Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи ноябр
«Вақте ки мо ҳокимияти хуб дорем, мо хушбахтем, ҳамин тавр–не? Ба фикри шумо, ягон ҳокимияти инсонӣ қодир аст, ки душвориҳои инсониятро пурра ҳал кунад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар баъзе давлатҳо бисёр одамон аз он чизе, ки ба онҳо лозим аст, зиёдтар доранд. Дар дигар ҷойҳо бошад, аксари одамон қашшоқу рӯҳафтодаанд. [Воиз 4:1–ро хонед.] Азбаски ин ҳолат бисёр вақт дар миқёси ҷаҳонӣ ба назар мерасад, танҳо ҳокимияти умумиҷаҳоние метавонад захираҳои заминиро ба таври одилона тақсим кунад. [Дониёл 2:44–ро хонед.] Дар ин оят дар бораи Салтанати Худо гуфта шудааст, ки он маҳз чунин ҳокимият мебошад». Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Салтанати Худо барои мо чӣ кор хоҳад кард?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Ба фикри шумо, оё ба Худо савол додан мумкин аст?
Айюб 21:7 — Марди содиқ Айюб ба Худо савол медод.
2 Тимотиюс 3:16 — Худо ба саволҳои мо ба воситаи Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад.
◼ Чӣ ба волидон ёрӣ медиҳад, ки фарзандонашонро чун шахсони бомасъулият ва боодоб ба воя расонанд?
Масалҳо 29:15 — Барои фарзандон ҳудудҳои аниқу равшан гузоштан лозим аст.
Матто 5:37 — Волидон бояд дар суханони худ қавӣ ва устувор бошанд.