Намуна барои пешниҳодот
◼ Одамон ҳар хел ба Худо дуо мегӯянд. Баъзеҳо дар як рӯз чанд бор дуо мегӯянд. Дигарон бошанд, вақте ки ба сарашон душворӣ ояд ҳамон вақт дуо мегӯянд, масалан вақте ягон шахси наздикашон бемор шавад. Ба фикратон барои чӣ ба Худо дуо гуфтан муҳим аст? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар ин бора як пайғамбари Худо чунин гуфт.
[Ирмиё 29:12-ро хонед.] Ба Парвардигор маъқул аст, ки мо ҳамеша ба Ӯ дуо гӯем. Вай дуоҳои моро гӯш мекунад. Лекин боз як сабаби дигаре ҳаст, ки чаро мо бояд ба Худо дуо гӯем. Ман мехостам, ки ин дафъа дар ин бора бо шумо сӯҳбат кунам. (Ҳангоми боздид аз китоби «Таълимот», боби 17, сарх. 3, 4, сӯҳбатро давом дода метавонед.)
◼ Ҳар сол замин бисёр ҳосил диҳад ҳам, миллионҳо одамон аз гуруснагӣ ва касалии бо он алоқаманд мемиранд. Ба фикратон кӣ бою камбағалиро нест карда метавонад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.]
Нигоҳ кунед, ки дар ин бора Дониёл-пайғамбар чӣ пешгӯӣ кардааст. [Дониёл 2:44-ро хонед.] Мувофиқи ин оят Худои Қодир, Подшоҳиашро барқарор мекунад, ки он ҳамаи камбудиҳои имрӯзаро бартараф мекунад. [Забур 71:16-ро хонед.] Ва дар иҷроишавии ин суханон ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба Ӯ халал расонида наметавонад. Ман мехостам ки дафъаи дигар омада дар бораи ин Подшоҳӣ бо шумо сӯҳбат кунам. (Ҳангоми боздид аз боби 8-уми китоби «Таълимот» сӯҳбатро давом дода метавонед.)