Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»
6–12 АВГУСТ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЛУҚО 17, 18
«Изҳори миннатдорӣ»
(Луқо 17:12, 14) Вақте ба деҳае медаромад, ӯро даҳ марди махавӣ диданд. Онҳо аз дур истода, 14 Исо онҳоро дида гуфт: «Рафта, худро ба коҳинон нишон диҳед». Онҳо рафтанд ва ҳангоми дар роҳ буданашон пок шуданд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Лқ 17:12, 14
даҳ марди махавӣ: Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас махавиён гурӯҳ-гурӯҳ шуда зиндагӣ мекарданд, то якдигарро дастгирӣ кунанд (4Пш 7:3–5). Мувофиқи Шариат махавиён бояд аз дигар одамон ҷудо зиндагӣ мекарданд. Ҳамчунин онҳо бояд: «Наҷис! Наҷис!» гуфта, аз омадани худ дигаронро огоҳ мекарданд (Ибд 13:45, 46). Барои ҳамин махавиён, вақте Исоро диданд, аз дур истода гап заданд. (Ба луғат, ба калимаи «махав», нигаред.)
худро ба коҳинон нишон диҳед: Вақте ки Исо дар рӯйи замин буд, ба Шариати Мӯсо итоат мекард ва мефаҳмид, ки Худо ҳоло хизмати насли Ҳорунро барҳам надодааст. Барои ҳамин ӯ махавиёнро шифо дода, мегуфт, ки худро ба коҳин нишон диҳанд (Мт 8:4; Мқ 1:44). Мувофиқи Шариат коҳин бояд тасдиқ мекард, ки махавӣ пок шуд. Баъд аз ин махавие, ки шифо ёфтааст, бояд ба маъбад рафта қурбониеро меовард, ки аз ӯ талаб карда мешуд (Ибд 14:2–32).
w08 1.8 саҳ. 14, 15, сарх. 8, 9
Чаро миннатдорӣ кардан муҳим аст?
8Вақте ки нӯҳ нафар махавӣ ба Исо миннатдорӣ баён накарданд, вай ба ин чӣ тавр муносибат кард? Исо гуфт: «Магар даҳ нафар пок нагашта буданд? Пас, нӯҳ нафари дигар куҷоянд? Наход, ғайр аз ин марде, ки аз миллати дигар аст, ягон нафаре барнагашт, то Худоро ҷалол диҳад?» (Луқо 17:17, 18).
9Нӯҳ махавии дигар одамони бад набуданд, чунки онҳо ба Исо имон оварданд ва дарҳол ба гапи ӯ гӯш карда, ба Ерусалим рафтанд, то худро ба коҳинон нишон диҳанд. Ҳарчанд онҳо аз Исо барои шифо доданаш миннатдор буданд, ба ӯ миннатдориашонро изҳор накарданд. Ин рафтори онҳо ба Исо маъқул нашуд. Мо аз ин чӣ меомӯзем? Агар ягон кас ба шумо некӣ кунад, оё шумо дарҳол раҳмат мегӯед ё, агар бамаврид бошад, миннатдориатонро бо нома баён мекунед?
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Луқо 17:10) Ба ин монанд, шумо низ пас аз иҷро кардани тамоми корҳое, ки ба ӯҳдаатон гузошта шудаанд, чунин гӯед: “Мо ғуломони ночиз ҳастем ва кореро кардем, ки карданамон лозим буд”».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Лқ 17:10
ночиз: Дар матни аслӣ «бефоида; беқадр». Исо гуфтанӣ набуд, ки ғуломон, яъне шогирдонаш, бояд худро нодаркор ё беқадру қимат ҳисоб кунанд. Дар ин ҷо калимаи «ночиз» ба хоксории ғуломон ишора мекунанд, зеро онҳо интизор нестанд, ки нисбаташон ягон диққати махсус ё ҳурмат нишон диҳанд. Ба ақидаи баъзе олимон, калимае, ки дар ин ҷо истифода шудааст, муболиға буда, маънои «мо танҳо як ғуломони назарногирем ва лоиқи ягон эътибор нестем»-ро дорад.
(Луқо 18:8) Ба шумо мегӯям, ки Ӯ барои барқарор кардани адолат мешитобад. Аммо, вақте Писари одам меояд, оё чунин имонро дар замин хоҳад ёфт?»
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Лқ 18:8
чунин имонро: Исо дар ин ҷо калимаи имонро ба маънои васеаш истифода набурд. Ӯ дар бораи имони махсусе гап зад, ки бевазан нишон дод (Лқ 18:1–8). Одаме, ки чунин имон дорад, ба қуввати дуо ва ба он ки Худо барои интихобшудагони худ адолатро барқарор менамояд, шубҳа намекунад. Аз афташ, Исо саволро барои он беҷавоб монд, ки шогирдонаш дар бораи сифати имонашон мулоҳиза кунанд. Мисол дар бораи дуо ва имон хеле бамаврид буд, зеро пеш аз ин Исо гуфт, ки шогирдонаш дар оянда бо чӣ гуна озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд (Лқ 17:22–37).
13–19 АВГУСТ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЛУҚО 19, 20
«Аз мисол оиди ҳазор тангаи нуқра мо чӣ меомӯзем?»
Мисол дар бораи ҳазор тангаи нуқра
2Ӯ мегӯяд: «Марде аз хонадони шоҳ ба кишвари дурдасте сафар кард, то дар он ҷо подшоҳ таъйин гардида, сипас баргардад» (Луқо 19:12). Барои ба кишвари дурдаст сафар кардан вақти зиёд даркор аст. Равшан аст, ки «марде аз хонадони шоҳ» худи Исо аст. Ӯ ба «кишвари дурдасте», яъне ба осмон, меравад ва дар он ҷо Падар ӯро подшоҳ таъйин мекунад.
3Баъд Исо нақл мекунад, ки пеш аз сафар он мард даҳ ғуломро ба наздаш даъват карда, ба ҳар кадомашон сад тангаи нуқра медиҳаду мегӯяд: «То вақти баргаштанам бо ин пулҳо харидуфурӯш карда фоида ба даст оред» (Луқо 19:13). Сад тангаи нуқра пули кам нест. Барои кор кардани ин маблағ деҳқон бояд аз се моҳ зиёд меҳнат кунад.
4Шояд, шогирдон мефаҳманд, ки худи онҳо мисли он даҳ ғуломанд, чунки чанде пеш Исо онҳоро ба даравгарон монанд карда буд (Матто 9:35–38). Албатта, ӯ аз онҳо талаб накарда буд, ки ба маънои аслӣ дарав кунанду ҳосилашро биёранд. Не, ҳосиле, ки онҳо бояд ҷамъ оваранд, шогирдони дигаре мебошанд, ки ба Подшоҳии Худо дохил шуда метавонанд. Шогирдон вақту қувват ва ҳатто дороии худро истифода бурда ба шумораи ҳар чӣ бештари одамон ёрӣ медиҳанд, ки вориси ин Подшоҳӣ гарданд.
Мисол дар бораи ҳазор тангаи нуқра
7Агар шогирдон мисли он ғуломон ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд ва барои тайёр кардани шогирдон ҳамаи имкониятҳоро истифода баранд, онҳо боварӣ дошта метавонанд, ки Исо аз онҳо розӣ мешавад ва онҳоро барои кӯшишу ғайрат ҳатман мукофот медиҳад. Албатта, вазъият, имконият ва қобилиятҳои шогирдон гуногун аст ва ҳамаи онҳо дар кори шогирдсозӣ як хел иштирок карда наметавонанд. Лекин Исо, ки подшоҳ таъйин мегардад, инро мефаҳмад ва кӯшишҳои шогирдони вафодорашро ҳатман баракат медиҳад (Матто 28:19, 20).
Мисол дар бораи ҳазор тангаи нуқра
1Баръакси ду ғуломи аввал ин ғулом ақаллан кӯшиш накард, ки ба хӯҷаинаш даромад орад ва ҳамин тавр сарвати подшоҳии ӯро зиёд гардонад. Барои ҳамин ҳатто пуле, ки дошт, аз вай гирифта шуд. Расулон дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ кардани Исоро интизоранд. Барои ҳамин вақте онҳо суханонеро, ки Исо дар бораи ғуломи охирин гуфт, мешунаванд, эҳтимол, мефаҳманд, ки агар боғайрат набошанд, ба Подшоҳии Худо роҳ намеёбанд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Луқо 19:43) Зеро рӯзҳое ба сарат меоянд, ки душманони ту дар атрофат аз чӯбҳои нӯгтез девор сохта, туро иҳота мекунанд ва аз ҳар тараф ба танг меоранд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Лқ 19:43
аз чӯбҳои нӯгтез девор сохта: Калимаи юнонии «ха́ракс» танҳо дар ҳамин ҷойи Навиштаҳои юнонӣ вомехӯрад. Маънои ин калима чӯби нӯгтез (барои сохтани девор) ё сутун мебошад. Он ҳамчунин маънои истеҳкоми ҳарбии аз сутунҳо сохташуда ё девори қаторчӯбро дорад. Ин пешгӯйии Исо соли 70-уми милодӣ иҷро шуд. Он вақт румиён бо фармони Титус гирдогирди Ерусалим девор сохта, онро муҳосира карданд. Титус ин корро бо се мақсад кард: яҳудиён аз шаҳр гурехта натавонанд, тезтар таслим шаванд ва ба қаҳтӣ тоб наоварда, ба ӯ гардан фароранд. Румиён дарахтони гирду атрофи Ерусалимро бурида, чунин девор сохтанд.
(Луқо 20:38) Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро барои Ӯ ҳамаи онҳо зиндаанд».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Лқ 20:38
зеро барои Ӯ ҳамаи онҳо зиндаанд: Мувофиқи Китоби Муқаддас одамони зиндае, ки ба Яҳува итоат намекунанд, дар назари Ӯ мурдаанд (Эф 2:1; 1Тм 5:6). Баръакси ин, он ходимони Худо, ки вафот кардаанд, дар назари Ӯ зинда ҳастанд, зеро шубҳае нест, ки Ӯ онҳоро ба ҳаёт бармегардонад (Рм 4:16, 17).
20–26 АВГУСТ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЛУҚО 21, 22
«Халосии шумо наздик аст»
kr саҳ. 226, сарх. 9
Подшоҳии Худо душманонашро нобуд мекунад
9Аломатҳо дар осмон. Исо пешгӯйӣ кард: «Офтоб хира мегардад ва моҳтоб дигар равшанӣ намедиҳад, ситорагон аз осмон меафтанд». Аниқ аст, ки роҳбарони дин дар назари одамон «нури» худро гум мекунанд ва ҳеҷ кас аз онҳо дигар роҳнамоӣ намеҷӯяд. Оё Исо инчунин онро дар назар дошт, ки дар осмон аломатҳои ғайриодӣ рӯй медиҳанд? Шояд, ҳа (Иш. 13:9–11; Юил 2:1, 30, 31). Одамон ин гуна аломатҳоро дида, чӣ ҳис мекунанд? Онҳо «чӣ кор карданашонро надониста азоб мекашанд» (Луқ. 21:25; Саф. 1:17). Бале, душманони Подшоҳии Худо, аз подшоҳон сар карда то ғуломон, «аз тарсу ҳарос ва интизории воқеаҳое, ки бар сари сокинони замин меоянд, аз ҳол мераванд» ва барои худ паноҳгоҳ мекобанд. Ин одамон беҳуда зӯр мезананд, зеро ягон ҷое ёфт намешавад, ки онҳоро аз ғазаби Подшоҳ пинҳон кунад (Луқ. 21:26; 23:30; Ваҳй 6:15–17).
Бародардӯст бошед!
17Далер бошед. (Ибриён 13:6-ро хонед.) Агар мо ба Яҳува такя кунем, мо аз ягон душворӣ наметарсем. Нотарсӣ дар навбати худ ба мо кӯмак мекунад, ки ба ҳама чиз назари мусбӣ дошта бошем. Он гоҳ мо метавонем бародару хоҳаронро рӯҳбаланд ва дилбардорӣ кунем (1 Тас. 5:14, 15). Ҳатто дар замони пурдаҳшаттарин — мусибати бузург мо «сарҳои худро баланд» мебардорем, зеро медонем, ки наҷоти мо наздик аст (Луқ. 21:25–28).
«Халосии шумо наздик меояд»!
13Вақте бузҳо мефаҳманд, ки онҳоро «азоби ҷовидонӣ» интизор аст, чӣ кор мекунанд? Онҳо аз андӯҳ ба синаи худ зада «навҳа» хоҳанд кард (Мат. 24:30). Лекин тадҳиншудагон ва касоне ки онҳоро дастгирӣ менамоянд, чӣ кор мекунанд? Онҳо ба Яҳува Худо ва Писари Ӯ имон зоҳир карда ба амри зерини Исо гӯш медиҳанд: «Вақте ки ба амал омадани он чизҳо оғоз шавад, бархоста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд» (Луқ. 21:28). Бале, мо умед ва боварии пурра дорем, ки наҷот хоҳем ёфт!
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Луқо 21:33) Замину осмон аз байн мераванд, аммо суханони ман ҳаргиз аз байн нахоҳанд рафт.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Лқ 21:33
Замину осмон аз байн мераванд: Оятҳои дигари Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки осмон ва замин то абад боқӣ мемонанд (Ҳс 9:16; Зб 103:5; Вз 1:4). Барои ҳамин суханони Исоро чун муболиға фаҳмидан мумкин аст, яъне, ҳатто агар чизи ғайриимкон рӯй диҳад ва осмону замин аз байн раванд, суханони Исо ҳатман иҷро мешаванд. (Бо Мт 5:18 муқоиса кунед.) Вале, шояд, осмону замин дар ин оят маънои рамзӣ доранд ва «осмони пештара ва замини пештара»-е мебошанд, ки дар Вҳ 21:1 дар бораашон гуфта шудааст.
суханони ман ҳаргиз аз байн нахоҳанд рафт: Дар матни юнонӣ бо феъли «аз байн рафтан» ду калимаи инкорие истифода шудаанд, ки имконнопазир будани ин корро таъкид мекунанд ва нишон медиҳанд, ки суханони Исо ҳатман иҷро мешаванд.
w14 15.10 саҳ. 16, 17, сарх. 15, 16
Шумо «салтанати коҳинон» хоҳед буд
15Баъди ҷорӣ кардани Шоми ёдбуд, Исо бо шогирдони вафодораш аҳде баст, ки он аҳд оиди Салтанат ном гирифтааст. (Луқо 22:28–30-ро бихонед.) Ин аҳд аз дигар аҳдҳо як фарқияти калон дошт. Дар он аҳд Яҳува яке аз тарафҳо нест. Ин аҳди шахсии Исо бо шогирдони тадҳиншудааш мебошад. Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст [«бо ман аҳд бастааст», ТДН]». Исо ин ҷо аз афташ ба он аҳде ишора мекард, ки Яҳува бо ӯ баста буд, то ки ӯ «ба монанди Малкисодақ» то абад коҳин бошад (Ибр. 5:5, 6).
16Ёздаҳ ҳаввории вафодори Исо дар озмоишҳояш бо ӯ буданд. Аҳд оиди Салтанат ба онҳо боварӣ мебахшид, ки онҳо бар тахтҳо нишаста ҳамроҳи ӯ дар осмон чун подшоҳон ҳукмронӣ ва чун коҳинон хизмат хоҳанд намуд. Аммо на фақат он 11 нафар ба чунин имтиёз сазовор мешаванд. Исо ҳангоме ки ҷалол ёфт, ба Юҳаннои ҳавворӣ дар рӯъё зоҳир шуда гуфт: «Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахти Ман биншинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам» (Ваҳй 3:21). Ҳамин тавр, аҳд оиди салтанат бо 144 000 нафар тадҳиншудагон баста шуд (Ваҳй 5:9, 10; 7:4). Ин аҳд ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ҳамроҳи Исо дар осмон ҳукмронӣ кунанд. Инро ба мисоли зерин монанд кардан мумкин аст: духтаре аз оилаи номдор ба шоҳзодае ба шавҳар баромада, дар ҳукмронӣ бо ӯ ҳамроҳ мешавад. Ба ҳамин монанд, дар Навиштаҳо масеҳиёни тадҳиншуда «завҷа»-и Масеҳ, ё ки «бокираи поке», ки «ба Масеҳ пешниҳод» шудааст, номида шудаанд (Ваҳй 19:7, 8; 21:9; 2 Қӯр. 11:2).
27 АВГУСТ — 2 СЕНТЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЛУҚО 23, 24
«Бахшанда бошед»
(Луқо 23:34) Вале Исо гуфт: «Падар, онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор карда истодаанд». Онҳо ҳамчунин қуръа партофта, либоси ӯро тақсим карданд.
cl саҳ. 297, сарх. 16
«Муҳаббати Масеҳро... дарк намоед»
16Исо бо тарзи дигар низ ба муҳаббати Яҳува пайравӣ мекард — ӯ бо омодагӣ дигаронро мебахшид (Забур 85:5). Ҳатто дар дами марг ӯ ба бахшидан тайёр буд. Исо ҳангоми чун ҷинояткор дар сутун мехкӯб буданаш дар бораи чӣ гап зад? Оё ӯ аз Яҳува талаб кард, ки душманонашро ҷазо диҳад? Албатта, не. Яке аз суханони охирини ӯ чунин буданд: «Падар, онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор карда истодаанд» (Луқо 23:34).
(Луқо 23:43) Исо ба ӯ гуфт: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд».
g 2.08 саҳ. 11, сарх. 5, 6
Оё Худо гуноҳҳои ҷиддиро мебахшад?
5Яҳува на танҳо ба гуноҳ, балки ба фикру ҳиссиёти шахси гуноҳкарда низ аҳамият медиҳад (Ишаъё 1:16–19). Масалан, дар бораи ҷинояткороне, ки дар ду тарафи Исо мехкӯб шуда буданд, фикр кунед. Ҳар дуяшон ҳам ҷинояти азим карда буданд, чунки яке аз онҳо чунин гуфт: «Мо мувофиқи кирдорамон, аз рӯйи адолат ҷазо гирифтаем, лекин ин мард ҳеҷ кори нодурусте накардааст». Аз суханони ин ҷинояткор фаҳмидан мумкин аст, ки ӯ дар бораи Исо хабардор буд. Ва шояд ин ба ӯ ёрдам дод, ки фикрашро дигар кунад. Ин аз суханоне, ки ӯ гуфт, маълум аст: «Эй Исо, вақте ба Подшоҳии худ мерасӣ, маро ба хотир ор». Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:41–43).
6Дар ин бора фикр кунед: Исо дар дами марг нисбати марде, ки дар ҳақиқат ҷинояткор буд, раҳму шафқат зоҳир кард. Ин ба мо боварӣ мебахшад, ки Яҳува ва Исои Масеҳ нисбати онҳое, ки аз таҳти дил тавба мекунанд, марҳамат зоҳир менамоянд (Румиён 4:7).
(Луқо 24:34) Онҳо ба ин ду нафар гуфтанд: «Дар ҳақиқат Ҳазрат зинда шудааст ва ӯ ба Шимъӯн зоҳир гашт!»
cl саҳ. 297, 298, сарх. 17, 18
«Муҳаббати Масеҳро... дарк намоед»
17Биёед бахшанда будани Исоро аз муносибати ӯ бо Петрус дида бароем. Шубҳае нест, ки Петрус Исоро дӯст медошт. Дар рӯзи охирини ҳаёти Исо, 14-уми нисон, Петрус ба Исо гуфт: «Ҳазрат, ман тайёрам, ки бо ту ҳабс шавам ва бо ту бимирам». Лекин якчанд соат пас ӯ аз Исо се бор рӯй гардонд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки баъд аз бори сеюм инкор карданаш «Ҳазрат рӯяшро гардонда, рост ба Петрус нигоҳ кард». Он гоҳ Петрус аз кардаи худ чунон пушаймон шуд, ки ба «берун баромада, зор-зор гиря кард». Вақте ҳамон рӯз Исоро куштанд, шояд дар дили Петрус сад гумон буд, ки Ҳазраташ ӯро мебахшад ё не (Луқо 22:33, 61, 62).
18Петрус барои ба ин савол ҷавоб гирифтан бисёр интизор нашуд. Исо саҳарии 16-уми нисон эҳё шуд ва эҳтимол дар ҳамон рӯз бо Петрус рӯ ба рӯ вохӯрд (Луқо 24:34; 1 Қӯринтиён 15:4–8). Чаро Исо ба Петрус, ки ӯро якчанд бор инкор кард, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд? Шояд Исо мехост Петруси тавбакардаро боварӣ бахшад, ки ӯро то ҳол дӯст медорад ва қадр мекунад. Лекин Исо барои Петрусро дилпур кардан боз чӣ кор кард?
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Луқо 23:31) «Агар онҳо дар вақти сабз будани дарахт чунин кунанд, пас, ҳангоми хушк шудани он чӣ рӯй медода бошад?»
nwtsty маълумоти омӯзиши оиди Лқ 23:31
дар вақти сабз будани дарахт... ҳангоми хушк шудани он: Исо, аз афташ, ин ҷо дар бораи халқи Исроил мегӯяд. Ин халқ ба дарахти мурдаистода монанд буд, лекин он пурра хушк набуд, чунки Исо ва пайравонаш ҳоло дар байнашон буданд. Лекин баъдтар Исоро куштанд, яҳудиёни содиқ бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуда қисми Исроили рӯҳонӣ гаштанд (Рм 2:28, 29; Ғл 6:16). Он замон халқи Исроил рӯҳан мурд ва монанди дарахти хушкшуда гашт (Мт 21:43).
(Луқо 23:33) Вақте онҳо ба ҷое расиданд, ки Косахонаи сар ном дошт, Исоро дар байни он ду ҷинояткор, ки яке аз тарафи росташ ва дигаре аз тарафи чапаш буд, ба сутун мехкӯб карданд.
nwtsty расм
Мех дар устухони пошна
Дар ин расм нусхаи устухони пошна тасвир ёфтааст, ки ба он мехи оҳанин зада шудааст ва дарозии мех 11,5 см мебошад. (Ба mwb17.12 нигаред.) Бозёфтеро, ки нусхааш дар расм оварда шудааст, соли 1968, ҳангоми кофтукови археологӣ, аз шимоли Ерусалим ёфтанд. Бостоншиносон муайян карданд, ки он ба замони ҳукмронии румиён рост меояд. Ин исбот мекунад, ки шахсони ба марг маҳкумшударо ба сутуни чӯбин мехкӯб мекарданд. Ин мех шояд ба мехҳое монанд аст, ки сарбозони румӣ барои Исои Масеҳро ба сутун мехкӯб кардан истифода бурданд. Ин устухонро бостоншиносон аз қуттии сангие ёфтанд, ки дар он устухонҳои одами мурдаро, баъд аз пӯсидани ҷисмаш, гузошта буданд. Ин нишон медиҳад, ки касони дар сутун қатлшударо дафн карда метавонистанд.