Оё шумо «Ваколатномаи дахолати тиббӣ»-ро аллакай пур кардаед?
Пур кардани «Ваколатномаи дахолати тиббӣ» (ВДТ) барои Шоҳидони таъмидгирифта пешбинӣ шудааст. Азбаски «шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод», хеле муҳим аст, ки пешакӣ барои ҳолатҳои таъҷилӣ, қабули ин ё он намуди усули табобатро муайян кунед ва сипас онро ба таври хаттӣ қайд кунед (Яъқ. 4:14; Аъм. 15:28, 29). Барои ба шумо дар қабули чунин қарор кӯмак кардан, видеофилми «Тарзҳои табобати бехунгузаронӣ — эҳтироми ҳуқуқу ниёзҳои бемор» (рус.) тайёр карда шуд. Филмро тамошо кунед ва сипас бо дуо дар бораи маълумоти фаҳмидаатон бо ёрии саволҳои зерин мулоҳиза кунед. (Қайд: азбаски видеофилм наворҳои кӯтоҳи ҷарроҳӣ дорад, волидон бояд оқилона қарор кунанд, ки оё филмро ҳамроҳи кӯдаконашон тамошо мекунанд, ё не).
1) Чаро баъзе духтурон нуктаи назарашонро ба хунгузаронӣ дигар карданд? 2) Се намунаи ҷарроҳии мураккабро оред, ки бе хунгузаронӣ гузаронида шуданд. 3) Чанд нафар табибон дар тамоми ҷаҳон изҳор намуданд, ки онҳо тайёранд, ки беморонро бе гузарондани хун табобату ҷарроҳӣ кунанд? Чаро онҳо чунин қарорро қабул карданд? 4) Тадқиқоти тиббие, ки ба наздикӣ гузаронда шуд, оиди истифодаи хун чиро нишон дод? 5) Хунгузаронӣ чӣ гуна хатарҳоро дар бар дорад? 6) Бисёр мутахассисон дар бобати манфиати роҳҳои алтернативии табобат ба чӣ хулоса омаданд? 7) Сабаби камхунӣ дар чист? То кадом дараҷа одам ба камхунӣ тоб оварда метавонад? Барои ҷуброн кардани камхунӣ чӣ кор кардан мумкин аст? 8) Чӣ гуна ҳосилшавии эритроситҳоро дар бадани одам зиёд кардан мумкин аст? 9) Барои камкунии хунравӣ ҳангоми ҷарроҳӣ кадом усулҳо истифода мешаванд? 10) Оё роҳҳои алтернативии табобатро барои кӯдакони хурд ё барои одамоне, ки дар ҳолатҳои таъҷилӣ қарор доранд, истифода бурдан мумкин аст? 11) Яке аз принсипҳои асосии этикии табобати хуб кадом аст? 12) Чаро барои хизматгорони Худо пешакӣ интихоб кардани роҳҳои табобати бехунгузаронӣ муҳим аст? Чӣ гуна инро кардан мумкин аст?
Қабул кардани ин ё он усули табобат, ки дар видеофилм нишон дода шудааст, қарори шахсӣ мебошад, ки виҷдонаш бар Китоби Муқаддас таълим ёфтааст. Оё шумо аниқ муайян кардед, ки кадом намуду усули табобатро барои худу фарзандонатон қабул мекунед ва сипас варақаи ВДТ-ро пур кардед? Барои гирифтани маълумоти бештар оиди ин масъала, бодиққат боби 7, китоби «Муҳаббати Худо» (рус.) ва ишораи дар он овардашударо дида бароед. Инчунин ба варақаи иловагии «Муносибати ман ба фраксияҳои хун ва усулҳои тиббӣ бо истифодаи хуни худам» нигаред, ки дар «Хидмат ба Салтанати Худо» (рус.), моҳи ноябр с. 2006 омадааст. Ва дар охир боварӣ ҳосил кунед, ки шумо интихобатонро дар варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ» дуруст навиштед. Намояндагони оид ба табобат интихобкардаатон ва он аъзоёни оила, ки Шоҳидони Яҳува нестанд, аз қарори қабулкардаатон бояд пурра хабардор бошанд.
[Tасвир дар саҳифаи 3]
• Оё шумо аниқ муайян кардед, ки кадом намуду усули табобатро барои худ ва фарзандонатон қабул мекунед?
• Оё шумо барои ҳолатҳои фавқулода, варақаи пуркардашудаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ»-ро бо худ доред?