Онҳо ба чӣ эътиқод доранд?
ШОҲИДОНИ ЯҲУВА ба Худои Қодир Яҳува, Офаридгори замину осмон эътиқод доранд. Худи мавҷудияти офаридаҳои ба таври мураккаб сохташудае, ки моро дар олам иҳота мекунанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки онро Офаридгори тавоное, ки хиради олӣ дорад, ба вуҷуд овардааст. Тавре ки амали дастҳои одамон аз хислатҳояшон дарак медиҳад, офаридаҳои Яҳува низ аз чӣ гуна Худо будани Ӯ шаҳодат медиҳанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Моҳияти нонамоёни Ӯ ... аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст». Бале, бе ягон садову сухан «осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд» (Румиён 1:20; Забур 18:2–5).
Одамон бе ягон мақсад зарфҳои гилин намесозанд ё телевизор ва компютер истеҳсол намекунанд. Замин ва набототу ҳайвоноти дар он офаридашуда бошад, касро бештар ба ҳайрат меоранд. Сохти бадани одам, ки триллионҳо ҳуҷайра дорад, ақлнопазир аст: танҳо мағзи сар, ки мо бо он андеша меронем, мӯъҷизаи даркнашаванда мебошад! Агар одамон чизи нисбатан камаҳамиятеро бо мақсади аниқ ихтироъ намоянд, пас, албатта Яҳува Худо офаридаҳои ҳайратангези худро бо мақсади муайяне офаридааст! Фикри монанде дар Масалҳо 16:4 воқеъ аст, ки мегӯяд: «Ҳар чизро Худованд ба мақсади он [«худ», ТДН] мувофиқ сохтааст».
Яҳува заминро бо мақсади муайян офарида буд. Ин аз суханоне, ки Ӯ ба ҷуфти нахустини одамон гуфта буд, аён аст: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед... ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед» (Ҳастӣ 1:28). Азбаски онҳо беитоат гардиданд, онҳо натавонистанд заминро аз оилаҳои одиле пур кунанд, ки метавонистанд бо муҳаббат ба замин ва набототу ҳайвоноти он ғамхорӣ кунанд. Вале беитоатии онҳо нияту мақсади Яҳуваро вайрон накард. Ҳазорсолаҳо баъд навишта шуда буд: «Ӯ Худоест, ки заминро ба вуҷуд овардааст ва ... онро на аз барои он офаридааст, ки бодияе бошад, балки аз барои он ба вуҷуд овардааст, ки маскун бошад». «Замин то абад меистад» — он нест карда нахоҳад шуд (Ишаъё 45:18; Воиз 1:4). Мақсади Яҳува ба иҷро хоҳад расид, зеро Ӯ мегӯяд: «Иродаи Ман иҷро хоҳад шуд, ва ҳар он чиро, ки хостаам, ба ҷо хоҳам овард» (Ишаъё 46:10).
Аз ин рӯ, Шоҳидони Яҳува боварӣ доранд, ки замин то абад вуҷуд хоҳад дошт ва ҳамаи одамон — ҳам одамони зинда ва ҳам мурдагон — агар ба меъёрҳои Худо мувофиқат кунанд, имконияти дар замини зебогашта абадан зиндагӣ карданро пайдо хоҳанд кард. Тамоми инсоният аз Одаму Ҳавво нокомилиро мерос гирифтааст ва барои ҳамин гуноҳкор мебошад (Румиён 5:12). Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд: «Музди гуноҳ мамот аст». «Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд, вале мурдаҳо чизе намедонанд». «Ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд» (Румиён 6:23; Воиз 9:5; Ҳизқиёл 18:4, 20). Вале чӣ гуна онҳо метавонанд ба ҳаёт баргашта, баракатҳои заминиро соҳиб гарданд? Танҳо тавассути қурбонии фидяи Исо, чунки ӯ гуфта буд: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд». «Ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро хоҳанд шунид ва берун хоҳанд омад» (Юҳанно 5:28, 29; 11:25; Матто 20:28).
Чӣ тавр ҳамаи ин ба амал хоҳад омад? Ин дар хушхабари Салтанате, ки Исо дар рӯи замин мавъиза карда буд, фаҳмонда мешавад (Матто 4:17–23). Аммо имрӯз Шоҳидони Яҳува хушхабарро ба таври хеле махсус мавъиза мекунанд.
[Ҷадвал дар саҳифаи 13]
ШОҲИДОНИ ЯҲУВА БА ЧӢ ЭЪТИҚОД ДОРАНД
Таълимот Далел аз Китоби Муқаддас
Китоби Муқаддас — Каломи Худо 2 Тим. 3:16, 17;
ва ҳақиқат аст 2 Пет. 1:20, 21; Юҳ. 17:17
Номи Худо Яҳува мебошад Заб. 83:18, ТФ; Иш. 26:4; 42:8 (ТФ);
Хур. 6:3, ТФ
Масеҳ — Писари Худо буда, Мат. 3:17; Юҳ. 8:42; 14:28; 20:17;
ба Падари худ мутеъ аст 1 Қӯр. 11:3; 15:28
Масеҳ нахустин офаридаи Қӯл. 1:15; Ваҳй 3:14
Худо буд
Масеҳ бар ғӯлачӯб мурд, Ғал. 3:13; Аъм. 5:30
на бар салиб
Масеҳ ҳаёти инсонии худро Мат. 20:28; 1 Тим. 2:5, 6;
чун фидя барои одамони 1 Пет. 2:24
итоаткор қурбон намуд
Як бор худро қурбон кардани Рум. 6:10; Ибр. 9:25–28
Масеҳ кифоя буд
Масеҳ ҳамчун шахсияти рӯҳии 1 Пет. 3:18; Рум. 6:9;
намиранда аз мурдагон эҳё Ваҳй 1:17, 18
карда шуд
Ҳузури Масеҳ — дар рӯҳ Юҳ. 14:19; Мат. 24:3;
Мо дар «охирзамон» зиндагӣ Мат. 24:3–14; 2 Тим. 3:1–5;
дорем Луқ. 17:26–30
Салтанат таҳти сарварии Масеҳ Иш. 9:6, 7; 11:1–5;
адолат ва осоиштагиро бар Дон. 7:13, 14; Мат. 6:10
замин пойдор месозад
Салтанат дар рӯи замин Заб. 71:1–4;
беҳтарин шароити зистро Ваҳй 7:9, 10,13–17; 21:3, 4
муҳайё хоҳад сохт
Худо тартиботи шариронаи Ваҳй 16:14, 16; Саф. 3:8;
имрӯзаро дар ҷанги Дон. 2:44; Иш. 34:2; 55:10, 11
Ҳармиҷидӯн нест хоҳад кард
Шарирон абадан нест карда Заб. 36:10; 2 Тас. 1:6–9
мешаванд
Одамоне, ки писанди Худо Юҳ. 3:16; 10:27, 28; 17:3;
мебошанд, ҳаёти ҷовидона Марқ. 10:29, 30
хоҳанд ёфт
Роҳе, ки сӯи ҳаёт мебарад, Мат. 7:13, 14; Эфс. 4:4, 5
танҳо яктост
Сабаби марги инсоният гуноҳи Рум. 5:12; 6:23
Одам мебошад
Ҷон ҳангоми марги шахс Ҳиз. 18:4; Воиз 9:10;
мавҷудияти худро қатъ Заб. 6:6; 145:4; Юҳ. 11:11–14
мекунад
Дӯзах қабри умумии одамизод Айюб 14:13; Ваҳй 20:13, 14
мебошад
Мурдагон умеди эҳё шуданро 1 Қӯр. 15:20–22;
доранд Юҳ. 5:28, 29;11:25, 26
Марге, ки аз Одам ба мо 1 Қӯр. 15:26, 54; Ваҳй 21:4;
расидааст, нест хоҳад шуд Иш. 25:8
Танҳо рамаи хурде, ки аз 144000 Луқ. 12:32; Ваҳй 14:1, 3;
нафар иборат аст, ба осмон 1 Қӯр. 15:40–53; Ваҳй 5:9,10
рафта, бо Масеҳ ҳукмронӣ
хоҳад кард
144 000 нафар ҳамчун фарзандони 1 Пет. 1:23; Юҳ. 3:3;
рӯҳии Худо аз нав тавлид ёфтаанд Ваҳй 7:3, 4
Аҳди нав бо Исроили рӯҳонӣ Ирм. 31:31; Ибр. 8:10–13
баста шудааст
Ҷамъомади масеҳӣ бар Масеҳ Эфс. 2:20; Иш. 28:16;
бино ёфтааст Мат. 21:42
Дар парастиши Худо тасвирҳо Хур. 20:4, 5; Иб. 26:1;
набояд истифода бурда шаванд 1 Қӯр. 10:14; Заб. 113:12–16
Аз робита бо арвоҳ канорагирӣ Такр. Ш. 18:10–12;
бояд кард Ғал. 5:19–21; Иб. 19:31
Шайтон ҳокими ноаёни ҷаҳон 1 Юҳ. 5:19; 2 Қӯр. 4:4;
мебошад Юҳ. 12:31
Фарди масеҳӣ набояд дар корҳои 2 Қӯр. 6:14–17; 11:13–15;
динҳои дигар ширкат намояд Ғал. 5:9; Такр. Ш. 7:1–5
Фарди масеҳӣ бояд худро аз Яъқ. 4:4; 1 Юҳ. 2:15;
ҷаҳон ҷудо нигоҳ дорад Юҳ. 15:19; 17:16
Ба қонунҳои инсоние, ки Мат. 22:20, 21;
бархилофи қонунҳои Худо 1 Пет. 2:12; 4:15
нестанд, итоат бояд кард
Тавассути даҳон ё раг ба бадан Ҳас. 9:3, 4; Иб. 17:14;
ворид намудани хун бархилофи Аъм. 15:28, 29
қонунҳои Худост
Ба қонунҳои Китоби Муқаддас 1 Қӯр. 6:9, 10; Ибр. 13:4;
оид ба ахлоқ итоат бояд кард 1 Тим. 3:2; Мас. 5:1–23
Қонуни риоя намудани шанбе Такр. Ш. 5:15; Хур. 31:13;
танҳо ба исроилиён дода Рум. 10:4; Ғал. 4:9, 10;
шуда буд ва дар якҷоягӣ бо Қӯл. 2:16, 17
шариати Мусо бекор карда шуд
Муқаррар намудани табақаи Мат. 23:8–12; 20:25–27;
рӯҳонӣ ва унвонҳои махсус Айюб 32:21, 22
нодуруст аст
Инсон дар натиҷаи таҳаввул Иш. 45:12; Ҳас. 1:27;
(эволютсия) пайдо нашудааст, Мат. 19:4
балки офарида шудааст
Дар хидмат ба Худо ба намунаи 1 Пет. 2:21; Ибр. 10:7;
Таъмид, ки ҳангоми он шахс Марқ. 1:9, 10; Юҳ. 3:23;
пурра ба об фурӯ меравад, Аъм. 19:4, 5
рамзи ба Худо бахшидани
худ мебошад
Масеҳиён бо хушнудӣ ба Рум. 10:10; Ибр. 13:15;
ҳамагон аз ҳақиқати Китоби Иш. 43:10–12
Муқаддас шаҳодат медиҳанд
[Tасвир дар саҳифаи 12]
ЗАМИН ... аз ҷониби Яҳува офарида шудааст ... аз тарафи одам обод шудааст ... то абад маскан гардидааст