ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.6. саҳ. 26-29
  • Бовариро дар оилаатон барқарор кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бовариро дар оилаатон барқарор кунед
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Шумо муваффақ шуда метавонед
  • Ба якдигар вафодор бошед
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Ба даст овардани хушбахтӣ дар издивоҷи дуюм
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • «Бигзор издивоҷ мӯҳтарам дошта шавад»
    «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
  • Бо ҳамсаратон эҳтиромона муносибат кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.6. саҳ. 26-29

Калидҳои хушбахтии оила

Бовариро дар оилаатон барқарор кунед

Стивa: «Ман ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки Ҷоди зино содир мекунад. Ман тамоми бовариамро ба ӯ гум кардам. Бо сухан гуфта наметавонам, ки то чӣ андоза бароям бахшидани вай мушкил буд».

Ҷоди: «Ман мефаҳмам, ки барои чӣ боварии Стивро гум кардам. Ба ман солҳои зиёд лозим шуд, то пушаймон буданамро исбот кунам».

КИТОБИ МУҚАДДАС ба онҳое, ки аз тарафи ҳамсарашон хиёнат дидаанд, озодии интихоб медиҳад, ки аз вай ҷудо шаванд ё неb (Матто 19:9). Стив, ки дар боло суханонаш оварда шудаанд, қарор кард, ки аз занаш ҷудо намешавад. Ҳам ӯ ва ҳам Ҷоди қатъӣ қарор доданд, ки издивоҷашонро нигоҳ медоранд. Лекин дере нагузашта онҳо фаҳмиданд, ки нигоҳ доштани оила назар ба зиндагии якҷоя чизи бештареро талаб мекунад. Чаро? Зеро чӣ тавре ки дар боло қайд шуд, хиёнати Ҷоди тамоми боварии байни онҳоро барҳам дода буд. Азбаски дар хушбахтии оилавӣ боварӣ ба якдигар чизи ҳатмӣ аст, онҳо барои он бовариро барқарор кардан бояд сахт кӯшиш мекарданд.

Агар шумову ҳамсаратон баъди рӯй додани чунин проблемаи ҷиддӣ, яъне зино издивоҷи худро нигоҳ доштан хоҳед, равшан аст, ки бо масъалаи душворе рӯ ба рӯ мешавед. Баъди маълум шудани ин кор чанд моҳи аввал хусусан мушкил буда метавонад. Вале комёб шудан имконпазир аст! Чӣ тавр шумо бовариро дар оилаатон барқарор карда метавонед? Хираде, ки дар Китоби Муқаддас ҳаст, ба шумо кӯмак карда метавонад. Дар бораи чор пешниҳодоти зерин мулоҳиза кунед.

1 Бо якдигар ростқавл бошед. «Кизбро [дурӯғро] аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед»,— навишта буд Павлуси ҳавворӣ (Эфсӯсиён 4:25). Суханони дурӯғ, нимрост ва ҳатто хомӯшӣ бовариро суст мекунад. Барои ҳамин ба шумо лозим аст, ки бо ҳамдигар ошкоро ва ростқавлона гап занед.

Дар аввал, шояд гап задан дар бораи хиёнат барои шумо ва ҳамсаратон хеле дардовар бошад. Вале ба ҳар ҳол оқибат шумо бояд дар бораи чизи рӯйдода рӯирост гап занед. Шумо метавонед қарор кунед, ки ҳамаи чизҳои майда–чуйдаро муҳокима намекунед, лекин аз худи мавзӯъ гурехтан аз рӯи хирад нест. «Вақтҳои аввал гап задан дар бораи бевафоӣ барои ман хеле мушкилу нафратовар буд,— мегӯяд Ҷоди, зане, ки суханонаш дар боло оварда шуда буданд.— Ин чизе буд, ки ман аз он сахт пушаймон будам ва мехостам, ки ба ин мавзӯъ нуқта гузорам ва онро фаромӯш кунам». Лекин ин норасоии сӯҳбати ошкоро проблемаҳои дигарро ба миён меоранд. Чаро? Стив мегӯяд: «Азбаски Ҷоди дар бораи кори кардааш гуфтан намехост, нобоварии ман нисбати ӯ боқӣ мемонд». Гузаштаро ба ёд оварда, Ҷоди иқрор мешавад: «Бо шавҳарам муҳокима накардани ин чиз ба беҳтаршавии вазъият халал мерасонд».

Бешубҳа ҳар гуна муҳокима дар бораи хиёнат дардовар хоҳад буд. Дилором, ки шавҳараш, Пайрав, бо котибааш ба ӯ хиёнат кард, мегӯяд: «Ман саволҳои зиёде доштам. Чӣ тавр? Барои чӣ? Вақти бо ҳам будан онҳо дар бораи чӣ гап мезаданд? Дар бораи ин чиз доимо фикр карда, ман хеле асабонӣ мешудам ва бо гузашти ҳафтаҳо саволҳоям зиёд мешуданд». Пайрав мегӯяд: «Фаҳмост, ки чаро баъзан сӯҳбати ману Дилором тезу тунд мешуд. Вале ҳамеша мо баъдтар аз ҳамдигар бахшиш мепурсидем. Он сӯҳбатҳои ошкоро моро ба ҳамдигар наздиктар карданд».

Шумо чӣ кор карда метавонед, то чунин сӯҳбатҳо аз ҳад дардовар набошанд? Дар ёд доред, ки мақсади асосии шумо на ҷазо додани ҳамсаратон, балки аз мусибати рӯйдода дарс гирифтан ва мустаҳкам кардани оилаатон аст. Масалан, вақте ки Максим ба занаш Марина хиёнат кард, онҳо бо назардошти воқеаи рӯйдода муносибатҳояшонро аз нав дида баромаданд. «Ман фаҳмидам, ки аз ҳад зиёд ба майлу рағбатҳои шахсии худ банд будам,— мегӯяд Максим. Ҳамчунин ман бештар дар бораи ба дигарон маъқул шудан ва иҷро кардани хоҳиши онҳо фикр мекардам. Ман вақту диққати зиёдамро барои онҳо сарф мекардам. Дар натиҷа, ман бо занам кам вақт мегузарондам». Ошкор кардани ин чизҳо ба Максим ва Марина ёрдам дод, ки ба ҳаёти оилавиашон дигаргуниҳо дароранд. Ва ин бо гузашти вақт издивоҷи онҳоро мустаҳкам кард.

ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Агар шумо ҳамсари хиёнаткарда бошед, аз худсафедкунӣ ё айбдор кардани ҳамсаратон канорагирӣ кунед. Кори кардаатон ва дарди расондаатонро ба гардан гиред. Агар шумо ҳамсари ҷабрдида бошед, ба ҳамсаратон дод назанед ё суханони нешдор ва таҳқиромезро истифода набаред. Аз чунин тарзи гуфтор худдорӣ карда, шумо ба ҳамсаратон ёрӣ медиҳед, ки минбаъд низ бо шумо ошкоро гап занад (Эфсӯсиён 4:32).

2 Бо якдигар ҳамкорӣ кунед. «Ду нафар аз як нафар беҳтаранд,— мегӯяд Китоби Муқаддас,— чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост. Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад» (Воиз 4:9, 10). Ин принсип хусусан он вақт қобили корбурд аст, ки шумо барои барқарор кардани боварӣ кӯшиш мекунед.

Якҷоя амал карда, шумою ҳамсаратон метавонед бар нобоварие, ки дар байнатон пайдо шуда муносибататонро вайрон кардааст, ғолиб оед. Лекин барои ин, ба ҳар дуи шумо лозим аст, ки қувваи худро дареғ надошта барои нигоҳ доштани издивоҷатон остин барзанед. Агар шумо дар танҳоӣ ин проблемаро ҳал карданӣ шавед, шумо эҳтимол бо пробемаҳои зиёдтар дучор мешавед. Шумо бояд ба якдигар чун ба шарику ҳамкори худ назар кунед.

Муҳим будани ҳамкориро Стив ва Ҷоди аз таҷрибаи худ медонанд. Ҷоди мегӯяд: «Вақти муайян лозим шуд, ки мо издивоҷамонро қавӣ гардонем, вале ману Стив барои ин якҷоя ҳамкорӣ мекардем. Ман қарори қатъӣ додам, ки ҳеҷ гоҳ дигар ба вай ин хел дард нарасонам. Ва ҳарчанд дили Стив озор дид, вай устуворона роҳ надод, ки издивоҷамон барҳам хӯрад. Ҳар рӯз ман имконият меҷустам, ки ба вай садоқатмандии худро нишон диҳам ва ӯ доимо ба ман муҳаббаташро зоҳир мекард. Барои ин ман ҳамеша аз ӯ миннатдор хоҳам буд».

ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Якҷоя қарор диҳед, ки бо якдигар ҳамкорӣ мекунед, то бовариро дар оилаатон барқарор намоед.

3 Одатҳои кӯҳнаатонро бо одатҳои нав иваз кунед. Баъди шунавандагонашро аз зино огоҳ кардан, Исо гуфт: «Агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун» (Матто 5:27–29). Агар шумо ҳамсари зинокарда бошед, фикр кунед, ки барои нигоҳ доштани издивоҷатон кадом рафтор ё рӯҳияро бояд аз худ дур кунед.

Албатта, шумо бояд бо он шахсе, ки зино кардед, тамоман алоқаро канедc (Масалҳо 6:32; 1 Қӯринтиён 15:33). Пайрав, ки дар боло дар борааш гуфта шуд, соатҳои корӣ ва рақами телефони мобилиашро дигар кард, то ки дигар бо он зан сарукор накунад. Лекин бо ин роҳ вай натавонист, ки алоқаро бо он зан пурра канад. Пайрав сахт мехост, ки боварии занашро аз нав ба даст орад, барои ҳамин вай аз кораш рафт. Вай ҳамчунин аз баҳри телефони мобилиаш баромад ва акнун телефони занашро истифода мебурд. Оё ин кӯшишҳои вай арзанда буданд? Зани вай, Дилором, мегӯяд: «Аз он вақт шаш сол гузаштааст, вале ман то ҳол баъзан хавотир мешавам, ки он зан шояд мекӯшад бо Пайрав алоқаро барқарор кунад. Лекин ман ҳоло ба Пайрав боварӣ дорам, ки вай ба васваса дода намешавад».

Агар шумо ҳамсари хиёнаткарда бошед, ба шумо ҳамчунин лозим аст, ки дар шахсияти худ дигаргунӣ дароред. Масалан, эҳтимол шумо ба флирт (таваҷҷӯҳи нораво ба шахси ҳамсарнабуда) майл доред ё шояд бисёр вақт аз тарзи рафторатон дигарон гумон мекунанд, ки шумо флирт мекунед. Ё шояд ба шумо маъқул аст, ки оиди бо каси дигар муносибатҳои ошиқона доштан фикру хаёл кунед. Агар ҳа, пас «одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур» кунед. Одатҳои кӯҳнаатонро бо одатҳои нав, ки боварии ҳамсаратонро ба шумо қавӣ мекунанд, иваз кунед (Қӯлассиён 3:9, 10). Мумкин аз сабаби тарбияи гирифтаатон ба шумо зоҳир кардани меҳру муҳаббат душвор бошад. Лекин ҳатто агар дар аввал шарм кунед ҳам, аз зоҳир кардани меҳрубонӣ худдорӣ накунед ва ҳамсаратонро ба муҳаббати худ бовар кунонед. Стив ба хотир меорад: «Ҷоди бисёр вақт меҳру навозишашро нишон медод ва зуд–зуд “Ман туро дӯст медорам” мегуфт».

Хуб мебуд, ки якчанд вақт ба ҳамсаратон дар бораи тамоми корҳои рӯз нақл кунед. Марина, ки дар боло дар борааш гуфтем, қайд мекунад: «Максим назди худ мақсад гузошта буд, ки ба ман ҳама корҳои дар давоми рӯз рӯйдодаро, ҳатто чизҳои начандон муҳимро нақл кунад, то нишон диҳад, ки ҳеҷ чизро аз ман пинҳон намедорад».

ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Аз якдигар пурсед, ки кадом рафтор эҳтимол барои барқарор кардани боварӣ ба оилаи шумо кӯмак мекунад. Онҳоро нависед ва сипас дар амал ба кор баред. Ҳамчунин, ба реҷаи худ корҳоеро илова намоед, ки якҷоя кардани онҳо ба шумо хурсандӣ меорад.

4 Фаҳмед, ки кай бояд ба пеш равед. Саросемавор ба чунин хулоса наоед, ки вақти он расидааст, ки ба мисли пештара зиндагӣ кунед. Масалҳо 21:5 огоҳ мекунад: «Ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад». Барои барқарор кардани боварӣ вақт лозим аст — шояд якчанд сол.

Агар шумо ҳамсари хиёнатдида бошед, фикр накунед, ки шумо бояд ҳамсаратонро зуд бахшед. Барои пурра бахшидани ӯ ба худ вақти кофӣ диҳед. Марина ба ёд меорад: «Пеш барои ман аҷоиб метофт, ки чӣ тавр зан шавҳари хиёнаткардаашро бахшида наметавонад. Ман фаҳмида наметавонистам, ки чаро вай ин қадар муддати дурудароз қаҳр мекунад. Лекин вақте ки шавҳари худам ба ман хиёнат кард, ман фаҳмидам, ки бахшидан кори осон набудааст». Бахшидан ва барқарор кардани боварӣ эҳтимол танҳо бо гузашти вақт имконпазир мешавад.

Лекин Воиз 3:1–3 қайд мекунад, ки вақте барои шифо ёфтан ҳаст. Дар аввал шумо шояд фикр кунед, ки ҳиссиёти худро ба ҳамсаратон нагуфта, шумо бо ин худро ҳимоя мекунед. Лекин муддати дурудароз чунин рафтор кардан боварии шуморо нисбати ҳамсаратон барқарор намекунад. Барои барқарор кардани муносибатҳои вайроншуда ҳамсаратонро бахшед ва инро бо баён кардани ҳиссиёт ва рози дилатон нишон диҳед. Ҳамчунин ҳамсаратонро барангезед, ки дар бораи хурсандӣ ва ташвишҳояш озодона ба шумо гап занад.

Дар дил кинаю адоват напарваред. Кӯшиш кунед, то бо чунин ҳиссиёт мубориза баред (Эфсӯсиён 4:32). Мулоҳиза дар бораи намунаи Худо барои шумо фоиданок буда метавонад. Барои Ӯ сахт дарднок буд, вақте ки хизматгоронаш дар Исроили қадим аз Ӯ рӯй гардонданд. Яҳува Худо ҳатто худро ба ҳамсари хиёнатдида монанд кард (Ирмиё 3:8, 9; 9:2). Вале Ӯ «хашми Худро ба сурати абадӣ нигоҳ» надошт (Ирмиё 3:12). Вақте ки халқаш ба назди Ӯ баргаштанд ва самимона тавба карданд, Ӯ онҳоро бахшид.

Оқибат, вақте ки шумо ба муносибатҳои худ дигаргуниҳои лозимаро медароред, шумо ҳисси бехатарӣ пайдо мекунед. Сипас, ба ҷои он ки фақат дар бораи нигоҳ доштани издивоҷатон фикр кунед, шумо метавонед якҷоя мақсадҳои дигар гузоред. Ба ҳар ҳол, худбовару бепарво набошед. Вақт аз вақт дида бароед, ки оё майлҳои пештара, ки издивоҷатонро зери хатар гузошта буданд, аз нав пайдо нашудаанд. Агар чунин майлҳо пайдо шуда бошанд, барои бартараф кардани онҳо чора андешед ва якдигарро бовар кунонед, ки шумо танҳо ба ҳамдигар тааллуқ доред (Ғалотиён 6:9).

ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Ба ҷои он ки дар бораи баргардонидани муносибатҳои пештараатон фикр кунед, кӯшиш намоед, ки бо ҳамсаратон муносибатҳои нав ва мустаҳкамтар инкишоф диҳед.

Шумо муваффақ шуда метавонед

Агар шумо баъзан ҳис кунед, ки кӯшишҳоятон дар нигоҳ доштани издивоҷатон бебароранд, фикри зеринро ба ёд оред: Худо Асосгузори сохтори оила аст (Матто 19:4–6). Барои ҳамин, бо кӯмаки Ӯ издивоҷи шумо метавонад муваффақ гардад. Ҳамаи ҷуфтони дар боло гуфташуда маслиҳатҳои хирадмандонаи Китоби Муқаддасро ба кор бурданд ва тавонистанд, ки издивоҷашонро аз барҳамхӯрӣ нигоҳ доранд.

Ҳоло аз он вақте ки дар оилаи Стив ва Ҷоди мусибат рӯй дода буд, беш аз 20 сол гузаштааст. Стив барқароршавии муносибатҳои оилавиашонро чунин баён мекунад: «Танҳо баъди бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардан, мо дар беҳтаршавии вазъияти оилавиамон зиёдтар пешрафт кардем. Кӯмаке, ки мо гирифтем, арзиши беҳамто дошт. Дар натиҷа, мо он рӯзҳои сахтро паси сар кардем». Ҷоди мегӯяд: «Ман худро хеле хушбахт ҳис мекунам, ки мо ба он вақти даҳшатнок тоб оварда тавонистем. Ба туфайли якҷоя омӯхтани Китоби Муқаддас ва саъю кӯшиши бисёр ҳоло издивоҷи мо гул–гул мешукуфад».

[Эзоҳҳо]

a Номҳо иваз шудаанд.

b Ҳангоми қабул кардани чунин қарор, мақолаҳои дар «Бедор шавед» (рус.) аз 22 апрели с. 1999, саҳ. 6 ва 8 августи с. 1995, саҳ. 10 ва 11 овардашуда бароятон фоиданок буда метавонанд.

c Агар бо он шахс муддате сарукор кардан зарур бошад (масалан дар ҷои кор), ин танҳо бояд бо корҳои ҳатмӣ маҳдуд карда шавад. Бо вай гапу кори доштаатонро дар ҳузури дигарон кунед ва ҳамсаратонро аз ин пурра бохабар созед.

АЗ ХУД ПУРСЕД...

▪ Аз кадом сабабҳо ман қарор дода будам, ки қатъи назар аз хиёнати содиркардаи ҳамсарам издивоҷамро нигоҳ дорам?

▪ Кадом хусусиятҳои мусбиро ман ҳоло дар ҳамсарам мебинам?

▪ Чӣ тавре, ки ман ҳангоми мулоқоту номзадӣ ба ҳамсарам бо роҳҳои гуногун муҳаббат зоҳир мекардам, оё ҳозир низ ҳамон тавр ба ӯ муҳаббат зоҳир карда метавонам?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан