Оё шумо чун пешрави ёвар хизмат хоҳед кард?
1. Чаро айёми Шоми ёдбуд барои васеъ кардани доираи хизматамон вақти хеле хуб аст?
1 Айёми Шоми ёдбуд барои васеъ кардани доираи хизматамон вақти хеле хубе мебошад. Ин вақтест, ки мо дар бораи муҳаббати бузурги Яҳува, ки Писарашро чун фидия додааст, чуқуртар мулоҳиза ронем (Юҳ. 3:16). Дар натиҷа миннатдорӣ дар дили мо зиёд мегардад ва мо хоҳиши бештар пайдо мекунем, ки оиди Яҳува ва корҳои барои одамизод кардаи Ӯ ба дигарон гап занем (Иш. 12:4, 5; Луқ. 6:45). Инчунин ин вақтест, ки мо дар маъракаи махсус иштирок карда, шиносон, хешовандон ва дигар одамони шавқманди боваринокро ба Шоми ёдбуд даъват менамоем. Баъдтар бошад, мо мекӯшем, ки шавқи одамони ташрифовардаро инкишоф диҳем. Оё шумо дар моҳҳои март, апрел ва май чун пешрави ёвар хизмат карда, доираи хизмататонро васеъ месозед?
2. Аз кадом сабабҳо моҳи март барои чун пешрави ёвар хизмат кардан хеле қулай аст?
2 Моҳи мартро моҳи махсус гардонед. Моҳи март барои чун пешрави ёвар хизмат кардан хеле қулай аст. Онҳое ки оиди чунин намуди хизмат варақа пур мекунанд, метавонанд 30 ё 50 соат хизмат карданро интихоб намоянд. Агар ташрифи нозири ноҳиявӣ ба моҳи март рост ояд, пешравони ёвар дар вохӯрие, ки ӯ бо пешравони доимӣ ва махсус мегузаронад, пурра иштирок карда метавонанд. Маъракаи тақсимкунии даъватномаҳо ба Шоми ёдбуд аз 1-уми март сар карда то 26-уми марти соли 2013 давом хоҳад ёфт, ки ин назар ба солҳои гузашта вақти бештарро дар бар мегирад. Ғайр аз ин, дар моҳи март рӯзҳои истироҳат зиёданд. Барои ҳамин ҷиддан фикр кунед, ки оё шумо низ метавонед дар коре, ки моҳи мартро моҳи махсуси сол мегардонад, иштирок кунед.
3. Барои зиёдтар хизмат намудан мо чӣ кор карда метавонем?
3 Аз ҳозир нақша кашед. Аз ҳоло реҷаи худро дида бароед, ки барои пешрав шуданатон ба он кадом дигаргуниҳоро даровардан лозим аст. Азбаски ҳамкории аъзоёни оила хеле муҳим аст, дар давоми ибодати оилавӣ мақсадҳои оилаатонро муҳокима намоед ва реҷа тартиб диҳед (Мас. 15:22). Агар шумо чун пешрави ёвар хизмат карда натавонед, рӯҳафтода нашавед. Оё шумо метавонед реҷаи худро тавре тағйир диҳед, ки дар рӯзҳои ба нақша гирифтаатон вақти зиёдтарро барои хизмат ҷудо кунед? Ҳамчунин дар давоми ҳафта боз як рӯз ба хизмат баромада метавонед?
4. Дар моҳҳои март, апрел ва май фаъолтар хизмат карданамон чӣ гуна натиҷаҳо хоҳад овард?
4 Ҳар қадаре ки мо дар моҳҳои март, апрел ва май фаъолтар хизмат кунем, ҳамон қадар шодиву қаноатмандие, ки мо аз хизмат ба Яҳува ва аз мавъиза ба дигарон мегирем, зиёдтар мегардад (Юҳ. 4:34; Аъм. 20:35). Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки кӯшишҳои фидокоронаи мо ба Яҳува хурсандӣ мебахшанд (Мас. 27:11).