ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 8.12 саҳ. 2
  • Ақлу ҳуши худро ҳифз кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ақлу ҳуши худро ҳифз кунед
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Маводи монанд
  • Анҷумани ноҳиявӣ барои ҳифз кардани рӯҳониятамон кӯмак мерасонад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Виҷдони худро ҳифз кунед
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Ҳадияе барои хизматгорони Худо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Каломи Худо барои омӯзиш фоиданок аст
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2012
km 8.12 саҳ. 2

Ақлу ҳуши худро ҳифз кунед

1. Анҷумани ноҳиявии соли хизматии 2013 чӣ ном дорад ва бо кадом мақсад омода гардидааст?

1 Исо ба шогирдонаш гуфт, ки Яҳуваро бо тамоми дил, ҷон ва ақлу ҳуши худ дӯст доранд (Мат. 22:37, 38). Анҷуманҳои дар пешистода ба мо кӯмак мерасонанд, ки худро ботинан қавӣ гардонем. Чуноне ки шумо дар хотир доред, анҷумани вилоятӣ «Дили худро ҳифз кунед!» ном дошт. Анҷумани махсуси якрӯзаи соли хизматии 2013 бошад, «Виҷдони худро ҳифз кунед» ном дорад. Аз моҳи оянда бошад, дар ҳар ҷо гузарондани анҷумани ноҳиявӣ сар мешавад, ки ба мавзӯи «Ақлу ҳуши худро ҳифз кунед» равшанӣ меандозад ва номи ин анҷуман бар Матто 22:37 асос ёфтааст. Барномаи ин анҷуман ба ҳар яки мо кӯмак мерасонад, ки фикру андешаҳоямонро тафтиш карда бароем, то онҳо ҳар чӣ бештар писанди Яҳува гарданд.

2. Дар рафти барнома мо бояд ба кадом саволҳо ҷавоб ёбем?

2 Кадом фикрҳо дида баромада мешаванд. Ҳангоми гӯш кардани барномаи анҷумани ноҳиявӣ, мо бояд ба саволҳои зерине, ки диққатро ба фикрҳои асосӣ равона мекунанд, ҷавоб ёбем:

• Чӣ тавр мо аз андешаҳои одамӣ даргурез буда метавонем?

• Чӣ тавр мо ба одамоне, ки ақлу зеҳнашон аз ҷиҳати рӯҳонӣ кунд шудааст, ёрӣ дода метавонем?

• Мо кадом тарзи фикррониро доштан мехоҳем?

• Андешаронии дуруст чӣ гуна баракатҳо меорад?

• Чӣ тавр мо мегузорем, ки Яҳува тарзи фикрронии моро шакл диҳад?

• Чӣ гуна шавҳарон, занон, волидон ва фарзандон ба хушбахтии оила мусоидат карда метавонанд?

• Чӣ тавр мо ба рӯзи Яҳува тайёр буда метавонем?

• Камари ақли худро барои амал маҳкам бастан чӣ маъно дорад?

• Онҳое, ки чизи омӯхтаашонро ба кор мебаранд, соҳиби чӣ гуна баракатҳо мегарданд?

3. Чаро муҳим аст, ки дар ҳар ду рӯзи анҷуман ҳузур дошта бошем, онро бодиққат гӯш кунем ва маълумоти пешкашшударо ба кор барем?

3 Шайтон барои ба даст овардани ақли мо мубориза мебарад ва кӯшиш мекунад, ки тарзи фикррониамонро вайрон созад (2 Қӯр. 11:3). Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки ақлу ҳуши худро ҳифз кунем ва фикрҳоямонро идора намоем. Мо бояд доимо тарзи фикрронии Масеҳро дар худ инкишоф диҳем ва бо таъсироти ин дунёи шарир мубориза барем (1 Қӯр. 2:16). Бинобар ин корҳоятонро тавре ҷо ба ҷо гузоред, то дар ҳар ду рӯзи анҷумани ноҳиявӣ ҳузур дошта бошед. Барномаро бодиққат гӯш кунед. Ба кор бурдани маълумоти пешкашшуда ба мо кӯмак менамояд, ки камари ақли худро маҳкам баста, бо ҷидду ҷаҳд дар кори Салтанат иштирок кунем (1 Пет. 1:13).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан