Оё шумо интихобатонро муайян кардед?
Дар тамоми ҷаҳон шумораи духтуроне, ки усули ҷарроҳии бехунгузарониро истифода мебаранд зиёд шуда истодааст. Оё шумо бо намудҳои муолиҷаи бехунгузаронӣ, ки дар соҳаи тибб дастрасанд, пурра шинос ҳастед? Донистану фаҳмидани ин шарт аст, то ки ба қарорҳои асоснок омада, ба ин ё он намуди муолиҷа ё ҷарроҳӣ розӣ шавед. Видеофилми «Табобати бе хун — муваффақияти илми тиб»-ро тамошо кунед. Сипас, бо дуо он чизеро ки фаҳмидед, ба воситаи саволҳои дар поён овардашуда дида бароед. (Қайд: азбаски дар ин видеофилм баъзе наворҳои кӯтоҳи ҷарроҳӣ ҷой дорад, волидон бояд оқилона қарор кунанд, ки онро ҳамроҳи кӯдаконашон тамошо хоҳанд кард ё не.)
1) Шоҳидони Яҳува аз рӯи кадом сабаби асосӣ аз хунгузаронӣ даст мекашанд? 2) Шоҳидони Яҳува кадом табобати тиббиро хоҳонанд? 3) Беморон кадом ҳуқуқи асосиро доранд? 4) Чаро интихоб кардани роҳҳои дигари табобат хирадмандона аст? 5) Ҳангоми хунравии зиёд, кадом ду мақсади асосиро духтурон ҳар чӣ тезтар бояд ба даст оранд? 6) Чор принсипи асосии роҳҳои дигари табобат кадоманд? 7) Чӣ тавр духтурон метавонанд а) хунравиро кам кунанд, б) эритроситро нигоҳ доранд, в) хунофариро зиёд гардонанд ва г) хуни аз ҷисм баромадаро ба бемор баргардонанд? 8) Усулҳои a) гемодилютсия ва б) реинфузияро фаҳмонед. 9) Кадом маълумотро оиди роҳҳои дигари табобат бояд аз духтурон гирифт? 10) Оё ҷарроҳии мураккабро бехунгузаронӣ кардан мумкин аст? 11) Кадом дигаргуниҳои хуб дар миёни духтурон ба назар мерасанд?
Қабул кардани баъзе усулҳои табобат, ки дар видеофилм нишон дода шудааст, қарори шахсии ҳар кас мебошад, ки виҷдонаш мувофиқи Китоби Муқаддас таълим ёфтааст. Оё шумо мавқеи аниқро оиди он ки кадом намуду усули табобатро барои худ ва фарзандонатон истифода хоҳед бурд, муайян намудед? Оё варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ»-ро пур кардед? Барои дар ин бора маълумоти пурра гирифтан, бодиққат рубрикаи «Саволҳо аз хонандагон»-ро аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 15-уми июни с. 2004 ва 15-уми октябри с. 2000 (рус.) дида бароед. Сипас барои муайян кардани қарори шахсиатон ба мақолаи «Муносибати ман ба фраксияҳои хун ва усулҳои тиббӣ бо истифодаи хуни худам», ки дар варақаи иловагии «Хизмат ба Салтанати Худо» аз ноябри с. 2006 (рус.) ҷой дорад, нигаред. Дар охир боварӣ ҳосил намоед, ки шумо интихобатонро дар варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ» аниқу дуруст навиштед. Намояндагони интихобкардаи шумо ва ягон аъзоёни оилаатон, ки Шоҳиди Яҳува нест, бояд оиди қарори шумо дар бобати табобати интихобкардаатон, пурра хабардор бошанд.