Онҳо зери «таҳрики рӯҳулқудс» қарор доштанд
«Ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд» (2 ПЕТ. 1:21).
САВОЛҲО БАРОИ МУЛОҲИЗА
Чӣ тавр Худо ба воситаи рӯҳулқудсаш ба нависандагони Китоби Муқаддас паёми худро мерасонд?
Кадом далелҳо исбот мекунанд, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худост?
Шумо барои ба Каломи Худо миннатдориатонро зоҳир намудан, ҳар рӯз чӣ кор карда метавонед?
1. Чаро мо ба Каломи илҳомбахшидаи Худо ниёз дорем?
БИСЁР одамони рӯи замин ҷавоби саволҳои зеринро донистан мехоҳанд: «Мо аз куҷо пайдо шудем? Мақсади ҳаёт дар чист? Дар оянда моро чӣ интизор аст? Чаро вазъияти ҷаҳони имрӯза чунин аст? Баъд аз марг бо мо чӣ мешавад?» Агар Каломи илҳомбахшидаи Худо намебуд, чӣ тавр мо ҷавоби ин ва дигар саволҳои муҳимро ёфта метавонистем? Бе Китоби Муқаддас мо фақат ба таҷрибаи шахсиамон такя мекардему халос. Агар таҷрибаи шахсиамон роҳнамои ягонаи мо мебуд, оё мо мисли забурнавис қудрат ва хиради «Тавроти Худованд»–ро дарк карда метавонистем? (Забур 18:8–ро бихонед.)
2. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, то нисбати атои бебаҳои Худо, Китоби Муқаддас, минбаъд низ миннатдор бошем?
2 Мутаассифона, баъзеҳо муҳаббати аввалинашонро нисбати ҳақиқати Китоби Муқаддас гум карданд. (Бо Ваҳй 2:4 қиёс кунед.) Онҳо роҳеро ки ба Яҳува писанд аст, тарк намуданд (Иш. 30:21). Бо мо набояд чунин рӯй диҳад. Мо метавонем ва бояд кӯшиш кунем, ки минбаъд низ Китоби Муқаддас ва таълимоти онро қадр кунем. Китоби Муқаддас яке аз инъомҳои муҳими Офаридгори меҳрубонамон мебошад (Яъқ. 1:17). Барои ҳамин, чӣ ба мо кӯмак расонда метавонад, то ки нисбати «каломи Худо» минбаъд низ миннатдор бошем? Мо бояд оиди он мулоҳиза ронем, ки чӣ тавр нависандагони Китоби Муқаддас барои навиштани он роҳнамоӣ шуда буданд. Ҳамчунин баъзе далелҳои олиҷаноби илоҳӣ будани Китоби Муқаддасро дар хотир бояд дошт. Ин тавр амал карда мо ба он барангехта мешавем, ки ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем ва маслиҳатҳои онро ба кор барем (Ибр. 4:12).
«БО ТАҲРИКИ РӮҲУЛҚУДС» — ЧӢ ТАВР?
3. Чӣ тавр пайғамбарон ва нависандагони Китоби Муқаддас «бо таҳрики Рӯҳулқудс» амал мекарданд?
3 Дар муддати 1 610 сол — аз соли 1513 то эраи мо сар карда, то соли 98 эраи мо қариб 40 нафар мардони гуногун Китоби Муқаддасро навиштанд. Баъзе аз онҳо пайғамбар буданд ва «бо таҳрики Рӯҳулқудс» пешгӯӣ мекарданд. (2 Петрус 1:20, 21–ро бихонед.) Калимаи юнонӣ, ки чун «таҳрик» тарҷума карда шудааст, маънояш «чизеро аз як ҷо ба ҷои дигар тела дода бурдан» аст. Ин калима ҳамчунин маънои васеъ дошта метавонад: «ронда шудан, бурда шудан»a. Дар китоби Аъмол 27:15 барои тасвир кардани он ки чӣ тавр боди сахт киштиро ба самти дигар меронд, маҳз ҳамин калима истифода бурда мешавад. Аз ин бармеояд, ки «бо таҳрики Рӯҳулқудс» амал кардан, маънои онро дорад, ки Худо бо пайғамбарон ва нависандагони Китоби Муқаддас алоқа дошт, онҳоро бармеангехт ва тавассути рӯҳулқудсаш роҳнамоӣ мекард. Барои ҳамин онҳо на фикрҳои худ, балки фикрҳои Худоро менавиштанд. Баъзан ин пайғамбарону нависандагон ҳатто ба маънои чизҳои навиштаву пешгӯикардаашон сарфаҳм намерафтанд (Дон. 12:8, 9). Бале, «тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист» ва он фикру ақидаҳои инсониро дар бар надорад (2 Тим. 3:16).
4–6. Бо кадом роҳҳо Яҳува паёми худро ба нависандагони Китоби Муқаддас мерасонд? Мисол оред.
4 Аммо чӣ тавр паёми Худо ба нависандагони Китоби Муқаддас тавассути рӯҳулқудс расонда шуда буд? Оё онҳо дар вақти навиштани Калом калимаҳои махсусро қабул карданд ё фикрҳои асосиро қабул намуда онро бо суханони худ иброз мекарданд? Барои инро дуруст фаҳмидан, биёед дида бароем, ки чӣ тавр сардори корхона мактубро навишта метавонад. Агар калимаву ибораҳои махсус муҳим бошанд, мактубро худи сардор менависад ё ба котибааш мегӯяд, ки маҳз кадом суханонро бояд нависад. Котиба мактубро чоп мекунад ва сардори корхона имзои худро дар он мегузорад. Дар мавридҳои дигар вай танҳо фикрҳои асосиро ба котибааш гуфта метавонад ва котибааш бошад, барои навиштани ин мактуб тарзу услуб ё калимаҳои ба худ хосро истифода мебарад. Сипас сардори корхона мактубро тафтиш намуда аз котиба хоҳиш мекунад, ки ислоҳоти лозима дарорад. Баъди навишта шудани мактуб сардори корхона дар он имзояшро мегузорад. Шахсе ки ин мактубро мегирад, онро чун мактуби сардори корхона эътироф мекунад.
5 Ба мисли ин баъзе қисмҳои Китоби Муқаддас «бо ангушти Худо» навишта шуда буданд (Хур. 31:18). Ҳамчунин дар мавридҳои зарурӣ Яҳува ба нависанда мегуфт, ки кадом калимаҳои махсусро истифода барад. Масалан, дар Хуруҷ 34:27 мо мехонем: «Худованд ба Мусо гуфт: “Ту ин суханонро бинавис, зеро ки мувофиқи ин суханон бо ту ва бо Исроил аҳд бастаам”». Инчунин Яҳува ба Ирмиё-пайғамбар гуфт: «Худованд, Худои Исроил сухан ронда, чунин мегӯяд: ҳамаи суханонеро, ки Ман ба ту гуфтаам, барои худ дар тӯмори китобат бинавис» (Ирм. 30:2).
6 Аммо дар аксар мавридҳо Худо аз нависандагони Калом истифода бурдани калимаҳои махсусро талаб накард, балки фикрҳои худро ба таври мӯъҷизавӣ ба дилу ақли онҳо гузошт ва ба онҳо иҷозат дод, ки калимаҳои ба худ хосро истифода бурда, паёми Ӯро нависанд. «Воиз саъй намуд, ки суханони дилписанд пайдо кунад ва суханони ростиро ӯ аз самими қалб навишт»,— гуфта мешавад дар Воиз 12:10. Нависандаи Инҷил, Луқо «ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам» онро навишт (Луқ. 1:3). Худо рӯҳулқудсашро истифода бурда, нагузошт, ки нокомилии инсонӣ паёмашро тағйир диҳад.
7. Чаро аз рӯи хирад буд, ки Худо барои навиштани Китоби Муқаддас одамонро истифода бурд?
7 Интихоб кардани одамон барои навиштани Китоби Муқаддас дар асл аз хиради бузурги Худо шаҳодат медиҳад. Калимаҳо на фақат барои фаҳмидани маълумот, балки ҳамчунин барои дарк намудани ҳиссиёту эҳсосот ба мо кӯмак мерасонанд. Агар Яҳува фариштагонро чун нависанда истифода мебурд, он гоҳ чӣ мешуд? Оё онҳо ҳиссиёти тарс, ғаму андӯҳ, маъюсиву ноумедиро, ки ба одамон хосанд, тасвир карда метавонистанд? Аз он ки Худо иҷозат дод, ки мардони нокомил барои расондани паёми Ӯ суханони ба худ хосро истифода баранд, Китоби Муқаддас ба ақлу қалби мо таъсир мерасонад.
ДАЛЕЛҲОИ ИЛОҲӢ БУДАНИ КИТОБИ МУҚАДДАС
8. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Китоби Муқаддас аз дигар китобҳои динӣ фарқ мекунад?
8 Далелҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ба илоҳӣ будани Китоби Муқаддас ишора мекунанд. Китоби Муқаддас аз дигар китобҳои динӣ бо он фарқ мекунад, ки он моро бо Худои ҳақиқӣ бештар шинос мекунад. Масалан, китобҳои дини ҳиндуия дар бораи маросимҳои диниаш, файласуфаш, ривоятҳояш ва қоидаҳои ахлоқиаш нақл мекунанд. Китобҳои дини буддоӣ ба шахсоне ки чун роҳиб (монах) ва роҳиба (монахиня) хизмат мекунанд, қоидаҳоро мефаҳмонанд. Ин китобҳо ҳамчунин дар бораи қоидаҳои асосии дини буддоӣ ва таълимоти Буддо маълумот медиҳанд. Худи Буддо нагуфт, ки ӯ худо аст ва дар бораи Худо низ маълумоти хеле кам дод. Китобҳои конфутсионӣ, ки таълимотҳои файласуфи хитоӣ, Конфутсийро дар бар доранд, барои наслҳои зиёди хитоӣ чун китобҳои динӣ ба ҳисоб мераванд. Ин китобҳо оиди воқеаҳои гузашта, қоидаҳои ахлоқӣ, сеҳру ҷоду ва сурудҳо нақл мекунанд. Дуруст аст, ки китоби муқаддаси дини ислом таълим медиҳад, ки Худои яккаву ягона вуҷуд дорад ва боз дар он гуфта мешавад, ки ба Худо ҳама чиз маълум аст, аммо дар он боре ҳам номи Худо, Яҳува, оварда нашудааст. Дар Китоби Муқаддас бошад, номи Худо ҳазорҳо маротиба вомехӯрад.
9, 10. Мо аз Китоби Муқаддас оиди Худо чиро фаҳмида метавонем?
9 Аксари китобҳои динӣ дар бораи Худо хеле кам ҳарф мезананд. Китоби Муқаддас бошад, моро бо Яҳува Худо ва амалҳояш шинос мекунад. Он ба мо кӯмак мерасонад, ки бисёр ҷиҳатҳои шахсияти Худоро бинем. Китоби Муқаддас Ӯро на танҳо чун Худои пурқудрату хирадманд ва боадолат тасвир мекунад, балки ҳамчунин чун Худое ки моро дӯст медорад. (Юҳанно 3:16; 1 Юҳанно 4:19–ро бихонед.) Зиёда аз ин, Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд: «Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъм. 10:34, 35). Дар асл дастрас будани Китоби Муқаддас ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад. Забоншиносон мегӯянд, ки имрӯз одамон қариб ба 6 700 забон гап мезананд ва 90 фоизи аҳолии замин қариб ба 100-тои он забонҳо гап зада истодаанд. Китоби Муқаддас бошад, пурра ё қисман ба зиёда аз 2 400 забон тарҷума карда шудааст. Барои ҳамин қариб ҳар кас дар тамоми ҷаҳон ақаллан қисмҳои Китоби Муқаддасро ба забони модариаш хонда метавонад.
10 Исо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад ва Ман низ кор мекунам» (Юҳ. 5:17). Яҳува «аз азал то абад» Худо аст. Аз ин рӯ, дар бораи ҳамаи корҳое, ки Ӯ кард ва карда истодааст, фикр кунед! (Заб. 89:2). Танҳо Китоби Муқаддас оиди корҳои гузаштаву ҳозираи Худо ба мо маълумот медиҳад ва ҳамчунин ошкор мекунад, ки Ӯ дар оянда чи кор карданӣ аст. Навиштаҳо ҳамчунин моро таълим медиҳанд, ки ба Худо чи писанд аст ва чи не ва чӣ тавр мо метавонем ба Ӯ наздик шавем (Яъқ. 4:8). Биёед нагузорем, ки ягон майлу талош ё ташвишҳои шахсиамон моро аз Худо дур созад.
11. Хираде, ки дар Китоби Муқаддас вуҷуд дорад, чӣ гуна аст?
11 Дар Китоби Муқаддас хиради бузург вуҷуд дорад. Ин боз як далели дигарест, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худо мебошад. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то ки Ӯро таълим диҳад?» (1 Қӯр. 2:16). Ин оят дар асоси суханони Ишаъё мебошад, ки ба ҳамзамонони худ гуфта буд: «Кист, ки рӯҳи Худовандро андоза намудааст, ва мушовири Ӯ гардидааст, ва Ӯро таълим додааст?» (Иш. 40:13). Ҳеҷ кас. Тааҷҷубовар нест, ки ба кор бурдани маслиҳати Навиштаҳо дар мавриди издивоҷ, фарзандон, вақтхушӣ, муошират, меҳнат, ростқавлӣ ва ахлоқ натиҷаҳои олиҷаноб меорад! Китоби Муқаддас ҳеҷ гоҳ ба мо маслиҳати бад намедиҳад. Одамон бошанд, барои додани маслиҳатҳое, ки дар ҳар маврид амалианд, хиради кофӣ надоранд (Ирм. 10:23). Аз сабаби он ки маслиҳатҳои одамон натиҷаи хуб намеоваранд, бисёр вақт лозим меояд, ки онро тағйир диҳанд ё ба он илова дароранд. Дар ин бобат дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Худованд фикрҳои одамро медонад, ки онҳо ботил аст» (Заб. 93:11).
12. Чӣ тавр одамон барои нобуд кардани Китоби Муқаддас кӯшиш намуданд?
12 Воқеаҳои таърихӣ низ исбот мекунанд, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худои ҳақиқӣ мебошад. Дар гузашта бисёр одамон барои несту нобуд сохтани паёми Худо хеле кӯшиш мекарданд. Соли 168 то эраи мо подшоҳи Сурия, Антиохи IV, ба одамонаш фармон дод, ки ҳамаи нусхаҳои Китоби Муқаддасро ёфта, сӯзонанд. Ҳамчунин соли 303 эраи мо императори Рум, Диоклетиан, фармон дод, ки ҷойҳои вохӯрии масеҳиёнро валангор кунанд ва ҳамаи Китобҳои Муқаддаси онҳоро сӯзонанд. Ин таъқибот қариб даҳ сол давом ёфт. Баъд аз асри 11 эраи мо роҳбарони дини масеҳӣ, ба тарҷумаи Китоби Муқаддас сахт зид мебаромаданд. Онҳо намехостанд, ки одамони оддӣ аз Китоби Муқаддас маълумот гиранд. Нигоҳ накарда ба чунин кӯшишҳои Шайтон ва тарафдоронаш Китоби Муқаддас то рӯзҳои мо нигоҳ дошта шуд. Яҳува ба ҳеҷ кас роҳ надод, ки атои ба одамон додаашро нобуд созанд.
ДАЛЕЛҲОИ БОВАРИБАХШ
13. Мо кадом далелҳои илоҳӣ будани Китоби Муқаддасро оварда метавонем?
13 Далелҳои дигари илоҳӣ будани Китоби Муқаддас инҳоянд: ҳамоҳангӣ, аз ҷиҳати илм дақиқ, пешгӯиҳои иҷрошуда, ростқавлона баён кардани воқеаҳо, қудрати беҳтар кардани тарзи ҳаёти одамон, дақиқ будани воқеаҳои таърихӣ ва ҷавобҳои қонеъкунанда ба саволҳои дар сархати як овардашуда. Биёед дида бароем, ки ба баъзе одамон чӣ боварӣ бахшид, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худост.
14–16. а) Се шахси гуногунро чӣ бовар кунонд, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худост? б) Шумо дар хизмат кадом далелҳои илоҳӣ будани Китоби Муқаддасро бештар истифода мебаред?
14 Анварb дар яке аз мамлакатҳои Шарқи Миёна чун мусулмон тарбия ёфта буд. Вақте ки ӯ дар Амрикои Шимолӣ муддате зиндагӣ мекард, боре Шоҳидони Яҳува назди дараш бо ӯ сӯҳбат карданд. «Дар он вақт ман нисбати динҳои масеҳӣ ақидаи манфӣ доштам,— мегӯяд Анвар.— Зеро оиди дар хунрезӣ айбдор будани калисоҳои масеҳӣ дар асрҳои гузашта, хабардор будам. Аммо аз сабаби он ки ман табиатан ба илмомӯзӣ майл доштам, ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шудам». Чанде пас, Анвар ба ватанаш баргашт ва алоқаро бо Шоҳидони Яҳува гум кард. Баъд аз сипарӣ гаштани солҳо, вай ба Аврупо кӯчид ва дар он ҷо омӯзиши Китоби Муқаддасро аз нав сар кард. Баъдтар ӯ ба хулосаи зерин омад: «Иҷрошавии пешгӯиҳои Китоби Муқаддас, ҳамоҳангии он, надоштани фикрҳои муқобил ва муҳаббат байни Шоҳидони Яҳува маро бовар кунонд, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост». Соли 1998 Анвар таъмид гирифт.
15 Айшаи 16–сола, ки дар оилаи ҳиндӣ калон шуда буд, мегӯяд: «Ман фақат ҳангоми ба маъбад рафтан ё бо душвориҳо дучор шудан дуо мегуфтам. Лекин вақте ки зиндагиам тинҷу ором буд, ман дар бораи Худо тамоман фикр намекардам.— Вай давом медиҳад,— рӯзе ки Шоҳидони Яҳува ба хонаи мо омаданд, зиндагиам пурра тағйир ёфт». Айша омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард ва бо Худо дӯстӣ пайдо намуд. Ӯро чӣ бовар кунонд, ки Китоби Муқаддасро Худо илҳом бахшидааст? Вай мефаҳмонад: «Ман аз Китоби Муқаддас ба тамоми саволҳоям ҷавоб ёфтам. Ҳамчунин он ба ман кӯмак расонд, ки ба Худои нонамоён имон пайдо кунам. Ва барои пайдо намудани чунин имон ба ман лозим набуд, ки ба маъбад равам ва ба бут таъзим кунам».
16 Паула дар оилаи католикӣ ба воя расида буд, аммо вақте ки вай калонтар шуд, ӯ ба вуҷудияти Худо шубҳа мекардагӣ шуд. Чанде пас як воқеае рӯй дод. «Ман дӯстамро, ки моҳҳои дароз надида будам, вохӯрдам. Ману дӯстам пеш дар айёме зиндагӣ мекардем, ки бисёр одамон мӯйҳои дароз доштанд ва аз маводи мухаддир истифода мебурданд. Вақте дидам, ки дӯстам тамоман тағйир ёфтааст,— афту андомаш тозаву озода гаштааст ва худаш хушбахт метофт,— ман аз ӯ пурсидам: “Бо ту чӣ шуд, ту дар куҷо будӣ?” Ӯ гуфт, ки бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро омӯхт ва ба ман оиди эътиқоди наваш нақл кард». Аз сабаби он ки Паула дид, ки чӣ тавр ҳақиқати Китоби Муқаддас ҳаёти дӯсташро тағйир додааст, ӯ ба Китоби Муқаддас шавқ пайдо намуд ва онро чун Каломи илҳомбахшидаи Худо қабул кард.
«КАЛОМИ ТУ ЧАРОҒ АСТ БАРОИ ПОЯМ»
17. Ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он ба шумо чӣ манфиат оварда метавонад?
17 Китоби Муқаддас атои олиҷанобест, ки Яҳува тавассути рӯҳулқудсаш пешкаш кардааст. Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонда ҳаловат баред ва муҳаббати шумо ба он ва ба Муаллифаш зиёд мегардад (Заб. 1:1, 2). Пеш аз ҳар омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас дуо гӯед ва аз Худо рӯҳулқудс пурсед, то ба чизи хондаатон сарфаҳм рафта тавонед (Луқ. 11:13). Дар Китоби Муқаддас фикрҳои Худо ҷой доранд, барои ҳамин агар шумо оиди он мулоҳиза ронед, тарзи фикрронии Худоро дар бар карда метавонед.
18. Чаро шумо омӯхтани Китоби Муқаддасро давом додан мехоҳед?
18 Дар баробари зиёд намудани дониш аз Китоби Муқаддас, муҳим аст, ки дониши гирифтаатонро ба кор баред. (Забур 118:105–ро бихонед.) Ба Навиштаҳо чун ба оина назар намоед. Барои ҳамин, агар бинед, ки ба шумо аз ягон ҷиҳат ислоҳ шудан лозим аст, ҳатман ислоҳ шавед (Яъқ. 1:23–25). Каломи Худоро чун шамшер истифода баред, то эътиқоди худро ҳимоя намоед ва таълимоти бардурӯғро аз дили шахсони ҳалим решакан кунед (Эфс. 6:17). Ва дар вақти истифода бурдани Китоби Муқаддас, аз он ки пайғамбарон ва мардон ҳангоми онро навиштан дар ҳақиқат зери «таҳрики Рӯҳулқудс» қарор доштанд, миннатдор бошед.
[Эзоҳҳо]
a «Луғати Аҳди Нави юнонӣ-англисӣ ва дигар адабиёти масеҳиёни пешин» (англ.).
b Баъзе номҳо иваз шудаанд.
[Тасвир дар саҳифаи 25]
Хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас муҳаббататонро ба Муаллифи он зиёд мегардонад
[Тасвир дар саҳифаи 22]
Мактуби имзошуда аз ҷониби шахси имзокарда ҳисоб меёбад