Ба Худо наздик шавед
Вақте ки Худо мебахшад, оё Ӯ дар ҳақиқат гуноҳҳоро фаромӯш мекунад?
ҶАВОБИ ин савол мусбӣ аст. Яҳува ба шахсоне, ки илтифоти Ӯро соҳиб шудан мехоҳанд, чунин ваъда медиҳад: «Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард» (Ирмиё 31:34). Бо ин суханон Яҳува моро бовар мекунонад, ки вақте Ӯ гунаҳкорони тавбакардаро мебахшад, Ӯ дигар ҳеҷ гоҳ гуноҳҳои онҳоро ба ёд намеорад. Лекин, магар Офаридгори тамоми даҳр фаромӯшхотир аст ва барои ҳамин гуноҳҳои бахшидаашро ба ёд оварда наметавонад? Суханони Ҳизқиёл ба он ки чӣ тавр Худо гуноҳҳоро мебахшад ва онҳоро фаромӯш мекунад, равшанӣ меандозанд. (Ҳизқиёл 18:19–22-ро бихонед.)
Яҳува Ҳизқиёл–пайғамбарро чун намояндаи худ истифода бурда бар зидди Ерусалим, ки пойтахти Яҳудои хиёнаткор буд, ҳукмҳои худро эълон мекард. Дар он рӯзҳо халқ дар кулли худ ибодати Яҳуваро тарк карда буд, аз ин рӯ замин аз зӯроварӣ пур гашт. Яҳува пешгӯӣ кард, ки бобилиён Ерусалимро валангор хоҳанд кард. Лекин дар баробари ҳукм бароварданаш Яҳува ба халқаш хабари умедбахш дод. Ҳар шахс имконияти интихоб кардан дошт, яъне ҳар кас танҳо барои рафтори худаш ҷавобгар буд (оятҳои 19, 20).
Агар касе аз роҳи бадаш мегашту ислоҳ мешуд, он гоҳ–чӣ? Яҳува гуфта буд: «Агар шарир аз ҳамаи гуноҳҳое ки ба амал овардааст, тавба кунад ва тамоми фароизи Маро риоя намояд ва адлу инсофро ба амал оварад, ҳатман зинда хоҳад монд, ӯ нахоҳад мурд» (ояти 21). Дар ҳақиқат Яҳува тайёр буд, то шахсеро, ки аз роҳи бадаш мегашту дар асл пушаймон буданашро нишон медод, омурзад, яъне бахшад (Забур 85:5).
Дар бораи гуноҳҳое, ки он шахс аллакай содир кардааст, чӣ гуфтан мумкин аст? «Ҳамаи ҷиноятҳое ки ӯ ба амал овардааст, дар ҳаққи ӯ ба ёд оварда нахоҳад шуд» — гуфт Яҳува (ояти 22). Аҳамият диҳед, ки гуноҳҳои шахси тавбакарда «дар ҳаққи ӯ ба ёд оварда нахоҳад шуд». Ин суханон ба чӣ ишора мекунанд?
Феъли иброние, ки чун «ба ёд [овардан]» тарҷума шудааст аз фикри гузаштаро ба хотир овардан чизи бештареро дар бар мегирад. Дар як тадқиқот оиди ин ибора чунин навишта шудааст: «Бисёр вақт ин ибора маънои амал карданро дорад ва ё дар алоқамандӣ бо феълҳои тарзи амал меояд». Ҳамин тавр феъли «ба ёд [овардан]» метавонад маънои «амал кардан»–ро дошта бошад. Аз ин рӯ, вақте ки Яҳува нисбати гунаҳкори тавбакарда мегӯяд, ки гуноҳҳояш «дар ҳаққи ӯ ба ёд оварда нахоҳад шуд», ин маънои онро дорад, ки Ӯ минбаъд дар асоси он гуноҳҳояш бар зидди шахс амал нахоҳад кард, масалан вайро таъна намекунад ё ҷазо намедиҳадa.
Суханони дар Ҳизқиёл 18:21, 22 навишташуда ба таври таъсирбахш тасвир мекунанд, ки то кадом дараҷа Худо бахшанда аст. Вақте ки Яҳува гуноҳҳои моро мебахшад, Ӯ дигар ҳеҷ гоҳ дар оянда он гуноҳҳоро бар зидди мо истифода нахоҳад бурд. Баръакс, Ӯ гуноҳҳои шахсони тавбакардаро ба пушти худ мепартояд (Ишаъё 38:17). Беш аз ин, Яҳува гуноҳҳои моро нест мекунад (Аъмол 3:19).
Чун одамони нокомил мо ба раҳмдилии Худо ниёз дорем. Охир, мо бисёр вақт гуноҳ мекунем (Румиён 3:23). Лекин, Яҳува мехоҳад, то мо бидонем, ки агар аз таҳти дил тавба кунем, Ӯ барои бахшидани мо тайёр аст. Ва вақте ки Худо гуноҳҳоямонро мебахшад, Ӯ онҳоро фаромӯш мекунад, яъне ҳеҷ гоҳ ин гуноҳҳоро ба мо хотиррасон намекунад, то аз нав барои онҳо моро таъна кунад ё ҷазо диҳад. То чӣ андоза тасаллибахш аст донистани ин! Магар раҳмдилии Худо шуморо барнамеангезад, ки ба Ӯ боз ҳам наздиктар шавед?
[Эзоҳ]
a Мисли ин, ибораи «ба ёд овардани гуноҳҳо» метавонад ҳамчунин маънои «бар зидди гунаҳкорон амал кардан»–ро дошта бошад (Ирмиё 14:10).