Худоямон, ки дар осмон аст, боло бардорему бигӯем:+

42 «Мо гуноҳ кардаему саркашӣ намудаем+ ва ту моро набахшидӣ.+

ס [Самех]

43 Ту ба ғазаб омада, моро сӯйи худ роҳ надодӣ,+

Ту аз пуштамон сур карда, моро бераҳмона куштӣ.+

44 Ту роҳро сӯйи худ бо абр пӯшондӣ, то дуои мо пешат наояд.+

45 Ту моро дар миёни халқҳо ба партову ахлот табдил додӣ».

פ [Пе]

46 Ҳама душманон барои таҳқири мо даҳон мекушоянд.+

47 Даҳшату домҳо ва харобиву шикаст насиби мо шудааст.+

48 Аз шикасти духтарам — халқам, аз дидагонам дарёи ашк мерезад.+

ע [Айин]

49 Чашмонам ашкбор аст, беист мегирям,+

50 То даме ки Яҳува аз осмон ба поён бингарад.+

51 Азоби тамоми духтарони шаҳрамро дида ба ғаму андуҳ гирифтор шудаам.+

צ [Тсаде]

52 Душманонам маро бесабаб мисли парандае шикор мекунанд.

53 Ҳаётамро дар чоҳ нобуд сохта, бар ман санг меандозанд.

54 Об аз сарам гузашту гуфтам: «Корам тамом шуд!»

ק [Коф]

55 Аз даруни чоҳи чуқур номи туро хондам, эй Яҳува!+

56 Овозамро бишнав, фарёду илтиҷои маро ношунида нагир.

57 Дар рӯзе ки туро хондам, наздик шуда гуфтӣ: «Натарс!»

ר [Реш]

58 Ту ба додам расидӣ, эй Яҳува, ва ҷонамро халос кардӣ*.+

59 Ту дидӣ, ки дар ҳаққи ман ноинсофӣ карданд, эй Яҳува, ба додам бирас!+

60 Интиқоми онҳо, тамоми ҳилаҳояшонро дидӣ.

ש [Син] ё [Шин]

61 Ту, эй Яҳува, ҳама таънаҳои онҳо ва ҳилаҳояшонро бар зидди ман шунидӣ.+

62 Ту шунидӣ, ки душманонам рӯзи дароз бар зидди ман чӣ мегӯянд ва чӣ пичиррос мезананд.

63 Ба онҳо бингар — хоҳ нишаста бошанд, хоҳ истода, маро дар сурудҳояшон масхара мекунанд.

ת [Тав]

64 Ту, эй Яҳува, сазояшонро мувофиқи корҳояшон медиҳӣ.

65 Ту онҳоро ба лаънат гирифтор карда беҳаё мегардонӣ.

66 Ту, эй Яҳува, ба ғазаб омада, онҳоро сур мекунӣ ва аз зери осмони худ нобуд месозӣ.

א [Алиф]

4 Чӣ тавр тиллои ялаққосӣ, зари холис,+ хира шудааст!

Чӣ тавр сангҳои ҷойи муқаддас+ дар сари ҳар кӯча партофта шудаанд!+

ב [Бет]

 2 Писарони азизи Сион, ки ба зари холис баробар буданд,

Ба кӯзаҳои сафолин, ба амали дасти кулол, баробар дониста шуданд.

ג [Гимел]

 3 Шағолон ҳам ба бачаҳои худ сина медиҳанд,

Вале духтарам — халқам, мисли шутурмурғи биёбон+ бераҳм шудааст.+

ד [Далет]

 4 Забони бачаи ширмак аз ташнагӣ ба комаш часпидааст.

Кӯдакон нон металбанд,+ вале касе ба онҳо чизе намедиҳад.+

ה [Ҳе]

 5 Онҳое, ки таомҳои бомаза мехӯрданд, дар кӯчаҳо аз ҳол рафтаанд.+

Онҳое, ки бо либоси арғувонӣ дар тан калон шудаанд,+ тӯдаи хокистарро ба оғӯш мегиранд.

ו [Вов]

 6 Ҷазои духтарам — халқам, аз ҷазои гуноҳи Садӯм бузургтар аст,+

Аз ҳамон Садӯм, ки дар як рӯз сарнагун шуд ва халосгаре надошт.+

ז [Зайин]

 7 Назркардагонаш+ аз барф софтар ва аз шир сафедтар буданд.

Онҳо аз марҷон сурхтару мисли ёқути кабуди ҷилодор буданд.

ח [Хет]

 8 Афту андомашон аз сиёҳӣ сиёҳтар шудааст.

Онҳоро дар кӯча намешиносанд.

Пӯсташон ба устухонашон часпида,+ мисли чӯби хушк гаштааст.

ט [Тет]

 9 Касоне, ки аз шамшер мурдаанд, аз касоне, ки аз гуруснагӣ мурдаанд,+ хушбахттар буданд,

Зеро гуруснагон аз зарби қаҳтӣ, мисли он ки захмдор шуда бошанд, бо азоби бисёр ҷон доданд.

י [Йод]

10 Дастони занони дилсӯз фарзандони худро пухтанд.+

Кӯдаконашон барояшон дар вақти шикасти духтарам — халқам, хӯроки мотам гаштанд.+

כ [Каф]

11 Яҳува ба ғазаб омадааст,

Ӯ оташи хашмашро фурӯ рехтааст.+

Ӯ дар Сион оташеро афрӯхтааст, ки бунёдҳои онро месӯзонад.+

ל [Ламед]

12 Подшоҳони замин ва тамоми мардуми олам бовар намекарданд,

Ки бадхоҳу душман аз дарвозаҳои Ерусалим медарояд.+

מ [Мим]

13 Ҳамаи ин аз пушти гуноҳҳои пайғамбаронаш ва хатоҳои коҳинонаш рӯй дод,+

Зеро онҳо дар миёни Ерусалим хуни росткоронро мерехтанд.+

נ [Нун]

14 Онҳо дар кӯчаҳо мисли кӯрон мегаштанд.+

Онҳо ба хун олудаанд+

Ва касе ҷуръат намекунад ба либосашон расад.

ס [Самех]

15 «Гум шавед, нопокҳо! — дод мегӯянд ба онҳо,— Гум шавед! Гум шавед! Ба мо даст нарасонед!»

Онҳо бехонаву дар гашта, саргардон шудаанд.

Дар миёни халқҳо чунин гуфтанд: «Онҳо дар ин ҷо намемонанд.+

פ [Пе]

16 Яҳува онҳоро пароканда кардааст,+

Ӯ ба онҳо бо чашми ризо нигоҳ нахоҳад кард.

Мардум на ҳурмат ба коҳинон хоҳанд дошту+ на раҳме ба пирон».+

ע [Айин]

17 Чашмонамон ҳанӯз аз интизории беҳудаи кумак хастаанд.+

Мо аз халқе мададро чашмдору умедвор будем, вале он моро наҷот дода натавонист.+

צ [Тсаде]

18 Сари ҳар қадам моро шикор мекарданд,+

Ба дараҷае ки дигар дар кӯчаҳо гашта наметавонистем.

Анҷомамон наздик шуд, рӯзҳоямон ба охир расид, умрамон тамом шуд.

ק [Коф]

19 Дунболагирони мо аз уқобони осмон тезтар буданд.+

Онҳо моро дар кӯҳҳо сур мекарданд ва дар биёбон барои мо камин мегирифтанд.

ר [Реш]

20 Нафаси мо, яъне масеҳи* Яҳуваро,+ ба чоҳи бузургашон афтонданд,+

Онеро, ки дар борааш мегуфтем: «Дар сояи ӯ дар миёни халқҳо зиндагӣ хоҳем кард».

ש [Син]

21 Шодиву хурсандӣ кун, эй духтари Адӯм,+ ки дар замини Ус зиндагӣ мекунӣ.

Вале бидон, ки ба ту низ ин коса мерасад+ ва ту низ аз он менӯшиву бараҳнагии худро ошкор мекунӣ.+

ת [Тав]

22 Ҷазои гуноҳат, эй духтари Сион, ба охир расидааст.

Ӯ туро дигар ба асирӣ намебарад.+

Вале ба хатоҳои ту, эй духтари Адӯм, ӯ диққат дода,

Гуноҳҳоятро фош мекунад.+

5 Эй Яҳува, ба хотир биёр, ки ба сарамон чӣ омадааст.

Бингар ва нанги моро бубин.+

 2 Меросамон ба дасти бегонагон гузаштааст, хонаҳоямон ба дасти мардуми ғайр.+

 3 Мо ятим шудаем, модаронамон мисли бева гаштаанд.+

 4 Оби худро пул дода менӯшем+ ва ҳезуми худро бо музд ба даст меорем.

 5 Кам мондааст, ки дунболагиронамон моро дастгир кунанд,

Хаста шудаем, вале намемонанд, ки нафас рост кунем.+

 6 Мо сӯйи Миср+ ва Ошур+ дасти ниёз дароз кардем, то нони хӯрданӣ ёбем.

 7 Бобоёни гуноҳкорамон мурдаанд, аммо бори хатояшонро мо мекашем.

 8 Хизматгорон хӯҷаини мо шуданд ва касе нест, ки моро аз дасти онҳо раҳо кунад.

 9 Ҷон дар хатар гузошта, аз шамшери биёбон тарсида, нон меёбем.+

10 Аз азоби гуруснагӣ пӯстамон мисли танӯр тафсидааст.+

11 Занонро дар Сион, бокирагонро дар Яҳудо таҷовуз кардаанд.+

12 Миронро аз дасташон овехтаанд+ ва пиронро эҳтиром намекунанд.+

13 Ҷавонон дастосро* мебардоранд ва писарон зери бори ҳезум меафтанд.

14 Пирон аз назди дарвозаҳо рафтаанд+ ва ҷавонон дигар мусиқӣ наменавозанд.+

15 Хушӣ аз диламон рафтааст ва рақсамон ба мотам табдил ёфтааст.+

16 Тоҷ аз сарамон афтидааст. Вой бар мо, зеро гуноҳ кардаем!

17 Аз ин рӯ диламон бемор+ ва чашмонамон бенур гаштааст,+

18 Охир, Сион харобазор гардидааст+ ва макони рӯбоҳон шудааст.

19 Аммо ту, эй Яҳува, то абад тахтнишинӣ,

Тахти ту ҷовидонист.+

20 Чаро моро фаромӯш кардӣ ва дурудароз тарк намудӣ?+

21 Моро ба сӯят баргардон, эй Яҳува, ва мо бо ҷону дил бармегардем.+

Рӯзҳоямонро мисли пештара гардон.+

22 Аммо ту моро тамоман рад кардаӣ

Ва ҳанӯз бар мо дарғазабӣ.+

Бобҳои 1–4 дар забони ибрӣ ба шакли мувашшаҳ омадаанд, яъне ҳар як порча бо ҳарфе сар мешавад, ки ба тартиби алифбои ибрӣ мувофиқ аст.

Коҳин — ниг. ба луғат.

Ин ҷо Ерусалим дар назар дошта шудааст.

Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.

Ё «курсии зери пойи».

Дар матни асл «зер».

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Хокрез — ниг. ба луғат.

Ё «дастурро».

Палос — ниг. ба луғат.

Ё «сиҳату саломат зодаву».

Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.

Ё «бозхаридӣ».

Ё «тадҳиншудаи». Ниг. ба луғат, ба калимаи «масеҳ».

Дастос — осиёи дастӣ.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан