Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»
1–7 ОКТЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 9, 10
«Исо ба гӯсфандонаш ғамхорӣ мекунад»
(Юҳанно 10:1–3) «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба қӯраи гӯсфандон на аз дар, балки аз ҷойи дигаре медарояд, дузд ва ғоратгар аст. 2 Вале касе, ки аз дар медарояд, чӯпони гӯсфандон аст. 3 Дарвозабон ба ӯ дарро мекушояд ва гӯсфандон ба овози ӯ гӯш медиҳанд. Ӯ гӯсфандонашро ном ба ном хонда берун мебарорад.
nwtsty расм
Қӯра
Қӯра ҷойи атрофаш маҳкаме буд ва бо мақсаде сохта мешуд, ки гӯсфандон аз дуздону даррандаҳо ҳимоя карда шаванд. Чӯпонон гӯсфандонро ба он ҷо медароварданд, то онҳоро шабона дар бехатарӣ нигоҳ доранд. Дар замонҳои пеш қӯраҳо шакл ва андозаи гуногун доштанд ва одатан деворҳояш аз санг буда як дарича дошт ва болояш кушода буд (Ад 32:16; 1Пш 24:3; Сф 2:6). Юҳанно дар бораи қӯрае мегӯяд, ки ба он ба воситаи дар медароянд ва онро «дарвозабон» посбонӣ мекард (Юҳ 10:1, 3). Баъзан дар як қӯра барои шабгузаронӣ якчанд рама нигоҳ дошта мешуд ва дарвозабон онҳоро посбонӣ мекард. Саҳар дарвозабон барои чӯпонон дарро мекушод ва ҳар як чӯпон гӯсфандони худро ҷеғ мезад ва гӯсфандон овози чӯпонашонро шинохта аз паси ӯ мерафтанд (Юҳ 10:3–5). Исо ин мисолро истифода бурда нишон дод, ки чӣ тавр ӯ ба шогирдонаш ғамхорӣ мекунад (Юҳ 10:7–14).
w11 15.5 саҳ. 7, 8, сарх. 5
Оилаҳои масеҳӣ, «бедор ва ҳушёр» бошед
5 Ба таври рамзан гӯем, муносибати чӯпон ва гӯсфанд дар донистани якдигар ва боварӣ асос меёбад. Чӯпон дар бораи гӯсфандонаш бисёр чизро медонад ва гӯсфандон ҳам чӯпонро медонанд ва ба ӯ боварӣ мекунанд. Онҳо ӯро мешиносанд ва ба овози вай итоат мекунанд. Исо гуфт, ки вай «мансубони худро», яъне гӯсфандони худро мешиносад, ва гӯсфандонаш низ ӯро мешиносанд. Оё ӯ аъзоёни ҷамъомадро танҳо рӯякӣ мешиносад? Не. Феъли юноние, ки дар ин оят ба маънои шинохтан тарҷума шудааст, ба шиносоии хеле наздик ва шахсӣ ишорат мекунад. Бале, Чӯпони Нек ҳар як гӯсфандонашро шахсан мешиносад. Ӯ эҳтиёҷот, сустиву заифиҳо ва хусусиятҳои неку қобилияти ҳар яки онҳоро медонад. Аз назари Исо ягон чиз оиди гӯсфандонаш пӯшида намемонад. Ва гӯсфандон ҳам чӯпонро нағз мешиносанд ва ба роҳнамоии вай боварӣ мекунанд.
cf саҳ. 124, 125, сарх. 17
«Ба онҳо бе мисол гап намезад»
17 Ҷорҷ Смит дар бораи мушоҳидаи худ дар як китобаш чунин навишт: «Баъзан, вақте мо рӯзона дар назди яке аз чоҳҳои Яҳудо дам мегирифтем, се ё чор чӯпон бо рамаҳои худ ба он ҷо меомаданд. Якчанд рама омехта мешуданд ва мо фикр мекардем, ки чӣ тавр онҳо гӯсфандони худро ҷудо карда мегиранд. Баъд аз он ки рама об хӯрда мешуд ва бозиҳо тамом мешуданд, чӯпонон ба ҳар тарафи водӣ мерафтанд ва бо тарзҳои гуногун гӯсфандони худро ҷеғ мезаданд. Гӯсфандони ҳар чӯпон аз рамаи калон ҷудо шуда, чи тавре ки ба сари чоҳ ҷамъ омада буданд, ҳамон тавр аз паси чӯпони худ мерафтанд» (The Historical Geography of the Holy Land). Исо аз ин мисол истифода бурда чунин фикри муҳимро расонданӣ буд, яъне агар таълимоти ӯро қабул карда мувофиқи он зиндагӣ кунем ва аз паси ӯ равем, он гоҳ мо метавонем ғамхории «чӯпони нек»-ро ҳис кунем.
(Юҳанно 10:16) Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин қӯра нестанд ва онҳоро низ бояд биёрам. Онҳо овози маро хоҳанд шунид ва як рама хоҳанд шуд ва як чӯпон хоҳанд дошт.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 10:16
биёрам: Ё «роҳнамоӣ кунам». Феъли юнонии «а́го», ки дар ин ҷо «биёрам» тарҷума шудааст, вобаста аз матн, «овардан (ба ягон ҷо)» ё «роҳнамоӣ кардан» тарҷума кардан мумкин аст. Дар як дастнависи юнонӣ, ки тахминан ба 200-ум соли милодӣ мувофиқ аст, калимаи ба ин монанд «сина́го» истифода шудааст, ки бисёртар «ҷамъ кардан» тарҷума мешавад. Исо чун чӯпони нек гӯсфандони ин қӯра (дар Луқо 12:32 «рамаи хурд») ва дигар гӯсфандонашро ҷамъ меорад, роҳнамоӣ мекунад, ҳимоя мекунад ва ғизо медиҳад. Ва онҳо як рамаю як чӯпон мешаванд. Ин мисол ягонагиеро тасвир мекунад, ки пайравони Исо аз он баҳра мебаранд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Юҳанно 9:38) Вай гуфт: «Имон дорам, Ҳазратам». Инро гуфта, ӯ ба Исо таъзим кард.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 9:38
ба Исо таъзим кард: Ё «хам шуд; зону зада сар хам кард; эҳтиром нишон дод». Вақте феъли юнонии «проскине́о» нисбати ягон худо истифода мешавад, онро чун «ибодат кардан» тарҷума мекунанд (Мт 4:10; Лқ 4:8). Лекин дар ин маврид марди шифоёфта, ки кӯри модарзод, буд, фаҳмид, ки Исоро Худо фиристодааст ва ба ӯ таъзим кард. Ӯ Исоро на чун Худо, балки чун «Писари Одам» ва Масеҳ, ки Худо ба ӯ қудрат дода буд, қабул кард (Юҳ 9:35). Коре, ки ин мард кард ғайриодӣ набуд, чунки ӯ мисли одамони дар Навиштаҳои ибронӣ ёдрасшуда амал кард. Онҳо, ҳангоми бо пайғамбарон, подшоҳон ё дигар намояндаҳои Худо вохӯрдан, таъзим мекарданд. (1Пш 25:23, 24; 2Пш 14:4–7; 3Пш 1:16; 4Пш 4:36, 37). Бисёр вақт одамон ба Исо таъзим карда миннатдории худро нишон медоданд ё тан мегирифтанд, ки ӯро Худо фиристодааст. (Мт 2:2; 8:2; 14:33; 15:25).
(Юҳанно 10:22) Он вақт дар Ерусалим Иди бахшидашавии маъбад мегузашт. Фасли зимистон буд
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 10:22
Иди Бахшидашавии маъбад: Номи ин ид ба ибронӣ «Ҳанукка́» буда маънои «кушода шудан; бахшида шудан»-ро дорад. Он аз 25-уми моҳи кислев, тахминан охири декабр сар шуда ҳашт рӯз давом мекард. (Ба sgd замимаи 19, «Тақвими ибронӣ» нигаред.) Ин идро барои ёдоварии аз нав бахшида шудани маъбади Ерусалим, ки соли 165-уми то милод буд, ҷашн мегирифтанд. Ин маъбад аз тарафи подшоҳи Сурия Антиохи Эпифан нопок шуда буд. Ӯ бо ин роҳ нафрат ва нописандии худро нисбати Яҳува, Худои яҳудиён, нишон дод. Масалан, вай дар болои қурбонгоҳи бузург, ки пештар ҳар рӯз қурбонии сӯхтанӣ оварда мешуд, қурбонгоҳе сохт. Соли 168-уми то милод, 25-уми моҳи кислев, Антиохи IV барои маъбадро пурра нопок кардан, хукро дар он ҷо ба қурбонӣ овард ва оберо, ки гӯшти он пухта шуда буд, ба ҳама ҷойи маъбад пошид. Ҳамчунин ӯ дарвозаҳои маъбадро сӯзонд, ҳуҷраи коҳинонро вайрон кард, қурбонгоҳи тиллоӣ, миз барои нонҳои пешкашшуда ва чароғпояи тиллоиро бо худ гирифта бурд. Сипас маъбади Яҳуваро ба Зевс, худои Олимп бахшид. Баъд аз ду сол Яҳудои Макобӣ (Иуда Маккавей) шаҳр ва маъбадро ба даст овард. Баъди се соли маъбадро нопок карда ба Зевс қурбонӣ овардани Антиох, маъбад тоза карда шуд ва соли 165-уми то милод, 25-уми моҳи кислев, он аз нав бахшида шуд. Ҳамин тавр, мисли пештара, ҳар рӯз ба Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ оварда мешуданд. Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта нашудааст, ки Яҳува ба Яҳудои Макобӣ ёрдам дод, ки ғалабаро ба даст оварда, маъбадро аз нав барқарор кунад. Лекин Яҳува барои иҷрои нияташ, ки бо ибодати Ӯ алоқаманд буд, одамони дигар халқҳо, масалан, Куруши Кабирро истифода бурд (Иш 45:1). Пас, хулоса кардан дуруст аст, ки Яҳува метавонист барои иҷрои хосташ шахсеро, ки аз халқи Ӯ буд, истифода барад. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки то даме ки пешгӯйӣ дар бораи Масеҳ, хизмат ва қурбонии ӯ иҷро нашавад, маъбад бояд вуҷуд медошт ва фаъолият мекард. Инчунин то ҳаёти худро барои одамизод қурбон кардани Масеҳ, левизодагон бояд дар маъбад қурбонӣ меоварданд (Дн 9:27; Юҳ 2:17; Ибр 9:11–14). Ба пайравони Исо ҷашн гирифтани иди Бахшидашавӣ амр дода нашуда буд (Қл 2:16, 17). Ҳамчунин дар ягон ҷо навишта нашудааст, ки Исо ё шогирдонаш дигаронро барои ҷашн гирифтани ин ид ҳукм карда бошанд.
8–14 ОКТЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 11, 12
«Ба ҳамдардии Исо пайравӣ кунед»
(Юҳанно 11:24, 25) Марто ҷавоб дод: «Медонам, ки ҳангоми эҳёшавӣ, дар рӯзи охирин, зинда мешавад». 25 Он гоҳ Исо гуфт: «Ман эҳёшавӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳар кӣ ба ман имон меорад, бимирад ҳам, боз зинда мешавад.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 11:24, 25
Медонам, ки... зинда мешавад: Марто фикр кард, ки Исо дар бораи эҳёшавие, ки дар рӯзи охирин мешавад, гап зада истодааст. Ӯ ба ин таълимот сахт бовар мекард. Ҳарчанд дар бораи ин таълимот дар Навиштаҳо гуфта шуда буд, баъзе роҳбарони дин, ки саддуқиён меномиданд, онро рад мекарданд (Дн 12:13; Мқ 12:18). Аз тарафи дигар фарисиён ба рӯҳи намиранда бовар мекарданд. Марто медонист, ки Исо дар бораи эҳёшавӣ таълим медод ва ҳатто одамонро зинда мекард, лекин дар байни касоне, ки Исо эҳё карда буд, ягон кас мисли Лаъзор дар давоми чанд рӯз дар хоби марг набуд.
Ман эҳёшавӣ ва ҳаёт ҳастам: Ба туфайли марг ва зинда шудани Исо мурдагон имконият доранд, ки аз нав ба ҳаёт баргарданд. Баъд аз эҳё шудани Исо Яҳува ба ӯ қудрати зинда кардан ва ҳаёти абадӣ бахшиданро ато кард. Дар Вҳ 1:18, Исо дар бораи худаш гуфтааст: «Зиндаам ва калидҳои маргу гӯр дар дасти мананд». Барои ҳамин ояндаи одамон, чӣ мурдагону чӣ зиндагон, аз Исо вобаста аст. Ӯ гӯрҳоро кушода ҳам касонеро, ки бо ӯ дар осмон ҳукмронӣ мекунанд ва ҳам онҳоеро, ки дар замин зери ҳукмронии ӯ мешаванд, эҳё мекунад (Юҳ 5:28, 29; 2Пт 3:13).
(Юҳанно 11:33–35) Вақте Исо Марям ва яҳудиёни ҳамроҳаш омадаро гирён дид, оҳи аламноке кашид ва ба изтироб омад. 34 Ӯ гуфт: «Ӯро дар куҷо гузоштед?» Онҳо гуфтанд: «Ҳазрат, биё ва бубин». 35 Ва аз чашмони Исо ашк равон шуд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 11:33–35
гирён: Ё «нолон». Калимаи юноние, ки чун «гиря» тарҷума шудааст, бисёртар маънои бо овоз гиря карданро дорад. Вақте Исо дар бораи харобшавии Ерусалим пешгӯйӣ кард, айнан ҳамин феъли юнонӣ барои нишон додани ҳиссиёти ӯ истифода шудааст (Лқ 19:41).
оҳи аламноке кашид ва ба изтироб омад: Дар матни юнонӣ дар ин ҷо ду калима истифода шудааст, ки онҳо ҳиссиёти Исоро тасвир мекунанд. Калимаи юнонии «эмбрима́омаи» бисёртар ҳиссиёти сахти ботиниро дар назар дорад, лекин дар ин матн, он ба ҳиссиёти чуқури Исо ишора мекунад, ки ба дигарон намоён буд. Калимаи юнонии «тара́ссо», ки «ба изтироб омадан» тарҷума шудааст, маънои безобита шуданро дорад. Мувофиқи ақидаи як олим дар ин матн маънои «ба изтироб омадан; ҳис кардани дарди сахт ё андӯҳгин шудан»-ро дорад. Барои тасвир кардани ҳиссиёти Исо, вақте Яҳудо ба ӯ хиёнат мекунад, дар Юҳанно 13:21 ҳамин феъл истифода шудааст.
ашк равон шуд: Дар ин ҷо феъли юнонии «дакри́о», ки аз исми юнонӣ гирифта шудааст ва «ашк» тарҷума шудааст, дар оятҳои Лқ 7:38; Ам 20:19, 31; Ибр 5:7; Вҳ 7:17; 21:4 вомехӯрад. Аз афташ дар ин оят диққати асосӣ ба нола неву ба ашк рехтан равона шудааст. Дар Навиштаҳои юнонӣ барои тасвир кардани гиряи Марям ва яҳудиён ин феъл танҳо дар ҳамин оят оварда шудааст, лекин он аз феъле, ки дар Юҳ 11:33 омадааст, фарқ мекунад. Исо медонист, ки Лаъзорро зинда мекунад, лекин вақте ӯ азоби наздикони Лаъзорро дид, маъюс шуд. Азбаски Исо дӯстонашро нағз медид ва ҳамдард буд, ӯ аз нишон додани ҳиссиёташ шарм намекард. Ин воқеа нишон медиҳад, ки Исо ба дарди онҳое, ки наздиконашонро аз даст додаанд, шарик аст.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Юҳанно 11:49) Вале яке аз онҳо, ки Қаёфо ном дошт ва ҳамон сол саркоҳин буд, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 11:49
саркоҳин: Ҳангоми мустақил будани халқи Исроил саркоҳин вазифаи худро то охири умраш ба ҷо меовард (Ад 35:25). Лекин, вақте румиён ба сари қудрат омаданд, ҳокимоне, ки онҳо таъйин мекарданд, метавонистанд саркоҳинро худашон интихоб кунанд ё аз вазифааш маҳрум кунанд. (Ба луғат, ба калимаи «саркоҳин» нигаред.) Қаёфо, ки аз тарафи румиён таъйин шуда буд, аз дигар саркоҳинон дида бисёртар дар ин вазифа монд ва ӯ нағз медонист, ки чӣ тавр бо ҳукумати Рум муносибати хубро нигоҳ дорад. Ӯ соли 18-уми милодӣ таъйин шуд ва то соли 36-уми милодӣ дар ин вазифа монд. Юҳанно ҳамон сол гуфта шояд мӯҳлати саркоҳин будани Қаёфоро дар назар дошт, ки он ҳамчунин соли 33-юми милодиро дар бар мегирифт ва маҳз дар он сол Исоро ба қатл расонданд. (Ба sgd замимаи 16, «Ҳафтаи охири ҳаёти Исо дар замин. Қисми 1» нигаред. Дар он ҷойи зисти Қаёфо тахминан оварда шудааст.)
(Юҳанно 12:42) Бо вуҷуди ин бисёре аз роҳбарон ба ӯ имон оварданд, лекин аз тарси фарисиён инро ошкоро эътироф намекарданд, то аз ибодатгоҳ ронда нашаванд,
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 12:42
роҳбарон: Калимаи юноние, ки дар ин ҷо чун «роҳбарон» тарҷума шудааст, аз афташ ба аъзои Шӯрои олии яҳудиён ишора мекунад. Ин калима ҳамчунин дар Юҳ 3:1 омадааст ва ба Ниқӯдимус, ки аъзои ин Шӯро буд, ишора мекунад.
то аз ибодатгоҳ ронда нашаванд: Ё «аз ибодатгоҳ пеш накунанд». Сифати юнонии «апосина́гогос» боз дар Юҳанно 9:22 ва 16:2 вомехӯрад. Шахсеро, ки аз ибодатгоҳ меронданд, одами паст меҳисобиданд ва аз ӯ дурӣ меҷустанд. Аз ибодатгоҳ ронда шудани шахс ба вазъияти иқтисодии оилааш таъсири сахт мерасонд. Дар ибодатгоҳҳо асосан таълим медоданд, ҳамчунин дар он ҷойҳо суди маҳаллӣ мегузашт. Дар ин судҳо шахсро метавонистанд ба ҷазо маҳкум кунанд ё аз ибодатгоҳ пеш кунанд.
15–21 ОКТЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 13, 14
«Ман ба шумо намуна гузоштам»
(Юҳанно 13:5) Пас аз он Исо дар тағорае об гирифта, ба шустани пойҳои шогирдонаш сар кард ва бо сачоқе, ки дар миёнаш баста буд, пойҳояшонро хушк кард.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 13:5
шустани пойҳои шогирдонаш: Дар Исроили қадим одамон одатан сандал мепӯшиданд. Ин пайафзол аз тагчарм ва ресмонҳо иборат буд, ки ба воситаи ин ресмонҳо пой маҳкам нигоҳ дошта мешуд. Барои ҳамин пойҳо аз роҳҳои пур аз хоку лой чиркин мешуданд. Аз ин сабаб, вақте шахс ба хонаи касе медаромад, пойафзолашро мекашид. Соҳибхонаи меҳмондӯст ҳаракат мекард, ки пойҳои меҳмонон шуста шавад. Дар Китоби Муқаддас дар бораи чунин урфу одат якчанд маротиба гуфта шудааст (Ҳс 18:4, 5; 24:32; 1Пш 25:41; Лқ 7:37, 38, 44). Исо низ ин урфу одатро ба ҷо оварда пойҳои шогирдонашро шуст ва ҳамин тавр муҳим будани фурӯтанӣ ва ба дигарон хизмат карданро нишон дод.
(Юҳанно 13:12–14) Баъд аз он ки Исо пойҳои онҳоро шуст, ҷомаи худро пӯшида, боз ба сари дастархон нишаст ва ба шогирдон гуфт: «Оё медонед, ки бароятон чӣ кор кардам? 13 Шумо маро “Устод” ва “Ҳазрат” меномед ва рост мегӯед, зеро ҳамин тавр аст. 14 Агар ман — Ҳазрат ва Устоди шумо, пойҳоятонро шуста бошам, пас, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 13:12–14
бояд: Ё «вазифадоред». Феъли юноние, ки дар ин ҷо омадааст, бисёртар дар масъалаҳои молиявӣ истифода мешавад, ки асосан маънои «аз касе чизе қарздор будан»-ро дорад (Мт 18:28, 30, 34; Лқ 16:5, 7). Дар ин ва дигар оятҳо ин феъл ба маънои васеътар, яъне ба маънои вазифадор будан, истифода шудааст (1Юҳ 3:16; 4:11; 3Юҳ 8).
w99 1.3 саҳ. 31, сарх. 1
Инсони бузургтарин кори хоксоронаро иҷро мекунад
Исо пойҳои шогирдонашро шуста нишон дод, ки то чӣ андоза фурӯтан будан муҳим аст. Дар ҳақиқат масеҳиён набояд фикр кунанд, ки онҳо аз дигарон болотаранд ва интизор шаванд, ки дигарон ба онҳо хизмат мекунанд. Ҳамчунин онҳо набояд дар пайи мақому мартаба шаванд. Баръакс, онҳо бояд ба намунаи Исо пайравӣ кунанд, ки ӯ «на барои он омад, ки ба вай хизмат кунанд, балки, барои он ки ба дигарон хизмат кунад ва ҷони худро барои фидияи бисёр касон диҳад» (Матто 20:28). Бале, пайравони Исо бояд тайёр бошанд, ки ба якдигар хизмат карда кори хоксоронаро иҷро кунанд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Юҳанно 14:6) Исо чунин гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи ман.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 14:6
Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам: Исо барои он роҳ аст, ки танҳо ба воситаи ӯ ба Худо дуо гуфта метавонем. Инчунин ба воситаи ӯ одамон бо Худо оштӣ шуда метавонанд (Юҳ 16:23; Рм 5:8). Исо ба он маъно ростӣ аст, ки ӯ дар бораи ростӣ гап мезад ва мувофиқи он зиндагӣ мекард. Ҳамчунин дар ӯ бисёр пешгӯйиҳо иҷро шуданд ва ин нишон медиҳад, ки ӯ дар иҷро гаштани нияти Худо нақши муҳим мебозад (Юҳ 1:14; Вҳ 19:10). Ин пешгӯйиҳо «ба воситаи ӯ “ҳа” [иҷро] шуданд» (2Қр 1:20). Исо ба он маъно ҳаёт аст, ки ба воситаи фидия ба тамоми инсоният роҳ кушод, то онҳо соҳиби ҳаёти ҳақиқӣ, яъне ҳаёти ҷовидонӣ шаванд (1Тм 6:12, 19; Эф 1:7; 1Юҳ 1:7). Ғайр аз ин, Исо ба он маъно «ҳаёт» аст, ки ӯ барои миллионҳо мурдагоне, ки эҳё мешаванд, имконияти дар биҳишт абадан зиндагӣ карданро медиҳад (Юҳ 5:28, 29).
(Юҳанно 14:12) Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар касе, ки ба ман имон меорад, корҳоеро, ки ман ба амал меорам, ва ҳатто корҳои аз ин ҳам бузургтарро ба ҷо хоҳад овард, зеро ман назди Падар меравам.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 14:12
корҳои аз ин ҳам бузургтарро: Исо гуфтанӣ набуд, ки шогирдонаш аз ӯ дида мӯъҷизаҳои бузургтар мекунанд. Баръакс, ӯ фурӯтанона тан гирифт, ки таълиму фаъолияти шогирдонаш назар ба ӯ васеътар мешавад. Пайравони Исо дар миқёси бузургтар, ба одамони зиёдтар ва ба мӯҳлати дарозтар хушхабарро мавъиза мекунанд. Аз суханони Исо дидан мумкин аст, ки ӯ аз пайравонаш интизор аст, то кори ӯро давом диҳанд.
22–28 ОКТЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 15–17
«Шумо аз ҷаҳон нестед»
(Юҳанно 15:19) Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо дӯст медошт. Лекин, азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб кардаам, ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 15:19
ҷаҳон: Дар ин матн калимаи юнонии «ко́смос» ба одамоне ишора мекунад, ки хизматгори Худо нестанд, яъне ба ҷамъияти одамони баде, ки аз Худо дуранд. Дар байни нависандагони Хушхабар Юҳанно ягона шахсест, ки суханони Исоро иқтибос меорад, ки ӯ ба пайравонаш гуфта буд: «Шумо аз ҷаҳон нестед». Ҳамчунин, вақте Исо охирон бор бо расулонаш дуо гуфт, ин суханонро ду бор такрор кард (Юҳ 17:14, 16).
(Юҳанно 15:21) Вале онҳо ҳамаи инро аз барои номи ман ба шумо хоҳанд кард, зеро Фиристандаи маро намешиносанд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 15:21
аз барои номи ман: Дар Китоби Муқаддас калимаи «ном» баъзан ба соҳиби ном, обрӯ ва ҳамаи чизҳое, ки бо ӯ алоқаманд аст, ишора мекунад. Дар мавриди номи Исо он қудрат ва мавқееро дар бар мегирад, ки Падараш ба ӯ додааст (Мт 28:18; Фп 2:9, 10; Ибр 1:3, 4). Дар ин ҷо Исо мефаҳмонад, ки чаро одамони ҷаҳон бар зидди пайравони ӯ мебароянд. Ӯ мегӯяд: «Зеро Фиристандаи маро намешиносанд». Агар одамон Худоро мешинохтанд, онҳо номи Исоро эътироф менамуданд ва мефаҳмиданд, ки номи ӯ чӣ маъно дорад (Ам 4:12). Номи Исо бошад, мавқеи ӯро мефаҳмонад, мавқееро, ки ӯ аз тарафи Худо чун Ҳоким, яъне Подшоҳи подшоҳон гирифтааст. Чунки танҳо ба ӯ итоат карда одамон соҳиби ҳаёт шуда метавонанд (Юҳ 17:3; Вҳ 19:11–16; бо Зб 2:7–12 муқоиса кунед).
it «Далерӣ»
Ба ҳар як масеҳӣ далерӣ лозим аст, то фикрронӣ ва амали ин ҷаҳоне, ки аз Яҳува дур аст, ӯро шакл надиҳад ва ба нафрати ин ҷаҳон нигоҳ накарда ба Худо содиқ монад. Исои Масеҳ ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷаҳон шумо азобҳо хоҳед дошт, вале далер бошед; ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!» (Юҳ 16:33). Писари Худо ба таъсири ҷаҳон дода нашуд, баръакс бар он ғолиб омад. Намунаи беҳтарини Исо ба ҳамаи онҳое, ки ҳаракат мекунанд, то ба ҷаҳон олуда нашаванд, далерӣ мебахшад (Юҳ 17:16).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(Юҳанно 17:21–23) то ҳамаи онҳо як бошанд, чуноне ки Ту, эй Падар, бо ман ва ман бо Ту дар ягонагӣ ҳастем, то онҳо низ бо мо дар ягонагӣ бошанд ва ҷаҳон бовар кунад, ки Ту маро фиристодаӣ. 22 Ҷалолеро, ки Ту ба ман додаӣ, ба онҳо додаам, то онҳо як бошанд, чуноне ки мо як ҳастем. 23 Ман бо онҳо дар ягонагӣ ҳастам ва Ту бо ман дар ягонагӣ ҳастӣ, то ки онҳо низ комилан як бошанд ва ҷаҳон бидонад, ки Ту маро фиристодаӣ ва онҳоро дӯст доштаӣ, чуноне ки маро дӯст доштаӣ.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 17:21–23
як: Ё «дар ягонагӣ». Исо дуо гуфт, ки пайравони ҳақиқии ӯ як бошанд, яъне дар ягонагӣ бо як мақсад ҳамкорӣ кунанд, чи хеле ки ӯву Падараш ҳамфикру ҳамкоранд (Юҳ 17:22). Чи тавре ки Павлус дар 1Қр 3:6–9 тасвир кард, вақте масеҳиён бо ҳамдигар ва бо Худо ҳамкорӣ мекунанд, чунин ягонагиро нишон медиҳанд.
комилан як бошанд: Ё «пурра як бошанд». Дар ин оят Исо ягонагии комилро бо муҳаббати Падар алоқаманд кард. Ин фикр дар Қл 3:14 такроран омадааст ва мегӯяд, ки муҳаббат «ягонагии пурра меорад». Ин ягонагӣ нисбӣ аст. Ин маънои онро надорад, ки ҳамаи масеҳиён қобилият, одат ва виҷдони якхела доранд, баръакс, онҳо ба як таълимот бовар мекунанд ва мувофиқи он зиндагӣ мекунанд (Рм 15:5, 6; 1Қр 1:10; Эф 4:3; Фп 1:27).
(Юҳанно 17:24) Эй Падар, мехоҳам, то касони ба ман додаат дар он ҷое, ки ман ҳастам, бо ман бошанд ва ҷалолеро, ки ба ман ато намудаӣ, бубинанд, зеро Ту маро пеш аз пайдоиши ҷаҳон дӯст доштаӣ.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 17:24
пайдоиши ҷаҳон: Калимаи юноние, ки чун «пайдоиш» тарҷума шудааст, дар Ибр 11:11 чун «ҳомиладор шуд» омадааст. Дар ин оят «пайдоиши ҷаҳон» шояд ба вақти фарзанддор шудани Одаму Ҳавво ишора мекунад. Исо бошад, «пайдоиши ҷаҳон»-ро бо Ҳобил алоқаманд мекунад. Ӯ шояд аввалин одаме мебошад, ки ба фидия сазовор буд ва номаш «аз пайдоиши ҷаҳон дар дастхати ҳаёт навишта» шудааст (Лқ 11:50, 51; Вҳ 17:8). Ҳамчунин ин суханони Исо, ки дар дуо ба Падараш гуфт, тасдиқ мекунанд, ки пеш аз фарзанддор шудани Одаму Ҳавво, Худо аллакай Писари ягоназоди худро дӯст медошт.
29 ОКТЯБР — 4 НОЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 18, 19
«Исо дар бораи ростӣ шаҳодат медод»
(Юҳанно 18:37) Он гоҳ Пилотус аз ӯ пурсид: «Пас, ту подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯӣ. Ман барои он таваллуд шудам ва барои он ба ҷаҳон омадам, ки дар бораи ростӣ шаҳодат диҳам. Ҳар касе, ки тарафдори ростист, ба овози ман гӯш медиҳад».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 18:37
шаҳодат диҳам: Калимаҳои юнонии «мартире́о» (шаҳодат додан) ва «мартири́а, ма́ртис» (шоҳид) маънои васеъ доранд. Ин калимаҳо асосан дар мавридҳои зерин истифода мешаванд: шахс чун шоҳид далел оварда чизеро тасдиқ мекунад ё аз таҷрибаи шахсии худаш шаҳодат медиҳад. Лекин ин калимаҳо инчунин маънои «эълон намудан; тасдиқ кардан; дар бораи касе суханони хуб гуфтан»-ро дорад. Исо чизҳоеро тасдиқ ва эълон мекард, ки ба онҳо боварӣ дошт. Ӯ ҳамчунин тавре зиндагӣ кард, ки ҳақ будани пешгӯйиву ваъдаҳои Худоро исбот намуд (2Қр 1:20). Нияти Худо дар бораи Подшоҳӣ ва Ҳокими он батафсил пешгӯйӣ шуда буд. Исо ҳар он чиро, ки дар бораи ӯ пешгӯйӣ шуда буд, иҷро кард, аз он ҷумла аҳди Шариатро, ки ба ӯ ишора менамуд (Қл 2:16, 17; Ибр 10:1). Ҳамин тавр гуфтан мумкин аст, ки Исо дар сухан ва дар амал «дар бораи ростӣ» шаҳодат дод.
ростӣ: Дар ин ҷо Исо калимаи ҳақиқатро ба маънои васеъ истифода набурд, балки ҳақиқатро дар бораи ниятҳои Худо гап мезад. Қисми асосии нияти Худо ин аст, ки Исо «писари Довуд» чун Саркоҳин ва Подшоҳи Ҳокимияти Худо хизмат мекунад (Мт 1:1). Исо фаҳмонд, ки сабаби асосии ба замин омадан, ҳаёт ва хизмати ӯ дар он буд, ки ҳақиқатро дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳад. Ба ин монанд, фариштаҳо пеш ва дар вақти таваллуди Исо дар Байт–Лаҳми Яҳудия хабарро дар бораи Подшоҳӣ эълон карданд (Лқ 1:32, 33; 2:10–14).
(Юҳанно 18:38а) Пилотус ба ӯ гуфт: «Ростӣ чист?»
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 18:38а
Ростӣ чист: Пилотус эҳтимол аз Исо дар бораи ҳақиқат умуман пурсид, на дар бораи ҳақиқате, ки Исо навакак гап зад (Юҳ 18:37). Агар саволи Пилотус самимӣ мебуд, Исо албатта ба он ҷавоб медод. Лекин бо савол доданаш Пилотус гӯё бо шубҳа мегуфт: «Ростӣ худаш чист? Он вуҷуд надорад». Пилотус ҷавоби Исоро интизор нашуда ба назди яҳудиён баромад.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w10 15.8 саҳ. 8, 9, сарх. 15
Иҷро шуд: Қатъи назар аз ҳамаи азобу уқубатҳо Исо беайбиашро нигоҳ дошт ва дурӯғгӯи ашаддӣ будани Шайтонро исбот намуд. Шайтон дар бораи ҳамаи касоне, ки ҳокимияти Худоро дастгирӣ мекунанд, гуфт: «Инсон барои наҷоти ҷони худ ҳозир аст ҳарчӣ дорад бидиҳад» (Айюб 2:4, ТТФ). Бо садоқатмандии худ Исо нишон дод, ки Одаму Ҳавво дар озмоиши бағоят сабук содиқ монда метавонистанд. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳаёт ва марги худ Исо ҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро тасдиқ кард (Масалҳо 27:11).
(Юҳанно 19:31) Он рӯз рӯзи тайёрӣ буд ва, барои он ки ҷасадҳо дар рӯзи шанбе дар сутунҳои азобу шиканҷа намонанд (зеро он рӯз шанбеи бузург буд), яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро шикананд ва ҷасадҳояшонро аз сутунҳо фароранд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 19:31
он рӯз шанбеи бузург буд: 15-уми нисон, пагоҳи иди Раҳоӣ, ҳама вақт рӯзи шанбе ба ҳисоб мерафт, новобаста ба он ки ба кадом рӯзи ҳафта рост меомад (Ибд 23:5–7). Вақте шанбеи махсус бо шанбеи муқаррарӣ (ҳафтум рӯзи ҳафтаи яҳудиён, ки аз ғуруби ҷумъа то ғуруби шанбе давом мекард) рост меомад, он гоҳ он шанбе, шанбеи бузург номида мешуд. Баъди рӯзи мурдани Исо, ки ин рӯзи ҷумъа буд, шанбеи бузург омад. Дар давоми солҳои 29 то 35-и милодӣ ягона соле, ки дар он 14-уми нисон ба рӯзи ҷумъа рост омад, соли 33-юм буд. Ин бори дигар исбот мекунад, ки Исо 14-уми нисони соли 33-юм ба қатл расонда шуд.