Пешниҳодоти намунавӣ
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар рӯзи шанбеи якуми моҳи феврал
«Оё шумо ягон бор фикр кардед, ки муносибат бо Худо то кадом андоза наздик буда метавонад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед ва Ишаъё 49:15-ро хонед.] Мутаассифона, на ҳар модар ба кӯдаки ширмаки худ раҳм мекунад, вале Худо ҳамеша нисбати хизматгоронаш бовафо аст. Баъд аз якчанд рӯз омада, мехоҳам бо шумо саволи дигареро дида бароям: Чӣ тавр ба Худо наздик шудан мумкин аст?»
«Ҳармиҷидӯн, ё Армагедон солҳои охир мавзӯи муҳокимаҳои зиёд гаштааст. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки замин дар Ҳармиҷидӯн нест мешавад. Шумо оиди ин чӣ фикр доред? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар Забур 103:5 гуфта мешавад, ки замин ҳеҷ гоҳ нест нахоҳад шуд». Барои боздид кардан саволи зеринро пешниҳод кунед: «Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?»
«Имрӯз бисёриҳо аз муошират ба воситаи Интернет баҳра мебаранд. Ба фикри шумо чунин намуди муошират ягон хатар дорад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Китоби Муқаддас маслиҳатҳоеро дар бар мегирад, ки метавонанд чунин тарзи муоширатро бехатар гардонанд. Яке аз ин маслиҳатҳо дар Масалҳо 13:20 навишта шудааст». Пешниҳод кунед, ки рӯзи дигар вохӯрда, дигар таъсироти манфиро дида бароед.