Барои наврасон
Аз шӯҳратпараст шудан эҳтиёт шав!
Супориш. Ин супоришро дар вазъияти ором иҷро кун. Дар вақти хондани оятҳои Китоби Муқаддас фарз кун, ки ту ҳам дар он ҷо ҳастӣ. Манзараро ба таври зинда тасаввур кун. Ба овозҳо гӯш деҳ. Худро дар ҷои иштирокчиёни асосӣ гузор. Тасаввур кун, ки ҳамаи ин худи ҳозир рӯй дода истодааст.
Иштирокчиёни асосӣ: Довуд, Абшолӯм ва Юоб
Нақли кӯтоҳ: Абшолӯм тахти падарашро соҳиб шуданӣ буд.
1 ДАР БОРАИ ВОҚЕА ФИКР КУН. 2 ПОДШОҲОН 14:25–33; 15:1–17; 18:9–17, 30–33-РО БИХОН.
Навис, ки намуди Абшолӯмро чӣ гуна тасаввур мекунӣ. (Боз як бор 2 Подшоҳон 14:25, 26-ро хон.)
․․․․․
Вақте ки одамон барои адолатҷӯӣ назди подшоҳ меомаданд ва Абшолӯм кӯшиш мекард, ки дилашонро ба даст орад, ба фикри ту муносибат ва тарзи гапзании Абшолӯм чӣ гуна буд? (Боз як бор 2 Подшоҳон 15:2–6-ро хон.)
․․․․․
Агар 2 Подшоҳон 14:28–30-ро ба назар гирем, ба фикри ту Абшолӯм чӣ гуна шахс буд?
․․․․․
2 БОЗ ЧУҚУРТАР ФИКР КУН.
Абшолӯм барои соҳиби тахти подшоҳӣ шудан пешакӣ чӣ кор кард? (Калид барои ёфтани ҷавоб: 2 Подшоҳон 13:28, 29-ро хон. Амнӯн писари калонии Довуд буд ва баъди марги падараш ӯ бояд ба тахти шоҳӣ менишаст.)
․․․․․
Ҳарчанд Абшолӯм ба шӯҳратманд шудан кӯшишу ҳаракат мекард, лекин тарзи гӯр карда шудани ӯ дар бораи муносибате, ки дигарон дар асл ба вай доштанд, чиро ошкор мекунад? (Боз як бор 2 Подшоҳон 18:17-ро хон.)
․․․․․
Ба фикри ту ба Абшолӯм чӣ таъсир кард, ки вай шӯҳратпараст шуд? (3 Юҳанно 9, 10-ро хон, ки дар бораи Диютрифас чӣ гуфта шудааст. ․․․․․
Рафтори Абшолӯм ба Довуд чӣ гуна таъсир расонд? (Калид барои ёфтани ҷавоб: Забур 3-ро хон. Ин бобро Довуд ҳангоми бар зидди ӯ баромадани Абшолӯм навишта буд.)
․․․․․
3 ЧИЗИ ФАҲМИДАГИАТРО БА КОР БАР. НАВИС, КИ ТУ ЧӢ ФАҲМИДӢ...
дар бораи хатарнок будани рӯҳияи шӯҳратпарастӣ.
․․․․․
дар бораи дарде, ки амалҳои шахс ба дигарон, аз он ҷумла ба волидонаш расонда метавонанд.
․․․․․
4 БОЗ ЧӢ ТАВР ТУ ИНРО БА КОР БУРДА МЕТАВОНӢ?
Чӣ туро ба доми шӯҳратпарастӣ тела дода метавонад?
․․․․․
Ту чӣ кор карда метавонӣ, то ки ҳавобаланд набошӣ?
․․․․․
5 ДАР ИН НАҚЛ ЧӢ БА ТУ БИСЁРТАР МАЪҚУЛ ШУД ВА ЧАРО?
․․․․․
Маслиҳат: Ба таври дигар анҷом ёфтани ин воқеаро тасаввур кун. Агар Абшолӯм шӯҳратпараст неву хоксор мебуд, воқеа чӣ гуна ранг мегирифт? (Масалҳо 18:12).
Ба сайти www.jw.org даро
Ин мақоларо гир ё чоп кун