ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w18 январ саҳ. 12-16
  • Шоми ёдбуд — маросиме, ки халқи Худоро муттаҳид месозад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Шоми ёдбуд — маросиме, ки халқи Худоро муттаҳид месозад
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ТАЙЁРӢ БА ШОМИ ЁДБУД ВА ИШТИРОК ДАР ОН
  • ШОМИ ЁДБУД БА ЯГОНАГИИ МО МУСОИДАТ МЕКУНАД
  • ҲАР ЯКИ МО БА ЯГОНАГӢ САҲМ ГУЗОШТА МЕТАВОНЕМ
  • ОХИРИН ШОМИ ЁДБУД КАЙ МЕШАВАД?
  • Чаро мо дар Шоми ёдбуд иштирок мекунем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Яҳува кӯшиши моро барои қайд кардани Шоми ёдбуд баракат медиҳад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Барои чӣ мо Шоми ёдбудро қайд мекунем?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • «Инро... ба ҷо оваред» Шоми ёдбуд 5 апрел қайд карда мешавад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
w18 январ саҳ. 12-16
Одамон аз ҳар гӯшаю канори ҷаҳон ба Шоми ёдбуд ташриф овардаанд

Шоми ёдбуд — маросиме, ки халқи Худоро муттаҳид месозад

«Чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд» (ЗАБ. 132:1).

СУРУДҲО: 5, 30

ЧӢ ТАВР ШОМИ ЁДБУД...

  • ба ҳар яки мо манфиат меорад?

  • ба ягонагии халқи Худо мусоидат мекунад?

  • моро бармеангезад, ки муттаҳид бошем?

1, 2. Кадом маросими махсус дар пеш аст ва чаро гуфтан мумкин ки он халқи Худоро муттаҳид месозад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

САНАИ 31-уми марти соли 2018 барои халқи Худо рӯзи хурсандиовар аст. Миллионҳо хизматгорони Худо ва шавқмандон пас аз ғуруби офтоб дар ҳар гӯшаю канори сайёраамон ба ҷашн гирифтани Шоми ёдбуди Масеҳ ҷамъ меоянд. Ин маросими шодиовар ҳар сол халқи Худоро дар саросари Замин муттаҳид месозад.

2 Тасаввур кунед, ки Яҳува ва Исо то чӣ андоза хурсанд мешаванд, вақте ки дар давоми он шабонарӯз миллионҳо сокинони замин пайи ҳам ба ин маросими махсус ҷамъ меоянд. Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки мардуми сершуморе, ки «аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо» мебошанд ва «онҳоро ҳеҷ кас ҳисоб карда» наметавонад, чунин хитоб мекунанд: «Наҷот аз ҷониби Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз ҷониби Барра аст!» (Ваҳй 7:9, 10). Хеле ҳаяҷоновар аст, ки чунин шумораи бузурги одамон ҳар сол Шоми ёдбудро ҷашн гирифта Яҳува ва Исоро ҷалол медиҳанд.

3. Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?

3 Дар ин мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: чӣ тавр ҳар яки мо метавонад ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дида, аз он манфиати бештар гирад? Чӣ гуна ин маросим ба ягонагии халқи Худо мусоидат мекунад? Чӣ тавр ҳар яки мо ба ягонагии ҷамъомад саҳм гузошта метавонем? Оё ягон вақт чунин мешавад, ки халқи Худо Шоми ёдбудро дигар қайд накунад? Агар ҳа, ин кай рӯй медиҳад?

ТАЙЁРӢ БА ШОМИ ЁДБУД ВА ИШТИРОК ДАР ОН

4. Чаро барои дар Шоми ёдбуд ҳузур доштан мо бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем?

4 Барои чӣ ба Шоми ёдбуд рафтан муҳим аст? Яке аз сабабҳо ин аст, ки вохӯриҳои ҷамъомад қисми ибодати мо аст. Яҳува ва Исо мехоҳанд, ки мо дар Шоми ёдбуд ҳузур дошта бошем. Онҳо мебинанд, ки ҳар як кас барои ба ин маросими ҳарсола рафтан чӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Мо мехоҳем то он даме ки саломатӣ ва шароитамон имкон медиҳад, дар Шоми ёдбуд иштирок кунем. Вақте мо сахт кӯшиш мекунем, ки ба вохӯриҳо равем, нишон медиҳем, ки ибодати Худо бароямон муҳим аст. Яҳува ин кӯшишҳоямонро дида, номи моро дар қатори онҳое, ки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешаванд, ба «китоби ёддошт», ё «китоби ҳаёт», хоҳад навишт (Мал. 3:16; Ваҳй 20:15).

5. Чӣ тавр мо дар арафаи Шоми ёдбуд худро тафтиш карда метавонем?

5 Дар арафаи Шоми ёдбуд хуб мебуд, ки вақт ҷудо карда, дар бораи муносибати худ бо Яҳува мулоҳиза ронем ва оиди беҳтар кардани он дуо гӯем. (2 Қӯринтиён 13:5-ро хонед.) Чӣ тавр инро карда метавонем? Павлуси расул ба масеҳиён навишт: «Худро тафтиш кунед, ки оё дар имон ҳастед». Барои ин аз худ пурсед: «Оё ташкилоте, ки ман дар он ҳастам, маҳз он ташкилотест, ки Яҳува барои иҷрои хости худ истифода мебарад? Оё ман ҳар чӣ бештар дар паҳн кардани хушхабар ва таълим додани Каломи Худо иштирок мекунам? Оё ман боварӣ дорам, ки ҳоло охирзамон аст ва ба қарибӣ ҳукмронии Шайтон ба охир мерасад? Оё ин аз гапу кори ман маълум аст? Оё боварии ман ба Яҳува ва Исо чун пештара, ҳангоме ки ҳаётамро ба Яҳува бахшида будам, қавӣ аст?» (Мат. 24:14; 2 Тим. 3:1; Ибр. 3:14). Мулоҳиза оиди ин саволҳо ба мо кӯмак мекунад, ки чӣ гуна шахс будани худро нағзттар фаҳмем.

6. a) Ягона роҳи ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ кадом аст? б) Чӣ тавр як пири ҷамъомад ба Шоми ёдбуд тайёрӣ мебинад ва чӣ хел шумо монанди ӯ рафтор карда метавонед?

6 Як роҳи тайёрӣ дидан ба Шоми ёдбуд ин аст, ки мақолаҳоеро, ки оиди аҳамияти ин маросим мебошанд, хонда, мулоҳиза ронем. (Юҳанно 3:16; 17:3-ро хонед.) Ягона роҳи ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ Яҳуваро шинохтан ва ба Исои Масеҳ имон зоҳир кардан мебошад. Омӯзиши чуқури мақолаҳои мувофиқ ба мо ёрдам мекунад, ки ба Яҳува ва Исо наздиктар шавем. Биёед дида бароем, ки як пири ҷамъомад, ки солҳои сол ба Яҳува хизмат мекунад, чӣ тавр ба Шоми ёдбуд тайёрӣ мебинад. Ӯ солҳои зиёд мақолаҳои «Бурҷи дидбонӣ»-ро, ки дар бораи Шоми ёдбуд ва муҳаббати Яҳуваю Исо мебошанд, ҷамъ овардааст. Якчанд ҳафта пеш аз ёдбуд вай он мақолаҳоро аз нав мехонад ва дар бораи аҳамияти ин маросим мулоҳиза меронад. Бо гузашти вақт ин бародар ба он мақолаҳо як-ду мақолаи навро илова мекунад. Ӯ пай бурд, ки ҳангоми дида баромадани мақолаҳои ҷамъовардааш ва порчаҳои Китоби Муқаддас, ки пеш аз Шоми ёдбуд барои хониш омода мешаванд, ҳар сол чизҳои нав ба навро мефаҳмад. Аз ҳама муҳимаш, муҳаббати ӯ ба Яҳува ва Исо сол ба сол бештар мешавад. Чунин омӯзиши чуқур метавонад муҳаббат ва миннатдории шуморо низ ба Яҳува ва Исо зиёдтар кунад. Ин тавр карда шумо аз Шоми ёдбуд манфиати бештар мегиред.

ШОМИ ЁДБУД БА ЯГОНАГИИ МО МУСОИДАТ МЕКУНАД

7. a) Исо дар шаби пеш аз маргаш дар бораи чӣ дуо гуфт? б) Аз чӣ аён аст, ки Яҳува ба дуои Исо ҷавоб дод?

7 Дар шаби муқаррар кардани Шоми ёдбуд Исо бо дуои махсус ба Яҳува муроҷиат кард. Ӯ дуо гуфта буд, ки пайравонаш ягонагиеро, ки ӯ бо Падари осмониаш дорад, дошта бошанд. (Юҳанно 17:20, 21-ро хонед.) Равшан аст, ки Яҳува ба ин дуои Писари азизаш ҷавоб дод. Имрӯз миллионҳо одамон боварӣ доранд, ки Худо Писарашро барои наҷоти мо қурбон кард. Ягонагии Шоҳидони Яҳува махсусан дар Шоми ёдбуд ба назар мерасад. Ин одамони миллату нажодашон гуногун дар ҳар гӯшаю канори замин ҷамъ омада, ин маросимро ҷашн мегиранд. Дар баъзе ҷойҳо барои ибодат якҷоя ҷамъ шудани мардону занон ё одамони пӯсту нажодашон гуногунро як чизи ғайримуқаррарӣ ё нораво меҳисобанд. Вале Яҳува ва Исо аз дидани ин гуна ягонагӣ хушҳол мегарданд!

8. Яҳува ба воситаи Ҳизқиёл дар бораи ягонагӣ чӣ гуфта буд?

8 Ягонагие, ки байни халқи Яҳува мавҷуд аст, тааҷҷубовар нест, зеро Яҳува инро пешгӯйӣ карда буд. Ӯ ба воситаи пайғамбар Ҳизқиёл дар бораи он гуфта буд, ки ду чӯбдаст, яъне чӯбдаст «барои Яҳудо» ва чӯбдаст «барои Юсуф», мисли як чӯбдаст хоҳанд буд. (Ҳизқиёл 37:15–17-ро хонед.) Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи июли соли 2016, дар «Саволҳои хонандагон», фаҳмонда шудааст: «Ба воситаи пайғамбар Ҳизқиёл Яҳува пешгӯйӣ кард, ки халқаш ба Замини ваъдашуда бармегардад ва аз нав чун як халқ муттаҳид мешавад. Ҳамчунин ин пешгӯйӣ ба муттаҳидшавии халқи Худо дар рӯзҳои охир ишора мекунад».

9. Чӣ тавр ҳар сол мо шоҳиди иҷрошавии пешгӯйии Ҳизқиёл мешавем?

9 Аз соли 1919 сар карда Яҳува тадҳиншудагонро чун халқи худ аз сари нав дар ташкилоташ бо ҳам муттаҳид кард. Онҳо дар пешгӯйии Ҳизқиёл рамзан чӯбдаст «барои Яҳудо» номида шудаанд. Баъдтар шумораи одамоне, ки умеди заминӣ доштанд ва дар пешгӯйӣ чӯбдаст «барои Юсуф» номида шудаанд, торафт зиёд мешуд. Ин гурӯҳ бо тадҳиншудагон муттаҳид шуда «як рама»-ро ташкил доданд (Юҳ. 10:16; Зак. 8:23). Яҳува пешгӯйӣ карда буд, ки ду чӯбдаст дар дасти Ӯ якто хоҳанд шуд (Ҳиз. 37:19). Ҳоло ин ду гурӯҳ зери роҳбарии як Подшоҳ, яъне Исои Масеҳ, ки «бандаи... [Худо] Довуд» номида шудааст, якҷоя ба Худо хизмат мекунанд (Ҳиз. 37:24, 25). Он ягонагии бемислу монанде, ки дар китоби Ҳизқиёл пешгӯйӣ шуда буд, дар рӯзҳои мо ҳангоми ба Шоми ёдбуд ҷамъ омадани тадҳиншудагон ва «гӯсфандони дигар» баръало дида мешавад. Вале чӣ тавр ҳар яки мо ба нигоҳ доштани ин ягонагӣ мусоидат карда метавонем?

ҲАР ЯКИ МО БА ЯГОНАГӢ САҲМ ГУЗОШТА МЕТАВОНЕМ

10. Чӣ тавр мо ба ягонагии халқи Худо мусоидат карда метавонем?

10 Яке аз роҳҳои нигоҳ доштани ягонагӣ дар байни халқи Худо ин инкишоф додани фурӯтанӣ аст. Вақте ки Исо дар замин буд, ӯ шогирдонашро насиҳат кард, ки «худро фурӯтан» созанд (Мат. 23:12). Агар мо ҳақиқатан хоксору фурӯтан бошем, намегузорем, ки рӯҳияи ҳавобаландӣ ба мо таъсир кунад. Баръакс, фурӯтанӣ моро бармеангезад, то ба онҳое, ки роҳбариро ба ӯҳда доранд, фармонбардор бошем. Ин гуна итоаткорӣ барои ягонагии ҷамъомад хеле муҳим аст. Пеш аз ҳама, фурӯтании мо Худоро хурсанд мекунад, «зеро Худо ба ҳавобаландон муқобил аст, вале ба фурӯтанон лутфу марҳамат мекунад» (1 Пет. 5:5).

11. Чӣ тавр мулоҳиза оиди рамзҳои Шоми ёдбуд ба мо кӯмак мекунад, ки ягонагиро нигоҳ дорем?

11 Роҳи дуюми нигоҳ доштани ягонагӣ ин дар бораи рамзҳое, ки дар Шоми ёдбуд истифода мешаванд, мулоҳиза рондан аст. Пеш аз он Шом ва дар худи он маросим чуқур фикр кунед, ки ин рамзҳо чӣ маъно доранд (1 Қӯр. 11:23–25). Нони бехамиртуруш рамзи ҷисми бегуноҳи Исо аст, шароби сурх бошад, рамзи хуни рехтаи ӯст. Лекин фақат маънои ин рамзҳоро фаҳмидан кам аст. Фаромӯш накунед, ки қурбонии Исои Масеҳ нишонаи ду муҳаббати бузург мебошад. Яҳува Писарашро барои наҷоти мо дареғ надошт. Исо низ бо омодагӣ ҳаёташро барои мо қурбон кард. Мулоҳиза дар бораи муҳаббати онҳо моро бармеангезад, ки мо низ дар ҷавоб онҳоро дӯст дорем. Риштаи меҳру муҳаббате, ки ба Яҳува дорем, моро бо ҳам мепайвандад ва ягонагиамонро қавӣ мегардонад.

Бародаре дарк карда истодааст, ки бояд пеш аз ба Шоми ёдбуд рафтанаш бародари дигарро бахшад

Дигаронро бахшида мо ягонагиро нигоҳ медорем (Ба сархати 12 ва 13 нигаред.)

12. Исо ба воситаи масал дар бораи подшоҳи бахшанда ба мо чиро фаҳмонд?

12 Сеюм роҳи нигоҳ доштани ягонагӣ бо омодагӣ дигаронро бахшидан аст. Вақте мо гуноҳ мекунем ва аз Яҳува бахшиш мепурсем, Ӯ моро дар асоси фидияи Исои Масеҳ мебахшад. Агар мо касонеро, ки моро ранҷондаанд, бахшем, нишон медиҳем, ки аз Яҳува барои фидия миннатдорем. Дар бораи маънои масале, ки дар Матто 18:23–34 оварда шудааст, фикру мулоҳиза ронед. Аз худ пурсед: «Оё ман мувофиқи он чизе ки Исо таълим дод, амал мекунам? Оё нисбати ҳамимонони худ пурсабр ҳастам ва кӯшиш мекунам, ки ҳиссиёти онҳоро фаҳмам? Вақте ки маро хафа мекунанд, оё ба бахшидан тайёрам?» Азбаски баъзе гуноҳҳо назар ба дигарашон вазнинтаранд, ба одами нокомил бахшидани баъзе гуноҳҳо осон нест. Лекин аз масали Исо мо мефаҳмем, ки Яҳува аз мо чиро интизор аст. (Матто 18:35-ро хонед.) Аз ин масал маълум аст, ки агар мо ҳамимони худро, ки аз таҳти дил тавба кардааст, набахшем, Яҳува низ моро намебахшад. Ин барои мо огоҳии ҷиддӣ аст. Вақте ки мувофиқи гуфтаи Исо амал карда, аз гуноҳи дигарон мегузарем, ягонагиро дар байнамон нигоҳ медорем.

13. Чӣ тавр сулҳҷӯӣ ба нигоҳ доштани ягонагӣ мусоидат мекунад?

13 Вақте ки мо дигаронро мебахшем, нишон медиҳем, ки сулҳҷӯ ҳастем. Павлус дар ин бора чунин маслиҳат дода буд: «Бисёр кӯшиш кунед, ки ба воситаи сулҳу осоиштагие, ки пайванд месозад, ягонагии рӯҳро нигоҳ доред» (Эфс. 4:3). Дар айёми Шоми ёдбуд ва хусусан дар ҳамон рӯз ба он диққат диҳед, ки бо дигарон чӣ гуна муносибат мекунед. Ба худ чунин савол диҳед: «Оё аз рафтори ман маълум аст, ки одами кинагир нестам? Оё ман аз таҳти дил кӯшиш мекунам, ки бо дигарон сулҳу ягонагиро нигоҳ дорам?» Дар бораи ин саволҳо фикр кардан хеле муҳим аст.

14. Боз чӣ тавр ба ягонагӣ мусоидат карда метавонем?

14 Роҳи чоруми ба ягонагӣ мусоидат кардан ин ба муҳаббати Яҳува, Худои муҳаббат, пайравӣ намудан аст (1 Юҳ. 4:8). Мо набояд дар бораи ҳамимони худ чунин гӯем: «Ман ӯро танҳо барои он тоқат мекунам, ки Яҳува инро аз ман талаб мекунад». Ин гуна фикрронӣ нодуруст мебуд, чунки Павлус маслиҳат дод: «Якдигарро бо муҳаббат тоқат кунед» (Эфс. 4:2). Яъне мо набояд якдигарро аз ноилоҷӣ тоқат кунем, балки инро аз муҳаббат кунем. Дар ҷамъомадҳои мо бародару хоҳарони гуногун ҳастанд ва Яҳува ҳамаи онҳоро ба худ ҷалб кардааст, зеро онҳоро дӯст медорад (Юҳ. 6:44). Агар Худо онҳоро дӯст дорад, магар дуруст мебуд, ки мо онҳоро сазовори муҳаббати худ нашуморем? Яҳува ба мо амр додааст, ки якдигарро дӯст дорем ва мо бояд аз дилу ҷон мувофиқи ин амр рафтор кунем (1 Юҳ. 4:20, 21).

ОХИРИН ШОМИ ЁДБУД КАЙ МЕШАВАД?

15. Мо аз куҷо медонем, ки ҷашн гирифтани Шоми ёдбуд рӯзе хотима меёбад?

15 Дар оянда рӯзе мешавад, ки мо Шоми ёдбудро охирон бор қайд мекунем. Мо инро аз куҷо медонем? Павлус дар номаи якуми худ ба қӯринтиён навишта буд, ки ин тадҳиншудагон ҳар сол ёдбуди Масеҳро қайд карда, «то вақти омадани Ҳазрат марги ӯро» эълон мекунанд (1 Қӯр. 11:26). Исо низ дар пешгӯйие, ки оид ба охирзамон гуфта буд, дар бораи «омадани» худ қайд кард. Ӯ дар бораи мусибати бузург, ки дар пеш аст, чунин гуфт: «Дар осмон аломати Писари одам пайдо хоҳад шуд ва ҳамаи қабилаҳои рӯйи замин аз ғаму андӯҳ ба синаашон хоҳанд зад. Онҳо Писари одамро, ки бар абрҳои осмон бо қудрат ва ҷалоли бузург меояд, хоҳанд дид. Ӯ [Исо] бо садои баланди карнай фариштагони худро мефиристад ва онҳо интихобшудагонро аз чор тарафи дунё, аз як канори осмон то канори дигари он, ҷамъ меоранд» (Мат. 24:29–31). Ҷамъ овардани интихобшудагон ба вақте ишора мекунад, ки ҳамаи масеҳиёни тадҳиншудае, ки дар замин мебошанд, мукофоти осмонии худро хоҳанд гирифт. Ин баъд аз марҳилаи аввали мусибати бузург ва то рӯй додани Ҳармаҷиддӯн ба амал меояд. Он гоҳ 144 000 нафар ҳамроҳи Исо дар ҷанг бар зидди подшоҳони замин ғолиб хоҳанд омад (Ваҳй 17:12–14). Хулоса, охирин Шоми ёдбуде, ки мо дар он ҳузур хоҳем дошт, пеш аз «омадани» Исо ва ҷамъоварии тадҳиншудагон ҷашн гирифта мешавад.

16. Чаро дар Шоми ёдбуд ҳузур доштан муҳим аст?

16 Мо кӯшиш мекунем дар Шоми ёдбуд, ки имсол 31-уми март ҷашн гирифта мешавад, иштирок карда, аз он манфиат гирем. Биёед аз Яҳува кӯмак пурсида ба ягонагӣ мусоидат кунем. (Забур 132:1-ро хонед.) Ҳамчунин мо медонем, ки рӯзе мо Шоми ёдбудро охирин бор қайд хоҳем кард. То он вақт мо бо тамоми қувват кӯшиш мекунем, ки дар ин маросими муҳим ҳузур дошта бошем ва ягонагии беҳамтоеро, ки дар он дида мешавад, қадр кунем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан