Оё шумо ба дахолати тиббии таъҷилӣ тайёред?
Ҳолате, ки дахолати тиббии таъҷилиро талаб мекунад, метавонад ногаҳон сар занад (Яъқ. 4:14). Барои ҳамин шахси дурандеш ба қадри имкон ба чунин ҳолат пешакӣ тайёрӣ мебинад (Мас. 22:3). Оё шумо қарор қабул кардед, ки ба кадом усули табобат ва амалиёти тиббӣ розиед ва қарори худро ба таври хаттӣ изҳор намудаед? Барои ба шумо кӯмак кардан, видеофилми «Тарзҳои табобати бехунгузаронӣ — эҳтироми ҳуқуқу ниёзҳои бемор» (рус.), филми дуюм дар DVD-и «Тарзҳои табобати бехунгузаронӣ — Силсилафилми ҳуҷҷатӣ», тайёр карда шудааст. Филмро тамошо карда, бинед, ки оё шумо ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед. Азбаски видеофилм наворҳои кӯтоҳи ҷарроҳӣ дорад, волидон бояд оқилона қарор кунанд, ки оё филмро ҳамроҳи кӯдаконашон тамошо мекунанд, ё не.
1) Чаро баъзе духтурон нуктаи назарашонро ба хунгузаронӣ дигар карданд? 2) Се намунаи ҷарроҳии мураккабро оред, ки бе хунгузаронӣ гузаронида шуданд 3) Барои чӣ ҳазорҳо ҷарроҳон дар тамоми ҷаҳон тайёранд, ки беморонро бе гузарондани хун табобату ҷарроҳӣ кунанд? 4) Тадқиқотҳои тиббие, ки ба наздикӣ гузаронда шуданд, оиди истифодаи хун чиро нишон доданд? 5) Хунгузаронӣ чӣ гуна хатарҳоро дар бар дорад? 6) Бисёр мутахассисон дар бобати манфиати роҳҳои алтернативии табобат ба чӣ хулоса омаданд? 7) Сабаби камхунӣ дар чист ва барои бартараф кардани он чӣ кор кардан мумкин аст? 8) Чӣ гуна ҳосилшавии эритроситҳоро дар организми бемор зиёд кардан мумкин аст? 9) Барои камкунии хунравӣ ҳангоми ҷарроҳӣ кадом усулҳо истифода мешаванд? 10) Оё роҳҳои алтернативии табобатро барои кӯдакони хурд ё барои одамоне, ки дар ҳолатҳои таъҷилӣ қарор доранд, истифода бурдан мумкин аст? 11) Яке аз принсипҳои асосии этикии табобати хуб кадом аст?
Қабули ин ё он намуди табобате, ки дар видеофилм нишон дода шудааст, кори виҷдони ҳар шахс мебошад. Бинобар ин, қабул кардани қарорро то дами бо ҳолати таъҷилӣ рӯ ба рӯ шудан, ба ақиб напартоед. Боби 7-уми китоби «Муҳаббати Худо», адабиёти дар он зикршуда ва ҳамчунин варақаи иловагии «Хизмат ба Салтанати Худо» (рус.), моҳи ноябри соли 2006, ба шумо дар қабул кардани қарори асоснок ёрӣ хоҳанд дод. Сипас, агар шумо таъмид гирифта бошед, интихобатонро дар варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ» иброз кунед ва ҳама вақт онро бо худ дошта бошед.
[Tасвир дар саҳифаи 3]
Оё шумо муайян кардед, ки кадом намуду усули табобатро барои худ қабул мекунед ва инро ба таври хаттӣ қайд кардед?