«Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?»
1. Брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?» кай муҳокима карда мешавад ва аз кадом ҷиҳат он ба мо манфиат меорад?
1 Аз ҳафтаи 6-уми январи соли 2014 саршаванда дар омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?» муҳокима карда мешавад. Ин адабиёти нав дар анҷумани вилоятии «Дили худро ҳифз кунед!» аз нашр баромад. Ин брошура барои он омода гардидааст, то омӯзандагони Китоби Муқаддасро ба ташкилоти Яҳува равона созад. Ҳангоми муҳокимаи ин брошура, миннатдориамон аз он ки қисми ташкилоти Яҳува мебошем, меафзояд ва инчунин мо бо ин адабиёти барои хизмат пурарзиш хубтар шинос мешавем (Заб. 47:14).
2. Чӣ тавр ин брошура дар ҷамъомад омӯзиш карда мешавад?
2 Тарзи омӯзиш. Ба баранда лозим аст, ки барои ҳар як дарс вақтро як хел сарф кунад. Ӯ ҳар яки 28 дарсро бо хондани номи мавзӯъ, ки дар намуди савол дода шудааст, оғоз мекунад. Он гоҳ, ӯ аз хонанда хондани сархати аввалро хоҳиш мекунад. Сипас, баранда саволи мувофиқи сархат тайёркадаашро ба шунавандагон медиҳад. Баъд аз ин, ҳар як қисме, ки бо зерсарлавҳаи ранги сиёҳи ғафс омадааст, бояд хонда ва дар алоҳидагӣ муҳокима карда шавад. Баъд аз хондани ин қисм, баранда шунавандагонро мепурсад, ки чӣ тавр он бо номи мавзӯи дарс алоқаманд аст. Ҳамчунин брошура суратҳои бисёр дорад, ки онро дар шарҳдиҳӣ истифода бурдан мумкин аст. Агар вақт имкон диҳад, оятҳои асосӣ бояд хонда шаванд. Пеш аз ба дарси дигар гузаштан, баранда саволҳои дар поёни саҳифа овардашударо такрор мекунад. Агар дарси мегузаштагӣ чорчӯбаи «Бисёртар фаҳмед»-ро дошта бошад, хонанда онро мехонад ва сипас, баранда аз шунавандагон мепурсад, ки чӣ тавр омӯзандаи Китоби Муқаддас аз ин маслиҳат манфиат гирифта метавонад. Дар охири ҳар омӯзиш, агар вақт имкон диҳад, баранда номи мавзӯи дарсро чун такрор истифода мебарад. Дар хотир бояд дошт, ки бо онҳое, ки омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронед, бо чунин тарз омӯзиш кардан шарт нест.
3. Чӣ тавр мо аз омӯзиши ин брошура пурра манфиат гирифта метавонем?
3 Барои аз омӯзиш манфиати пурра гирифтан, ба вохӯрӣ бо тайёрии хуб биёед ва дар шарҳдиҳӣ иштирок намоед. Ҳангоми муҳокима фикр кунед, ки чӣ тавр ин маълумот ба омӯзандагони Китоби Муқаддас манфиатнок буда метавонад. Бигзор муҳокимаи ин брошураи нав моро тайёр кунад, то ба дигарон кӯмак расонем, ки ҳамроҳи мо иродаи Яҳуваро иҷро кунанд. Он гоҳ онҳо низ умеди абадӣ зистанро пайдо хоҳанд кард (1 Юҳ. 2:17).