Замимаи саволҳо
◼ Оё Шоҳидони Яҳува бояд сабти чопӣ ё электронии нутқҳоро паҳн кунанд?
Нутқҳое, ки дар асоси Китоби Муқаддас гуфта мешаванд, моро рӯҳбаланд мекунанд ва тақвият медиҳанд (Аъм. 15:32). Барои ҳамин табиист, ки мо чунин фикрҳои рӯҳбаландкунандаро ба онҳое ки онро нашунидаанд, расондан мехоҳем. Дар замони мо сабт ва паҳн кардани ҳар гуна маълумот хеле осон аст. Баъзеҳо нутқҳои зиёдеро ҷамъ кардаанд, аз ҷумла нутқҳое, ки солҳои пеш гуфта шуда буданд. Ва онҳо бо дилу нияти хуб ба дӯстонашон нутқҳоро барои гӯш кардан медиҳанд ё онро барояшон сабт мекунанд. Баъзеҳо ҳатто веб–сайтҳо ташкил дода, дар он нутқҳоро ҷой медиҳанд, то ки ҳар кас барои худ нутқро сабт карда тавонад.
Дар сабт кардани нутқҳо барои худ ё барои аҳли оила ягон нодурустие нест. Ғайр аз ин пирон метавонанд барои аъзоёни ҷамъомад, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф оварда наметавонанд, сабти нутқҳоро ташкил диҳанд. Лекин бо сабабҳои ҷиддӣ мо ҳақ надорем, ки нусхаи чопӣ ё электронии нутқҳоро ба дигарон ба муддати кӯтоҳ ё тамоман диҳем.
Азбаски дар нутқҳо бисёр вақт ниёзҳои маҳаллӣ ба назар гирифта мешавад, вақте ки мо сабти нутқро, ки касе ба мо дода буд, гӯш мекунем, шояд фикрҳояшро нодуруст фаҳмем. Чунки мо бо вазъиятҳои он маҳал, ки нутқ дар он гуфта шуда буд, шинос нестем. Ғайр аз ин мо аниқ намедонем, ки нутқро кӣ ва кай гуфтааст ва маълумоте, ки дар нутқ ҷой дорад ба фаҳмиши ҳозираи ҳақиқат мувофиқат мекунад ё не (Луқ. 1:1–4). Паҳн кардани нусхаи чопӣ ё электронии нутқҳо ба нотиқ диққати бемавридро равона месозад (1 Қӯр. 3:5–7).
Ғуломи мӯътамад ва доно боғайратона меҳнат карда, «хӯрок»-и даркориро ба андозаи муайян пешниҳод мекунад ва онро «дар сари вақт» медиҳад (Луқ. 12:42). Ин нутқҳои оммавиро, ки барои ҷамъомадҳои маҳаллии Шоҳидони Яҳува гуфта мешаванд ва аудио–сабдҳо, ки дар сайти расмӣ www.jw.org ҷойгир аст, дар бар мегирад. Мо боварӣ дошта метавонем, ки Ғуломи мӯътамаду доно ва Ҳайати Роҳбарикунандаи он чизе ки барои қавӣ гардонадани имонамон муҳим аст, ба мо пешниҳод мекунанд (Аъм. 16:4, 5).