Август моҳи таърихии самаранок хоҳад буд!
Рисолаи нав дар саросари ҷаҳон паҳн хоҳад шуд
1. Бо фарорасии 100-солагии Салтанат, кадом маъракаи махсус дар саросари ҷаҳон гузаронида мешавад?
1 100-солагии ташкилёбии Салтанати Худо фаро расида истодааст. Аз ин рӯ, то чӣ андоза бамаврид аст, ки ба воситаи маъракаи махсус Яҳуваро ҷалол диҳем! Дар давоми моҳи август мо даъват карда мешавем, ки дар саросари ҷаҳон рисолаи навро бо номи «Ба саволҳои ҳаётан муҳим аз куҷо ҷавоб ёфтан мумкин аст?», паҳн кунем. Ин рисола хонандагонро бармеангезад, ки барои ба саволҳояшон ҷавоб ёфтан, ба Китоби Муқаддас муроҷиат намоянд ва он мефаҳмонад, ки чӣ тавр сайти jw.org дар ин кор барояшон кӯмак расонда метавонад.
2. Чӣ тавр мо дар моҳи август барои «бо нидои баланди шодӣ Худовандро... мадҳ» гуфтан, саҳм гузошта метавонем?
2 Бо нидои баланди шодӣ ҳамд кунед. Барои он ки воизон доираи хизматашонро васеъ гардонанд, барои ҳар касе ки дар моҳи август чун пешрави ёвар хизмат кардан мехоҳад, пешниҳоди махсус омода карда шуд. Ба воизони таъмидёфта имконият дода мешавад, ки дар давоми ин моҳ чун пешрави ёвар бо талаботи 30 соат хизмат кунанд. Азбаски моҳи август панҷ рӯзи ҷумъа, шанбе ва якшанбе дорад, бисёр воизоне ки кор мекунанд дар давоми ин ҳафтаҳо чун пешрави ёвар хизмат карда метавонанд. Ҳамчунин ҷавонон метавонанд, рӯзҳои таътили мактабии худро дар моҳи август дуруст истифода бурда, пешрави ёвар шуда хизмат кунанд. Агар шумо фарзанд ё омӯзандае дошта бошед, ки рӯҳан пешравӣ карда, воиз шудан мехоҳад, дар бораи онҳо зудтар ба координатори ҳайати пирон хабар диҳед. То чӣ андоза ин имконият барои онҳое, ки дар ин моҳи таърихӣ ба мо ҳамроҳ шуда, воиз мегарданд, рӯҳбаландкунанда хоҳад буд! Азбаски бисёр пешравони доимӣ баъди иҷрои талаботи солона дар давоми моҳи август дам мегиранд, шояд онҳо ба реҷаашон дигаргунӣ дароранд, то дар ин маъракаи махсус пурра ҳиссагузор бошанд. Ҳозир вақти он аст, то оилаҳо дида бароянд, ки чӣ тавр дар моҳи август барои «бо нидои баланди шодӣ Худовандро... мадҳ» гуфтан, саҳм гузошта метавонанд (Эзро 3:11; Мас. 15:22).
3. Дар ин маъракаи махсус мо чиро ба даст овардан мехоҳем?
3 Нигоҳ накарда ба он ки мо аллакай дар чунин маъракаҳо иштирок карда будем, умед дорем, ки ин яке аз моҳҳои таърихӣ хоҳад буд. Оё мо дар моҳи август шумораи бештари соат, воизон ва пешравони ёварро ба даст оварда метавонем? Азбаски мо дар охири соли хизматии 2014 қарор дорем, бигзор Яҳува кӯшишҳои халқашро барои дар саросари ҷаҳон шаҳодат додан, баракат диҳад, то моҳи август яке аз моҳҳои бузургтарин барои шаҳодатдиҳӣ гардад! (Мат. 24:14).