Тарзи истифода бурдани брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?»
Ин брошураи нав барои бо ташкилот шинос кардани омӯзандагони Китоби Муқаддас тайёр карда шудааст
1. Бо кадом се мақсад брошураи «Иродаи Яҳува»-ро истифода бурдан мумкин аст?
1 Оё шумо аз брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?» истифода бурда истодаед? Мақсади ин брошураи нав дар он аст, ки омӯзандагони Китоби Муқаддасро 1) бо мо — Шоҳидони Яҳува, 2) бо фаъолияти мо ва 3) бо ташкилотамон шинос кунад. Брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?» (номи кӯтоҳаш «Иродаи Яҳува») дарсҳои яксаҳифагӣ дорад, ки онҳоро дар охири ҳар як омӯзиш дар давоми ҳамагӣ панҷ-даҳ дақиқа гузарондан мумкин аст.
2. Гуфта диҳед, ки ин брошура чӣ гуна сохту хусусиятҳо дорад.
2 Сохти ин брошура. Ин брошура аз се қисме, ки дар боло номбар шудаанд, иборат буда, ҳар кадоми он оиди ташкилоти Яҳува ҷиҳатҳои гуногунро равшан месозад. Сарлавҳаи дарсҳо, ки шумораашон 28-то мебошад, дар шакли саволӣ тартиб дода шудаанд, зерсарлавҳаҳои бо ранги сиёҳ ҷудокардашуда бошанд, ба ин савол ҷавоб медиҳанд. Дар брошура суратҳое, ки дар зиёда аз 50 мамлакат гирифта шудаанд, ҷойгиранд ва ин умумиҷаҳонӣ будани фаъолияти моро нишон медиҳад. Якчанд дарсҳо чорчӯбаи «Бисёртар фаҳмед» доранд, ки дар онҳо маслиҳатҳо оварда шудаанд. Омӯзандаро барангезед, ки мувофиқи он маслиҳатҳо амал кунад.
3. Брошураи «Иродаи Яҳува»-ро чӣ тавр истифода бурда метавонем?
3 Тарзи истифодабарии он. Пеш аз ҳама сарлавҳаи дарсро, ки чун савол омадааст, нишон диҳед. Баъдан, ҳангоми якҷоя хондани дарс диққатро ба зерсарлавҳаҳо равона созед. Дар охир, саволҳо барои такрорро, ки дар поёни саҳифа омадаанд, дида бароед. Шумо метавонед дарсро пурра хонед ё ҳар як қисмро алоҳида хонда, муҳокима кунед. Оиди он фикр кунед, ки кадом оятҳои овардашударо хондан лозим аст. Ҳамчунин муҳокима кардани расмҳо ва чорчӯбаи «Бисёртар фаҳмед»-ро фаромӯш насозед. Одатан дарсҳо бояд аз рӯи тартиб гузаронда шаванд. Вале, агар зарур бошад, албатта метавонед дарси дигарро, ки мувофиқи талабот аст, муҳокима кунед. Масалан, агар ба қарибӣ анҷуман баргузор мешуда бошад, шумо метавонед бевосита ба дарси 11 гузаред.
4. Чаро шумо аз доштани ин брошураи нав хурсандед?
4 Вақте ки бо шахс Китоби Муқаддасро омӯзиш мекунем, мо ба ӯ ёрӣ медиҳем, ки бо Падари осмониамон шинос шавад. Лекин мо бояд ҳамчунин дар бораи ташкилоти Яҳува низ таълим диҳем (Мас. 6:20). То чӣ андоза мо хурсандем, ки брошураи нав ин кори моро осон мекунад!