Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»
3–9 СЕНТЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 1, 2
«Мӯъҷизаи аввалини Исо»
Масеҳ қуввати Худост
3 Ҳангоми тӯй дар шаҳри Қонои Ҷалил Исо мӯъҷизаи аввалини худро ба амал овард. Шояд ба тӯй шумораи аз ҳад зиёди меҳмонон ташриф оварда буданд. Аз кадом сабаб ки набошад, шароб тамом шуд. Дар байни меҳмонон модари Исо — Марям низ буд. Дар муддати солҳо Марям, бешубҳа, дар бораи тамоми нубувватҳое ки бо писараш алоқаманд буданд, фикр мекард ва медонист, ки ӯ «Писари Ҳаққи Таоло» хонда хоҳад шуд (Луқ. 1:30–32; 2:52). Оё Марям боварӣ дошт, ки Исо ягон мӯъҷиза ба амал оварда метавонад? Мо инро аниқ намедонем. Ҳаминаш ба мо маълум аст, ки ҳам Марям ва ҳам Исо ба домоду арӯс раҳмашон омад ва хостанд ба онҳо кӯмак кунанд. Исо медонист, ки меҳмондорӣ қарзи ҳар як соҳибхона аст ва аз он обрӯи хонадон вобаста аст. Барои ҳамин ӯ намехост, ки соҳибони тӯй хиҷил шаванд. Аз ин рӯ Исо 380 литр обро ба «шароби хуб» табдил дод. (Юҳанно 2:3, 6–11-ро бихонед.) Оё Исо вазифадор буд, ки ин мӯъҷизаро ба амал орад? Не. Сабаб дар он буд, ки ӯ ба онҳо раҳмаш омад ва ба Падари осмонии худ пайравӣ карда саховатмандӣ зоҳир кард.
Мӯъҷизаи аввалини Исо
Ин аввалин мӯъҷизаи Исост ва, бешак, аз дидани ин имони шогирдони наваш қавӣ мешавад. Баъд аз ин Исо ҳамроҳи модару бародаронаш ба шаҳри Кафарнаҳум меравад, ки он дар шимолу ғарби соҳили баҳри Ҷалил воқеъ аст.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Юҳанно 1:1) Дар аввал Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом илоҳӣ буд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 1:1
Калом: Ба юнонӣ «ҳо ло́гос». Ин калима дар ин оят чун унвон омадааст ва дар Юҳ 1:14 ва Вҳ 19:13 низ вомехӯрад. Юҳанно нишон дод, ки ин унвон ба Исо дахл дорад. Исо ин унвонро пеш аз ба замин омадан, ҳангоми дар замин чун одами комил хизмат кардан ва пас аз ба осмон рафтанаш дошт. Исо Каломи Худо, ё Намояндаи Ӯ, буд, зеро ба дигар офаридаҳои рӯҳӣ ва одамон хабару дастуротҳои Худоро мерасонд. Вақте дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо бо одамон гап зад, чунин хулоса баровардан дуруст аст, ки Ӯ рӯирост неву ба воситаи Каломаш гап мезад (Ҳс 16:7–11; 22:11; 31:11; Хр 3:2–5; Дв 2:1–4; 6:11, 12; 13:3).
бо: Дар ин ҷо пешоянди юнонии «прос» дар наздикии касе будан ва муносибати наздик доштанро мефаҳмонад. Он ҳамчунин нишон медиҳад, ки дар ин оят гап дар бораи ду шахсияти гуногун, яъне Калом ва Худои ягонаи ҳақиқӣ меравад.
Калом илоҳӣ буд: Дар матни аслӣ «Калом худое буд». Юҳанно бо ин суханон чӣ гуна будани «Калом» (ба юнонӣ «ҳо ло́гос»; ба маълумоти омӯзишии ин оят, ки оиди Калом аст, нигаред), яъне Исои Масеҳро мефаҳмонад. Мавқеи Калом чун Писари нахустзода, ки Худо ба воситаи ӯ ҳама чизро офаридааст, аз дигар офаридаҳо болотар мебошад. Барои ҳамин ӯро «худо; худомонанд; илоҳӣ» гуфтан мумкин аст. Бисёри тарҷумонон ин қисми оятро «Калом Худо буд» тарҷума карда, Каломро бо Худои Қодири Мутлақ баробар намуданд. Лекин Юҳанно дар назар надошт, ки Калом ин Худои Қодири Мутлақ аст ва барои ин хел гуфтан якчанд сабаб ҳаст. Якум, дар ин оят ва ояти навбатӣ гуфта шудааст, ки Калом «бо Худо буд». Ҳамчунин бояд қайд кард, ки калимаи юнонии «тео́с» дар оятҳои 1 ва 2 се бор вомехӯрад. Дар мавриди якум ва сеюм калимаи «тео́с» бо артикли муайянӣ омадааст, дар мавриди дуюм бошад, чунин артикл истифода нашудааст. Ба ақидаи бисёр олимон, дар мавриди дуюм бе артикли муайянӣ омадани ин калима маънои муҳим дорад. Вақте калимаи «тео́с» бо артикл меояд, он ба Худои Қодири Мутлақ ишора мекунад. Лекин дар ҷое, ки ин калима бе артикл омадааст, он хусусияти «Калом»-ро мефаҳмонад. Барои ҳамин дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас, ки ба забони англисӣ, франсузӣ ва немисӣ мебошанд, ин оят чун дар «Тарҷумаи дунёи нав» омадааст. Дар ин тарҷумаҳо гуфта шудааст, ки Калом «худо», «илоҳӣ», «худомонанд» буд. Инро ҳамчунин тарҷумаҳои қадимаи Хушхабари Юҳанно, ки бо лаҳҷаҳои буҳайрӣ ва саидии забони коптӣ мебошанд ва, эҳтимол, ба асрҳои сеюм ва чоруми милодӣ рост меоянд, тасдиқ мекунанд. Дар ин тарҷумаҳои қадима калимаи «тео́с» дар Юҳ 1:1 дар мавриди якум ва дуюм ҳар хел омадааст. Дар онҳо хусусияти Калом қайд шудааст, ки табиати ӯ ба монанди Худо аст, лекин Калом ба Падари ӯ, Худои Қодири Мутлақ, баробар карда нашудааст. Ба ин монанд, дар Қл 2:9 гуфта шудааст, ки «хислатҳои Худо ба пуррагӣ» дар Масеҳ дида мешаванд. Дар 2Пт 1:4 гуфта шудааст, ки ҳатто тадҳиншудагон «мисли Худо рӯҳ» мегарданд. Ғайр аз ин, дар Септуагинта калимаи юнонии «тео́с» одатан ба ҷойи калимаҳои ибронии «эл» ва «элоҳи́м» омадааст, ки маънои асосиашон, чуноне ки тахмин мекунанд, «қодир (ҷаббор); шахси боқувват» мебошад. Ин калимаҳои ибронӣ нисбати Худои Қодири Мутлақ, дигар худоҳо ва одамон истифода шудаанд (Юҳ 10:34). Вақте Каломро «худо», ё «ҷаббор», меноманд, ин ба пешгӯйии Иш 9:6 мувофиқат мекунад, ки дар он Масеҳ на Худои Қодири Мутлақ, балки «Худои Ҷаббор» ва ҳамчунин «Падари ҷовид»-и ҳамаи онҳое номида шудааст, ки зери ҳукмронии ӯ зиндагӣ мекунанд. Ин пешгӯйиро рашки Падари худи ӯ, Яҳува, «Худованди лашкарҳо», ба амал меорад (Иш 9:7).
(Юҳанно 1:29) Рӯзи дигар Яҳё Исоро дид, ки ба тарафи ӯ меомад, ва чунин гуфт: «Ана Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро бартараф мекунад!
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 1:29
Барраи Худо: Пас аз он ки Исо таъмид гирифт ва баъди озмуда шудан аз биёбон баргашт, Яҳёи Таъмиддиҳанда ӯро «Барраи Худо» номид. Ин ибора танҳо ду бор, дар ин оят ва дар Юҳ 1:36, вомехӯрад. (Ба sgd замимаи 4, «Саршавии хизмати Исо» нигаред.) Исоро ба барра монанд кардан дуруст аст. Чи хеле дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, одамон барои ба гардан гирифтани гуноҳҳои худ ва ба Худо наздик шудан гӯсфандро қурбонӣ мекарданд. Ин рамзи қурбонии Исо буд, ки ҳаёти комили худро барои одамизод дод. Ибораи «Барраи Худо» бисёр оятҳои Китоби Муқаддасро хотиррасон мекунад. Азбаски Яҳёи Таъмиддиҳанда Навиштаҳои иброниро хуб медонист, ӯ як ё якчанд қурбониро дар назар дошта метавонист, масалан, барраеро, ки Иброҳим ба ҷойи писараш Исҳоқ қурбонӣ кард (Ҳс 22:13), барраи иди Раҳоиро, ки исроилиён пеш аз озод шудан аз ғуломии Миср қурбонӣ карданд (Хр 12:1–13) ва ё барраеро, ки ҳар саҳару бегоҳ дар Ерусалим ба қурбонӣ меоварданд (Хр 29:38–42). Яҳё ҳамчунин шояд ба пешгӯйии китоби Ишаъё ишора кард, ки дар он шахсе, ки Яҳува ӯро «бандаи Ман» меномад, «мисли гӯсфанде... барои забҳ бурда мешавад» (Иш 52:13; 53:5, 7, 11). Вақте Павлуси расул номаи аввали худро ба қӯринтиён навишт, ӯ Исоро «барраи Иди раҳоӣ» номид (1Қр 5:7). Петруси расул хуни пурарзиши Масеҳро ба «хуни барраи беайб ва пок» монанд кард (1Пт 1:19). Дар Ваҳй аз 25 бор зиёд Исои ҷалолёфта ба маънои рамзӣ «Барра» номида шудааст. (Баъзе мисолҳоро дар ин ҷо ёфтан мумкин аст: Вҳ 5:8; 6:1; 7:9; 12:11; 13:8; 14:1; 15:3; 17:14; 19:7; 21:9; 22:1.)
10–16 СЕНТЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 3, 4
«Исо ба зани сомарӣ мавъиза мекунад»
cf саҳ. 77, сарх. 3
«Барои ҳамин фиристода шудаам»
3 Исо сӯҳбатро аз мисоле сар кард, ки ба зан шинос буд, он бо коре, ки зан карда истода буд, алоқамандӣ дошт. Зан барои об гирифтан омад ва Исо дар бораи оби ҳаёт, ки ташнагии рӯҳониашро шикаста метавонист, гап зад. Дар давоми сӯҳбат зан якчанд бор баҳс кардан мехоҳадa. Исо моҳирона гапро ба дигар тараф бурда сӯҳбати сар кардаашро давом медиҳад. Ӯ диққатро ба Яҳува ва ибодати ҳақиқӣ равона мекунад. Суханони Исо ба дили зан бетаъсир намемонад ва зан рафта ҳамаи инро ба ҳамшаҳриҳояш нақл мекунад ва онҳо ҳам мехоҳанд Исоро шунаванд (Юҳанно 4:3–42).
(Юҳанно 4:6) Дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд. Исо аз сафар монда шуда дар лаби он чоҳ нишаст ва соат тақрибан дувоздаҳи рӯз буд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 4:6
монда шуда: Дар Китоби Муқаддас ин ягона оятест, ки ба монда шудани Исо ишора мекунад. Исо саҳарии он рӯз, эҳтимол, аз водии Урдун, ки дар Яҳудия буд, ба сафар баромад. Тақрибан соати 12-и рӯз ӯ ба шаҳри Суҳари Сомария, ки аз сатҳи водии Урдун тақрибан 900 метр баландтар ҷойгир буд, расид (Юҳ 4:3–5). (Ба sgd замимаи 4, «Саршавии хизмати Исо» нигаред.)
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Юҳанно 3:29) Домод ҳамон касест, ки арӯс дорад. Вале дӯсти домод, вақте дар наздаш истода, суханонашро мешунавад, аз шунидани овози ӯ бисёр шод мегардад. Ба ин монанд, хурсандии ман низ ҳадду канор надорад.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 3:29
дӯсти домод: Дар замонҳои пеш дӯсти наздики домод чун намояндаи ӯ амал мекард ва дар барпо гаштани тӯй нақши муҳим мебозид. Ӯ касе буд, ки барои тӯй шудани арӯсу домод даводав мекард. Ҷашни арӯсӣ дар хонаи домод ё падари домод мегузашт. Дар давоми тӯй дӯсти домод «аз шунидани овози ӯ», ки бо арӯс сӯҳбат мекард, шод мегашт, чунки мефаҳмид, ки аз ӯҳдаи вазифааш баромад. Яҳёи Таъмиддиҳанда худро ба «дӯсти домод» монанд кард. Ба маънои рамзӣ домод Исо буд, арӯс бошад, шогирдонаш. Роҳро барои Масеҳ тайёр карда, Яҳёи Таъмиддиҳанда аъзоёни аввалини арӯси рамзиро бо Исои Масеҳ шинос кард (Юҳ 1:29, 35; 2Қр 11:2; Эф 5:22–27; Вҳ 21:2, 9). Баъд аз он ки «дӯсти домод», яъне Яҳё, вазифаашро иҷро кард, нақши ӯ дар муқоиса бо Исо ва шогирдонаш дигар он қадар муҳим набуд. Барои ҳамин ӯ чунин гуфт: «Масеҳ бояд рӯз ба рӯз бузург шавад, вале ман хурд» (Юҳ 3:30).
(Юҳанно 4:10) Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар ту медонистӣ, ки атои Худо чист ва кӣ ба ту мегӯяд, ки “ба ман каме об деҳ”, худат аз ӯ об мепурсидӣ ва ӯ ба ту оби ҳаёт медод».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 4:10
оби ҳаёт: Ин ибора дар забони юнонӣ ба оби равон, оби чашма ё оби чоҳе, ки аз таги замин мебарояд, ишора мекунад. Чунин об аз оби обанбор фарқ мекунад. Дар Ибд 14:5 ибораи иброние, ки чун «оби равон» омадааст, айнан «оби ҳаёт» тарҷума мешавад. Дар Ир 2:13 ва 17:13 Яҳува чун «чашмаи оби ҳаёт» тасвир шудааст, яъне Ӯ оби рамзие мебошад, ки ҳаёт мебахшад. Ҳангоми сӯҳбат бо зани сомарӣ Исо ин ибораро ба маънои рамзӣ истифода бурд, вале зан, аз афташ, дар аввал онро ба маънои аслӣ фаҳмид (Юҳ 4:11, 14).
ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД
wp16.2 саҳ. 9, сарх. 1–4
Оё масеҳиён бояд Худоро дар ягон ҷойи муқаддас парастанд?
Исо илова кард: «Лекин соате фаро мерасад ва аллакай расидааст, ки ибодаткунандагони ҳақиқӣ Падарро дар рӯҳ ва ростӣ ибодат хоҳанд кард, зеро Падар маҳз чунин ибодаткунандагонро ҷустуҷӯ мекунад» (Юҳанно 4:23). Асрҳои аср яҳудиён маъбади боҳашамати Ерусалимро маркази ибодат меҳисобиданд. Онҳо дар як сол се бор ба он ҷо рафта, ба Худои худ Яҳува қурбонӣ меоварданд (Хуруҷ 23:14–17). Вале Исо гуфт, ки минбаъд ин хел намешавад ва «ибодаткунандагони ҳақиқӣ Падарро дар рӯҳ ва ростӣ ибодат хоҳанд кард».
Маъбади яҳудиён як бинои аслӣ буд ва дар як ҷойи муайян ҷойгир буд. Лекин рӯҳ ва ростӣ чизи ҷисмонӣ нестанд ва ягон ҷойи ҷуғрофиро ишғол намекунанд. Ҳамин тавр, Исо фаҳмонд, ки ибодати масеҳиёни ҳақиқӣ аз ягон бино ё ҷой вобаста нахоҳад буд, яъне ибодати онҳо бо кӯҳи Ҷаризим, маъбади Ерусалим ё ҷойи муқаддаси дигар алоқамандӣ нахоҳад дошт.
Исо ҳангоми бо зани сомарӣ сӯҳбат кардан гуфт, ки «соате фаро мерасад», ки дар ибодати Худо чунин дигаргуниҳо мешавад. Кай бояд ин тавр мешуд? Ҳамон вақте, ки Исо бо марги худ ба тарзи ибодати яҳудиён, ки дар асоси Шариати Мӯсо буд, бояд хотима мегузошт (Румиён 10:4). Исо ҳамчунин гуфт, ки он соат «аллакай расидааст». Чаро? Чунки ӯ Масеҳ гашта аллакай ба ҷамъ кардани шогирдон сар кард, ки онҳо бояд ба амри зерини ӯ итоат мекарданд: «Худо рӯҳ аст ва онҳое, ки Ӯро ибодат мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ ибодат кунанд» (Юҳанно 4:24). Худоро дар рӯҳ ва ростӣ ибодат кардан чӣ маъно дорад?
Вақте Исо оиди дар рӯҳ ибодат кардан гуфт, ӯ дар назар надошт, ки Худоро бо ягон эҳсосоти махсус ибодат кунанд. Ӯ гуфтанӣ буд, ки шогирдонаш бояд мувофиқи роҳнамоии рӯҳи муқаддас амал кунанд, ки он дар қатори дигар чизҳо барои фаҳмидани Навиштаҳо ёрдам мекунад (1 Қӯринтиён 2:9–12). Ростие, ки Исо дар борааш гуфт, ин дониши аниқи таълимоти Китоби Муқаддас мебошад. Барои ҳамин ҷой барои ибодат кардани Худо муҳим нест. Барои Худо муҳим он аст, ки ибодати мо мувофиқи таълимоти Навиштаҳо ва роҳнамоии рӯҳи муқаддас бошад.
17–23 СЕНТЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 5, 6
«Бо нияти дуруст Исоро пайравӣ кунед»
(Юҳанно 6:10) Исо гуфт: «Бигзор мардум шинанд». Дар он ҷо сабза бисёр буд ва одамон, ки дар байнашон тақрибан панҷ ҳазор мард буд, нишастанд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 6:10
одамон, ки дар байнашон тақрибан панҷ ҳазор мард буд, нишастанд: Дар байни нависандагони Хушхабар, ки дар бораи ин мӯъҷиза навиштаанд, танҳо Матто мегӯяд, ки дар он ҷо занону кӯдакон низ буданд (Мт 14:21). Шояд шумораи касоне, ки Исо онҳоро сер кард, аз 15 000 зиёд буд.
(Юҳанно 6:14) Вақте мардум мӯъҷизаеро, ки Исо ба амал овард, диданд, чунин гуфтанд: «Ин дар ҳақиқат ҳамон пайғамбари ваъдашудаест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 6:14
ҳамон пайғамбари ваъдашудаест: Бисёр яҳудиён дар асри яки милодӣ интизор буданд, ки Масеҳ, чи хеле ки дар ТкШ 18:15, 18 навишта шудааст, пайғамбаре мисли Мӯсо мешавад. Суханони бояд ба ҷаҳон биёяд нишон медиҳанд, ки одамон омадани Масеҳро интизор буданд. Дар бораи воқеаҳое, ки дар ин оят оварда шуданд, танҳо Юҳанно навиштааст.
(Юҳанно 6:27) На барои хӯроки вайроншаванда, балки барои хӯроки вайроннашавандае меҳнат кунед, ки ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад, ва ин хӯрокро Писари одам ба шумо медиҳад, зеро Падар, яъне худи Худо, чун аломати аз Писар розӣ буданаш бар вай мӯҳр гузоштааст».
(Юҳанно 6:54) Ҳар кӣ ҷисми маро мехӯрад ва хуни маро менӯшад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардад ва ман ӯро дар рӯзи охирин эҳё хоҳам кард,
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 6:27, 54
хӯроки вайроншаванда... хӯроки вайроннашавандае... ки ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад: Исо медонист, ки дар байни шогирдонаш одамоне буданд, ки танҳо бо нияти ба даст овардани чизе ӯро пайравӣ мекунанд. Хӯроке, ки одамон ҳар рӯз мехӯранд, ба муддати кӯтоҳ қувват медиҳаду зинда нигоҳ медорад, вале «хӯрок»-е, ки аз Каломи Худост, ба онҳо имконият медиҳад, ки ҷовидона зиндагӣ кунанд. Исо ба шунавандагонаш гуфт: «Барои хӯроки вайроннашавандае меҳнат кунед, ки ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад». Ин суханҳоро гуфта ӯ мехост, ки онҳо барои қонеъ кардани талаботи рӯҳонӣ ва инкишоф додани имонашон кӯшиш кунанд (Мт 4:4; 5:3; Юҳ 6:28–39).
ҷисми маро мехӯрад ва хуни маро менӯшад: Оятҳои дигари ин боб нишон медиҳанд, ки Исо ин суханонро ба маънои аслӣ нагуфт. Ӯ дар ин ҷо дар бораи он гуфт, ки одамон ба Масеҳ будани ӯ имон оранд (Юҳ 6:35, 40). Исо ин суханонро соли 32-юми милодӣ гуфт, пас, ӯ Шоми Ҳазратро дар назар надошт, чунки танҳо баъди як сол ӯ ин маросимро муқаррар кард. Ин суханон ҳамон вақте гуфта шуданд, ки «Иди раҳоии яҳудиён наздик буд» (Юҳ 6:4). Пас, онҳое, ки Исоро гӯш мекарданд, шояд дар бораи иди дар пеш буда фикр карданд ва ба хотир оварданд, ки чӣ тавр хуни барра ҳаёти исроилиёнро, шабе, ки онҳо аз Миср баромаданд, наҷот дод (Хр 12:24–27). Исо ба он ишора кард, ки хуни ӯ низ нақши муҳим мебозад ва ба шогирдонаш имконият медиҳад, ки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шаванд.
w05 1.9 саҳ. 21, сарх. 13, 14
Мо ба исми Яҳува Худои худ равона хоҳем шуд
13 Одамон ба кофтукови Исо афтоданд ва мувофиқи суханони Юҳанно ӯро «дар он тарафи баҳр» ёфтанд. Чаро онҳо, ҳарчанд Исо подшоҳашон шудан нахост, аз пайи ӯ шуданд? Бисёри онҳо дар бораи чизҳои ҷисмонӣ фикр мекарданд, дар бораи чизҳое, ки Яҳува дар замони Мӯсо ба исроилиён дар биёбон дода буд. Ин одамон мехостанд, ки Исо минбаъд низ онҳоро бо хӯрду хӯрок таъмин кунад. Исо нияти нодурусти онҳоро фаҳмида ҳақиқатҳои Каломи Худоро таълим дод, то онҳо фикррониашонро ислоҳ кунанд (Юҳанно 6:17, 24, 25, 30, 31, 35–40). Лекин баъзеҳо аз ӯ норозӣ шуданд, махсусан, вақте ба онҳо мисоли зеринро овард: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ҷисми Писари одамро нахӯред ва хуни ӯро нанӯшед, соҳиби ҳаёт нахоҳед гашт. Ҳар кӣ ҷисми маро мехӯрад ва хуни маро менӯшад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардад ва ман ӯро дар рӯзи охирин эҳё хоҳам кард» (Юҳанно 6:53, 54).
14 Мисолҳои Исо бисёр вақт нияти одамонро ошкор мекарданд, ки онҳо дар ҳақиқат бо Худо будан мехоҳанд ё не. Пас аз шунидани ин мисол низ одамон бо сухану амали худ нишон доданд, ки дар дили онҳо чӣ буд. Мо мехонем: «Инро шунида бисёри шогирдонаш гуфтанд: “Ин суханон гӯшхарошанд! Кӣ ба онҳо гӯш дода метавонад?”» Исо мехост фаҳмонад, ки барои ба суханони ӯ сарфаҳм рафтан саъю кӯшиш даркор аст. Ӯ мегӯяд: «Рӯҳи муқаддас ҳаёт мебахшад, вале аз ҷисм фоидае нест. Суханоне, ки ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаёт ҳастанд». Лекин бисёриҳо ба суханони Исо гӯш надоданд ва навишта шудааст, ки «аз ин сабаб бисёри шогирдон ба корҳои пештараи худ баргаштанд ва дигар ӯро пайравӣ накарданд» (Юҳанно 6:60, 63, 66).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Юҳанно 6:44) Ҳеҷ кас назди ман омада наметавонад, бе он ки Падаре, ки маро фиристодааст, ӯро ҷалб кунад, ва ман ӯро дар рӯзи охирин эҳё хоҳам кард.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 6:44
ӯро ҷалб кунад: Феъли юноние, ки «ҷалб кардан» тарҷума шудааст, ба кашидани тӯри моҳигирӣ ишора мекунад (Юҳ 21:6, 11). Лекин ин маънои онро надорад, ки Худо одамонро маҷбуран сӯйи худ мекашад. Ин суханони Исо Ир 31:3-ро хотиррасон мекунанд. Мувофиқи ин оят Яҳува ба халқи худ чунин гуфта буд: «Туро бо марҳамат ба Худ ҷалб намудам». (Дар Септуагинта низ дар ин оят ҳамин феъли юнонӣ истифода шудааст.) Юҳ 12:32 нишон медиҳад, ки Исо низ ҳар гуна одамонро ба худ ҷалб мекард. Мувофиқи Навиштаҳо Яҳува ба одамизод озодии интихоб додааст. Ҳар кас худаш ҳал мекунад, ки ба Ӯ хизмат кунад ё не (ТкШ 30:19, 20). Худо касонеро, ки дилашон ба қабул кардани ҳақиқат моил аст, меҳрубонона ба худ ҷалб менамояд (Зб 10:5; Мс 21:2; Ам 13:48). Яҳува ин корро ба воситаи хабари Китоби Муқаддас ва рӯҳи муқаддас мекунад. Бо ин роҳ одамонро ҷалб кардани Падар дар пешгӯйии Иш 54:13, ки дар Юҳ 6:45 иқтибос оварда шудааст, нишон дода шуда буд. (Бо Юҳ 6:65 муқоиса кунед.)
(Юҳанно 6:64) Аммо дар байни шумо касоне ҳастанд, ки имон надоранд». Сабаби чунин гуфтани Исо дар он буд, ки ӯ аз аввал медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ ба ӯ хиёнат мекунад.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 6:64
аз аввал: Ин ибора ба таваллуди Яҳудо ё ба вақти тамоми шаб дуо гуфта, ӯро чун расул интихоб кардани Исо ишора намекунад (Лқ 6:12–16). Ин ҳамон вақтеро дар назар дорад, ки дар сари Яҳудо фикри хиёнат кардан пайдо шуд ва Исо инро даррав пай бурд (Юҳ 6:70; 13:11; бо Юҳ 2:24, 25; Вҳ 1:1; 2:23 муқоиса кунед). Ин ибора ҳамчунин нишон медиҳад, ки ӯ дар як дам хиёнаткор нашуд, балки пешакӣ нақша кашид, ки Исоро ба дасти душманон супорад. Калимаи юнонии «архе́», ки «аз аввал» тарҷума шудааст, вобаста ба матн маъноҳои гуногун дошта метавонад. Масалан, дар 2Пт 3:4 ин калима ба маънои аввали офариниш омадааст. Лекин аксар вақт он ба чизи аниқтаре ишора мекунад. Мисол, Петрус гуфт, ки бар ғайрияҳудиён «рӯҳи муқаддас фурӯ рехт, чи хеле ки дар аввал бар мо низ фурӯ рехта буд» (Ам 11:15). Ӯ рӯзи таваллуди худ ё вақти расул шуданашро дар назар надошт. «Дар аввал» гуфта, ӯ ба иди Ҳафтаҳои соли 33-юми милодӣ, ба рӯзе, ки ба шогирдони Исо аввалин бор рӯҳи муқаддас рехта шуд, ишора кард (Ам 2:1–4). Дигар мисолҳоро, ки аз матн вобаста будани маънои ин калимаро нишон медиҳанд, дар Лқ 1:2; Юҳ 15:27; 1Юҳ 2:7 ёфтан мумкин аст.
медонист, ки... кӣ ба ӯ хиёнат мекунад: Исо ин суханонро гуфта, Яҳудои Исқарютро дар назар дошт. Ӯ, пеш аз он ки аз байни шогирдони содиқаш 12 расулро интихоб кунад, тамоми шаб ба Падараш дуо гуфт (Лқ 6:12–16). Аз ин маълум мешавад, ки Яҳудо дар аввал ба Худо вафодор буд. Лекин Исо аз Навиштаҳои ибронӣ медонист, ки рафиқи наздикаш ба ӯ хиёнат мекунад (Зб 40:10; 108:8; Юҳ 13:18, 19). Вақте дар дили Яҳудо фикрҳои бад пайдо шудан гирифтанд, Исо, ки дили одамонро медид, дарҳол инро пай бурд (Мт 9:4). Худо, ки қобилияти дидани ояндаро дорад, медонист, ки яке аз рафиқони бовариноки Исо хиёнаткор мешавад. Лекин, агар хислатҳои Худо ва чӣ тавр амал кардани Ӯро ба назар гирем, хулоса кардан нодуруст мебуд, ки гӯё Яҳудо дигар илоҷ надошт ва тақдири вай пешакӣ ҳал шуда буд.
24–30 СЕНТЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 7, 8
«Исо Падарашро ҷалол медод»
cf саҳ. 100, 101, сарх. 5, 6
«Навишта шудааст»
5 Исо мехост одамон фаҳманд, ки хабари ӯ аз ҷониби кист. Ӯ гуфта буд: «Он чӣ ман таълим медиҳам, аз они ман нест, балки аз они Фиристандаи ман аст» (Юҳанно 7:16). Бори дигар ӯ гуфта буд: «Ҳеҷ кореро аз пеши худ намекунам, балки он чиро, ки Падар ба ман таълим додааст, ҳамонро мегӯям» (Юҳанно 8:28). Ҳамчунин ӯ гуфта буд: «Суханоне, ки ман ба шумо мегӯям, аз пеши худ намегӯям, балки Падаре, ки бо ман дар ягонагӣ аст, ба воситаи ман корҳои Худро ба амал меорад» (Юҳанно 14:10). Исо ҳақ будани суханонашро бо он нишон дод, ки ҳамеша аз Навиштаҳо иқтибос меовард.
6 Омӯзиши суханони Исо нишон медиҳад, ки ӯ аз китобҳои аз нисф зиёди Навиштаҳои ибронӣ бо ин ё он тарз иқтибос меовард. Шояд шумо аз ин ба ҳайрат наоед ва фикр кунед, ки дар сею ним соли хизматаш ӯ метавонист аз тамоми китобҳои илҳомбахшидае, ки дар он вақт дастрас буданд, иқтибос орад. Эҳтимол, ӯ ҳамин хел карда буд. Ба хотир оред, ки дар Китоби Муқаддас ҳама суханон ва корҳои Исо оварда нашудаанд (Юҳанно 21:25). Дар асл, суханони Исоро, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, дар муддати якчанд соат хондан мумкин аст. Акнун тасаввур кунед, ки шумо дар бораи Худо ва Подшоҳии Ӯ якчанд соат гап мезанед ва аз китобҳои аз нисф зиёди Навиштаҳои ибронӣ иқтибос меоред. Фаромӯш накунед, ки Исо дар бисёр мавридҳо дар даст Навиштаҳоро надошт. Дар Мавъизаи болои кӯҳ ӯ аз Навиштаҳои ибронӣ бисёр иқтибос овард ва ҳамаи онҳоро аз ёд гуфт.
w11 15.3 саҳ. 11, сарх. 19
Рӯҳи Худоро қабул кунед, на рӯҳи ин ҷаҳонро
19 Ба Яҳува пурра итоат кунед. Исо ҳамеша аъмоли писандидаи Падарашро ба ҷо меовард. Ба мо маълум, ки ақаллан як бор хоҳиши Исо дар бобати ҳалли вазъият аз хоҳиши Падараш фарқ мекард. Вале ӯ бо боварӣ ба Падараш гуфт: «На иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд» (Луқ. 22:42). Аз худ бипурсед: «Оё ҳатто дар мавриди бароям душвор ман ба Худо итоат мекунам?». Итоаткорӣ ба Худо ҳаётан муҳим аст. Азбаски Яҳува моро офаридааст ва Сарчашмаву Нигоҳдорандаи ҳаёти мо мебошад, мо бояд пурра ба Ӯ итоат кунем (Заб. 94:6, 7). Ҳеҷ чиз ҷойи итоаткориро гирифта наметавонад. Бе он мо ба Худо писанд омада наметавонем.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w07 1.2 саҳ. 6, сарх. 4
Чаро ростқавл будан муҳим аст?
Исои Масеҳ дар ин маврид чӣ намуна гузошт? Боре касоне, ки ба Исо имон надоштанд, дар бораи сафар кардани ӯ фаҳмиданӣ шуданд. Онҳо ба ӯ маслиҳат доданд: «Аз ин ҷо баромада, ба Яҳудия рав». Исо ба онҳо чӣ гуфт? «Шумо ба ид [ба Ерусалим] равед, вале ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақти ман ҳанӯз нарасидааст». Лекин баъдтар ӯ ба он ид, ба Ерусалим рафт. Чаро ӯ чунин ҷавоб дод? Онҳо ҳақ надоштанд, ки дар куҷо будани Исоро аниқ донанд. Исо дурӯғ нагуфт, балки ба онҳо ҷавоби нопурра дод, то ба ӯ ва шогирдонаш ягон зарар нарасонанд. Ин суханони Исо дурӯғ набуд, чунки Петруси расул дар бораи Масеҳ навиштааст: «Ӯ гуноҳе накардааст ва дар забонаш макре набуд» (Юҳанно 7:1–13; 1 Петрус 2:22).
(Юҳанно 8:58) Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим ба дунё ояд, ман вуҷуд доштам».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 8:58
ман вуҷуд доштам: Яҳудиён аз суханони Исо ба ғазаб омада хостанд ӯро сангсор кунанд. Онҳо гуфта буданд: «Ту ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ ва боз мегӯӣ, ки Иброҳимро дидаӣ?» (Юҳ 8:57). Лекин Исо дар назар дошт, ки ӯ пеш аз таваллуди Иброҳим дар осмон чун фариштаи пурқудрат офарида шуда буд. Азбаски дар Хр 3:14, дар тарҷумаи Септуагинта, ибораи ба ин монанд омадааст (дар Хр 3:14 иборае, ки дар баъзе тарҷумаҳо «Ман ҳастам» тарҷума шудааст, ба Яҳува Худо ишора мекунад), баъзеҳо хулоса мекунанд, ки Юҳ 8:58 исбот мекунад, ки Исо Худост. Аммо, агар ба оят диққат диҳем, мебинем, ки ин фикр хатост. Дар ин маврид феъли юнонии «эйми́» амалеро нишон медиҳад, ки дар гузашта, «пеш аз он ки Иброҳим ба дунё ояд», сар шуд ва то вақти ин суханонро гуфтани Исо давом меёфт. Барои ҳамин ибораи «эго́ эйми́»-ро, чи хеле ки дар баъзе тарҷумаҳои қадимаю ҳозира омадааст, «ман вуҷуд доштам» ё «ман будам» тарҷума кардан дуруст аст, на ин ки «ман вуҷуд дорам» ё «ман ҳастам». Масалан, дар Юҳ 14:9, дар суханони Исо, феъли юнонии «эйми́» омадааст ва он чун феъли замони гузашта тарҷума шудааст: «Филиппус, ҳамин қадар вақт ман бо шумо будам ва ту то ҳол маро нашинохтаӣ?» Дар аксар тарҷумаҳои Навиштаҳои муқаддас низ ин феъли юнониро «будам» ё ба ин монанд тарҷума кардаанд. Ин нишон медиҳад, ки вобаста ба матн феъли «эйми́»-ро ҳамчун амали замони гузашта низ тарҷума кардан мумкин аст. (Мисолҳои дигари онро, ки феъли юнонии замони ҳозира чун амале, ки дар гузашта сар шуда буду то ҳол давом дорад, тарҷума шудааст, дар Лқ 2:48; 13:7; 15:29; Юҳ 1:9; 5:6; 15:27; 2Қр 12:19; 1Юҳ 3:8 дидан мумкин аст.) Ҳамчунин аз суханони Исо, ки дар Юҳ 8:54, 55 омадааст, маълум аст, ки ӯ худро бо Падараш як шахсият намеҳисобид.
[Эзоҳ]
a Масалан, вақте зан гуфт, ки чаро Исо аз ӯ об мепурсад, саволи баҳсталабро бардошт, зеро байни яҳудиёну сомариён солҳои сол нафрату адоват буд (Юҳанно 4:9). Ҳамчунин ӯ гуфт, ки халқи ӯ аз авлоди Яъқуб аст, лекин дар он вақт яҳудиён инро рад мекарданд (Юҳанно 4:12). Яҳудиён сомариёнро кутоиён меномиданд ва бо ин нишон медоданд, ки онҳо халқи бегонаанд.