Маҷаллаҳои мо барои доираи васеи хонандагон тайёр карда мешаванд
1. Чӣ тавр синфи ғуломи мӯътамад ва доно ба Павлуси ҳавворӣ пайравӣ мекунад?
1 Чуноне ки Павлуси ҳавворӣ тарзи пешниҳод кардани хушхабарро барои «ҳама кас» мувофиқ мекунонд, синфи ғуломи мӯътамад низ барои расондани хушхабар ба одамоне, ки эътиқоди динӣ ва маданияти гуногун доранд маҷаллаҳоро истифода мебарад (1 Қӯр. 9:22, 23). Дар минтақаамон, мо барангехта мешавем, ки ҳангоми ба шахсони ношинос шаҳодат додан фақат Китоби Муқаддасро истифода барем. Лекин хуб мебуд, ки ба киҳо равона карда шудани маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро дар хотир нигоҳ дорем. Инро ба назар гирифта, мо метавонем маълумоти дар маҷаллаҳо омадаро дуруст истифода барем.
2. Маҷаллаи «Бедор шавед!» ба киҳо тайёр карда мешавад?
2 «Бедор шавед!». Ин маҷалла ба шахсоне равона шудааст, ки мисли «мардони Атино» мебошанд, ки Павлуси ҳавворӣ дар замони худ ба онҳо муроҷиат карда буд (Аъм. 17:22). Ин мардон дар муҳите тарбия ёфта буданд, ки бо дини масеҳӣ шинос набуданд ва дар бораи Навиштаҳо фаҳмиши хеле кам доштанд. Ба ин монанд, хонандагоне ки барояшон маҷаллаи «Бедор шавед!» тайёр карда шудааст, дар бораи Китоби Муқаддас дониши кам доранд ё оиди он тамоман чизе намедонанд. Шояд онҳо дар бораи таълимоти ҳақиқии масеҳӣ ҳеҷ чиз намедонанд, ба динҳо шубҳа доранд, ё дарк намекунанд, ки Китоби Муқаддас ба ҳаёташон манфиат оварда метавонад. Яке аз мақсадҳои асосии «Бедор шавед!» ин аст, ки хонандагонашро ба вуҷуд доштани Худои ҳақиқӣ бовар мекунонад. Ҳамчунин мақсади ин маҷалла боварии одамонро ба Китоби Муқаддас зиёд кардан мебошад. Инчунин ин маҷалла ба хонандагон ёрӣ медиҳад, то онҳо фаҳманд, ки Шоҳидони Яҳува аз дигар динҳо фарқ мекунанд.
3. Ҳар як нашри «Бурҷи дидбонӣ» ба киҳо тайёр карда мешавад?
3 «Бурҷи дидбонӣ». Доираи хонандагони нашри оммавӣ ба андозае нисбати Худо ва Навиштаҳо эҳтиром доранд. Онҳо дар бораи Китоби Муқаддас баъзе маълумотро доранд, лекин таълимоти онро дуруст намефаҳманд. Онҳо ба одамони замони Павлус монанд мебошанд, ки ӯ онҳоро «худотарсон» гуфта буд (Аъм. 13:14–16). Нашри омӯзишии маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» асосан барои Шоҳидони Яҳува навишта мешавад. Павлус тахмин мекард, ки онҳое ки номаашро мехонданд, бо Навиштаҳо шинос ҳастанд ва ҳақиқатро медонанд (1 Қӯр. 1:1, 2). Инчунин мақолаҳои нашри омӯзишӣ барои онҳое тайёр карда мешаванд, ки ба вохӯриҳо ташриф меоранд ва бо ибораҳои теократӣ ва таълимоту ақидаҳои Шоҳидони Яҳува шиносанд. Ғайр аз ин, дар нашри омӯзишии маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»–и тоҷикӣ баъзе мақолаҳо аз нашри оммавӣ гирифта шудаанд.
4. Барои чӣ ба мо лозим аст, ки бо ҳар як нашри маҷаллаҳо хуб шинос шавем?
4 Мақсад гузоред, ки бо маълумоти ҳар як нашри маҷаллаҳо хуб шинос шавед. Агар шумо ин тавр амал кунед, мисли Павлус ба «ҳама кас», яъне ба одамони гуногун ёрӣ расонда метавонед.