Оё пур кардани “Ваколатномаи дахолати тиббӣ”-ро ба мавқуф мегузоред?
Ваколатномаи дахолати тиббӣ (ВДТ) барои Шоҳидони таъмидгирифта пешбинӣ шудааст. Азбаски «шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод», хеле муҳим аст, ки пешакӣ оиди қабули ин ё он намуду усули табобат дар ҳолатҳои таъҷилиро қарор намуда, сипас онро ба таври хаттӣ қайд кунед (Яъқ. 4:14; Аъм. 15:28, 29).
Барои кӯмак ба шумо дар қабули чунин қарор, видеофилми “Тарзҳои табобати бехунгузаронӣ — эҳтироми ҳуқуқу ниёзҳои бемор” (рус.) таҳия шуд. Филмро тамошо карда, сипас бо дуо чизи фаҳмидаатонро бо ёрии саволҳои зерин мулоҳиза кунед. (Эзоҳ: азбаски видеофилм наворҳои кӯтоҳи ҷарроҳӣ дорад, волидон бояд оқилона қарор кунанд, ки онро ҳамроҳи кӯдаконашон тамошо хоҳанд кард, ё не).
1) Чаро баъзе духтурон нуктаи назарашонро ба хунгузаронӣ аз нав дида мебароянд? 2) Се намунаи ҷарроҳии мураккабро оред, ки бе хунгузаронӣ гузаронида шуданд. 3) Чанд нафар табибон аз саросари ҷаҳон хоҳиши бе хунгузаронӣ табобату ҷарроҳӣ намудани беморонро изҳор карданд? Чаро майл ба ин кор доранд? 4) Таҳқиқоти тиббии охир оиди истифодаи хун чиро ошкор сохт? 5) Хунгузаронӣ чӣ хатарҳо дорад? 6) Бисёри мутахассисон оиди афзалиятҳои роҳҳои алтернативии табобат ба чӣ хулоса омаданд? 7) Сабаби камхунӣ чист? Тобоварии инсон ба камхунӣ чӣ гуна аст? Барои ҷуброни камхунӣ чӣ кор метавон кард? 8) Ҳосилшавии эритротситҳоро дар бадани инсон чӣ гуна зиёд метавон кард? 9) Барои камкунии хунравӣ ҳангоми ҷарроҳӣ кадом усулҳо истифода мешаванд? 10) Оё роҳҳои алтернативии табобат барои кӯдакони хурд ё барои одамони дар ҳолатҳои таъҷилибуда ба кор бурда мешаванд? 11) Принсипҳои асосии этикии табобати хуб кадоманд? 12) Чаро барои масеҳиён пешакӣ интихоб кардани роҳҳои табобати бехунгузаронӣ муҳим аст? Чӣ гуна мо ин корро карда метавонем?
Қабул кардани ин ё он усули табобат, ки дар видеофилм нишон дода шудааст, қарори шахсии ҳар кас мувофиқ ба виҷдони бар Китоби Муқаддас таълимёфтааш мебошад. Оё аниқ муайян намудед, ки кадом намуду усули табобатро барои худу фарзандонатон қабул карданиед? Барои дар ин бора гирифтани маълумоти пурратар ба “Бурҷи дидбонӣ” (рус.) аз 15–уми июни с. 2004 (бахши “Саволҳо аз хонандагон”) ва 15–уми октябри с. 2000; ба мақолаи “Муносабати ман ба фраксияҳои хун ва усулҳои тиббӣ бо истифодаи хуни худам” дар варақаи иловагии Хидмат ба Салтанати Худо аз ноябри с 2006 (рус.) нигаред. Намояндагони оиди табобат интихобкардаатон ва аъзоёни оила, ки Шоҳидони Яҳува нестанд, аз қарори қабулкардаатон бояд пурра хабардор бошанд.