ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w17 июл саҳ. 22-26
  • Бигзор Яҳува ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бигзор Яҳува ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • МАҚСАДҲОЕ, КИ БА ШУМО ХУШБАХТӢ МЕОРАНД
  • ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН КОРИ БЕҲТАРИН АСТ
  • КӮШИШҲОИ ШУМО ЧӢ НАТИҶА ОВАРДА МЕТАВОНАНД?
  • ШУМО ЧӢ ГУНА МАҚСАДҲО ДОРЕД?
  • Онҳоеро ки дар хизмати пурравақт мебошанд, қадр кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • «Шумо пешрави хуб мебудед!»
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Дар айёми ҷавонӣ қарорҳои оқилона қабул кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
w17 июл саҳ. 22-26
Бародари ҷавоне дар як дасташ варақа барои хизмати пешравӣ ва дар дигараш рисола барои довталабони донишгоҳ дошта истодааст

Бигзор Яҳува ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад

«Ӯ [Худо] муроди дилатро ба ту ато хоҳад кард» (ЗАБ. 36:4).

СУРУДҲО: 11, 44

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?

  • Кадом мақсадҳо ба шумо хушбахтӣ меоранд?

  • Ҷавонон дар хизмати пурравақт иштирок карда, чиро ёд мегиранд?

  • Пешрав шудан ба чӣ гуна имкониятҳо роҳ мекушояд?

1. Ҷавонон бояд дар бораи чӣ фикр кунанд ва чаро аз ин ба тарсу ваҳм афтодан лозим нест? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ШОЯД шумо, ҷавонон, розиед, ки пеш аз сафар донистан лозим аст, ки ба куҷо рафтанӣ ҳастед. Зиндагӣ ҳам монанди сафар аст. Барои ҳамин аз ҷавонӣ мақсадҳои худро муайян кардан оқилона мебуд. Албатта, мақсаду нақшаҳои худро аниқ кардан осон нест. Дар ин бора хоҳари ҷавоне бо номи Ҳизер мегӯяд: «Дили одамро ваҳм фаро мегирад. Охир, бояд қарор кунӣ, ки тамоми умратро чӣ тавр мегузаронӣ». Лекин ба тарсу воҳима дода нашавед, зеро Яҳува ба халқи худ чунин мегӯяд: «Натарс... зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод» (Иш. 41:10).

2. Аз куҷо медонед, ки Яҳува хушбахтии шуморо мехоҳад?

2 Яҳува мехоҳад, ки шумо қарори дуруст бароред (Воиз 12:1; Мат. 6:20). Ӯ хушбахтии шуморо мехоҳад. Аз ҳамин сабаб Худо ҳама чизро тавре офарид, ки мо аз манзараҳои зебо, садоҳои форам ва хӯрданиҳои бомаза хурсандӣ гирем. Ҳамчунин Ӯ моро дар зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад ва таълим медиҳад. Яҳува ба онҳое, ки роҳнамоии Ӯро қабул намекунанд, чунин мегӯяд: «Шумо... он чи Ман нахостам, ихтиёр кардед... Инак, бандагони Ман шодӣ хоҳанд кард, вале шумо хиҷил хоҳед шуд. Инак, бандагони Ман аз хушии дил тараннум хоҳанд намуд» (Иш. 65:12–14). Вақте ки мо оқилона қарор қабул мекунем, Яҳуваро ҷалол медиҳем (Мас. 27:11).

МАҚСАДҲОЕ, КИ БА ШУМО ХУШБАХТӢ МЕОРАНД

3. Кадом мақсадҳои шумо ба Худо маъқул хоҳанд шуд?

3 Чӣ гуна мақсадҳо ба Худо маъқуланд? Биёед дар ин бора якҷоя фикр кунем. Худо моро тавре офарид, ки Ӯро шиносем ва ба Ӯ аз таҳти дил хизмат кунем. Бе ин мо хушбахт шуда наметавонем (Заб. 127:1; Мат. 5:3). Ҳайвонҳо бошанд, фақат мехӯранд, менӯшанд ва насл ба дунё меоранд. Лекин Худо намехоҳад, ки шумо барои қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисмонӣ зиндагӣ кунед. Ӯ мехоҳад, ки шумо дар пеши худ мақсадҳои арзанда гузошта, дар ҳақиқат, хушбахт бошед. Офаридгори шумо «Худои муҳаббат» ва хушбахтӣ буда, одамонро «ба сурати Худ» офаридааст (2 Қӯр. 13:11; Ҳас. 1:27). Агар шумо ба хислатҳои Худои пурмуҳаббатамон пайравӣ кунед, хушбахт мешавед. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Додан аз гирифтан беҳтар аст» (Аъм. 20:35). Оё шумо ягон бор ба ҳақ будани ин суханон боварӣ ҳосил карда будед? Бале, некӣ кардан ба дигарон хушбахтӣ меорад. Барои ҳамин Яҳува мехоҳад, ки шумо дӯст доштани Худо ва одамонро мақсади ҳаётатон созед. (Матто 22:36–39-ро хонед.)

4, 5. Чӣ Исоро хушбахт мекард?

4 Исои Масеҳ барои шумо, ҷавонон, намунаи беҳтарин аст. Дар Каломи Худо навишта шудааст, ки «вақте барои хандидан... ва вақте барои рақсидан» аст (Воиз 3:4). Исо низ дар кӯдакиаш хандаю бозӣ мекард. Ғайр аз ин, ӯ барои омӯхтани Навиштаҳо вақт ҷудо карда бо Яҳува муносибатҳои наздикро инкишоф медод. Вақте ки вай 12-сола буд, муаллимон дар маъбад суханонашро шунида «аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ» ҳайрон мешуданд (Луқ. 2:42, 46, 47).

5 Пас аз ба камол расидан низ Исо хушбахт буд, чунки хости Яҳуваро ба ҷо меовард. Ӯ ба камбағалон башорат медод ва «биноиро ба кӯрон мавъиза» менамуд (Луқ. 4:18). Дар Забур 39:9 гуфта шудааст, ки Исо ин корро бо майлу хоҳиши зиёд мекард: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам». Бешубҳа, Исо ба одамон дар бораи Падари осмониаш таълим дода хурсандӣ мегирифт. (Луқо 10:21-ро хонед.) Боре ӯ дар бораи чӣ тавр Худоро ибодат кардан бо зане сӯҳбат намуд ва баъд ба шогирдонаш гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам» (Юҳ. 4:31–34). Исо нишон медод, ки Худо ва одамонро дӯст медорад, ва ин ба ӯ хурсандӣ меовард. Шумо ҳам чунин карда хушбахт шуда метавонед.

6. Чаро бо ҳамимонони баркамол муҳокима кардани нақшаҳоятон хуб мебуд?

6 Ба бисёр ҳамимонони мо аз ҷавонӣ пешрав шудан хушбахтӣ овард. Хуб мебуд, ки бо онҳо дар бораи нақшаҳоятон гап занед, зеро дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад, вале бо кӯмаки мушовирони бисёр иҷро меёбад» (Мас. 15:22). Аз он бародару хоҳарони баркамол шумо мефаҳмед, ки пурравақт хизмат карда бисёр чизҳоро ёд гирифта метавонед. Исо дар осмон аз Падараш таълим мегирифт ва баъди ба замин омаданаш низ бисёр чизҳоро омӯхт. Масалан, ӯ фаҳмид, ки паҳн кардани хушхабар ва дар озмоишҳо беайб мондан чӣ гуна хурсандӣ меорад (Ишаъё 50:4-ро хонед; Ибр. 5:8; 12:2). Биёед дида бароем, ки чӣ тавр хизмати пурравақт ба шумо хушбахтӣ оварда метавонад.

ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН КОРИ БЕҲТАРИН АСТ

7. Барои чӣ ба бисёр ҷавонон шогирд тайёр кардан хурсандӣ меорад?

7 Исо гуфта буд: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед... ва онҳоро таълим диҳед» (Мат. 28:19, 20). Иштирок дар ин кор ба шумо қаноатмандӣ меорад ва Худоро ҷалол медиҳад. Барои дар кори шогирдсозӣ маҳорат пайдо кардан вақт даркор аст. Бародаре бо номи Тимоти, ки аз 19-солагиаш пешрав аст, мегӯяд: «Ба ман пурравақт хизмат кардан маъқул аст, чунки бо ин ман ба Яҳува нишон медиҳам, ки Ӯро дӯст медорам. Дар аввал ман бо ягон кас омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда натавонистам, лекин баъд ба ҷойи дигар кӯчидам ва як моҳ нагузашта якчанд омӯзанда ёфтам. Бо гузашти вақт яке аз онҳо ба вохӯриҳо омаданро сар кард. Пас аз он ки ман ду моҳ дар Мактаб барои бародарони безанa хондам, маро ба ҷойи нав таъйин карданд ва дар он ҷо ман бо чор кас омӯзиш сар кардам. Ба ман таълим додани дигарон маъқул аст. Вақте ман мебинам, ки чӣ тавр онҳо бо кӯмаки рӯҳи муқаддас ҳаёташонро дигар мекунанд, хурсанд мешавам» (1 Тас. 2:19).

8. Баъзе воизони ҷавон барои бештар шогирд тайёр намудан чӣ кор карданд?

8 Баъзе воизони ҷавон барои бештар шогирд тайёр кардан забони дигарро омӯхтанд. Масалан, Ҷейкоб, ки аз Амрикои Шимолӣ мебошад, чунин гуфт: «Вақте ки ман ҳафтсола будаму дар мактаб мехондам, бисёри ҳамсинфонам ветнамӣ буданд. Ман мехостам, ки ба онҳо дар бораи Яҳува нақл кунам, барои ҳамин мақсад мондам, ки забони онҳоро ёд гирам. Ман мақолаҳои “Бурҷи дидбонӣ”-ро бо забони англисӣ ва ветнамӣ муқоиса карда забонро ёд гирифтам. Ҳамчунин ман бо бародару хоҳарони ҷамъомади ветнамӣ дӯстӣ мекардам. Дар синни 18-солагӣ ман пешрав шудам. Баъдтар маро ба Мактаб барои бародарони безан даъват карданд. Ин Мактаб ба ман ёрдам кард, ки хизмати пешравиро давом диҳам ва дар гурӯҳи ветнамӣ, ки дар он ягона пири ҷамъомад ҳастам, хизмат кунам. Дар мавъиза бисёр ветнамиҳо ҳайрон мешаванд, ки ман забонашонро медонам. Онҳо маро ба хонаашон даъват мекунанд ва одатан ман бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар мекунам. Баъзеи онҳо ҳоло таъмид гирифтаанд». (Бо Аъмол 2:7, 8 муқоиса кунед.)

9. Дар кори шогирдсозӣ чиро ёд гирифтан мумкин аст?

9 Дар кори шогирдсозӣ иштирок карда бисёр чизҳоро омӯхтан мумкин аст. Масалан, он ба шумо кӯмак мекунад, ки одатҳои хуб пайдо кунед, хушчақчақу хушмуомила бошед ва фаҳмондани эътиқоди худро ёд гиред (Мас. 21:5; 2 Тим. 2:24). Ғайр аз ин, шумо бо Яҳува ҳамкорӣ карданро ёд мегиред (1 Қӯр. 3:9). Ин бошад, ба шумо хурсандии зиёд меорад.

10. Чӣ тавр шумо аз хизмат дар ҷойҳое, ки бисёриҳо ба хушхабар гӯш намедиҳанд, хурсандӣ гирифта метавонед?

10 Ҳатто агар дар маҳалли шумо аксари одамон ба хушхабари Салтанат гӯш надиҳанд, шумо аз хизмат хурсандӣ гирифта метавонед. Дар кори шогирдсозӣ ҳама аъзоёни ҷамъомад иштирок мекунанд ва, вақте як бародар ё хоҳар одами самимиро меёбад, ҳама аз ин хурсанд мешаванд. Масалан, Брендон, ки пешрав аст, нӯҳ сол боз дар ҷое хизмат мекунад, ки одамон ба омӯхтани Китоби Муқаддас шавқ надоранд. Ӯ мегӯяд: «Яҳува мехоҳад, ки ман ба дигарон мавъиза кунам, барои ҳамин ман хизмат карданро дӯст медорам. Чанде пас аз хатми мактаб ман пешрав шудам. Ман хурсандам, ки бародарони ҷавони ҷамъомадамро рӯҳбаланд карда метавонам ва мебинам, ки чӣ тавр онҳо рӯҳан баркамол мешаванд. Баъди таҳсил дар Мактаб барои бародарони безан маро чун пешрав ба дигар ҷой таъйин карданд. Касоне, ки ман бо онҳо омӯзиш мекардам, рӯҳан пеш рафта таъмид нагирифта бошанд ҳам, омӯзандагони дигар бародару хоҳарон рӯҳан рушд карданд. Ман хеле хурсандам, ки дар вақташ мақсад монда будам, ки дар хизмат бештар иштирок кунам» (Воиз 11:6).

КӮШИШҲОИ ШУМО ЧӢ НАТИҶА ОВАРДА МЕТАВОНАНД?

11. Бисёр ҷавонон дар кадом намуди хизмат иштирок карда хурсандӣ мегиранд?

11 Барои ба Яҳува бештар хизмат кардан тарзҳои гуногун мавҷуданд. Масалан, бисёр ҷавонон дар сохтмони биноҳо иштирок мекунанд, зеро барои ибодат кардани Яҳува садҳо Толорҳои нав лозиманд. Агар шумо низ дар ин кор саҳми худро гузоред, Яҳуваро ҷалол медиҳед ва худро хушбахт ҳис мекунед. Дар ин намуди хизмат бо бародару хоҳарон ҳамкорӣ кардан ба шумо хурсандии зиёд меорад. Ғайр аз ин, шумо таҷрибаи хуб пайдо мекунед, чунки риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ, коргари хуб будан ва бо нозиронатон ҳамкорӣ намуданро ёд мегиред.

Суратҳо ва хотираҳои ҷавононе, ки пурравақт хизмат мекунанд

Онҳоеро, ки хизмати пурравақтро сар мекунанд, баракатҳои бисёр интизор аст (Ба сархатҳои 11–13 нигаред.)

12. Пешрав будан ба кадом имкониятҳо роҳ мекушояд?

12 Бародаре бо номи Кевин мегӯяд: «Ман аз хурдӣ орзу доштам, ки ба Яҳува пурравақт хизмат кунам, ва оқибат дар 19-солагиам пешрав шудам. Маро бародаре, ки бинокор буд, ба кор гирифт ва ман метавонистам рӯзи нопурра кор карда худро таъмин кунам. Дар он кор ман сохтани бом ва часпондани дару тирезаро ёд гирифтам. Баъдтар ман ду сол бо гурӯҳе ҳамкорӣ намуда Толорҳои Салтанат ва хонаҳои бародару хоҳаронро, ки аз офати табиӣ зарар дида буданд, таъмир мекардам. Вақте ман фаҳмидам, ки барои корҳои сохтмонӣ дар Африқои Ҷанубӣ коргарон лозиманд, нома навиштам ва маро ба ин кор даъват карданд. Ҳоло ман дар Африқо аз як ҷо ба ҷойи дигар рафта дар муддати якчанд ҳафта дар сохтани Толори Салтанат иштирок мекунам. Ман ва бародарону хоҳароне, ки аъзои гурӯҳи сохтмониам мебошанд, мисли як оила зиндагӣ мекунем. Мо якҷоя Китоби Муқаддасро меомӯзем ва якҷоя кор мекунем. Ҳамчунин ман бо ҳамимонони маҳаллӣ ҳар ҳафта мавъиза мекунам ва ин ба ман хеле маъқул аст. Аз хурдӣ мақсад мондан ба ман ёрдам кард, ки хушбахт шавам, ва ман ҳатто гумон намекардам, ки ин қадар баракатҳоро соҳиб мегардам».

13. Чӣ тавр хизмат дар Байт-Ил ба ҷавонон хурсандӣ меорад?

13 Баъзе аз онҳое, ки пурравақт хизмат карданро ба нақша гирифта буданд, ҳоло ходимони Байт-Ил мебошанд. Дар ин намуди хизмат иштирок кардан хурсандибахш аст, чунки ҳар коре ки дар он ҷо мекунед, барои Яҳува мебошад. Онҳое, ки дар Байт-Ил хизмат менамоянд, барои тайёр кардани хӯроки рӯҳонӣ ёрдам мекунанд. Дастин ном бародаре, ки дар Байт-Ил хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Вақте ман нӯҳсола будам, мақсад мондам, ки вақтамро бештар ба хизмат сарф мекунам, аз ин рӯ баъди хатми мактаб пешрав шудам. Баъди якуним сол маро ба Байт-Ил даъват намуданд. Дар ин ҷо ман чоп кардани адабиёт ва баъдтар барномасозиро ёд гирифтам. Дар Байт-Ил хизмат карда ман шоҳиди он мешавам, ки чӣ хел дар тамоми рӯйи дунё фаъолияти мо ва кори шогирдсозӣ пеш рафта истодааст ва ин маро хеле хурсанд месозад. Ба ман хизмат дар Байт-Ил сахт маъқул аст, чунки ҳар коре ки мо дар ин ҷо мекунем, ба одамон ёрдам мекунад, то ба Яҳува наздик шаванд».

ШУМО ЧӢ ГУНА МАҚСАДҲО ДОРЕД?

14. Шумо барои пурравақт хизмат кардан чӣ кор карда метавонед?

14 Агар шумо дар хизмат бештар иштирок кардан хоҳед, чӣ кор карда метавонед? Пеш аз ҳама, хислатҳои хуби масеҳиро инкишоф диҳед. Барои ин доимо Китоби Муқаддасро омӯзед, дар бораи чизи хондаатон чуқур мулоҳиза ронед ва дар вохӯриҳои ҷамъомад фаъол бошед. Солҳои мактабхонӣ дар паҳн кардани хушхабар иштирок карда воизи моҳир шавед. Ҳангоми мавъиза ба одамон бо одобу эҳтиром сӯҳбат карданро ёд гиред. Ҳамчунин қуввати худро дареғ надошта дар рӯбучин, нигоҳубини Толори Салтанат ва дигар корҳои ҷамъомад кӯмак расонед. Яҳува мехоҳад, ки шахсони фурӯтан ва онҳое, ки худро бо омодагӣ пешкаш мекунанд, ба Ӯ хизмат кунанд (Забур 109:3-ро хонед; Аъм. 6:1–3). Яке аз масеҳиёни ҷавоне, ки бо омодагӣ ба Худо хизмат мекард, Тимотиюс буд. «Бародарони сокини Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд», барои ҳамин Павлус ӯро даъват кард, ки дар хизмати миссионерӣ ба вай ҳамроҳ шавад (Аъм. 16:1–5).

15. Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки таъмин кардани худро ёд гиред?

15 Ба аксари воизони пурравақт лозим меояд, ки кор карда худро таъмин кунанд (Аъм. 18:2, 3). Шояд шумо касбу ҳунар омӯхта, коре меёбед, ки вақти бисёр талаб намекунад. Чуноне ки мегӯянд, «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд». Барои ҳамин оиди нақшаҳои худ бо нозири ноҳиявӣ ва пешравони маҳаллатон маслиҳат карда, пурсед, ки кадом кор барои пешравон қулай аст. Сипас, чи тавре ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, «корҳои худро ба Худованд бисупор, ва нақшаҳои ту муваффақият хоҳад ёфт» (Мас. 16:3; 20:18).

16. Чӣ тавр аз ҷавонӣ вақти худро ба хизмати Яҳува сарф кардан дар оянда кӯмак карда метавонад?

16 Яҳува мехоҳад, ки шумо «барои оянда асоси нек» гузоред ва хушбахт бошед. (1 Тимотиюс 6:18, 19-ро хонед.) Ба Ӯ бештар хизмат карда шумо бо дигар воизони пурравақт ҳамкорӣ мекунед ва масеҳии баркамол мегардед. Бисёр бародару хоҳарон пай бурданд, ки хизмати пурравақт ба онҳо ёрӣ дод, то дар ҳаёти оилавӣ хушбахт бошанд. Одатан онҳое, ки пеш аз издивоҷ пешрав буданд, бо ҳамсарашон дар ин таъйинот хизмат карданро давом медиҳанд (Рум. 16:3, 4).

17, 18. Чӣ гуна мақсадҳо доштани мо аз чӣ вобаста аст?

17 Мақсадҳои мо аз майлу хоҳишҳоямон вобастаанд. Дар Забур 19:5 гуфта шудааст: «Бигзор [Худованд] муроди дилатро ба ту ато фармояд, ва ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад». Аз ин рӯ дар бораи он фикр кунед, ки ҳаёти худро ба чӣ мебахшед. Аз худ пурсед, ки Яҳува дар замони мо кадом корро пеш бурда истодааст ва чӣ тавр шумо дар ин кор иштирок карда метавонед. Баъд дар хизмат ба Яҳува мақсадҳое гузоред, ки Ӯро хушнуд мекунанд.

18 Ба Яҳува ҳарчи бештар хизмат карда шумо қаноатмандии зиёд меёбед ва бо ин кор Ӯро ҷалол хоҳед дод. Вақте дар пеши худ мақсад монда сӯйи он мешитобед, Ӯ муроди дилатонро ба шумо ҳатман ато мекунад (Заб. 36:4).

a Ҳоло Мактаб барои воизони Салтанат.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан