Яҳуваро дар анҷуманҳои вилоятӣ ҷалол хоҳем дод
1. Идҳои ҳарсолаи исроилиён ва анҷумани вилоятии имрӯза чӣ монандие доранд?
1 Юсуфу Марям бо ҳамроҳии фарзандон ва дӯстонашон мунтазам ба идҳои ҳарсола ба Ерусалим мерафтанд. Дар он ҷо онҳо мисли дигарон ташвишҳои ҳаррӯзаашонро як сӯ гузошта, ба ҷиҳатҳои муҳими рӯҳонии ҳаёташон диққат медоданд. Идҳо имконияти хуб медоданд, то ки онҳо дар бораи корҳои неки Яҳува ва қонунҳои Ӯ мулоҳиза ронанд ва сӯҳбат кунанд. Дар анҷуманҳои вилоятии омадаистода, ки онро бесаброна интизорем, мо имконият дорем, ки бо хурсандӣ Яҳуваро ибодат кунем. Гарчанд анҷуманҳои омадаистода дар мамлакати шумо баргузор нагарданд ҳам, лекин онҳое ки имконият доранд метавонанд ба анҷумани мамлакатҳои дигар ташриф оранд. Онҳое ки дар чунин анҷуманҳо ташриф оварда буданд рӯҳбаландии ҳақиқиро эҳсос намуданд (Заб. 34:18). Эҳтимол имсол бисёриҳо чунин имконият надоранд, лекин онҳое ки имконияти рафтан доранд аз намунаи оилаи Исо чиро омӯхта метавонанд?
2. Барои ба анҷумани вилоятии омадаистода ташриф овардан кадом чораҳои заруриро андешидан лозим аст?
2 Тайёрӣ зарур аст. Оилаи Исо барои ба Ерусалим рафтан ва аз он ҷо ба Носира баргаштан тақрибан 200 километр роҳро тай мекарданд. Соҳиби чанд фарзанд будани Юсуфу Марям аниқ нест, лекин мо тасаввур карда метавонем, ки барои чунин сафар намудан, вақт ва қувваи зиёд лозим аст. Оё шумо барои иштирок дар ҳар се рӯзи анҷумани вилоятии омадаистода тайёрии зарурӣ дидаед? Шояд шумо дар бораи гирифтани рухсатӣ чора дидаед ё бо соҳибкоратон гапзанон кардаед. Ё муаллимро огоҳ намудаед, ки фарзандатон дар дарсҳо иштирок карда наметавонад. Эҳтимол барои сафаратон ҳар вақт пул пасандоз кардан зарур ояд. (Бо 1 Қӯр. 16:2 муқоиса кунед.) Оё шумо дар меҳмонхона утоқеро ҷудо карда мондаед, агар ба ин эҳтиёҷ дошта бошед? Оё шумо метавонед барои ба анҷуман ташриф овардани бародар ё хоҳаре, ки эҳтиёҷи махсус дорад, кӯмак расонед? (1 Юҳ. 3:17, 18).
3. Идҳои яҳудиён барои муоширати рӯҳбаландкунанда кадом имкониятҳоро медоданд?
3 Муоширати рӯҳбаландкунанда. Идҳои яҳудиён барои рӯҳбаландии тарафайни ибодаткунандагон чӣ имконияти олиҷанобе медоданд! Оилаи Исо бесаброна интизор буданд, ки бо дӯстони деринаашон вохӯранд. Ҳамчунин онҳо дар роҳ ё дар худи ид кӯшиш мекарданд, ки дар байни яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул кардаанд дӯстони нав пайдо кунанд.
4. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки бародарияти масеҳиро қадр мекунем?
4 Барои чӣ ғуломи мӯътамад ва доно ғамхорӣ намудааст, ки ба ҷои он ки нутқ дар маҷалла чоп шавад, он дар анҷуманҳо садо медиҳад? Яке аз сабабҳо ин аст, ки мо якдигарро рӯҳбаланд карда тавонем (Ибр. 10:24, 25). Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки пеш аз саршавии барнома ба анҷуман барвақттар ҳозир шавед, то ин ки аз муошират ҳаловат баред. Вақте ки масъули барнома мусиқиро эълон мекунад, ин маънои онро дорад, ки бояд ҷойҳои худро ишғол кунед. Мо маслиҳат медиҳем, ки бо худ каме хӯрок биёред, то ин ки ҳангоми танаффус ба ҷои тарк кардани анҷуман бо ҳозирон муошират кунед. Бародарияти масеҳии мо ин инъоми Яҳува мебошад, ки мо хеле қадр мекунем (Мик. 2:12).
5. Барои аз барномаҳои анҷуман манфиат гирифтан ба мо чӣ кӯмак мерасонад?
5 Вақти таълимгирӣ. Исо аз ҷавонияш ҳангоми идҳо дар бораи Падари осмониаш бисёртар мефаҳмид (Луқ. 2:41–49). Ба мо ва ба аҳли оилаамон барои аз барномаҳои анҷуман пурра баҳра гирифтан чӣ кӯмак расонда метавонад? Дар ҳамаи қисмҳои барнома дар ҷоятон шинед ва аз сӯҳбатҳои беҳуда канорагирӣ намоед. Телефонҳои мобилӣ, пейджерҳо ва дигар воситаҳои алоқа набояд ба худи шумо ва ба шахсоне, ки дар наздатон нишастаанд халал расонанд. Ба нотиқ бодиққат нигоҳ кунед ва қайдҳои кӯтоҳ намоед. Барои боварӣ ҳосил кардан ба он ки кӯдаконатон низ барномаро бодиққат гӯш карда истодаанд, бо ҳамроҳии оилаатон шинед. Бегоҳ барои муҳокима кардани фикрҳое, ки ба шумо маъқул шуданд, вақт ҷудо кунед.
6. Дар либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ мо бояд чиро дар хотир дошта бошем?
6 Либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ. Тоҷирони хориҷӣ оилаи Исо ва дигар яҳудиёнро ба осонӣ шинохта метавонистанд, ки онҳо ибодаткунандагони Яҳува мебошанд. Зеро вақте ки онҳо ба ид мерафтанд ва аз он бармегаштанд дар тан либосҳои сиситдор доштанд ва сисити ҳар гӯша риштаи лоҷуварде дошт (Ад. 15:37–41). Имрӯз масеҳиён либосҳои махсусро дар бар намекунанд, балки либосҳои онҳо хоксоронаву шинам мебошад. Мо бояд ҳангоми ба анҷуман рафтан ва аз он баргаштан, инчунин дар шаҳре, ки анҷуман баргузор мегардад, ба намуди зоҳириамон диққат диҳем. Вақте ки баъд аз анҷуман либосамонро иваз мекунем, мо бояд сару либоси шоиставу хоксорона дошта бошем. Ҳамин тавр мо аз атрофиён фарқ карда, ба мушоҳидакунандагон таассуроти хубе хоҳем гузошт.
7. Чаро мо бояд оиди дар анҷуман чун ихтиёрӣ хизмат намудан фикр кунем?
7 Кӯмаки ихтиёриён. Барои баргузор гардидани анҷуман кӯмаки ихтиёриён зарур аст. Оё шумо ба ин омодаед? (Заб. 109:3). Ин кор қисми хизмати муқаддаси мо мебошад ва шаҳодати олиҷаноб медиҳад. Вақте ки бародарону хоҳарон баъд аз анҷуман биноро рӯбучин карданд, сардори он бино аз тозагӣ ба ҳайрат омада чунин навишт: «Ман ба шумо аз дидани чунин воқеаи аҷиб миннатдорам. Ман бисёр шунида будам, ки Шоҳидони Яҳува одамони махсусе мебошанд, ки дар тӯли солҳо аз он ки пас аз анҷумани худ биноро аз пештарааш тозатар мекунанд, номи нек пайдо кардаанд. Ба шарофати шумо ин бино яке аз ҷойҳои хубтарин гардид. Аз ҳама беҳтарин шахсоне, ки мо ҳамкорӣ доштем шумо мебошед».
8. Барои шаҳодат додан дар шаҳре, ки анҷуман мегузарад, мо чӣ гуна имкониятҳо дорем?
8 Имконияти шаҳодатдиҳӣ. Дар шаҳре, ки анҷуман мегузарад, сокинони он меҳмононро бо сару либоси зебову тоза мушоҳида мекунанд ва шояд онҳо пурсон шаванд, ки ин чӣ гуна маърака аст. Ин имконияти хуб медиҳад, ки дар бораи анҷуман шаҳодат диҳем.
9. Чӣ гуна мо ба монанди оилаи Исо ба Яҳува барои маъракаи Ӯ миннатдориамонро зоҳир карда метавонем?
9 Идҳое ки ба Яҳува бахшида шудаанд, барои яҳудиёне, ки ба мақсадҳои рӯҳонӣ кӯшиш мекарданд ва дар бораи Офаридгор бештар фаҳмидан мехостанд, як айёми хурсандибахше буд (Такр. Ш. 16:15). Аҳли оилаи Исо барои дар идҳо иштирок кардан тайёр буданд, ки бисёр чизҳоро қурбон кунанд. Мо низ анҷуманҳои вилоятиамонро қадр менамоем ва онро аз ҷониби Падари осмониамон Яҳува чун инъоми нек қабул мекунем (Яъқ. 1:17). Ҳоло барои тайёрӣ дидан ба маъракаи ҳарсолаи омадаистода, ки дар он мо Яҳуваро бо хурсандӣ ибодат хоҳем кард, вақти мувофиқ аст!
[Замима дар саҳифаи 6, 7]
Ёдраскуниҳо оиди анҷумани вилоятӣ
◼ Вақти барномаи анҷуман. Ҳар се рӯзи анҷуман, барнома соати 9:20 оғоз мегардад. Соати 8:00 дари даромад боз хоҳад шуд. Вақте ки мусиқии Салтанат садо медиҳад ҳамаамон бояд дар ҷойҳоямон нишинем, то ки барнома ба таври шоиста оғоз ёбад. Рӯзҳои ҷумъаву шанбе барнома соати 16:55 ва рӯзи якшанбе соати 15:40 хотима меёбад.
◼ Истгоҳи нақлиёт. Дар ҳама ҷойҳое, ки анҷуманҳо мегузаранд, агар имконпазир бошад, барои нақлиёт истгоҳҳои бепул тайёр карда мешаванд. Касоне ки аввал меоянд мошини худро дар ҷойҳои холӣ гузошта метавонанд. Агар маъюбон дар мошинашон нишонаи мувофиқ дошта бошанд, метавонанд онро дар майдони махсус монанд. Азбаски одатан ҷойҳо дар истгоҳ маҳдуданд, хуб мебуд, ки дар як мошин ҳар чӣ вакилони зиёдтар оянд.
◼ Ишғоли ҷойҳо. Танҳо барои касоне ҷой ишғол кардан мумкин аст, ки ҳамроҳи шумо дар як мошин омаданд ё якҷоя бо шумо дар як хона зиндагӣ мекунанд ё барои шахсоне ки бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронед (1 Қӯр. 13:5).
◼ Хӯроки нисфирӯзӣ. Лутфан хӯроки нисфирӯзиатонро бо худ оред, то ки ҳангоми танаффус ҷои анҷуманро тарк накунед. Яхдон–сумкаеро, ки зери курсӣ ҷо мешавад, истифода бурдан мумкин аст. Яхдон–сумкаҳои калон ва зарфҳои шишагиро ба анҷуман овардан мумкин нест.
◼ Хайрия. Мо метавонем дар Толори Салтанати худамон ё дар анҷуман барои кори умумиҷаҳонӣ хайрия карда, миннатдориамонро ба ин чорабинии рӯҳонӣ зоҳир созем. Агар шумо дар намуди чек хайрия карданӣ бошед, хуб мебуд ки онро ба номи «Маркази динии Шоҳидони Яҳува дар Қирғизистон» гузаронед.
◼ Ҳодисаҳои нохуш ва таъҷилӣ. Агар дар анҷуман ҳодисае рӯй диҳад, лутфан ба мутасаддӣ хабар диҳед. Ӯ фавран ба бахши ёрии аввалин муроҷиат мекунад. Ихтиёриёни ин бахш ҷиддияти ҳолатро муайян намуда, ёрии тиббӣ мерасонанд. Агар лозим шавад, онҳо ёрии таъҷилии тиббиро ҷеғ мезананд.
◼ Пойафзол. Ҳар сол аз боиси пойафзол бисёриҳо осеб мебинанд. Пӯшидани пойафзоли хоксоронаву бароҳат хуб аст, зеро бо он бар зинапоя, назди панҷара ва дигар ҷойҳо роҳ рафтан бехатар аст.
◼ Сабти барнома. Дастгоҳи сабткунӣ набояд ба хати барқии бино ё таҷҳизоти электронии садобарор пайваст карда шавад. Вале онро метавон танҳо дар мавриде истифода бурд, ки агар ба дигарон халал нарасонад.
◼ Аробачаи бачагона ва курсиҳои қатшаванда. Дар ҷое ки анҷуман мегузарад аробачаи бачагона ва курсии қатшаванда истифода бурда нашавад. Барои овардани курсии бачагонаи бехавф, ки онро дар назди курсии волидон ҷойгир кунондан мумкин аст, рухсат дода мешавад.
◼ Атриёт. Бисёри анҷуманҳо дар биноҳои болопӯшшуда мегузаранд, ки системаи сунъии ҳавотозакунӣ доранд. Бинобар ин, истифодаи атриёти тезбӯйро маҳдуд намуда, мо ба дигарон муҳаббат зоҳир мекунем, зеро ин гуна мавод сабаби авҷ гирифтани бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва дардҳои дигар шуда метавонанд (1 Қӯр. 10:24).
◼ Варақаи «Бо ин шахс боздид кунед». Агар дар рӯзҳои гузаштани анҷуман дар натиҷаи шаҳодати ғайрирасмӣ шахсе шавқ пайдо кунад, бояд оиди ин ба воситаи варақаи «Лутфан, бо ин шахс боздид кунед» (S-43) хабар диҳед. Воизон як–ду нусхаи ин варақаро бояд бо худ ба анҷуман гиранд. Варақаҳои пуркардашударо ба бахши адабиёт дар анҷуман ё ҳангоми бозгашт ба котиби ҷамъомадатон додан лозим аст. (Ба km 11/09 саҳ. 4 нигаред.)
◼ Ошхона. Ҳангоми дар ошхона буданатон бо рафтори хуби худ исми Яҳуваро ҷалол диҳед. Одатан дар бисёр ошхонаҳо, агар имконият бошад, каме чойпулӣ мемонанд.
◼ Истиқомат. Ҳангоми дархост намудани ҷои истиқомат ва дар хона чӣ тавр рафтор намудан, чизҳои зеринро ба назар бояд гирифт: 1) ҷойҳои зиёдатӣ дархост накунед; 2) ба хона шумораи нафароне омада метавонанд, ки соҳиби хона даъват кардааст; 3) агар шумо ба анҷуман рафта натавонед, дарҳол ба бахши истиқоматии анҷуман хабар диҳед; 4) интизор нашавед, ки соҳиби хона шуморо бо хӯрок таъмин менамояд ё ба анҷуман бо мошин бурда мерасонад; 5) дар ин маврид бояд худатон ғамхорӣ кунед; 6) баъд аз анҷуман аз мӯҳлате, ки соҳиби хона муайян карда аст зиёд наистед; 7) дар муносибат бо соҳиби хона самари рӯҳро зоҳир созед (Ғал. 5:22, 23); 8) агар шумо ба анҷуман ташриф оварданӣ бошед, барои кӯмак ба котиби ҷамъомади худ муроҷиат кунед.
◼ Хизмати ихтиёриён. Агар мо чун ихтиёриён дар кор кӯмаки зарурӣ расонем шодиву хурсандиамон дар анҷуман боз ҳам зиёдтар мегардад (Аъм. 20:35). Ҳамаи онҳое ки кӯмак расондан мехоҳанд, метавонанд ба Хизмати ихтиёриёни анҷуман муроҷиат кунанд. Кӯдакони то синни 16-сола низ метавонанд бо яке аз волидайнашон ё ягон шахси калонтар, ки волидон иҷозат дода буданд, дар ин хизмат саҳми худро гузоранд.