Намуна барои пешниҳодот
«Пайғоми Салтанат» №38
«Вақте шахси наздикамон вафот мекунад, ин бароямон хеле дардовар буда метавонад ва мо орзу мекунем, ки онҳоро боз бинему ҳамроҳашон бошем. Ба фикри шумо, оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Навиштаҳо мегӯянд, ки мурдагон эҳё хоҳанд шуд. [Аъмол 24:15-ро хонед.] Ҳангоми шахси наздикамонро аз даст додан, ин суханон ба мо тасаллии ҳақиқӣ мебахшанд! [Забур 22:4-ро хонед.]»
Қайд: Агар шахс шавқ зоҳир кунад, дафъаи дигар рисолаи «Пайғоми Салтанат»-ро ба ӯ пешкаш карда метавонед.
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Оё рост аст, ки Худо гунаҳкоронро абадан азоб медиҳад?
Воиз 9:5 — Азбаски «мурдаҳо чизе намедонанд», онҳо азоб намекашанд.
Ишаъё 41:13 — Худо мехоҳад, ки мо Ӯро дӯст дорем, на ин ки аз Ӯ тарсем.
◼ Бисёр одамон дар ташвишанд, ки меъёрҳои ахлоқӣ рӯз аз рӯз паст шуда истодааст. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
2 Тимотиюс 3:1–5 — Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки тарзи фикрронӣ ва ахлоқи одамон тағйир меёбад.
Забур 13:1, 2 — Китоби Муқаддас дар инкишоф додани меъёрҳои ахлоқӣ ба монанди боинсофӣ, кӯмак мерасонад.