ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 4.13 саҳ. 4-6
  • Рафторе, ки Худоро ҷалол медиҳад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Рафторе, ки Худоро ҷалол медиҳад
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Маводи монанд
  • «Дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред»
    Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Ёдраскуниҳо оиди анҷуман
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Анҷуманҳои вилоятӣ имконияти хубе барои шаҳодат додан мебошанд
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Се рӯзи пур аз таровати рӯҳонӣ
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2013
km 4.13 саҳ. 4-6

Рафторе, ки Худоро ҷалол медиҳад

1. Чаро дар шаҳре, ки анҷуман мегузарад, диққати одамон ба Шоҳидони Яҳува равона мешавад?

1 Вақте мо ба шаҳре, ки дар он анҷумани вилоятӣ мегузарад, меоем, сокинони он ҷой инро тез дарк мекунанд. Дар аксар чунин шаҳрҳо оиди гузаштани анҷуман ба воситаи ахбори умум хабар дода мешавад. Ташрифовардагони анҷуманро бисёр вақт дар меҳмонхона, ошхонаю тарабхонаҳо дидан мумкин аст ва сокинони он маҳал пай мебаранд, ки ба шаҳри онҳо меҳмонони зиёд омаданд, ки бар худ лавҳачаи сарисинагӣ (агар дар бар кардани он иҷозат бошад) доранд. Биёед баъзе ёдраскуниҳои зеринро дида бароем, то бо рафтори хуби худ дар шаҳре, ки анҷуман мегузарад, Худоро ҷалол диҳем (1 Пет. 2:12).

2. Дар шаҳре, ки анҷуман мегузарад, чӣ тавр мо бо сару либосамон Худоро ҷалол дода метавонем?

2 Либоси хоксорона. Ҳангоми ба анҷуман ташриф овардан бисёр вақт либоси хоксоронаамон ба атрофиён таъсири хуб мерасонад. Лекин тарзи либоспӯшии мо дар мавридҳои дигар низ, масалан, ҳангоми дархост кардани ҷои зист дар меҳмонхона, ҳангоми хӯрокхӯрӣ дар тарабхона ё ошхона, ҳангоми рафтан ба мағоза ва ғайра бояд шоиста бошад, зеро ин ба дигарон бештар таъсир карда метавонад. Гарчанд дар ин мавридҳо тарзи либоспӯшии мо аз либосе, ки дар анҷуман мепӯшем, фарқ кунад ҳам, он бояд хоксорона, шоиста ва ботартиб бошад. Шахсоне, ки моро мушоҳида мекунанд бояд фарқи байни мову дигаронро дида тавонанд (Рум. 12:2). Ғайр аз ин, агар дар бар кардани лавҳачаи сарисинагӣ мумкин бошад, мо бояд онро дар бар кунем, зеро он моро чун намояндаи анҷуман муаррифӣ мекунад, имконияти шаҳодат доданро медиҳад ва ҳамчунин ба воситаи он бо бародарону хоҳарон шинос мешавем.

3. Чӣ тавр мо пурсабрӣ ва хушмуомилагӣ зоҳир карда метавонем?

3 Пурсабрӣ ва хушмуомилагӣ. Дар ҷаҳоне, ки бисёриҳо худписанд ва кӯрнамак мебошанд, пурсабрӣ ва хушмуомилагии мо чӣ қадар тароватбахш буда метавонад! Чунин рафтори мо ба одамон, аз ҷумла коргарони меҳмонхона, ошхонаву тарабхона, бетаъсир намемонад (2 Тим. 3:1–5). Ҳангоми гирифтани ҷой ё нашрияҳои нав дар анҷуман, мо набояд танҳо дар бораи худ фикр кунем, балки дар бораи дигарон низ (1 Қӯр. 10:23, 24). Марде, ки бори аввал ба анҷуман ташриф оварда буд, чунин гуфт: «Нутқҳое ки дар он рӯз садо доданд дар хотирам намонд, лекин рафтори хуби Шоҳидон дар хотирам нақш бастааст».

4. Агар имконият дошта бошем, чаро чун ихтиёриён кӯмак кардан хуб мебуд?

4 Кӯмаки ихтиёриён. Рӯҳияи омодагӣ — нишонаи фарқкунандаи Шоҳидони Яҳува мебошад (Заб. 109:3). Оё шумо барои дар анҷуман кӯмак кардан тайёред? Дар яке аз ҷойҳои гузарондани анҷуман, пеш аз саршавии он қариб 600 бародарон ва хоҳарон дар рӯбучин иштирок карданд. Кормандони он ҷой чунин гуфтанд: «Ин хеле ҳайратовар аст, мо ҳаргиз чунин корро надидаем! Бовариамон намеояд, ки ҳамаи ин одамон ихтиёриён мебошанд». Мо бесаброна омадани анҷумани вилоятии соли 2013-ро интизорем ва хоҳиш дорем, ки натанҳо барномаро шунавем ва аз Худо таълим гирем, балки ҳамчунин Яҳуваро ҷалол диҳем.

[Чорчӯба дар саҳифаи 4-6]

Ёдраскуниҳо оиди анҷумани вилоятии соли 2013

◼ Вақти барномаи анҷуман. Соати 8:00 дари даромад кушода хоҳад шуд. Ҳар се рӯзи анҷуман мусиқӣ соати 9:20 сар мешавад. Дар ин вақт ҳамаамон бояд ҷойҳоямонро ишғол кунем, то барнома ба таври шоиста оғоз ёбад. Суруд ва дуои хотимавӣ рӯзҳои ҷумъаву шанбе соати 16:50 ва рӯзи якшанбе соати 15:35 садо хоҳад дод.

◼ Истгоҳи нақлиёт. Дар ҷое, ки анҷуман мегузарад, барои нақлиёт истгоҳҳо тайёр карда мешаванд. Касоне ки аввал меоянд мошини худро дар ҷойҳои холӣ гузошта метавонанд. Танҳо онҳое ки дар мошинашон нишонаи махсуси барои маъюбонро доранд, метавонанд мошини худро дар ҷои барои маъюбон ҷудошуда, гузоранд.

◼ Ишғоли ҷойҳо. Танҳо барои касоне ҷой гирифтан мумкин аст, ки ҳамроҳи шумо дар як мошин омадаанд ё якҷоя бо шумо дар як хона зиндагӣ мекунанд ё барои шахсоне ки бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронед. Азбаски ҷой барои пиронсолон ва маъюбон кам мебошад, на ҳамаи аъзоёни оила бо онҳо нишаста метавонанд. Лутфан чунин ҷойҳоро барои пиронсолон, маъюбон ва ба нигоҳбононашон, холӣ гузоред (1 Қӯр. 13:5).

◼ Хӯроки нисфирӯзӣ. Лутфан хӯрокатонро бо худ биёред, то ки ҳангоми танаффус ҷои анҷуманро тарк накунед. Яхдон-сумкаеро, ки зери курсӣ ҷо мешавад, истифода бурдан мумкин аст. Ба анҷуман яхдон-сумкаҳои калон ва зарфҳои шишагиро овардан мумкин нест.

◼ Хайрия. Мо метавонем дар анҷуман барои кори умумиҷаҳонӣ хайрия карда, миннатдориамонро ба ин чорабинии рӯҳонӣ зоҳир созем.

◼ Доруворӣ. Агар духтур ба шумо ягон дору тавсия дода бошад, илтимос, бо худ овардани онро фаромӯш накунед, зеро ин гуна дорувориҳо дар анҷуман дастрас нестанд. Агар шахси дар анҷуманбуда касалии қанд ё дигар беморӣ дошта бошад ва аз сӯзандору истифода барад, набояд онро дар ҳар ҷо партояд, то ки аз рӯи беэҳтиётӣ дигарон зарар набинанд. Инчунин сӯзандоруҳоро ба сатилҳои партове, ки дар бинои анҷуман ё меҳмонхонаҳо гузошта шудаанд, напартоед.

◼ Пойафзол. Ҳар сол аз боиси пойафзол бисёриҳо осеб мебинанд, махсусан аз сабаби пӯшидани туфлиҳои пошнабаланд. Хуб мебуд, ки пойафзоли хоксоронаву бароҳат бипӯшем, зеро бо он ба зинапоя, назди панҷара ва дигар ҷойҳо роҳ рафтан бехатар аст.

◼ Аробачаи бачагона ва курсиҳои қатшаванда. Аробачаи бачагона ва курсии қатшавандаро дар ҷое, ки анҷуман мегузарад, овардан мумкин нест. Лекин барои овардани курсии бачагонаи бехавф, ки онро дар назди курсии волидон ҷойгир кунондан мумкин аст, рухсат дода мешавад.

◼ Атриёт. Бисёри анҷуманҳо дар биноҳои болопӯшшуда мегузаранд, ки системаи сунъии ҳавотозакунӣ доранд. Бинобар ин, истифодаи атриёти тезбӯйро маҳдуд намуда, мо ба дигарон муҳаббат зоҳир мекунем, зеро ин гуна мавод сабаби авҷ гирифтани бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва душвориҳои дигар шуда метавонанд (1 Қӯр. 10:24).

◼ Варақаи «Лутфан, ба назди ин шахс ташриф оред» (S-43). Агар дар рӯзҳои гузаштани анҷуман дар натиҷаи шаҳодати ғайрирасмӣ шахсе шавқ пайдо кунад, лозим аст, ки оиди ин ба воситаи варақаи «Лутфан, ба назди ин шахс ташриф оред» (S-43) хабар диҳед. Варақаҳои пуркардашударо дар анҷуман ба шӯъбаи адабиёт ё ба котиби ҷамъомади худ додан лозим аст.

◼ Тарабхона ё ошхона. Ҳангоми дар тарабхона ё ошхона буданатон бо рафтори хуби худ исми Яҳуваро ҷалол диҳед. Либоси шумо бояд аз ходими Худо буданатон шаҳодат диҳад. Агар дар шаҳре, ки анҷуман мегузарад, додани ҳаққи хизмат ба пешхизмат одатӣ бошад, онро ба ӯ диҳед.

◼ Ҷои зисти муваққатӣ:

1) Агар воиз барои ҷои зист муроҷиат кунад, он гоҳ Кумитаи хизматии ҷамъомад ба талаботҳои зарурӣ мувофиқат кардани шахсро муайян месозад. Илтимос дар хотир дошта бошед, ки варақаи «Дархост оиди истиқомати шахсони ниёзҳои махсусдошта»-ро (СО-5a-U) панҷ ҳафта пеш аз анҷуман пур кардан лозим аст.

2) Танҳо ҷойҳои лозимаро дархост кунед.

3) Илтимос, ба соҳибхона пешакӣ занг занед ва вақти омаданатонро аниқ кунед. Кӯшиш намоед, ки вақти омаданатон ба соҳибхона қулай бошад.

4) Ба ҷои зист танҳо он меҳмононе омада метавонанд, ки пешакӣ иҷозат гирифта буданд.

5) Илтимос, фаромӯш накунед, ки тамоми хароҷотамонро бояд худамон рӯпӯш кунем, чунки мо аз меҳмоннавозии бародарону хоҳарон истифода бурда, намехоҳем барои онҳо бори вазнин шавем (2 Тас. 3:7, 8). Масалан, интизор нашавед, ки соҳиби хона шуморо бо хӯрок таъмин менамояд ё ба анҷуман бо мошин бурда мерасонад. Дар ин бора худи шумо бояд ғамхорӣ кунед

6) Ҳангоми дар хонаи дигарон истодан, илтимос, нишон додани хислатҳои хуби масеҳиро ҳама вақт дар ёд доред (Қӯл. 3:12–14)

7) Ҷои зист дар хонаи бародарону хоҳарон ТАНҲО барои рӯзҳои анҷуман пешниҳод карда мешаванд (панҷшанбе то бегоҳии якшанбе ё саҳари душанбе). Аз мӯҳлати муайяншуда зиёд наистед.

8) Агар шумо ба анҷуман ташриф оварда натавонед, дарҳол ба соҳибхона хабар диҳед ва ӯро илтимос кунед, ки ба бахши истиқоматии анҷуман хабар диҳад.

◼ Хизмати ихтиёриён. Ҳамаи онҳое, ки кӯмак расондан мехоҳанд, метавонанд ба Шӯъбаи ихтиёриёни анҷуман муроҷиат кунанд. Кӯдакони то синни 16-сола низ метавонанд бо яке аз волидонашон ё ягон шахси калонтар, ки волидон иҷозат дода буданд, дар ин хизмат саҳми худро гузоранд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан