ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 7.15 саҳ. 2
  • Замимаи саволҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Замимаи саволҳо
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Маводи монанд
  • Замимаи саволҳо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Зуд амал кунед
    Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Интернет — Истифодабарии оқилонаи он
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Вебсайти расмии мо. Он ба манфиати мо ва дигарон омода гардидааст
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2015
km 7.15 саҳ. 2

Замимаи саволҳо

◼ Оё мумкин аст, ки воизон ба шахси ношиносе ки дар дигар давлат зиндагӣ мекунад ба воситаи интернет мавъиза кунанд ва ё бо ӯ омӯзиш гузаронанд?

Баъзе воизон ба воситаи Интернет, дар мамлакатҳое ки фаъолияти мо маҳдуд аст ё дар ҷойҳое ки шумораи воизон каманд, имконият меҷӯянд, ки омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронанд. Дар баъзе мавридҳо ин дар ҳақиқат натиҷаҳои хуб овард. Вале ба ҳар ҳол тавассути почтаи электронӣ ё чат бо бегонаҳо сӯҳбату муҳокимаҳо кардан хатарнок аст. (Ба «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи июли с. 2007, саҳ. 3 нигаред.) Ҳарчанд воиз мехоҳад, ки бо ин тарз ба одамони самимӣ хушхабарро расонад, лекин вай надониста бо ёрони бад аз он ҷумла бо осиён муошират карданаш мумкин аст (1 Қӯр. 1:19–25; Қӯл. 2:8). Ғайр аз ин дар он ҷойҳое ки кори Салтанат маҳдуд ё манъ карда шудааст, эҳтимол мактубнависӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ тафтиш карда мешавад. Ин гуна муоширатҳо барои хоҳару бародарони он маҳал хатарнок буда метавонад. Аз ин рӯ воизон набояд барои расонидани хушхабар, тавассути Интернет одамонеро ҷӯянд, ки дар дигар давлатҳо зиндагӣ мекунанд.

Лекин агар мо ба шахси хориҷизабон, ки ба мамлакати мо муваққатан омадааст, ғайрирасмӣ шаҳодат диҳем-чӣ? Дар ин маврид мо набояд кӯшиш кунем, ки пас аз ба ватан баргаштанаш шавқи ӯро инкишоф диҳем, ғайр аз мавридҳое, ки филиали маҳаллӣ хоҳиш накарда бошад. Ба ҷои ин хуб мебуд ба вай нишон диҳем, ки чӣ тавр барои маълумоти бештар гирифтан ӯ аз сайти jw.org истифода бурда метавонад ё бо филиали маҳалли худ тамос гирифта метавонад. Мо ҳамчунин ӯро ташфиқ карда метавонем, ки ба Толори Салтанате ки ба хонааш наздик аст, ташриф орад. Албатта, дар баъзе давлатҳо Толорҳои Салтанат нестанд. Лекин агар вай хоҳад ки Шоҳидони Яҳува ба наздаш оянд, мо бояд варақаи «Лутфан, ба назди ин шахс ташриф оред» (S-43)-ро пур карда ба котиби ҷамъомадамон диҳем. Котиб аз сайти jw.org истифода бурда ин дархостро мефиристад. Филиале ки маҳалли шахси шавқмандро назорат мекунад, аз вазъи он маҳал бохабар буда, ба таври беҳтарин ба он шахс кӯмаки рӯҳонӣ расонида метавонад. (Ба «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи июни с. 2014, саҳ. 7 ва моҳи ноябри с. 2011, саҳ. 2 нигаред.)

Агар шахси боздид мекардаамон ба дигар шаҳр кӯчад ё бо шахсе омӯзиш гузаронем, ки ӯро танҳо ба воситаи Интернет мешиносем, бояд аз рӯи маслиҳати дар боло овардашуда амал намоем. Лекин то даме ки он шахс бо воизони маҳалаш вонахӯрад, шавқи ӯро инкишоф дода метавонем. Бо вуҷуди ин агар шахс дар ҷое зиндагӣ кунад, ки дар он фаъолияти мо маҳдуд ё манъ карда шудааст, пас дар муҳокимаи мавзӯъҳои Китоби Муқаддас ба воситаи нома, телефон ё ба таври электронӣ хеле боэҳтиёт будан лозим аст (Мат. 10:16).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан