ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp19 № 2 саҳ. 4-5
  • Вақте офати табиӣ сар мезанад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Вақте офати табиӣ сар мезанад
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • РОСТИИ КАЛОМИ ХУДО УМЕДБАХШ АСТ
  • Оё шумо тайёред?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
  • Бори дилатонро ба Яҳува партоед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Чӣ тавр ба ғаму ташвиш тоб орем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Ба дигарон кумак кунед, ки дар тангӣ истодагӣ кунанд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
wp19 № 2 саҳ. 4-5
Ду мард дар байни хонаи вайронае нишастаанд, ки аз офати табиӣ хароб шудааст

Вақте офати табиӣ сар мезанад

«Дар аввал мо худро тамоман ноумед ҳис мекардем. Ҳамаи чизу чораамонро селу лойқа несту нобуд сохт» (Эндрю, Серра-Леоне).

«Баъди тундбод мо ба хона баргаштем. Аз хонаамон ҳеҷ чиз боқӣ намонда буд. Мо дар ҳайрат будем. Духтарам аз по афтида гирён шуд» (Дэвид, Ҷазираҳои Вирҷин).

АГАР шумо ягон бор бо офати табиӣ рӯ ба рӯ шуда бошед, мефаҳмед, ки ҷабрдидагон чиро аз сар гузарондаанд: зарбаи сахти равонӣ, инкори воқеият, дудилагӣ ва ваҳму хаёл. Бисёр одамон баъди офати табиӣ чунон рӯҳафтодаву хаста мегарданд, ки дилашон аз зиндагӣ мемонад.

Агар ҳангоми офати табиӣ аз ҳама чизу чораатон маҳрум шуда бошед, шояд шумо низ ҳис кунед, ки дигар қуввати бардошт кардан надоред. Шояд ҳатто фикр кунед, ки аз чунин зиндагӣ мурдан беҳ аст. Валекин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки зиндагӣ кардан меарзад ва шумо ба ояндаи нек умеди асоснок дошта метавонед.

РОСТИИ КАЛОМИ ХУДО УМЕДБАХШ АСТ

Дар Пандгӯ 7:8 гуфта мешавад: «Анҷоми кор беҳ аз оғози он». Баъди офати табиӣ шахс худро ночору ноумед ҳис мекунад. Лекин агар пуртоқатона меҳнат кунед, боз чун пештара аз ҳаёт баҳра бурда метавонед.

Дар Китоби Муқаддас замоне пешгӯйӣ шудааст, ки «дар он дигар овози гиря ва фиғон шунида нахоҳад шуд» (Ишаъё 65:19). Ҳангоми иҷро шудани ин пешгӯйӣ тамоми замин зери роҳбарии Подшоҳии Худо ба биҳишт табдил меёбад (Забур 37:11, 29). Аз офатҳои табиӣ дигар ному нишон намемонад. Хотираҳои дардовар ва захмҳои ҷисм пурра аз байн мераванд, зеро Худои Таоло ваъда медиҳад, ки «чизҳои пештара ба хотир намерасанд ва ба дил намеоянд» (Ишаъё 65:17).

Як фикр кунед: Офаридгор ният дорад «ба шумо ояндаву умед [бахшад]» — ҳаёти орому осуда, таҳти роҳбарии комилаш (Ирмиё 29:11). Магар донистани ин дили шуморо ба ҳаёт боз гарм намекунад? Салли, ки суханонаш дар мақолаи аввал иқтибос оварда шудаанд, мегӯяд: «Вақте ба ёд меорӣ, ки дар оянда Подшоҳии Худо чӣ қадар корҳои нек бароямон карданист, ба нохушиҳо диққат намедиҳиву ба вазъияти нав тоб меорӣ».

Пас, бештар фаҳмед, ки Подшоҳии Худо ба наздикӣ баҳри инсоният чӣ кор мекунад. Дар ин сурат дилпур мешавед, ки новобаста ба озмоишҳои шадид зиндагӣ кардан меарзад. Дар Китоби Муқаддас маслиҳатҳое оварда шудаанд, ки барои ба таъсири офати табиӣ тоб овардан кумак мекунад. Биёед якчанд маслиҳаташро мутолиа кунем.

Оятҳои тасаллибахш аз Китоби Муқаддас

Нағз дам гиред.

«Як мушт роҳат беҳ аз ду мушти пур аз заҳмату аз паси шамол давидан» (Пандгӯ 4:6).

Тадқиқотчиён маълум сохтанд, ки агар шахси осебдида ба қадри кофӣ хоб наравад, аҳволаш бадтар шуда, асабҳояш хароб гашта метавонад. Барои ҳамин нағз дам гирифтан аз рӯйи хирад аст.

Дилатонро ба дигарон холӣ кунед.

«Ғусса дили одамро хаста мекунад, гапи нағз бошад, дилро мебардорад» (Панднома 12:25).

Бо ягон узви оила ё дӯсти боваринок гап занед. Онҳо шуморо на танҳо гӯш мекунанд, балки дилбардорӣ намуда, аз ягон ҷиҳат кумак расонда метавонандa.

Ба ояндаи фархунда назар дӯзед.

«Вале мо мувофиқи ваъдаи [Худо] интизори осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо росткорӣ ҳукмфармо мешавад» (2 Петрус 3:13).

a Шахсе, ки афсурдаҳолиаш тӯл мекашад ё ба воҳима меафтад, ба духтур муроҷиат карданаш лозим.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан