Моҳи ноябр нашри махсуси «Бедор шавед!» пешкаш мегардад!
1 Одамони зиёд саволҳои самимие оиди арзиши Китоби Муқаддас доранд: “Агар онро одам навишта бошад, чаро Каломи Худо меномандаш? Чаро ман бояд ба он чун бар ҳидояте дар зиндагӣ боварӣ дошта бошам? Аз сарфи вақту кӯшиш барои хондану омӯхтани Китоби Муқаддас чӣ фоида аст?”. Инанд баъзе аз саволҳое, ки ба онҳо нашри махсуси ноябрии «Бедор шавед!» (рус.) зери сарлавҳаи “Оё ба Китоби Муқаддас итминон метавон кард?”, ҷавоб хоҳад дод.
2 Ният дорем, ки ин нашри махсуси «Бедор шавед!»–ро дар маҳаллҳои худ ҳарчи бештар паҳн намоем. Агар имконпазир бошад, ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбеи моҳи ноябр дар хидмати хона ба хона иштирок намоед. Ин нашри махсуси «Бедор шавед!»–ро ба хешовандон, ҳамсояҳо, ҳамкорон, муаллимон, ҳамдарсон ва ҳангоми боздидҳо нишон диҳед. Ҳангоми хариду саёҳат бикӯшед, ки нусхаҳое аз он бо худ бигиред. Пирон нусхаҳои иловагии ин нашрро дархост намуданд, бинобар ин ҷамоат адади кофии маҷаллаи мазкурро хоҳад дошт.
3 Оғози омӯзиши Китоби Муқаддас бо касе. Агар маҷалларо ба касе диҳед, метавонед ки пеш аз тамом кардани сӯҳбат барои омӯзиши Китоби Муқаддас замина гузоред. Масалан, гуфтан мумкин аст: «Дафъаи оянда, мехостам ба шумо ҷавоби Китоби Муқаддасро ба ин суол нишон диҳам: “Худо нисбати замин чӣ ният дорад?”». Дертар бо китоби “Таълимоти Китоби Муқаддас” баргардед ва ба соҳибхона саҳифаҳои 4, 5 ё сархатҳои 1–3-и боби 3–ро нишон диҳед. Ё метавонед бигӯед, ки “дафъаи дигар, мехостам бо шумо як пешгӯии Китоби Муқаддасро, ки айнан ҳоло иҷро мегардад, муҳокима намоям”. Вақте ки бармегардед, ба соҳибхона боби 9–и китобро нишон диҳед ва сархатҳои 1–3-ро бо ӯ дида бароед. Ё метавонед ба таври оддӣ ба соҳибхона бигӯед: “Барои баъзеҳо фаҳмидани он чизе ки аз Каломи Худо мехонанд, мушкил аст. Дафъаи дигар, мехостам ба шумо нишон диҳам, ки чӣ тавр Каломи Худоро беҳтар фаҳмидан мумкин аст”. Ҳангоми боздид, китоби “Таълимоти Китоби Муқаддас” ва тарзи омӯзишро нишон диҳед.
4 Танҳо Китоби Муқаддас дорои «Навиштаҳои Муқаддас» аст, ки метавонанд моро барои наҷот ёфтан «ҳикмат омӯзанд» (2 Тим. 3:15). Аз ин рӯ, ҳамаи мо хоҳиши ширкат дар паҳн кардани ин нашри махсуси «Бедор шавед!»–ро дорем, то ба одамон дар инкишофи бовариашон ба Китоби Муқаддас кӯмак намоем!