Пеш аз мавъиза шояд ҷустуҷӯ кардан лозим ояд
1. Чаро дар ҷойҳои бисёрзабона минтақаи ҷамъомад аз рӯи забон тақсим карда мешавад?
1 Дар Пантикости соли 33-и эраи мо баъд аз он ки шогирдони Исо аз рӯҳулқудс пур шуданд, онҳо «ба забонҳои дигар–дигар»-и одамоне, ки аз гӯшаю канори дунё омада буданд, «ба сухан гуфтан шурӯъ карданд» (Аъм. 2:4). Дар натиҷа тақрибан 3000 нафар таъмид гирифтанд. Ҷолиб аст, ки аксарияти ҳузурдоштагон ба як забони умумӣ, шояд ба забони ибрӣ ё юнонӣ гап мезаданд. Ба ҳар ҳол, Яҳува мехост, ки ба онҳо паёми Салтанат ба забони модариашон мавъиза карда шавад. Бешубҳа, яке аз сабабҳо дар он аст, ки одамон одатан хушхабарро ҳамон вақт бо омодагӣ қабул мекунанд, агар онро бо забони модариашон шунаванд. Барои ҳамин, имрӯз минтақаҳои ҷамъомаде, ки дар ҷойҳои бисёрзабона ҳастанд, аз рӯи забон тақсим карда мешаванд. (Нигаред ба «Созмоншудагон» (рус.), саҳ. 107, сарх. 1, 2.) Гарчанд ба гурӯҳҳои ғайрзабон минтақа дода нашавад ҳам, онҳо дар минтақаи ҷамъомади худ ва ҷамъомадҳои гирду атроф ба шахсоне, ки ба забони гурӯҳашон гап мезананд, мавъиза мекунанд.
2. а) Кори ҷустуҷӯӣ чиро дар бар мегирад ва ин корро дар куҷо кардан лозим аст? б) Чӣ тавр ҷамъомадҳо дар минтақаи бисёрзабона ба якдигар кӯмак расонда метавонанд? в) Чӣ бояд кард, агар мо шахсеро вохӯрем, ки ба дигар забон гап мезанаду рағбат зоҳир мекунад?
2 Агар шумо дар ҷое зиндагӣ кунед, ки ҳама ба як забон гап мезананд, шумо чун ҳарвақта мавъиза карда метавонед. Аммо, агар шумо дар маҳалле зиндагӣ кунед, ки одамон ба забонҳои гуногун гап мезананд, шояд ба шумо лозим ояд, ки ба таври дигар амал кунед. Эҳтимол дар он маҳал ҷамъомадҳои ғайрзабон мавъиза мекунанд. Гарчанд он ҷамъомадҳо ба шумо оиди онҳое, ки ба забони шумо гап мезананд, маълумот дода метавонанд, лекин асосан барои ёфтани чунин одамон ҷамъомад ё гурӯҳи шумо вазифадоранд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Ба якдигар кӯмак кунед».) Аз ин рӯ, шояд ба шумо лозим ояд, ки бо кори ҷустуҷӯӣ машғул шавед, то одамонеро, ки ба забони ҷамъомад ё гурӯҳатон гап мезананд, ёбед. Кори ҷустуҷӯиро чӣ тавр иҷро кардан мумкин аст?
3. Чӣ муайян месозад, ки ҷамъомад ё гурӯҳ дар куҷо ҷустуҷӯ кунад ва барои ин чӣ қадар вақт сарф намояд?
3 Ташкили кори ҷустуҷӯӣ. Дар ҷои бисёрзабона ба кори ҷустуҷӯӣ чӣ қадар вақт сарф карда мешавад? Ин аз вазъияти маҳал вобаста аст. Масалан, чӣ қадар одамон дар маҳалли шумо бо он забон гап мезананд? Дар ҷамъомад ё гурӯҳатон чанд нафар воиз ҳаст? Чанд суроға аллакай ба даст овардед? Шарт нест, ки ҷамъомад дар ҳама ҷой якхел ҷустуҷӯ кунад, балки метавонад диққатро ба ҷойҳои сераҳолии минтақаи худи ҷамъомад ва ба дигар ҷойҳое, ки на он қадар дур мебошанд, равона созад. Лекин муҳим аст, ки кори ҷустуҷӯӣ хуб ташкил карда шаванд, чунки ин ба бисёриҳо имконияти хуб медиҳад, то исми Яҳуваро бихонанд (Рум. 10:13, 14).
4. а) Кори ҷустуҷӯиро чӣ тавр бояд ташкил кард? б) Баъзе роҳҳои ёфтани одамоне, ки ба забони шумо гап мезананд, кадом аст?
4 Барои он ки кор дубора нашавад, дар ҷойҳое ки ҷустуҷӯ зарур аст, бояд пирони ҷамъомад — махсусан нозири хизматӣ — кори ҷустуҷӯиро ташкил ва назорат кунанд (1 Қӯр. 9:26). Шӯрои пирони ҷамъомаде, ки ба гурӯҳи ғайрзабон ғамхорӣ менамояд, бародари ботаҷрибаеро интихоб мекунад, ки роҳбариро ба ӯҳда гирифта метавонад. Хуб мебуд, ки ин бародар пир ё ходими ёвар бошад. Бисёр ҷамъомад ва гурӯҳҳо ба воситаи чорабинии муайян пешакӣ тадқиқот мегузаронанд. Масалан, онҳо аз маълумотномаи телефонҳо ё Интернет истифода бурда, номҳои одамонеро, ки ба забони гурӯҳашон гап мезананд, ҷамъ мекунанд. Сипас кори ҷустуҷӯӣ ба воситаи телефон ё ташрифорӣ иҷро мешавад, то аниқ карда шавад, ки минтақа кадом суроғаҳоро дар бар дорад. Агар ин амалӣ бошад, шӯрои пирони ҷамъомаде, ки ба гурӯҳи ғайрзабон ғамхорӣ мекунад, метавонад чора андешад, то ҳама аъзоёни ҷамъомад дар кори ҷустуҷӯӣ баъзан иштирок кунанд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Роҳҳои ёфтани онҳое, ки ба забони шумо гап мезананд».)
5. а) Барои гузарондани кори ҷустуҷӯӣ ба воизон чӣ маслиҳатҳо дода мешаванд? б) Ҳангоми ҷустуҷӯ ба одамон чӣ гуфта метавонем?
5 Мо бояд дар кори ҷустуҷӯӣ ҳар дафъа нақшаи аниқ дошта бошем. Азбаски ин кор қисми хизмат ҳисоб меёбад, аксар вақт бояд тарзи либоспӯшиамон мисли он бошад, ки одатан дар мавъиза мепӯшем. Ҳангоми ҷустуҷӯ бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки пешниҳодоти тайёркардаашонро такрор кунанд ва бо забоне, ки ёд гирифта истодаанд, гап зананд. Ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки маҳорати забономӯзиро сайқал диҳанд ва хурсандиашонро нигоҳ доранд. Мо дар ҳисобот соати барои ҷустуҷӯ сарф кардаамонро навишта метавонем, лекин соате, ки барои тайёр кардани харитаи минтақа ва рӯйхатҳо сарф мешавад, наменависем. Агар шахсеро вохӯрем, ки ба забони ҷамъомадамон гап мезанад, мо бояд ба вай хушхабарро расонем, сипас зуд нозири хизматӣ ё шахси мутасаддиро хабардор кунем, новобаста аз он ки шахс рағбат зоҳир мекунад ё не. Ҳамин тавр, рӯйхати минтақа дуруст карда мешавад. Гарчанд кори ҷустуҷӯӣ муҳим аст, мо бояд бомувозинат бошем ва дар ҳама намуди хизмат иштирок кунем. (Нигаред ба чорчӯбаи «Ҳангоми ҷустуҷӯ чӣ бояд гуфт».)
6. Ҷустуҷӯи одамони ношунаво чӣ душвориҳо дорад?
6 Ҷустуҷӯи шахсоне, ки ношунавоянд. Ҷустуҷӯи шахсони ношунаво душвориҳои ба худ хос дорад ва кӯшишу истодагарии зиёдро талаб мекунад. Зеро ном, симо ва либоспӯшии шахсони ношунаво аз дигарон фарқ намекунад. Ғайр аз ин, аъзоёни оила ва дӯстони шахсони ношунаво бо мақсади онҳоро ҳимоя кардан метавонанд ба воиз дарҳол маълумот надиҳанд. Маслиҳатҳои навбатӣ, ки барои ҷустуҷӯи ношунавоён дода мешавад, ҳамчунин барои ҷустуҷӯи онҳое ки ба дигар забон гап мезананд, манфиатнок буда метавонад.
7. а) Барои ёфтани ношунавоён дар ҷойҳои истиқоматӣ чӣ кор кардан мумкин аст? б) Чӣ тавр мо шубҳаи соҳибхонаро бартараф карда метавонем?
7 Ҷамъомад ва гурӯҳҳои имову ишора дар ҷойҳои истиқоматӣ оиди одамони ношунаво пурсиш карда, муваффақ гаштанд. Шояд соҳибхона аҳамият додааст, ки ягон ҳамсоя, ҳамкор ё ҳамсинфаш бо забони имову ишора гап мезанад. Ё ӯ аҳамият додааст, ки дар роҳи ягон кӯчаи шаҳр аломати махсус монда шудааст, ки ронандагонро аз кӯдакони ношунаво огоҳ мекунад. Ё шояд ягон хешаш ношунаво аст. Дар хотир дошта бошед, ки мақсади ташрифи шумо эҳтимол каме шубҳанок тобад. Лекин агар шумо боэҳтиром, дӯстона ва ба таври кӯтоҳ мақсади ташрифи худро фаҳмонед, ин метавонад шубҳаашонро бартараф созад. Агар шахс барои додани маълумот оиди хеш ё дӯсти ношунавояш дудила шавад, ӯ шояд барои суроғаи шуморо ба вай додан розӣ шавад.
8. Чӣ тавр ба ҷамъомади имову ишора ҷамъомади наздикбуда кӯмак расонда метавонад?
8 Азбаски минтақаи ҷамъомади имову ишора калон буда метавонад, онҳо аз ҷамъомади наздик кӯмак пурсида метавонанд, то дар давоми сол бо онҳо як ё ду рӯз дар яке аз маҳаллашон ҷустуҷӯ кунанд. Вохӯрӣ барои мавъиза, ки ҷамъомади имову ишора мегузаронад, метавонад дастурот барои кори ҷустуҷӯӣ ва намоишро дар бар гирад. Хуб мебуд, ки дар ҳар як гурӯҳи воизон аз ҷамъомади имову ишора ақаллан як воиз таъин карда шавад ва харитае, ки барои ҷустуҷӯ кардан ҷои махсусро нишон медиҳад, ба онҳо дода шавад.
9. Чӣ тавр дар ҷойҳое, ки ношунавоён барои муошират, дамгирӣ ё гирифтани хизматрасониҳои гуногун ҷамъ мешаванд, ҷустуҷӯ кардан мумкин аст?
9 Одамони ношунаворо ҳамчунин дар ҷойҳое, ки онҳо барои муошират ва дамгирӣ ҷамъ мешаванд, инчунин дар ҷойҳое, ки давлат барояшон хизматрасониҳои гуногун, масалан, таълимгириро пешниҳод мекунад, ҷустуҷӯ намудан мумкин аст. Воизон бояд мувофиқи вазъият либос пӯшанд. Ба ҷои ба гурӯҳи одамон мавъиза кардан, хуб мебуд, ки бо як ё ду нафар гап занед ва диққати ҳамаро ҷалб накунед. Агар сӯҳбат нағз гузарад, шояд барои тамос гирифтан ба якдигар маълумот диҳед.
10. Воизон дар ҷойҳои корӣ чӣ тавр ҷустуҷӯ карда метавонанд?
10 Тарзи дигари ҷустуҷӯӣ ин аст, ки харитаеро бо ишора кардани ҷойҳои корӣ тайёр созем ва сипас дар вақти муносиб ба он ҷойҳо ташриф орем. Масалан, як харита метавонад якчанд бозор ва харитаҳои дигар бошанд, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, сохтмонҳо ё дигар ҷойҳоро дар бар гиранд. Агар ҳар як харита як намуди ҷойҳои кориро дар бар гирад, воизон ба чунин тарзи мавъиза одат намуда, таҷрибаву маҳорат пайдо мекунанд. Масалан, азбаски меҳмонхонаҳо баъзан мизоҷони ношунаворо ҷойгир мекунанд, мо метавонем ба котиби қабулгоҳи меҳмонхона кӯтоҳ фаҳмонем, ки барои ношунавоён ёрдам карданием ва баъзе маълумоти лозимаро мондан мехоҳем, то ба меҳмонони ношунаво диҳад. Дар баъзе ҷойҳои корӣ бошад, мо пурсида метавонем, ки оё дар он ҷо коргарон ё мизоҷоне ҳастанд, ки ба забони имову ишора гап мезананд.
11. Чаро кори ҷустуҷӯӣ қисми муҳими мавъиза ҳисоб меёбад?
11 Кори муҳим. Ёфтани шахсоне, ки ба забони шумо гап мезананд, душвору дилгиркунанда буда метавонад. Илова бар ин, дар баъзе ҷойҳо шахсони ғайрзабон ҷойи зисташонро тез–тез иваз мекунанд ва ин душвориҳоро ба миён меоварад, зеро маълумотро ҳар вақт нав кардан лозим меояд. Ба ин нигоҳ накарда, дар ҷойҳои зиёд кори ҷустуҷӯӣ қисми муҳими мавъиза ба ҳисоб меравад. Яҳува, ки ба мо супориши мавъиза карданро додааст, рӯйбинӣ надорад (Аъм. 10:34). «Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:3, 4). Бинобар ин, биёед бо Яҳува ва якдигар ҳамкорӣ намуда, одамони гуногунзабонро, ки «дили нек ва пок» доранд, ҷустуҷӯ кунем (Луқ. 8:15).
[Чорчӯба дар саҳифаи 5]
Ба якдигар кӯмак кунед
Агар ба ҷамъомад ё гурӯҳ дар кори ҷустуҷӯӣ ёрӣ лозим бошад, нозири хизматӣ бо пирони ҷамъомадҳои ғайрзабон тамос гирифта метавонад. Лекин нағз мебуд, ки нозир бо ҷамъомадҳое тамос гирад, ки на он қадар дуранд ё дар минтақаашон шумораи кофии шахсоне ҳастанд, ки ба забони он ҷамъомад гап мезананд. Пирони он ҷамъомадҳо бошанд, метавонанд ба воизон гӯянд, ки агар шахси бо ҳамон забон гапмезадаро вохӯранд, суроғаашро нависанд ва ба нозири хизматии ҷамъомад супоранд, то ӯ ба гурӯҳи муроҷиаткарда диҳад. Нозирони хизматии ҷамъомадҳои дахлдор метавонанд корро тавре ташкил диҳанд, ки воизон дар тамоми минтақаи гуногунзабон мавъиза кунанд ва шавқмандон ба ҷамъомад ё гурӯҳи лозима равона карда шаванд.
Агар воиз шахси ғайрзабонеро вохӯрад, ки дар ҳақиқат шавқ зоҳир мекунад (ё ношунаво аст), бояд варақаи «Лутфан, бо ин шахс боздид кунед»-ро (S-43) сари вақт пур карда, ба котиби ҷамъомад диҳад. Ин имкон медиҳад, ки ба шахс ҳар чӣ зудтар кӯмаки рӯҳонӣ расонида шавад. (Нигаред ба km 5.11 саҳ. 3.)
[Чорчӯба дар саҳифаи 6]
Роҳҳои ёфтани онҳое, ки ба забони шумо гап мезананд
• Пурсидан аз омӯзандагони Китоби Муқаддас, аъзоёни оилаашон, ҳамкорон ва дигарон.
• Маълумотномаи телефонҳоро истифода бурда, номҳоеро ёбед, ки дар забони шумо вомехӯранд. Ҳамчунин маълумотномаҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо ба воситаи суроғаҳо номҳои одамонро ёфтан мумкин аст. Чунин маълумотномаҳо шояд дар интернет ё дар ширкатҳои телефонӣ дастрасанд.
• Дар ҷойҳое, ки ба аҳолӣ хизмат расонда мешавад, масалан, дар китобхонаи маҳаллӣ, корхонаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо эҳтиёткорона пурсуҷӯ кунед.
• Аз эълонҳои рӯзномаи маҳаллӣ оиди чорабиниҳои оммавии шахсони ғайрзабон маълумот пайдо кунед.
• Ба мағозаҳо, корхонаҳо ва дигар ҷойҳое, ки ба он ҷо одатан шахсони ғайрзабон меоянд, ташриф оред.
• Агар қонуни мамлакати шумо иҷозат диҳад, маълумотномаи ягон корхона ё барномаи компютериеро харед, ки оиди одамон дар сайтҳои интернетии ба ҳама дастрас маълумот ҷустуҷӯ мекунад.
[Чорчӯба дар саҳифаи 7]
Ҳангоми ҷустуҷӯ чӣ метавон гуфт
Муроҷиати дӯстонаву самимӣ шубҳаи одамонро бартараф месозад.
Баъди саломуалек, чунин гуфта метавонед: «Мо онҳоеро меҷӯем, ки ба забони ______ гап мезананд, то барояшон маълумоти муҳимро расонем. Оё шумо чунин шахсонро мешиносед, то мо бо онҳо ҳамсӯҳбат шавем?»
Ҳангоми ҷустуҷӯи шахсони ношунаво чунин гуфта метавонед: «Ассалом. Мо якчанд филмҳоро, ки маълумоти муфид доранд, ба ношунавоён бепул пешкаш кардан мехоҳем. Оё шумо касеро мешиносед, ки ношунаво аст ё нағз намешунавад ва бо забони имову ишора гап мезанад?» Агар соҳибхона ҳеҷ касро ба ёд оварда натавонад, мо пурсида метавонем, ки дар ҷои кор, мактаб, ё маҳаллашон чунин одамон ҳастанд ё не ва он гоҳ шояд касе ба хотираш ояд.